Дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздид карданд.

Дар раванди боздид тазаккур дода шуд, ки осорхонаи мазкур аз санаи 9-уми марти соли 2005 ба фаъолият шуруъ карда, дар он даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даврони фаъолияташон даврабандӣ шуда, инъикос гардидааст. Ҳамчунон, синфхонаи таҳсилкардаи Пешвои миллат бо мизу курсиҳо нигоҳ дошта шудааст.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *