24-уми сентябри соли 2024 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол-2024» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳии он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.
Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрўза ва нишон додани афзалиятҳои таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эъҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалаташ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни «Мураббии сол-2024» 3 рўз довом намуда, ҷамъбасти он 26-юми сентябр дар назар дошта шудааст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон