24-уми сентябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раймундас Кароблис, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур Ван Дизен, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати мориф ва илм ва зерсохторҳои он, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, мудирони шуъбаҳои маориф, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар ибтидо вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) платформаест, ки масъалаҳои соҳаи маориф якҷоя бо шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор медиҳад. То кунун дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз қабили фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ва дигар самтҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои зиёде ба анҷом расидааст.
Сипас, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур Ван Дизен, роҳбари Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариќ Хон ва дигар намояндагони шарикони рушд доир паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф ва илм ва вусъати ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, боло бурдани сифати таҳсилот, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои босамар дар соҳаи маориф, нашри китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ, гузариш ба низоми даҳхолаи баҳогузорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон