
15-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи муштараки Тоҷикистону Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва Бохтар баргузор гардид.
Зимни вохурӣ вазири маориф ва илм аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду тавсеаи соҳаи маориф ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо ташкилотҳову созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Махсусан,таъсиси муассисаҳои таълимии муштарак бо Федератсияи Россия дар зинаҳои гуногуни таҳсилот баҳри рушди маорифи миллӣ ва мутобиқ намудани он бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Дар вохӯрӣ самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла таъиноти директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи муштараки Тоҷикистону Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва Бохтар, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ ва муштарак, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, иштирок дар чорабиниҳои маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пешниҳоди дурусти маълумотҳо ва чанде дигар мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон