Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Муҳаррири фанҳои дақиқ ва риёзӣ

Шарифов  (Шарифзода)  Асадулло   09.08.1952 дар  ноҳияи Сангвор дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд ёфтааст. Таҳсилро дар мактаби  миёнаи № 3-и бо баҳои «аъло»  хатм  карда, соли 1968 ба факултети механика ва математикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ҳоло Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) дохил мешавад.

А. Шарифзода соли 1973 ДДТ-ро бо дипломи «аъло» хатм карда, бо тавсияи комиссияи аттестационии барои бо кори илмӣ машғул шудан ба Институти математикаи АФ РСС Тоҷикистон равона карда шудааст. Солҳои 1973-1977 корманди Институти математика бо МҲ АФ РСС Тоҷикистон, солҳои 1978-1980 коромӯзи Институти математикаи Ордени Лениндори  ба номи В.А. Стеклови АФ СССР дар ( ш.Москва ), 1980-1983-ходими илмии Институти математикаи АФ ҶТ, 1984-1988 аспиранти АФ буд. Таҳти роҳбарии академики марҳум К.Ҳ. Бойматов дар мавзӯи «Разделимость дифференциальных выражений с матричными потенциалами» рисолаи илмӣ  дифоъ намудааст. Номзади илмҳои физикаю  математика, ходими калони илмӣ, дотсент.

Фаъолияти омӯзгориашро Шарифзода А соли 1974 аз кафедраи методикаи таълими математикаи ДДТ ва таҳлили функсионалии он оғоз кардааст. Солҳои 1991-2001 ба ҳайси мудири кафедраи илмҳои умумӣ муҳандисӣ ва техникии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ кор кардааст. Аз соли 2001 ба ДМТ даъват шуда, дар вазифаҳои дотсенти кафедраи информатика (с. 2001-2009), муовини декани факултети механикаю математика (2007-2009), дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механика (2009-2011)  кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 ба ҳайси директори литсейи равияи табиию риёзии ДМТ фаъолият дошт. Солҳои 2013- 2015 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Xумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сармутахассиси соҳаи математика  фаъолият нишон дода, дар омода сохтани саволномаҳои тестӣ аз фанни математика ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Солҳои 2015-2018 дар филиали Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе ба сифати омӯзгори фанни математика меҳнати софдилона кардааст.Таҳти роҳбарии ӯ се нафар шогирдон (Д.Раҳимзода, Р.Ситтиков ва С.Эгамбердиев) дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанни математика сазовори ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло гардидаанд.

Шарифзода А. доир ба хосиятҳои сарҳадии функсияҳои голоморфии аз якчанд тағйирёбандаи комплексӣ  вобаста, ҷудошавии ифодаҳо ва операторҳои дифференсиалӣ беш аз 70 мақола ва фишурдаҳои  илмӣ нашр кардааст, ки аксари онҳо дар маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар ба чоп расидаанд. Ӯ, инчунин иштирокчии конференсияҳои умумииттифоқӣ дар шаҳрҳои Москва, Новосибирск, Челябинск, Боку ва ғ. мебошад. Соли 1988 бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», соли 2018 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 1990-2003 бо ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ, Вазорати маорифи XТ, АФ ҶТ, Ҷамъияти илмии «Дониш», ДДТ, медалҳои ҷашнии 5-солагӣ ва 10- сологии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ғ.қадрдонӣ карда шудааст. Барандаи Ҷоизаи Президент дар соҳи маори фаст.

Дар баробари бо корҳои таълиму тарбиявӣ машғул шудан, ҳамзамон Асадулло Шарифзода  муаллифи китобҳои математика барои муассисаҳои таълимӣ аст.

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj