
Имрӯз, 18 апрели соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанбе дидан намуд.
Вазири маориф ва илм зимни боздид аз рафти баргузории давраи озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо хонандагон суҳбат доир намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурбинонаи хеш соҳаи маорифро дар ҷойи аввал гузошта, барои рушди рӯзафзуни он дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро равона намуданд. Шумо, хонандагони азиз, насли хушбахте мебошед, ки дар беҳтарин шароит таҳсил намуда истодаед. Ҳамзамон, шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии PIRLS ба таври озмоишӣ иштирок доред. Арзёбии мазкур яке аз муҳимтарин таҳқиқоти ҷаҳонӣ оид ба сатҳи хониши хонандагони синфи 4-ум аст, ки дар он на танҳо малакаи хондан, балки қобилияти фаҳмидану дарки матн низ санҷида мешавад.
Сипас, вазири маориф ва илм бо падару модарони хонандагони муассисаи таълимии мазкур вохӯрии самимӣ баргузор намуда, аз таваҷҷуҳу бетараф набудани онҳо нисбат ба ояндаи фарзандон ва огоҳии пайвастаашон аз раванди таълим дар муассиса изҳори сипос намуд. Дар ҷараёни суҳбат, вазир бар зарурати мустаҳкамсозии робитаи мактаб ва хонадон таъкид намуда, падару модаронро ба ҳамкории фаъол ва доимӣ бо омӯзгорон даъват кард. Таъкид шуд, ки танҳо бо шарикии созанда байни оила ва мактаб метавон заминаи таҳкими ахлоқ, дониш ва комёбиҳои минбаъдаи насли наврасро фароҳам овард.
Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PIRLS бо фарогирии 1181 нафар хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври озмоишӣ гузаронида мешавад. Гуфта шуд, ки озмоиши арзёбии байналмиллалии мазкур аз ду қисм иборат буда, дар он матнҳо, аз ҷумла ҳикоя, қисса, афсона ва матнҳои гуногун истифода бурда мешавад ва хонандагон вобаста ба матнҳои пешниҳодшуда қобилияти фаҳмидану дарки матнро истифода мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқоти мазкур дар байни хонандагони синфҳои 4-уми зиёда аз 60 кишвари дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ бо таври маҷозӣ ё офлайн баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори аввал озмоиши мазкур доир мегардад, ба таври офлайн ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони синфҳои 4-ум дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва иштирок дар таҳқиқоти мазкур, айни ҳол дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба таври пилотӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 баргузор мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон