
05.03.2025
Дар арафаи таҷлили Рӯзи модар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба дидори собиқ муовини вазири маориф Латофат Насриддинова рафта, ба муаллима барои хизматҳои бенуқсон “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимни дидорбинӣ вазири маориф ва илм Латофат Насриддиноваро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуда, ба эшон саломатии комил ва рӯзгору хуш таманно намуд.
Вазири маориф ва илм зимни аз хизматҳои бисёрсолаи Латофат Насриддинова дар соҳаи хизмати давлатӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки шумо, муаллимаи азизро аксари сокинони кишвар чун сиёсатмадори соҳибирода ва яке аз фаъолзанон мешиносанд. Фаъолияти бисёрсолаи шумо дар соҳаи хизмати давлатӣ, бахсус соҳаи маориф ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва наслҳои баъдӣ ҳатман корномаатонро ба некӣ ёд мекунанд.
Латофат Насриддинова бо изҳори миннатдорӣ барои дидорбинӣ ва табрикаш дар арафаи Рӯзи модар иброз дошт: “Ман худро аз зумраи хушбахттарин занҳо медонам, ки солҳо зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намудам ва заррае ҳам бошад, саҳми худро дар татбиқи ин сиёсат гузоштам. Сиёсати комил ва хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки мо, занон дар ҷомеа на танҳо обрӯйи баландро соҳиб гардидем, балки дар вазифаҳои роҳбарикунанда баробари мардон мавқеъ пайдо намудем. Аз ин рӯ, ҳамеша миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагиашон мерасонам”.
Дар фарҷоми дидорбинӣ Латофат Насриддинова китобҳои худро чун рамзи хотира ба вазири маориф ва илм тақдим намуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон