5-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва бонувони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

 

Вазири маориф ва илм занонону бонувони собиқадори соҳа ва дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Мавсуф иброз дошт, ки модар худ ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат ва ҳусну тароват эътироф гардидааст ва ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз меёбад. Ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолиятамон бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию дастурҳои ӯ имконнопазир аст. Дар кулли корҳои мо нақши барҷастаю мондагори дастони модар равшан эҳсос мешавад.

 

Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки мавқеъ, фаъолият ва азму иродаи неки бонувони тоҷик дар аҳди истиқлол дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле барҷастаю возеҳ ва бо эътиқоду эҳтироми самимӣ таҷассум ёфтааст. Гузашта аз ин, Пешвои миллат як китоби алоҳидаи худро, ки “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” ном дорад, ба ситоишу бузургдошти модарону бонувон бахшидаанд. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф хеле барҷастаю пурбаракат аст.

 

Сипас, бонувони собиқадори соҳаи маориф аз фаъолияти босамари худ дар низоми маорифи кишвар ёдовар шуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Дар идома маърузаи сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷамшед Маҷидзода дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди соҳаи маориф ва илм” шунида шуд.

 

Қайд гардид, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлол ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Имрӯзҳо фаъолияти занон дар пешбурди соҳаи маориф низ шоиста арзёбӣ мешавад. Бояд гуфт, ки дар Вазорати маориф ва илм занон аз корманди одӣ сар карда, то ба вазифаҳои пурмасъули муовини вазир мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми маорифи мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Занону бонувон дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми маорифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

 

Дар идомаи чорабинии идона корманди соҳа Сиёвуш Бердизода барои шод намудани таъби бонувон дар васфи модар, бузургӣ, ҷой, мақом, рангу машаққаташ баҳри қалон ва тарбия намудани фарзанд шеърҳо қироат намуд.

 

Дар охир собиқадорони соҳа ва бонувон – кормандони фаъоли вазорат бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 нафар бону кору фаъолият менамоянд.

 

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон яке аз тадбирҳои муҳимест, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *