26-уми феврали соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 170) ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.

Нахуст, вазири маориф ва илм қайд кард, ки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт 20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ, махсусан, «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» барои рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ зарурӣ ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома ҳисоботи сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат Сироҷиддин Ниёзӣ доир ба амалишавии «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» шунида шуд.

Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти амалишавии «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025»-ро мунтазам пайгирӣ намуда, то кунун дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, табдил додани илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи пешрафтаи дониш ва фаъолият, муҷаҳҳаз гардонидани лабораторияҳои физика, химия, биология бо таҷҳизоти замонавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, такмили низоми омодакунии кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар баробари корҳои анҷомдодашуда камбудиҳо дар самти амалишавии барномаи мазкур ҷой дорад. Аз ҷумла, ҷиҳати таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аз ҷониби аксарият муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асбобу анҷоми илми муосир харидорӣ ва муҷаҳҳаз гардонида нашудаст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ монеагӣ эҷод мекунад. Аз ҷумла, харидорӣ ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар доираи барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғуфуров, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (МЭИ) чораандешӣ нагардидааст.

Ҳамзамон, масъалаҳои зиёд намудани маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии соҳаҳои илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос-технологҳо, нанотехнологҳо, муҳандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахасисони соҳаи иттилоот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, иштироки магистрантон, докторантони анъанавӣ ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), муҳаққиқони ҷавон ва олимон дар конференсия, симпозиум, анҷуман ва семинарҳои байналмилалӣ, ташкили озмунҳо, олимпиадаҳо аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вусъат бахшидани фаъолияти патенту ихтироот миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва олимони равияҳои илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, нашри маводи илмӣ дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *