ЗИНДАГИНОМАИ ШОИР
Дар соли 858 дар хонадони Муҳаммад тифли зеборӯе чашм ба олам кушод. Ба ӯ Ҷаъфар ном гузоштанд. Касе намедонист, ки солҳо мегузараду овозаи шеъраш ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён мерасад. Ӯро ба дарбор даъват мекунанд, соҳибқирони шоирон, маликушшуаро мегардад. Номи деҳаи Панҷрӯд ё Рӯдакро машҳури оламиён мегардонад ва то абад сардафтари адабиёти тоҷику форс мемонад.
Бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеи Самарқанд (бинобар ин, дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору садсолаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдӣ на бо унвонҳои ифтихорӣ: «Одамушуаро», «Қофиласарои назми форсӣ», «Соҳибқирони шоирон», «Султони шоирон», «Мақаддумушуаро» ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.
Соҳибқирони шоирон бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханварест, ки таҷрибаву муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ — достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва ғайра пазируфтаанд.
МОҶАРОҲОИ ЗИНДАГИИ ШОИР
Замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳрат ёфта буд.
Хонадони Сомониён дар аввали ҳукмронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда, дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти равияи қарматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Наср ибни Аҳмад (914 — 943) таассуб ва хурофоти мазҳабӣ хеле боло рафт.
Номбурда аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷӯи марказгурез ва ривоҷи хурофоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки ӯро мусодира карда, ба чашмонаш мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз кабеҳтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лӯлачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкуравӣ хавфноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронад, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт.
Шоири ранҷур навишта буд:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодам,
Чунон ки ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагӯй, ки аз чӣ шудаст шодӣ сук?
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне, соли 941 аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷрӯд ба хок супурданд.
Оромгоҳаш то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок, каломи ноб ва сухани олӣ мебошад.
Барои гиромидошти номи устод Рӯдакӣ дар Тоҷикистон яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову маҳалҳои аҳолинишин низ ба номи ӯ гузошта шудаанд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи А. Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаи давлатӣ низ номгузорӣ шудаанд.
ОСОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ буд. Осори бадеиву мондагори суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобулал-боб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 — ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд.
Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин, бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст. Тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакиро сарвари шоирони забардаст номидааст.
Ӯ шоири пуркору сермаҳсуле буд. Ӯ аз 8-солагиаш ба эҷоди шеър пардохт. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонҳаҷмро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард.
Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ «Калила ва Димна»-ро дар 12 ҳазор байт ба риштаи назм мекашад. Ҳоло аз он қариб сад байт боқист.
НАМУНАИ ОСОРИ ШОИР
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,
В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз дасти азоби ҳиҷрон,
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён!
***
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
***
Дило, то кай ҳамеҷӯи манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Чаро ҷӯи вафо аз бевафое?
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?
Аё савсан баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро.
Яке з-ин барзанӣ нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ арзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ соӣ зери кӯҳе арзанеро?
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира, чун манеро.
Биё, инак, нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
***
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Таҳияи Сино ТОҲИРӢ