24.12.2024
Бо дастури ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода бори аввал нақшаи баргузории ҷаласаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти филиалҳои Донишкада таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ҳамаи ҷаласаҳои филиалҳо аз ҳисоби намояндагони Донишкада шахсони масъул таъин гардида, дар баррасии натиҷаҳои фаъолият иштирок менамоянд.
Имрӯз 24.12.2024 ҷаласаи фаъолияти солонаи филиали Донишкада дар ВМКБ баргузор гардид. Дар он директори филиал Азизбек Раҳимдод, муовини ректори Донишкада Наҷмиддиниён Абдусаттор (онлайн), сардори раёсати маорифи ВМКБ Муаллифшоев Аҳмад ва кормандону омӯзгорони филиал иштирок намуданд.
Директори филиали Донишкада дар ВМКБ Азизбек Раҳимдод оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолиятҳои филиали Донишкада ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки дар соли 2024 дар филиали Донишкада 52 курс бо фарогирии 1300 нафар шунавнада ба нақша гирифта шуданд, ки то охири сол 65 курс бо фарогирии 1368 нафар шунаванда баргузор гардиданд.
Муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявӣ Абдусаттор Наҷмиддиниён иброз дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани низоми сесолаи такмили ихтисос, ки ҳамчун таҷрибаи нав аз моҳи январи соли 2025 амалӣ карда мешавад, бояд нақшабандии мушаххас роҳандозӣ шуда, бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳамкориҳои самарабахш ба роҳ монда шавад. Дар навбати худ муовини сардори раёсати маорифи ВМКБ Аҳмадшо Муаллифшоев иброз дошт, ки мушкилоте, ки дар таъмини шунанвадагон ба курсҳои такмили ихтисос дар ноҳияҳои вилоят ҷой дорад, минбаъд баҳри ҳалли ин масъала кӯшиши бештар аз ҷониби раёсати маориф хоҳад шуд.
Дар фарҷом муовини ректор Абдусаттор Наҷмиддиниён иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ филиал ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида бошад ҳам, боз корҳои зиёде бояд анҷом дода шавад.