Ҷ. ҶӮРАЗОДА,
муовини якуми вазири маориф ва илм, доктори илмҳои таърих, профессор, Ш. ШАРИФОВ,
номзади илмҳои таърих, дотсент

     Доир ба таърихи давраи нав ва навтарини халқи тоҷик садҳо рисолаву таҳқиқоти бунёдиву ҷамъбастӣ, рисолаҳо ва мақолаҳо таълиф ва интишор шудаанд, аммо бисёр саҳифаҳо, рӯйдодҳо, воқеаҳои давраи нав ҳанӯз ба таври бояду шояд омӯхта нашуда, муҳаққиқони худро интизоранд. 

Нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон пур аз ҳодисаҳо, воқеаҳо мебошанд, ки дар таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ғоявӣ ва маънавии мардуми ин минтақа таҳаввулоти бузургро ба миён овардаанд. Хосатан, давраи истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Россияи подшоҳӣ ва ҳамроҳ карда шудани он ба ҳайати империяи рус яке аз марҳилаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи муҳаққиқон, муаррихони тоинқилобии рус, шуравӣ, ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб сохтааст. Дар таълифот ва таҳқиқоти муаррихони тоҷик, аз ҷумла, академикҳо Б.Ғафуров, З.Ш.Раҷабов, С.А.Раҷабов, Б.Искандаров, А.Мухторов, Р.Масов, узви вобастаи АМИТ Ҳ.Пирумшоев, профессорон О.Боқиев, Н.Ҳотамов ва дигарон паҳлуҳои гуногуни таърихи давраи мустамликадорӣ, оқибатҳои манфӣ ва мусбати истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Россияи подшоҳӣ, сарнавишти мардуми тоҷик дар ҳайати он ва ғайра мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтаанд.

Пош хӯрдани ИҶШС, аз байн рафтани қолабҳои идеологӣ, сиёсӣ, ғоявии даврони шуравӣ, фишору дастурҳои ҳизбӣ ба муаррихон чунин имкониятро фароҳам овард, ки ба бисёр саҳифаҳои «доғ» ва норавшани таърих аз диду нигоҳи нав рӯй оранд. Хусусан, имконияти истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки пештар бо муҳри «комилан махфӣ» дар бойгониҳо маҳфуз буданд, ба муаррихон даст дод, ки дар пояи сарчашмаҳои муътамад    бисёр масъалаҳои мубрам, фоҷиабор, пурпечутоби сиёсӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва фарҳангиро аз мавқеи нав баррасӣ намоянд.

Яке аз чунин саҳифаҳои норавшани таърихи давраи мустамликадорӣ фаъолияти Агентии сиёсии Россия дар Бухоро ба ҳисоб меравад. Дар таҳқиқоти муаррихоне, ки ба ин марҳила бахшида шудаанд, доир ба фаъолияти ин ниҳоди калидии Россияи подшоҳӣ, ки дар татбиқи сиёсати мустамликадорӣ ва истисморӣ нақши муҳим мебозид, маълумоти хеле ноқис ва парокандаву номуназзам ба назар мерасанд. Ҳатто дар таҳқиқоти бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», ки дар даврони истиқлол нашр гардид, доир ба ин мавзуъ иттилоотӣ кофӣ ба назар намерасад. Дар бобҳои 5, 6 ва 7уми ҷилди чоруми ин таҳқиқоти ҷамъбастӣ, ки ба давраи истило ва ҳамроҳшавии Осиёи Миёна  ба Россия, сиёсати мустамликавии Россияи подшоҳӣ дар ин минтақа, аморати Бухоро дар нимаи дуюми асри XIX, барқарор шудани протекторати Россия аз болои аморат бахшида шудаанд, доир ба фаъолияти Агентии сиёсии Россия дар Бухоро иттилооти кофӣ мушоҳида намешавад. 

Масалан, дар зерфасли боби 7-уми «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди 4) «Сиёсати Россия оид ба дар зери протекторати худ нигоҳ доштани аморати Бухоро» (саҳ. 600-605) дар хусуси чораву тадбирҳои маъмурияти мустамликадории Россияи подшоҳӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи он дар аморати Бухоро, тақвият бахшидани назорати сиёсӣ ва вусъати нуфузи иқтисодии Россия дар аморат бо чанд далелҳо иктифо намудаанд. 

Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиши таърихи таъсис, фаъолият ва аз байн рафтани Агентии сиёсии Россия дар Бухоро яке аз масъалаҳои муҳими таърихи давраи мустамликадорӣ ба ҳисоб меравад. 

Рисолаи яке аз муаррихони шинохтаи ҷумҳурӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода «Агентии сиёсии Россия дар Бухоро» ба ҳамин мавзуи мубрам ва ҳанӯз ба таври бояду шояд таҳқиқнашуда бахшида шудааст. Бояд зикр намуд, ки таҳқиқоти мазкур дар илми таърихнигории (историография) тоҷик иқдоми нахустин маҳсуб ёфта, он воқеан таълифоти наву тоза мебошад. 

Рисола дар пояи сарчашмаву манбаъҳои муътамад ва дастиаввал, ҳуҷҷатҳои нодири бойгонӣ, ки ҳанӯз дастраси аҳли илм нагашта буданд, таҳқиқоти муҳаққиқон ва муаррихони тоинқилобии рус, шуравӣ, ватанӣ, хориҷӣ таълифӣ гашта, муаллиф масъалаҳо, паҳлуҳо ва ҷанбаҳои  марбут ба мавзуи  пажуҳишро аз диду назари нав таҳлил ва арзёбӣ намудааст.

«Агентии сиёсии Россия дар Бухоро»  аз чор боб иборат буда, дар он     масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангии Россия ва аморати Бухоро дар марҳилаҳои гуногун, замина, сабаб ва омилҳои таъсиси Агентии сиёсии Россия дар аморати Бухоро, вазифа, ваколат ва салоҳияти ин ниҳод дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аморат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Боби аввали рисола «Таърихи муносибатҳои Россия ва Бухоро» аз ду зербоб иборат буда, он ба инъикоси мухтасари таърихи равобити Россия ва аморати Бухоро то замони таъсиси генерал-губернатории  Туркистон, муносибати Россия ва Бухоро то давраи истилои Осиёи Миёна ва таъсиси Агентии сиёсӣ бахшида шудааст. Дар ин боб, муаллифи рисола оид ба решаҳои қадими равобити мардуми Осиёи Миёна бо Россия дар пояи  сарчашмаҳои илми бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, маъхазшиносӣ, осори таърихию ҷуғрофии муаллифони асримиёнагӣ, аввалин сафоратҳои расмию дипломатӣ, омӯзишӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, иктишофии Россия ба Осиёи Миёна, расму русуми қабули ҳайатҳои расмӣ, сафирон, низомиён, олимону сайёҳон маълумот ҷолибу шавқовар овардааст.

Дар зерфасли сеюми боби аввал «Таъсиси Агентии сиёсии Россия дар Бухоро ва густариши минбаъдаи муносиботи байни Россия ва Аморати Бухоро» заминаҳо, омилҳо, ангезаҳо, ҳадаф ва мақсади таъсиси Агентии сиёсии Россия дар аморати Бухоро,  ҳуқуқ, фаъолият, вазифа ва салоҳияти он дар амри пиёдасозии сиёсати мустамликадории Россия, зери назорати густурда қарор додани тамоми самтҳои ҳаёти аморат, амалдорони олимақоми он – аз амир то ҳокимони маҳаллӣ маълумот ва иттилооти дақиқ ва ҷолибу шавқангез оварда шудааст. Дар ин зерфасл муаллифи рисола доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби император Николаи II ба тасвиб расида, фаъолияти Агентии сиёсиро расман ба танзим медаровард, чунин қайд менамояд, ки тибқи дастуруламале, ки  онро император имзо намуда буд, Агентии сиёсӣ мебоист доир ба тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии аморат бо амир дар иртибот бошад ва ҳамеша муносибати вазирону дигар амалдорони амирро нисбат ба Россия (чӣ мегӯянду чӣ мекунанд) зери назорати доимӣ гирад. Агентӣ фаъолияти бекигариҳо, маводи дар саҳифаҳои дар рӯзномаҳо нашршаванда ва ғайраро зери назорат қарор бояд диҳад, ки дар онҳо мабодо навиштаҳои зидди русӣ нашр нагардад, маъмурон, тоҷирон, мардуми маҳалҳои руснишинро зери ғамхорӣ ва пуштибонӣ қарор диҳад ва ба ин васила, манфиатҳои сиёсӣ, стратегӣ ва ҳарбии Россияи подшоҳиро дар минтақа муҳофизат ва таъмин намояд.

Воқеан ҳам, ҳадафи маъмурияти мустамликадории Россияи подшоҳӣ пеш аз ҳама, таъсиси генералгубернатории Туркистон Агентии сиёсии Россия дар амал татбиқ намудани сиёсати мустамликадорӣ, ба тобеияти маъмурияти рус  нигоҳ доштани мардуми маҳаллӣ, ҳимояи манфиатҳои старатегии Россия дар минтақа, истифодаи сарватҳои табии Осиёи Миёна ба манфиати помешикону капиталистони рус, пешгирии ҳамагуна норозигӣ ва шӯришу исёнҳои мардуми маҳаллӣ бар зидди мустамликадорон, русикунонӣ ва махлутшавии аҳолии маҳаллӣ бо халқиятҳои Россия буд, ки онро садҳо далелу ҳуҷҷатҳо тасдиқ менамоянд. Масалан, дар номаи ёвари фармондеҳи қушунҳои округи ҳарбии Туркистон генераллейтенант Матсиевский ба унвони Шуъбаи туркистонии Анҷумани ховаршиносон гуфта мешавад: «Генераллейтенант асарҳои Шуморо оид ба корҳои Анҷумани ховаршинон мутолиа намуда, амр намуд, ба таваҷҷуҳи Шумо расонам, ки Алоҳазрат бо кулли масъалаҳо розӣ мебошад, вале чизи аз ҳама асосӣ фаромӯш шудааст. Анҷуман бояд Шарқро на барои Шарқ ва илм, балки барои махлутшавӣ бо халқиятҳои Россия – русикунонӣ омӯзад». 

Дар зерфасле, ки ба тавсифи ваколат, вазифа ва салоҳияти Агентии сиёсӣ бахшида шудааст, муаллифи рисола дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва далелҳои қавӣ қайд менамояд, ки фаъолияти Агентии сиёсӣ беш аз пеш густурда, фарогири тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, маъмурӣ, идоракунӣ, назоратӣ, политсиявӣ, судӣ ва ғайра буд. 

Боби дуюми рисола «Нақши Агентии   сиёсӣ дар ҳаётии сиёсию иқтисодии аморати Бухоро» аз ду зербоб иборат буда, он ба таҳлилу баррасии таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ, сохтмони роҳи оҳан, таъмиру тармими роҳҳо, алоқа ва телеграф, бунёди корхонаҳои гуногун, рушди саноати кӯҳӣ, сиёсати андоз ва андозбандӣ, гумрук, муомилоти молию пулӣ, рушди кишоварзӣ, хусусан, пахтакорӣ, мушкилоти масъалаи об ва обёрӣ дар Аморати Бухоро, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, хизматрасонии тиббӣ ва ғайра бахшида шудааст.

Зербоби дуюми боби мазкур ба инъикоси яке аз ҳодисаҳои фоҷиабор – мухолифати мазҳабии аҳли шиа ва суннӣ, ки ба хунрезӣ оварда буд, мавқеи Агентии сиёсӣ нисбат ба ин фоҷиаи мудҳиш дар асоси далелҳои бойгонӣ ва таҳқиқоти муҳаққиқони гуногун бахшида шудааст.

Боби сеюми рисола «Агентии сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ — фарҳангӣ» шомили се зербоб буда, дар он масъалаҳои ҷараёни маорифпарварӣ, матбуоти даврӣ — рӯзномаву маҷаллаҳо, мактабҳои усули нав, ҷамъияти «Тарбияи атфол», муносибат, нуфуз ва дахолати Агентии сиёсӣ ба ин падидаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар ин боб муаллиф оид ба фаъолияти барҷастатарин чеҳраҳои намоёни ҷараёни маорифпарварӣ Аҳмади Дониш (1827-1897), Мирзо Абдулазими Сомӣ (1838-1914), Садри Зиё (1867-1932), Абдурауфи Фитрат (1886-1938), Садриддин Айнӣ (1878-1954), нақши матбуоти даврӣ дар инқилоби фикрии мардуми Осиёи Миёна, рӯзномаву маҷаллаҳои дар ин давра нашрмешуда, таъсиси мактабҳои усули нав ва ғайра маълумоти ҷолибу шавқоварро оварда, дар ин замина, муносибат ва мавқеи Агентии сиёсиро дар робита бо ин падидаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Боби чоруми рисола «Роҳбарони Агентии сиёсӣ» унвон дошта, он фарогири 8 зерфасл мебошад. Дар ин боб шарҳи ҳол ва фаъолияти ҳафт нафар роҳбари Агентии сиёсӣ, аз ҷумла, Чариков Н.В., Лесар П.М., Игнатев В.И., Лютш Я.Я., Сомов А.С., Беляев А.К., Миллер А.Я. ва резидент Введенский П.П., мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

Дар қисмати хотимавии рисола муаллиф баъзе мулоҳизаҳо ва мушоҳидаҳои худро пас аз таҳқиқу омӯзиши мавзуи мазкур ҷамъбаст намуда, чунин хулоса менамояд, ки Агентии сиёсӣ дар ҳифзи манфиатҳои Россия сина сипар карда, ин сохтор дар аморати Бухоро чашму гӯш ва бозии тавонои давлати бегона (давлат дар дохили давлат), дастгоҳи маъмурияти мустамликадории Россияи подшоҳӣ буд, ки истиқлоли сиёсии аморати Бухороро комилан рабуда, бидуни розигии ин ниҳод амир ҳуқуқ надошт, ки ба ягон иқдоми сиёсӣ, байналхалқӣ даст занад ва ҳатто, амир ва амалдорони ӯ дар умури давлатдорӣ ва идораи кишвари худ мустақил набуданд. 

Як хулосаи ҳадафрасу хушдордиҳандаи муаллифи рисола дар он аст, ки барои ҳар гуна халқу миллат, кишвару давлат аз озодӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлоли комили давлатӣ ва миллӣ неъмати пурарзиши дигаре вуҷуд надорад.

Дар замимаи рисола чанд мақола марбут ба мавзуи таҳқиқот оварда шудаанд.

Баробари комёбиҳо, дар рисолаи  «Агентии сиёсии Россия дар Бухоро» баъзе норасоиҳои ҷузъӣ низ ба чашм мерасанд, ки барои такмилу беҳтар шудани мазмуни он чанде аз онҳоро ба тариқи маслиҳат манзури муаллиф менамоем.

Аввалан, дар рисола нусха, акси аслии ҳуҷҷатҳои бойгониҳо доир ба фаъолияти Агентии сиёсии Россия дар аморати Бухоро оварда шаванд, арзиш ва аҳамияти илмии рисола ба маротиб меафзояд.

Дуюм, доир ба фаъолияти назорати махфии Агентии сиёсӣ аз болои амалдорони воломақом ва маҳаллии аморати Бухоро далелҳои бойгонӣ бештар оварда шаванд, аз манфиат холӣ нест.

Сеюм, дар рисола хотираҳои амир  Абдулаҳадхон ва амир Олимхон марбут ба фаъолияти Агентии сиёсӣ бештар истифода мешуд, арзиши рисола боз ҳам меафзуд.Чорум, масъалаи иртибот, ҳамкории маъмурияти мустамликадории Россия ва амалдорони воломақом ва маҳаллии аморати Бухоро дар мавриди зери итоат нигоҳ доштани мардум, ҷорӣ намудани назорати густурда, пахши ҳама гуна зуҳуроти норозигӣ, исён ва муқобилият бар зидди мустамликадорон ва истисморгарони маҳаллӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар иртибот ба ин масъала, бояд гуфт, ки дар бойгонии қӯшбегии Бухоро ҳуҷҷатҳои ҷолиб мавҷуданд. Ин ҳуҷҷатҳо собит месозанд, ки қӯшбегӣ аз болои тамоми амалдорони воломақом ва маҳаллӣ тавассути хадамоти махсус ва шахсони содиқ, ки онҳоро «мерган» мегуфтанд, назорати қатъӣ ва доимиро ба роҳ монда буд. Ин шахсон (ҷосусон) тамоми кору фаъолияти амалдорони аморатро зери назорат гирифта, ҳар рӯз ба қӯшбегӣ маълумот ва иттилоотро пешкаш мекарданд ва ба ин васила, қӯшбегӣ лаҷоми идоракунии тамоми амалдоронро дар дасти худ дошт. Дар бораи ҳамкории хадамоти ҷосусии қӯшбегӣ ва Агентии сиёсии Россия дар аморати Бухоро далелҳо мавҷуданд, агар бошанд, онҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додан  аз аҳамият холӣ нест.

Бояд зикр намуд, ки норасоиҳои зикршуда хислати усулӣ (принсипиалӣ) надошта, арзиш ва аҳамияти рисолаи А.Розиқзодаро ҳаргиз коҳиш намедиҳанд. Муаллиф дар асоси таҳқиқу омӯзиш, таҳлил фаъолияти Агентии сиёсии Россияро дар аморати Бухоро дар илми таърихнигории тоҷик бори нахуст мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, ба мақсад, ҳадафҳои дар назди худ гузошташуда ба пуррагӣ расидааст. Дар натиҷаи заҳмату кӯшишҳои муаллифи рисола ба доираҳои илмӣ, муаррихон, муҳаққиқон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва оммаи васеи хонандагон як таҳқиқоти ҷиддӣ, таҳлилӣ пешкаш шудааст, ки он аҳамияти илмӣ, назариявӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ ва амалиро дорост.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *