Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар қаламрави кишвар бомаром идома дорад.

19 августи соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо мақсади шиносоӣ ва назорат аз раванди баргузории даври сеюми озмуни мазкур дар вилояти Суғд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон”-и вилояти Суғд ҷараён мегирад, дидан намуданд.
Нахуст онҳо аз дастовардҳои илмиву эҷодии ҳайати устодон ва шогирдони ин муассиса дидан намуданд. Гуфта шуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳ ва сифати таълим боло рафта, шогирдони муассиса мунтазам дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд. Ба роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ дастур дода шуд, ки барои бедор намудани шавқ ва завқи насли наврас ба илмҳои дақиқ, техникаву технологияи муосир саъю талош варзанд.
Дар идома муовини Сарвазир ва вазири маориф аз ҷараёни баргузории озмунҳо бевосита дидан намуда, ба маҳорат ва тарзи баёни моҳияти масъала баҳои баланд доданд. Махсусан иштирокчиёни номинатсияи адабиёти бачагона, адабиёти классикӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ бо азхудкунии теъдоди зиёди шеъру қасида, панду андарз, роману повестҳо хотири ҳайати ҳакамон ва дигар иштрокдоронро шод намуданд.
Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбат бо иштирокчиёни озмун ва ҳайати ҳакамон аз ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон доштани силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, зикр дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст, ки минбаъд ба рушд ва шукуфоии меҳани азиз хизмат намоянд. Қайд гардид, ки то ба ҳамин давр расидани ҳудуди 1300 довталаб аз вилояти Суғд худ баёнгари он аст, ки доманаи озмун васеъ ва сафи иштирокчиён зиёд гардида истодааст. Ба онҳо тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш варзанд. Аз ҳайати ҳакамон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни санҷиши дониш, маҳорат ва истеъдоди довталабон саросема нашаванд, муомилаи хуш, то ба охир шунидани мақсади иштирокчӣ дар кадом сатҳ омода будани онҳоро ошкор месозад. Таъмини шаффофият ва адолат бояд шеваи кори ҳайати ҳакамон бошад.
Дар идома Дилрабо Мансурӣ ва Саидзода Раҳим Ҳамро бо волидайни чанде аз иштирокдорони озмун дар саҳни бинои муассиса сӯҳбат намуда, ба падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори сипос намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки минбаъд низ барои тарбияи дурусти фарзандон саъю талош варзанд.
Чанде аз волидон ба Роҳбари фарҳангпарвару маърифатдусти мамлакат изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки фарзандонро чун пайрави асили Пешвои миллат тарбия мекунанд.
Ба масъулини баргузории чорабинӣ дастур дода шуд, ки ҳар як баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашонро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳанд. Дар озмун танҳо онҳое ғолиб оянд, ки воқеан ҳам дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва бештар аз баҳри дурру гуҳари илми маонӣ бархӯрдор бошанд. Танҳо таъмини адолат метавонад барои сайқали маҳорат ва дониши довталабон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ то санаи 25 август идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *