19.12.2024
Имрӯз, 19-уми декабри соли 2024 дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хонандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳварӣ дошта, дар яке аз суханрониҳои худ Сарвари давлат чунин таъкид доштанд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».
Ҳамчунин қайд гардид, ки ғолибияти хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун ба муаррифии мактабу маорифи миллӣ ва ташкили фазои рақобатпазир дар ин соҳа мусоидат мекунад.
Чунончи, дар соли 2024 барои хонандагони синфҳои 5-11 олимпиадаҳо аз рӯйи 13 фанни таълимӣ, Олимпиада оид ба Шоҳмот ва Олимпиадаи Спелинг-би ташкил ва баргузор гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии ин олимпиадаҳо 5340 нафар хонандагон иштирок намуда, шаҳри Душанбе бо гирифтани 811 ҷой дар мақоми аввал, вилояти Хатлон бо гирифтани 541 ҷой дар мақоми дуюм ва вилояти Суғд бо гирифтани 450 ҷой дар мақоми сеюм қарор доранд.
Дар ин давра хонандагони болаёқати тоҷик дар 33 олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 2287 ҷойи намоёнро ба даст оварданд.
Соли равон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо ҷалби хонандагони зиёда аз 130 кишвар баргузор гардиданд, хонандагони тоҷик 3 медали биринҷии олимпӣ, 1 медали биринҷӣ дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «IPhO-2024» ва 2 медали биринҷӣ дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IМO-2024» ба даст оварданд.
Сипас, ба се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, омӯзгорон бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва волидайни онҳо бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, 16 нафар омӯзгор барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ бо нишонии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 60 нафар омӯзгори пешсаф бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон