Имрӯз, 14-уми декабри соли 2024 дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бинои синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро, ки барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ба нақша гирифта шуда, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тибқи лоиҳа бинои муассисаи таълимӣ ду ошёна буда, иборат аз 10 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон мебошад. Аз ҷумла, 5 синфхонаи таълимӣ, синфхона барои гурӯҳи томактабӣ, синфхонаи комютерӣ, синфхонаҳои лабораторӣ барои фанҳои химия, физика ва биология мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои асосии муассиса ( сохтмонаш солҳои пешин мебошад) ду синфхона аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои пешин чун синфхонаи фанҳои химия ва физика бо тамоми таҷҳизот таъмин карда шудааст.
Зимни ифтитоҳи бино вазири маориф ва илм ва муовини раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорони муассиса вохӯрии судманд намуда, ба як қатор омӯзгорон ва кормандони техникӣ туҳфҳаи пулӣ тақдим намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон