Ҳаёт ва муҳити атроф ба кӯдакон таассуроти бою рангин мебахшад, ки баъдан дар тасвирҳо ва пайдоиши идея хизмат мекунад. Дар раванди эҷодиёт муносибат ба тасвир устувор мегардад, зеро кӯдак ҳиссиётеро, ки ҳангоми дарки ин падида аз сар гузаронидааст, дубора эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, мазмун ва мундариҷаи асар ба ташаккули пайдоиши эҳсосот, тафаккур ва шахсияти кӯдак таъсири калон мерасонад.

Фаъолияти тасвирӣ яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи кӯдакон буда, барои тавсеаи фаъолияти эҷодии онҳо мусоидат мекунад. Дарк кардан ва аз худ намудани техникаи тасвирӣ барои кӯдаки синни томактабӣ хеле душвор аст, бинобар ин, педагог бояд ба ин фаъолият ҷиддӣ муносибат кунад. Дар фаъолияти тасвирӣ, асосан, қаламҳои ранга, акварел ва гӯшаро бештар истифода мебаранд, ки имконият ва хусусияти гуногуни аёнӣ доранд.

Ба воситаи қалам шакли хаттии он чи ки кӯдакон эҷод мекунанд, тасвир мешавад. Пас аз он як қисмати дигаре тадриҷан ба вуҷуд меояд, ки пайи ҳам онҳо якдигарро пурра карда, ба шакли ашё ҷилвагар мегарданд. Сипас, тасвирро ба воситаи қаламҳои ранга такмил мебахшанд. Чунин пайдарпайии эҷодӣ ба фаъолияти таҳлилии тафаккури кӯдакон мусоидат карда, ӯро ба фикрронӣ водор мекунад. Вақте ки кӯдакон ба фаъолияти тасвирӣ мепардозанд, онҳо андеша мекунанд, ки ин ва ё он қисмати тасвирро дар кадом ҷой ё гӯшаи диёр дидаанд.

Бояд гуфт, ки эҷодкорӣ дар асоси тахайюл ба вуҷуд меояд, бидуни он раванди эҷодӣ самари хуб намедиҳад. Эҷодкорӣ ва тахайюл бо ҳам алоқаи зич доранд. Агар дар шахс тахайюл инкишоф ёбад, эҷод кардан барои ӯ хеле осон мегардад [2, с. 7].

Ҳангоми фаъолияти тасвирӣ бо рангҳо дар кӯдакон ташаккули ҳисси ранг ва шакл пайдо мешавад. Кӯдакон бо рангҳои гуногун ҳаёти гирду атроф, осмони софу беғубор, ғуруб ва тулӯи офтоб ва баҳри кабудро тасвир мекунанд. Ин раванд аз кӯдакон меҳнати фикрӣ ва маҳорати техникиро талаб мекунад, ки барои ташаккули эҷодии онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Хусусияти дигари фаъолияти тасвирии кӯдакони синни томактабӣ дар он аст, ки ҳангоми фаъолияти тасвирӣ онҳо хоҳиши донистани олами атрофро нишон медиҳанд ва аз ин тасвирҳо, то андозае сатҳи донишашонро онҳоро донистан мумкин аст. Дарки олами атроф, тарзи мушоҳидаҳо ва тарзи тафаккури кӯдакон ҳар қадар инкишоф ёфта бошад, онҳо воқеиятро дар эҷодиёти худ ҳамон андоза пурра ва дуруст инъикос мекунанд. Фаъолияти тасвирии кӯдакон чунин хусусиятҳои хоси тафаккурро ба мисли мушаххасӣ ва образнокӣ доро мебошад.

Фаъолияти тасвирӣ ба ташаккул ва таҳкими малакаҳои зарурӣ дар фаъолияти таълимӣ мусоидат мекунанд:

— шунидан ва аз ёд набаровардани супоришҳо;

— супоришҳоро ба тартиби муайян иҷро кардан;

— дар муҳлати муайян иҷрои намудани супориш;

— баҳодиҳӣ ба кори худ ва ислоҳи хатоҳо;

— ба нақша гирифтани фаъолият;

— қобилияти то ба охир расонидани кор;

— ҷойи кор, асбобу анҷом ва масолеҳро ба тартиб нигоҳ доштан.

Фаъолияти тасвирӣ шароити мусоид баҳри рушди сифатҳои эстетикӣ, дарки эмотсионалии мусбати санъат ва ба пайдоиши муносибатҳои зебописандӣ мусоидат мекунад. Нишон додани хосиятҳои ашё дар тасвир ба ташаккули ҳисси шакл, ранг ва андоза, ки ҷузъиёти сифатҳои эстетикӣ мебошанд, шароит фароҳам меорад. 

Тарбияи эстетикии шахс ба қобилияти табиии инкишофёфта, идрок, таҷриба, эхсосот, тасаввурот, тафаккур ва эҷодӣ асос меёбад ва дар ин асос фардияти эҷодкор ба вуҷуд омада, муносибати эстетикии он ба санъат, рафтор, гуфтор, табиат ва меҳнат қабои дигар мегирад [3, с. 14].

Муносибати кӯдакон бо дарки ҳиссиёти эстетикӣ дар баробари инкишоф ёфтан перомуни шакл, ранг, сохтори ашё ва падидаҳои олами атроф амиқтар мегардад ва завқи бадеии онҳо ташаккул меёбад. Бояд қайд кард, ки ҳисси зебоӣ замоне тавсеа мегардад, ки зебоии ашё ё падидаҳо дар тафаккури кӯдакон ҳамчун образ пайдо шавад. 

Дар раванди машғулиятҳои тасвирӣ дар кӯдакон тасаввурот инкишоф ёфта, дар натиҷа эҷодиёти онҳо пурмазмун ва самарабахш мегардад. Кӯдакон дар асоси он чизе, ки бевосита дарк кардаанд, тасвир ва эҷод мекунанд. Масалан, кӯдакон ҳеҷ гоҳ паррандаи афсонавиро надидаанд, аммо дар ҳаёти атрофи худ паррандагони гуногунро мебинанд. Дар синни томактабӣ, ҳангоме ки педагог ба кӯдакон дар бораи паррандаи афсонавӣ ҳикоя мехонад, онҳо ин таассуротро зуд қабул намуда, онро дар ҷараёни тасвири бо истифода аз тахайюл рӯйи коғаз меоранд. Ҳар як кӯдак тахайюли худро дорост ва онҳо дар тасвир паррандаи афсонавии худро мекашанд. Дарк ва фаҳмиши асарҳои бадеӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ ва осори санъати ороишии халқӣ барои кӯдакон заминаи мусоид фароҳам оварда, тафаккуру тахайюли онҳоро ғанӣ мегардонад. 

Ҳамин тариқ, фаъолияти тасвирии кӯдакон на танҳо барои инъикоси таассуроти дар ҳаёт гирифташуда, балки барои ифодаи муносибатҳои онҳо ба тасвир нигаронида шудааст. Кӯдакон дар эҷоди худ сифатҳои эстетикии ашёро, ки дар раванди дидан ва муайян кардан дарк кардаанд, баён месозанд. Дар эҷоди тасвир кӯдакон ба худ меандешанд, ки барои чӣ ин ва ё он манзараву ашё ба онҳо писанду ҷолиб ва ё баръакс дилгиркунандаву нохушоянд менамояд. 

          Адабиёт

1. Маҷидова Б. Педагогикаи томактабӣ / Б.Маҷидова. – Душанбе, 2011. — 242с. 

2. Ахметшина Р. М. Развитие и совершенствование компетенции «Креативное мышление» / сост. Р. М. Ахметшина. – Казань, 2022. – 56 с. 

3. Тюфякова А. В. Эстетическое воспитание детей старшего дошкольного возраста в изодеятельности / А. В. Тюфякова. – Екатеринбург, 2019. -63с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *