Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ТАЪРИХИ БОШАРАФ (1927- 2017)

      Моҳи августи соли 1927 дар шаҳри Самарқанд, ки он вақт яке аз марказҳои асосии маданию фарҳангӣ, адабӣ ва маорифи Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон маҳсуб меёфт ва дар он ҷо Нашриёти давлатии Тоҷикистон низ фаъол буд, бо саъю кӯшиши як зумра маорифпарварони шаҳр ва иҷозат, дастур ва роҳнамоии Назорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазир Нисор Муҳаммад) шумораи аввалини маҷаллаи «Дониш-биниш» ба чоп расид. Дар унвонии он «маҷмӯаи илмию адабӣ аст, ки моҳе ба як бор нашр мешавад, нашри Назорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» навишта шудааст. Чи тавре ки аз Дебоча (сарсухан) бармеояд, ҳадафи маҷалла ислоҳи норасоиҳои соҳаи маорифи тоҷик, ёрӣ ба муаллимон мебошад. Дар ин шумора мақолаҳо дар бораи педагогика, усули таълим, як мақолаи устод С. Айнӣ бо номи «Кишваршиносӣ» ва ғайра ҷой дода шудаанд. Шумораи аввалин бо имзои панҷ нафар ҳайати таҳририя М. Мусавӣ, М. Ҳасанӣ, Ӯйғур, Ҷабборӣ ва Бектош бо теъдоди 1500 нусха ба нашр расидааст. Аввалин тақриз ба маҷаллаи мазкурро мақолаи Собит Манофзода дар рӯзномаи «Овози тоҷик» моҳи сентябр донистан мумкин аст, ки дар он баробари дастгирии ташаббуси нек норасоиҳои маҷалла низ аз унвони он то мазмуну мундариҷаи мавод ва ҷобаҷогузорию сифати чоп зикр гардидааст. Аҳамияти тақриз аз он иборат аст, ки Собит Манофзода роҳҳои ислоҳи камбудиҳоро низ баён сохтааст. Аз ҷумла пешниҳод менамояд, ки номи маҷалла «Раҳбари дониш» гузошта шавад. Бо назардошти тақризи мазкур Назорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати таҳририя чопи маҷалларо ба зиммаи муаллифи он Собит Манофзода мегузорад, ки мавсуф он вақт устоди Дорулмуаллимини тоҷикиии шаҳри Тошканд буд ва аз ин рӯ, имконияти чопи маҷалларо дар он шаҳр дошт. Ҳамин тавр, шумораи дуюми маҷалла бо номи «Раҳбари дониш» дар шаҳри Тошканд чоп шуд ва бо ин ном дар таърих машҳур гашт. Ин шумора моҳи октябри ҳамон сол ба нашр расида, аз шумораи аввал аз ҷиҳати ҳаҷм, сифат ва мазмуну мундариҷа бартариҳо дошт. Гувоҳи ин табрикоти роҳбарияти ҳизбу давлати Тоҷикистон аст, ки дар шумораи сеюми маҷалла (моҳи ноябри соли 1927) чоп шудааст ва баҳри дастгирии маҷалла омодагӣ изҳор гаштааст. Акнун маҷалла «иҷтимоӣ, тарбиявӣ, фаннӣ ва адабӣ» номгузорӣ карда шуда, шумораи мавод бештар гашта, аксарияташон ба таълиму тарбия, вазъи маориф, усули таълим, алифбо ва ғайра бахшида шудаанд. Ҳамин тавр, дар соли аввали нашр (1927) се шумораи маҷалла ба чоп расида, дар соли 1928 чопи мунтазам ба роҳ монда, баъзан ду рақам дар як шумора нашр шудааст. Дар соли дуюм мавзӯи асосии маҷалла гузаштан ба алифбои нави лотинӣ, забони тоҷикӣ, баҳсу мунозираҳои шадид дар ин мавзӯъҳо, вазъи маорифи Тоҷикистон ва мактабҳои тоҷикиии Ӯзбекистон, як қатор мақолаҳо оид ба худшиносии миллӣ ва вазъи зиндагиву таҳсили тоҷикон дар Ӯзбекистон мебошад. Аз ин ҷумла мақолаҳо «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбак?»-и А. Муҳиддинов, «Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он»-и А. Алиев, «Боз дар хусуси масъалаи миллатчигӣ»-и Муъминхоҷа (№5-6, 1929)-ро номбар кардан мумкин аст, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Ба масъалаи забон, ки хеле шиддатнок буд, устод Айнӣ ҳам бетараф намонд ва маҳз дар ин маҷалла соли 1928 мақолаи «Забони тоҷикӣ»-ро навишт, ки ба бисёр нофаҳмиҳо ва ақидаҳои зиёновар зарбаи ниҳоӣ зад. 
     Ҳарчанд фаъолияти яксолаи «Раҳбари дониш» сермаҳсул ва манфиатовар буд, аз тарафи нотавонбинон бар зидди он ҳуҷумҳо ба амал омаданд, ҳамчунин, рӯй овардан ба масъалаҳои миллии гӯё «ҳалшуда» ба як қатор доираҳои ҳизбиву давлатии марказӣ писанд набуд. Дар натиҷа аз нимаи дуюми соли 1929 ҳайати таҳририяи маҷалларо пурра дигар карданд, устод А. Лоҳутӣ муҳаррири масъул таъйин гардида, аз ин ба баъд мазмуну мундариҷа ба сиёсати давр мувофиқ гардонда шуд. Яъне, қариб нисфи маҷалла ба масъалаҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сиёсӣ бахшида шуд, аз ҷумла сеяки маҷалла бо унвони «Хоҷагии қишлоқ» чоп мешуд. Ногуфта намонад, ҳамаи эродҳое, ки нисбат ба фаъолияти якунимсоли аввали маҷалла баён шудаанд, асос надоштанд. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки «Раҳбари дониш» вазифаҳои дар марҳилаҳои муайян дар наздаш гузоштаро сарбаландона иҷро мекард. Тирамоҳи соли 1928 идораи маҷаллаи «Раҳбари дониш» ба шаҳри Душанбе кӯчида буд ва аз ҳамон вақт идора ва раҳнамоии он осон шуд. Дар охири солҳои бистум ва оғози солҳои сиюм масъалаи навбатӣ инқилоби маданӣ буд, ки мазмуну муҳтавои маҷалларо ба он равона карданд.
Бо ин мақсад ва ҳамчунин, равнақ бахшидани гузариш ба хатти лотинӣ Назорати маорифи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1930 илова ба «Раҳбари дониш» чопи маҷаллаи «Инқилоби маданӣ» -ро ба роҳ монд. Ҳамон сол ду шумораи ин маҷалла бо хатти лотинӣ ба чоп расид. Муҳарририи ҳар ду маҷалларо Баҳром Сирус ба уҳда дошт. Мавсуф аз январи соли 1930 то сентябри соли 1931 (№2) вазифаи муҳарририи «Раҳбари дониш»-ро адо карда, дар як вақт муҳаррири «Инқилоби маданӣ» аз оғоз- ноябри соли 1930 то майи соли 1932 буд. Баъд аз он «Раҳбари дониш» аз октябри соли соли 1931 то ба охир – моҳи марти соли 1932 (№3) бо имзои нозири маориф Муҳаммад Ҳасанӣ ба нашр расид. Дар маҷаллаи «Инқилоби маданӣ» бошад, аз июни соли 1932 то охири он сол муҳаррир Р. Бобоҷонов буд.
      Ҳамин тавр, моҳи марти соли 1932 чопи «Раҳбари дониш» боздошта шуда, «Инқилоби маданӣ» нашрашро идома дод, ки муҳаррираш то моҳи майи соли 1932 Баҳром Сирус буда, мавсуф моҳи июни соли 1932 муҳарририи рӯзномаи навташкили «Барои маорифи коммунистӣ» (имрӯза «Омӯзгор»)-ро ба зимма гирифта, чи тавре ки гуфтем, Р. Бобоҷонов муҳаррири масъули «Инқилоби маданӣ» таъйин гардид. Дар ҳамин давра (моҳҳои май-июни соли 1932) дар ҳаёти матбуоти тоҷик навгониҳо ҷорӣ гашта,  дар заминаи қисми адабии «Раҳбари дониш» маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (имрӯза «Садои Шарқ»)  ташкил шуд. Хуллас, «Раҳбари дониш» сароғози маҷаллаи имрӯзаи «Маърифати омӯзгор» буда, «Садои Шарқ» дар заминаи қисми адабии он моҳи майи соли 1932 ташкил шудааст.
      Аз оғози соли 1933 ним сол «Инқилоби маданӣ» бо имзои муовини муҳаррири масъул Ананев чоп шуда, аз шумораи 6-7 (июн-июли соли 1933) муҳаррири масъул Б. Сирус аст, теъдоди нашр дар ин давра 2-2,5 ҳазор адад мебошад, соли 1935 теъдоди нашр ба 4100 расидааст, гоҳо каму зиёд шуда, ҳатто соли 1936 то 1000 адад кам шудааст. Соли 1937 маҷалла чанд муддат бо имзои ҳайати таҳририя чоп шуда, аз моҳи майи соли 1938 муҳаррири масъул У. Аҳрорӣ таъйин шудааст.  
      Вобаста ба қарори ҳизб дар бораи тарҷеъ ба омӯзиши забони русӣ  «Инқилоби маданӣ» соли 1938 нахуст дар қавс муддате бо номи «Револютсияи маданӣ» ва сипас, аз соли 1939 танҳо бо номи «Револютсияи маданӣ» ба нашр расида, дар солҳои ҶБВ чопаш боздошта шуда, баъди ҷанг соли 1946 бо номи «Мактаби советӣ» аз нав ба чоп шурӯъ намуд, ки то даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳаррирони масъулаш Ҳ. Неъматуллоев, М. Шукуров, Н. Масъумӣ (муваққатӣ), Қ. Ҳакимзода ва дигарон буданд. 
      Аз соли 1992 то соли 2006 бо номи «Маърифат» нашр мешуд ва баъдтар дар соли 2006 «Маърифати омӯзгор» номгузорӣ шуд. Дар давраҳои гуногуни баъдина М.Исматуллоев, М.Каримова, Қ.Маҳмудов, Б.Олимов, А.Абдувалиев, О.Бозоров, А.Афсаҳов, Ҳ.Қаҳҳоров, У.Тоиров ва Ҳокими Азиз, Л. Бузургзода, М. Шукуров, У. Тоиров, Саида Набизода  муҳаррирони маҷалла буданд. Ҳоло Шодӣ ШОКИРЗОДА
 сармуҳаррири маҷалла аст.

 

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА

 

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj