12-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд.

Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим, аз ҷумла 7 нафар ятими кулл ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳоло дар ноҳия барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо як мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва як мактаб-интернати наздимактабӣ фаъолият менамояд.

Бо давра ба давра таҳким бахшидани муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарасторе, ки бо амри тақдир аз падар ё модар маҳрум мондаанд, сатҳу сифати нигоҳубини онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба маротиб беҳтару хубтар мешавад ва ин раванд оянда низ идома меёбад.  

Хурсандиовар аст, ки дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шахсони алоҳида ба ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмак расонида мешавад.

Ятимону маъюбон суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо суханҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат ба зиндагияшон умеди тоза мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо ятимону маъюбон иштироки онҳоро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти таъмини иштироки фаъолонаашон дар ҳама озмунҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расидан дастуру маслиҳатҳо доданд.

Сарвари давлат ба ятимону маъюбон либос, ширинӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд, ки ин боиси шодию нишоти онҳо гардид.

president.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *