Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

      Доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултаи таърихи ДМТ Қаҳҳори Расулиён солҳои тӯлонист, ки ба таҳқиқи таърихи маориф ва матбуоти мардумамон дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX машғул аст. Вобаста ба паҳлуҳои мухталифи таърихи маориф, матбуот, фарҳанги кишварамон ва равобити он бо ҳавзаҳои фарҳангии Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва ғайра зиёда аз  шашсад асару мақолаи мухталифи илмӣ-оммавӣ эҷод карда, дастраси дӯстдорони таърих гардонидааст.

      Профессор Қаҳҳори Расулиён қисме аз таълифоташро бо номи «Осори мунтахаб» (дар ду ҷилд) бо таҳрир ва иловаҳо ба чоп расонд. (Осори мунтахаб.-Ҷ.I. –Душанбе, «Бухоро», 2014.-575 с.; Осори мунтахаб.-Ҷ.II. –Душанбе, «Дақиқӣ», 2017.-599 с.;)

      Дар ин китобҳо таърихи маориф, матбуот ва афкори ҷамъиятии кишварамон ҷои махсусро ишғол кардааст. Вобаста ба ин кӯшиш кардем,  ба масъалаи таърихи маориф ва матбуоти кишварамон дар асоси таҳқиқоти профессор Қаҳҳори Расулиён таваққуф кунем. Зеро бештари маводи таҳқиқоти мазкур бо ҳамин масъала бахшида шудааст.

      Муҳаққиқ қайд мекунад, ки чаҳоряки аввали асри XX барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз буд. Дар ин давра дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, таҳаввулоти куллӣ ва басо ҷиддӣ ба амал омад. Ин дигаргунӣ дар ҳаёти фарҳангӣ басо равшан ва чашмгир буд. Зери таъсири дигаргуниҳо дар ҳаёти фарҳангии кишварҳои ҳамсоя ба сарзамини тоҷикон аносири фарҳангии ҷадид аз қабоили макотиби русӣ-маҳаллӣ, макотиби усули ҷадид, театр ба тарзи аврупоӣ, матбуот ва адабиёти ҷадид ворид гардид. Ҳамаи ин навигариҳои ҳаёти маориф дар тадқиқот мукаммал дар асоси манбаъҳои эътимоднок ифода шудаанд. Қаҳҳори Расулиён дар ибтидои таҳқиқот таъкид мекунад, ки дар марҳилаи номбаршуда, яъне, ибтидои асри XX маркази асосии таълиму тарбия масоҷид, макотиби суннатӣ, мадорис, макотиби русӣ-маҳаллӣ, макотиби усули ҷадид ва минбаъд макотиби Шӯравӣ маҳсуб мешуданд. (Осори мунтахаб.-Ҷ.II. –Душанбе, «Дақиқӣ», 2017.-С.9. Минбаъд асари зикршуда.) Муаллиф ба масъалаи маориф рӯ оварда, дар аввал оид ба масҷидҳо маълумоти мукаммал медиҳад, зеро масоҷид дар радифи макони тоату ибодат будан, ҳамчунин яке аз марказҳои омӯзишу парвариш низ буданд. Чунки дар назди аксари масоҷиди шаҳру деҳоти Осиёи Миёна макотиби суннатӣ фаъолият менамуданд. Дар ҳама мавзеъҳои аҳолинишин масҷидҳо вуҷуд доштанд. «Тибқи гузориши пристави Ӯротеппа ба сардори уезди Хӯҷанд аз таърихи 30 ноябри соли соли 1905 дар шаҳри Ӯротеппа 10, дар деҳоти атрофаш 14, дар шаҳри Далён 11 ва дар деҳоти атрофаш 27, дар Ғончӣ 9 ва деҳоти атрофаш 48 масҷид, дар маҷмӯъ 162 масҷид фаъолият доштанд» (Асари зикршуда.-С.9.)

      Тибқи навиштаи Муҳаммадалии Балҷувонӣ, соли 1916 дар шаҳри Бухоро 296 масоҷиди панҷвақта ва 18 масҷиди ҷомеъ амал мекард. Дар арафаи инқилоби Бухоро дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Кӯлоб зиёда аз понздаҳ масоҷид фаъолият дошт. Дар Душанбеи онвақта чордаҳ масҷид амал мекард, ки дар аксари онҳо мактабҳо фаъол буданд. Аз ин рӯ, дар асар ба фаъолияти мактабҳои мазкур диққати калон дода шудааст. Ба фикри муаллиф, яке аз марказҳои аслие, ки кӯдакон он ҷо савод меомӯхтанд, макотиби суннатӣ буд, ки он қариб дар саросари шаҳру деҳоти кишварамон фаъол буд ва ин мактабҳо хеле хурд ва барои хондан номувофиқ буданд. Муаллиф барои исботи фикраш аз устод С. Айнӣ мисол меорад: «Мактаб як хонаи танг буд, ду дар дошт, ки яке аз онҳо дари даромади яктабақа буд. Он дарро ҳам дар вақтҳои сармо пӯшида мемонданд. Дари дигараш даричае буд, ки се чоряк оршин қад ва ним оршин бар дошт. Мактабдор (муаалим) ба вай як коғаз (тирезаи коғазӣ) карда, барои дар барф ва барои надаридани он ба коғазаш, равғани зағир молида буд.

… Замини ин хонаро, ки ҳамаи вусъати он тахминан чор оршин дар чор оршин, яъне 16 оршин мураббаъ буд, чор синҷӣ аз болои якдигар гузаронида, дарунашро ба 9 қисм ҷудо карда буданд, ки гӯё дар даруни мактаб 9 охурча ба вуҷуд омада буд. Дар охурчаи гӯшаи пешгоҳи ин хона, ки дарича ҳамон ҷо буд, ҷои мактабдорнишин буда, охурчаи пеши дари даромад, кафшкаш буда, дар охурчаҳои дигар бачагон менишастанд». (Асари зикршуда.-С. 11.) 

      Доир ба тарзи омӯзиши макотиби суннатӣ дар таҳқиқот аз гуфти Вадуд Маҳмудӣ чунин омадааст: «Аввал  рӯи тахтача, ки онро лавҳ меноманд, шакли ҳарфҳоро менавиштанд ва номҳои онҳоро «Алиф», «Бе», «Те»- гӯён ёд медоданд. Баъд аз худ кардани ҳарфҳои алифбо ба омӯзиши «Ҳафтяк», ки қисме аз «Қуръон» аст, оғоз мекарданд. Пас аз он «Чор китоб», Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Навоӣ, Фузулӣ ва ғайраро мехонданд. Хат навиштанро ё дар охири таҳсилот, ё ки дар вақти Бедилхонӣ сар мекарданд».

      Ба гуфти профессор Қаҳҳори Расулиён, пас аз Қуръон дуюмин китобе, ки дар байни мардуми мо шуҳрат дошт, «Чаҳоркитоб» мебошад. Тавре аз номи он бармеояд, ин китоб аз чаҳор китоби мустақил иборат буда,  як қисми он ба назм ва боқимондааш ба наср таълиф шудааст. Қисми чаҳорум бо номи «Панднома»-и Аттор маълум аст. Муаллифони баъзе қисмҳои «Чаҳоркитоб» номаълуманд. Давлат барои таъсис ва фаъолияти мактабҳои суннатӣ маблағ ҷудо намекард. Мактабҳоро шахсони алоҳида ва ё худи мардуми маҳаллӣ аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекарданд. Мактабдорон барои таълим маош намегирифтанд. Аз дигар ҳисоб, аз ҷумла, хатибӣ, имомӣ, муаззинӣ, дуохонӣ ва ғайра маишати худро таъмин мекарданд. Он чиз дар таҳқиқоти профессор Қаҳҳори Расулиён диққатҷалбкунанда аст, ки дар макотиби суннатӣ на танҳо писарон, балки духтарон низ таҳсил мекарданд. Дар таҳқиқоти олим ба фаъолияти макотиби русӣ-маҳаллӣ диққати махсус дода шудааст. Ба ақидаи муаллиф, ба хотири таъмин намудани дастгоҳи идораи маҳаллӣ бо маъмурон, дабирон, тарҷумонҳо, мансабдорони хурди ҳукумати Россияи подшоҳӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна маркази омӯзишиеро бо номи макотиби русӣ-маҳаллӣ таъсис намуда буд. Муҳлати таҳсил дар чунин макотиб 6-8 сол буда, ба он ашхоси аз 8 то 20- сола ба таҳсил пазируфта мешуданд. Таҳсил аз 1 август то 1 июн идома ёфта, ба талабагон хондану навиштан ба забонҳои русию маҳаллӣ, омӯзиши чаҳор амали арифметика, тарҷума аз забони маҳаллӣ ба русӣ, ҳамчунин, асосҳои дини насронию ислом таълим дода мешуданд. Ба гуфти муаллиф, нахустин мактаби русӣ-маҳаллӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна соли 1870 бо ташаббуси губернатор Абрамов дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфт. Барои фаъолияти мактабҳои мазкур 30 июни соли 1886 вазири маорифи Россия расман иҷозат дод. Ҳамон сол дар кишвар 14 мактаби русӣ-маҳаллӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Сипас муҳаққиқ марҳилаҳои асосии инкишофи мактабҳои мазкурро таҳлил кардааст, ки хеле ҷолиб мебошад.

      Дар таҳқиқоти профессор ҷои муҳимро фаъолияти макотиби усули ҷадид ишғол мекунад. Ба ақидаи муаллиф, дар охири асри XIX дар зери таъсири макотиби усули ҷадиди кишварҳои Туркия, Эрон, Миср, Қрим, Тотористон, дар кишвари мо низ чунин мактабҳо ба фаъолият оғоз карданд. Макотиби усули ҷадид аслан 4 ва ё 6-сола буда, дар онҳо дар радифи умумии динӣ, улуми дунявӣ низ таълим дода мешуд. (Асари номбаршуда.-С.19.)

      Аз тадқиқот бармеояд, ки яке аз нахустин бунёдгузори мактаби усули ҷадидӣ- тоҷикӣ Абдуқодири Шакурӣ (1875-1940) буд. Ин марди фидоии мактабу маориф соли 1903 дар зодгоҳаш - шаҳри Самарқанд ба таълими усули ҷадид мепардозад. Абдуқодири Шакурӣ ба воситаи газетаи туркии  «Тарҷумон» дар бораи мақтаби усули нав маълумот пайдо карда, дар фикри кушодани чунин мактаб меафтад. Дар тадқиқот хотираҳои олими маъруф Раҳим Ҳошим, ки дастпарвари мактаби ҷадид Абдулқодири Шакурӣ буд, мисолҳои дақиқ меорад, ки он ба сифати тадқиқот бевосита таъсири хуб расонидааст. Сипас, дар тадқиқот барнома ва тарзи таълими мактабҳои усули нав хеле мукаммал шарҳу эзоҳ дода шудааст. Аксари китобҳои дарсии мактабҳои усули нав ба забони тоҷикӣ дар шаҳри Қазон чоп мешуданд. Аз ҷумла «Шароити имон», «Ақоиди исломия», «Муаллими аввал», «Муаллими сонӣ» аз ҷумлаи онҳо буданд. Соли 1908 ба Бухоро яке аз поягузорони таълими усули ҷадид дар Россия, сардабири газетаи «Тарҷумон» Исмоили Гаспарӣ омада, пас аз машварат бо чанд тан аз равшанфикрони тоҷик ва тотор ба хулосае омаданд, ки дар мактаби расмии тоторҳо, ки ба он «Музафаррия» ном ниҳода буданд, бачаҳои тоҷик низ метавонанд таҳсил кунанд. Ҳамон сол чанд тан бачаҳои тоҷикро мактабҳои усули нави тоторӣ  барои таҳсил қабул карданд. Дар таълифоти Қаҳҳори Расулиён ба таҳсили мактаби усули ҷадид дар Бухоро диққати махсус дода шудааст. Таърихи таъсиси мактаби навро дар Бухоро муаллиф дар иртибот бо осори С. Айнӣ шарҳ додааст, ки хеле аниқ ва эътимоднок баромадааст. Нахуст А. Мунзим ва С. Айнӣ фикри дар Бухоро кушодани мактаби навро мекунанд. Кушодани мактаби усули ҷадид 5 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ба онҳо муяссар мешавад. Мактаби усули ҷадиди Мунзим дар як муддати кӯтоҳ шуҳрати калон пайдо кард. «Азбаски, – менависад С. Айнӣ, – ин мактаб ба забони тоҷикӣ ва муаллимонаш бухориуласл буданд, зиёда шуҳрат пайдо карда, мардуми Бухороро ба худ ҷалб намуд». (Асари номбаршуда.-с. 30.)

      Чун нуфузи мактаби усули ҷадиди Мунзим ва С. Айнӣ дар миёни мардуми Бухоро хеле афзуд, пеш аз ҳама як гурӯҳ ҳасудон бо сардории Мулло Қамар дар фикри аз байн бурдани он шуданд. Вобаста ба ҳуҷуми ҳасудон масъулони мактаб 6 сентябри соли 1909 маҷлиси имтиҳони умумии талабагонро ташкил карданд.  Ҳарчанд ҷаласаи имтиҳонӣ хуб мегузарад, аммо мухолифин аз нияти зишти худ даст намекашанд. Онҳо ба ҳуҷуми рӯйирост мегузаранд. Ба қӯшбегӣ ва қозикалон таҳдид мекунанд. Бар асари ин фишорҳо маъмурони қӯшбегӣ, қозикалон ва раис маҷбур мешаванд, ки бо таври расмӣ мактаби усули ҷадиди Мунзимро 25 октябри соли 1909 банданд. (Асари номбаршуда.-С. 31.)

      Ҷои муҳимро дар тадқиқоти профессор Қаҳҳори Расулиён фаъолияти яке аз соҳаҳои муҳимми маориф -мадрасаҳо ташкил мекунанд. Ба гуфти муаллиф, мадраса ба ҳайси маркази олии омӯзиш маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангии Осиёи Миёна нақши муҳим дошт. Таҳсил дар мадорис дар маҷмӯъ то бист сол идома мекард. Соли таҳсил 24 сентябр оғоз шуда, то 22 март идома меёфт. Муҳассилин дар як ҳафта 5 рӯз –шанбе, якшанбе, душанбе, сешанбе ва чоршанбе таҳсил намуда, рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа таътил доштанд.

      Профессор Қаҳҳори Расулиён дар асоси асари «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» -и Абдурауфи Фитрат миқдори мадрасаҳои шаҳри Бухороро қариб дусад адад эълон мекунад, ки онҳо вобаста ба фаъолияташон ба се қисм тақсим карда мешаванд. Сипас, рӯйхати мадрасаҳоро бо вақфи солонаашон дар тадқиқот меорад. Муаллиф ба шарҳи мадрасаҳои ҳудуди Тоҷикистони ҳозира мегузарад, ки он тадқиқотро боз ҳам мазмуни сифатан мусбат медиҳад.

     Дар тадқиқоти профессор ба фаъолияти нахустин макотиби шӯравӣ низ диққати калон дода шудааст. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр дар кишвари Туркистон Комиссариати маорифи халқ таъсис ёфт. Тибқи фармони Ҳукумати Туркистон аз 29 марти соли 1918 Шӯроҳои маорифи  халқӣ таъсис ёфтанд, ки онҳо ба кори омӯзишу таълим роҳбарӣ мекарданд. Аз ҷумла, 26 апрели соли 1918 Шӯрои маорифи халқи уезди Хуҷанд ташкил шуда, ба фаъолият оғоз кард. Тибқи Низомнома «Доир ба мактаби ягонаи меҳнатии РСФСР», ки 16 октябри соли 1918 Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ онро тасдиқ намуда буд, дар кишвари мо низ макотиби ягонаи меҳнатӣ таъсис ёфтанд. Чунин макотиб 9-сола ва дорои 2 дараҷа (якум ва дуюм) буданд. Макотиби дараҷаи аввал кӯдакони 8-13- сола ва дараҷаи дуюм наврасони 13-17- соларо фаро гирифта, дар онҳо таҳсил ройгон ва ҳатмӣ буд. Ба гуфти Қаҳҳори Расулиён, нахустин макотиби шӯравӣ дар радифи дигар шаҳрҳои Туркистон дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Конибодом, Исфара ва ғайра соли 1918 ба фаъолият оғоз карданд. «Соли 1919 дар нахустин мактаби шӯравии Конибодом қариб 100 нафар талаба таҳсил менамуд». (Асари номбаршуда.-с.43.)

      Баъд аз суқути аморати Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ, Нозироти маориф таъсис дода шуд, ки вай дар маҳалҳо намояндагони худро дошт. 15 марти соли 1921 дар Душанбе шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ ташкил шуда, моҳи июни ҳамон сол нахустин анҷумани кормандони маорифи он баргузор гардид. Як қисми таҳқиқоти профессор Қаҳҳори Расулиён ба таълифи нахустин китобҳои дарсии марҳилаи мазкур бахшида шудааст. Ба гуфти муаллиф, аз равшанфикрони тоҷик Сайдаҳмади Васлӣ яке аз аз нахустинҳое буд, ки ба таълифи китоби дарсӣ бо номи «Баён-ул-ҳуруф» даст зад ва он соли 1903 дастраси муаллимон шуд.

      Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим соли 1908 барои талабагони мактаби ҷадиде, ки дар шаҳри Бухоро бо ҳамдастии С. Айнӣ, А. Ҳамдӣ таъсис намуда буд, алифбое тартиб дод, бо номи «Роҳбари хат». Дар ин марҳила С. Айнӣ низ чанд китоби дарсӣ барои макотиби усули ҷадид, аз қабили «Таҳзиб-ус-сибиён», «Тартил-ул- Қуръон», «Заруриёти диния», «Баҳори дониш» ва «Холида ё қизбола»-ро таҳия намуд, ки минбаъд барои таълифи китобҳои дарсии марҳилаи шӯравӣ як заминаи асосӣ гардид.

      Дар тадқиқоти профессор Қ. Расулиён ба таърихи пайдоиши матбуоти тоҷик низ диққат дода шудааст. Он дар асар аз фаъолияти «Бухорои Шариф» оғоз меёбад. Дар асар маводҳои нашркардаи «Бухорои шариф» аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа таҳлил карда шудаанд, ки доир ба нақши сиёсии газетаи мазкур хонанда маълумоти саҳеҳ гирифта метавонад. Бо таъкиди муҳаққиқ, то барқарор гардидани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон ва аморати Бухоро як зумра рӯзномаю маҷаллаҳои дузабонӣ-тоҷикию ӯзбекӣ ва тоҷикию туркманӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, Ашқобод чоп мешуданд, ки «Туҷҷор», «Садои Фарғона», «Садои Туркистон», «Самарқанд», «Оина», «Ҳуррият» аз ин қабил буданд. Минбаъд Қаҳҳори Расулиён ба тасвири мазмун ва мундариҷаи аввалин ҳафтаномаи шӯравии тоҷик «Шуълаи инқилоб» мегузарад, ки вай амалан саромади ҳамаи рӯзномаҳои тоҷикист. Дар таҳқиқот масъалаи ҷадидҳо, илми тоҷик дар ибтидои асри  XX, театри тоҷик ва мусиқии тоҷик хеле мукаммал шарҳу баён ёфтааст. Ба фикри мо, «Осори мунтахаб»-и профессор Қаҳҳори Расулиёнро ҳамчун васоити таълимӣ бо адади бештар нашр карда, дастраси таърихшиносон бояд кард. Он дар роҳи худогоҳии миллӣ хидмати арзанда карда метавонад.

Амиршоҳ ЁРМУҲАММАДОВ,

Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ -

номзадҳои илмҳои таърих, устодони ДМТ

3, соли 2018.

Адабиёт

  1. Расулиён Қ. Осори мунтахаб. Ҷ II.-Душанбе, Дақиқӣ.-2014.-576с.
  2. Расулиён Қ. Осори мунтахаб. –Ҷ.II.-Душанбе,Бухоро, -560с.
  3. Расулиён Қ. Маориф ва матбуоти тоҷик дар ибтидои асри XX.-Душанбе, 2001.
  4. Расулиён Қ.Тоҷик кист.-Душанбе.-2015.
  5. Расулиён Қ. Инъикоси ваҳдати ориёнҳои қадим дар осори таърихии Эмомалӣ Раҳмон. Осори мунтахаб.-Ҷ.II.-Душанбе, Бухоро, 2017.
  6. Расулиён Қ. Таърих чист ва чиро меомӯзад? // Осори мунтахаб.-Ҷ.II.-Душанбе, Бухоро.2017.
  • Дида шуд: 1569

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2021

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj