19.12.2024

Ин акс 19 декабри соли 2024 бардошта шудааст, дар ҷараёни маросими ҳавасмандгардонии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ. Муаллим Шоҳимардон Арзиқулов, асо дар даст, барои гирифтани подоши заҳматҳои 60-солааш дар мактаб ба саҳна баромад. Шояд аксарият ва худи ӯ то ин дам гумон доштанд, ки подош танҳо мукофоти соҳавӣ — нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст».

Дар асл чунин набуд. Бо дидани асову дасти ларзони муаллим вазири маориф ва илми Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода сӯяшон шитофтанд ва аз дасташон доштанд. Ин лаҳза ҳамон мақоли «бузургонро бузургон зинда медоранд» ба хотир расид. Дар толор 700 нафар иштирокдори маросим… Ҳама беихтиёр аз ҷо хестанд ва каф кӯбиданд. Чи шаҳомате дошт ин лаҳза толор!

Балки толор не, арҷгузории ҷомеа — роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, сарони сохторҳои гуногуни соҳа, омӯзгорони пешсафи кишвар, хонандагон ва волидайн нисбат ба заҳматҳои муаллим Арзиқулов шаҳомат дошт.

Чанд лаҳза оромӣ… Вазири маориф ва илм аз ҳолу аҳволи муаллим пурсон шуданд. Садои сукути кохи боҳашамати «Суруш»-ро танҳо ҷавобҳои кутоҳи муаллим Арзиқулов халалдор мекард. Дигарон комилан хомӯш буданд ва талош мекарданд посухҳои ӯро шунаванд…

Ҳамин лаҳза ду саҳна дар зеҳнам хутур карданд:

1. Сентябри соли 1966, вақте ҷавони қоматбаланду таҳамтан Шоҳимардон дар даст дипломи омӯзгорӣ аз шаҳр ба деҳа омад ва қавл дод: «Худро ба мактаб мебахшам».

2. Баъди ҳудудан 60 сол, моҳи апрели соли 2024, вақте бо ӯ шинос шудем, аснои баргузории даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ. Ӯ дигар ҷавону пурэнерҷӣ набуд, аммо ҳамоно талоши беохир дошт. Соатҳо дар саҳни ҳавлии Мактаби байналмилалии Президентӣ натиҷаи кори шогирдонро мунтазир мешуд. Ҳар лаҳза таъкид мекардам: «Инҷо будан шарт нест, худатонро зиёд ташвиш надиҳед…». Посух як лабханд буд. Гуё мегуфт: «Охир қавл додаам, ки худро ба мактаб мебахшам».

Барои як лаҳзаи кутоҳ китоби хотира ва тасаввур варақгардон шуд. Авҷи садои кафкӯбиҳо ва таъзим пеши бузургии устод-омӯзгор анбуҳи хотираҳоро парешон кард. Ва саҳнаи сеюмро дидам: чигуна вазир фарзандвор дасти муаллимро дошта, аз саҳна то сафҳои нишаст роҳнамоӣ кард..

Итминон дорам, ин лаҳзаро иштирокдорон солҳо боз дар хотира маҳфуз медоранд. Ин рӯйдод барои омӯзгорони ҷавон панд буду барои ман таъйид: Дар интихоби пеша ғалат накардам!

https://maorif.tj/news/other/iftixor-etirom-eietirof-natiai-zamati-60-solai-soimardon-arziqulov

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *