13-уми декабри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода қайд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, баҳри рушди он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон