
Имрӯз, 5-уми апрели соли 2025 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода якҷо бо раиси ноҳияи Кӯшониён Муҳаммадшариф Холзода дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳия иштирок карда, сокинонро ба ин ҷашни таърихӣ табрик намуданд.
Вазири маориф ва илм зимни сухани табрикии худ омӯзгорону хонандагон, падарону модарон ва тамоми сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати кишвар табрик намуда, иброз дошт, ки Наврӯз ҷашни оғози баҳор, эҳёи табиат, мавсими кишту кори деҳқониву чорводорӣ, рамзи покиву муҳаббат ва ҳамдиливу ҳамзабонӣ буда, аз қаъри асрҳо ҳикмати бузурги фарҳангии ниёгонамонро ҳифз дошта, то замони мо омадааст. Маҳз бо ҷаҳду талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии ғайримодии башарият эътироф гардида, соли 2010 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 21 март – Рӯзи байналмилалии Наврӯз қарор қабул карда шуд.
Дар идомаи суханронии худ вазири маориф ва илм вобаста ба иштироки Сарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд, Наврӯз ва иртиботи он ба расму ойин ва фарҳангу идеология, эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ аз тарафи сокинони Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа ва ғайраҳо ибрози назар намуд.
Дар рафти ҷашни Наврӯз вазири маориф ва илм ва раиси ноҳияи Кӯшониён аз дастархони идона, расму оинҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар фарҷом як қатор омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа барои саҳми арзишманд гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва ободу зебо гардонидани деҳоти худ бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон