Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Муҳаррири фанҳои табиӣ

Бобизода Ғуломқодир 17 марти соли 1960 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори химия хатм кардааст.

Аз соли 1977 то соли 1989 дар ДМТ ва ДДОТ ба ҳайси лаборанти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, инчунин, тибқи шартномаи хоҷагӣ - лаборанти кафедра- муҳандиси гурӯҳи илмӣ-ходими хурди илмии гурӯҳи илмӣ-ходими илмии гурӯҳи илмӣ, аз соли 1989 то соли 1992 ба ҳайси мудири лабораторияи маводҳои ғайриорганикии ширкати илмӣ-тадқиқотии «Хайём», мудири лабораторияи химияи татбиқӣ ва биотехнологияи ширкати «Ховар», мудири лабораторияи истеҳсолию илмии биотехнологияи корхонаи муштараки «Тоҷик-Ҳинд»,  аз соли 1992 директори генералии корхонаи хурди «Занд», аз соли 1997 то соли 2001 мудири лабораторияи «Химияи пайвастаҳои табиӣ»-и Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ, ходими калони илмии лабораторияи вирусологияи Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии (бойторӣ) Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2007 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, декани факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, аз соли 2007 то соли 2015 сардори шуъбаи аккредитасия ва аттестасияи озмоишгоҳҳои тандурустии Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ фаъолият кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2015 дар вазифаи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор мекунад. Доктори илмҳои биология, доктори илмҳои фармасевтӣ, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буда, оиладор аст.

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj