
3-юми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баргузор гардид.
Нахуст вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои илму маориф нақши бориз хоҳад гузошт.
Ҳумчунин, вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи созишномаи мазкур ҳамасола Ҷумҳурии Корея барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бурсияи таҳсилотӣ ҷудо менамояд. Ба хотири рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, илму маориф, техникаву технология ва омӯзиши илмҳои замони муосир ҳамкориҳо миёни ҳарду кишвар дар сатҳи хуб қарор дошта, минбаъд низ вусъат дода мешаванд.
Дар навбати худ Ҷон Сонг Шик омодагии ҷониби Ҷумҳурии Кореяро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои рақамикунонии раванди таҳсилот, IT-технология, рушди касбияти мутахассисон ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар барномаҳои табодулӣ иброз намуд.
Ҳамчунин, дар идома ҷонибҳо вобаста ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилотӣ, баргузории ярмаркаи муаррифии имкониятҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе дар моҳи октбяри соли равон, дар баробари дигар соҳаҳо баррасӣ шудани масъалаҳои илму маориф дар Саммити Осиёи Марказӣ+Корея дар соли 2026 ва дигар мавзуъҳо табодули афкор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
