Хабарҳо ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД 11.02.2025 Имрӯз, 8-уми феврали соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷанд барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид.Шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои сохтмони бинои муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби соҳибкорон, ҷудо намудани қитъаи замин, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои томактабӣ ба таҷҳизоти лозимӣ, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷудо намудани қарзи имтиёзнок барои омӯзгорони ҷавон, интиқолу барқарори донишҷӯён, сохтмони биноҳои шуъбаҳои маориф, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, заминҳои назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмин ба ҷойи кор, сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаҳои таълими ва ғайра муроҷиат намуданд.Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон Продолжить чтение Назад Предыдущая запись: ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНДДалее Следующая запись: ПЕШРАВИЮ ПИРӮЗИИ ҲАР ЯК ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАРО МАКТАБУ МАОРИФ ВА ИЛМУ ДОНИШ ТАЪМИН МЕКУНАД Добавить комментарий Отменить ответВаш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *Комментарий * Имя * Email * Сайт Сохранить моё имя, email и адрес сайта в этом браузере для последующих моих комментариев. Дигар маводҳо МОДАР САРЧАШМАИ ЗИНДАГИСТ. Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба ифтихори Рӯзи модар 08.03.2025 ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 07.03.2025