Имрӯз, 29-уми августи соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар баргузории ҷаласа муовини якум, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм зимни баргузории ҷаласа аз масъалаҳои дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида ёдовар шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушахаас дод.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли нави хониш, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, тозаву озода намудани атрофи муассисаҳо, дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи омӯзгор ва ғайраҳо ҷалб намуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба масъулин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *