Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Сухани табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба муносибати Рӯзи матбуот- 11 март

 

Барои ман шарафи бузург аст, ки шумо, рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба муносибати санаи муҳимми таърихиву фарҳангӣ- солгарди матбуоти тоҷик табрик мегӯям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва матбуотро ҳамчун ду боли парвоз аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоии мамлакат дониста, барои пешрафт ва соҳиби обрӯю эътибор ва мақоми боз ҳам арзанда гаштани онҳо чораҳои судманд меандешанд. Ин аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон ин соҳаҳо ба комёбиҳои чашмрас ноил мегарданд. Аз ҷумла, ба аҳли қалам- рӯзноманигорон барои пешрафти кор ва рушди малакаву таҷриба, баланд бардоштани қобилияти касбиашон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, дар таъсиси даҳҳо рӯзномаву маҷалла, шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлативу ҷамъиятӣ, шахсӣ, сомонаҳои гуногун мусоидати ҳамаҷониба карда мешавад. Дар фазои иттилоотии кишвари азизамон теъдоди зиёди воситаҳои ахбори умум фаъолият мекунанд, ки онҳо барои ба ҷомеа расонидани хабару навгониҳои дуруст, ҳалли мушкилоти мавҷуда ёрии ҳамаҷониба мерасонанд.

Аз солҳои нахустини барқароркунии Ҳукумати Шӯравӣ муассисон, хонандагон ва паҳнкунандагони асосии матбуот аҳли маориф, бахусус, омӯзгорон буданд. Зеро маҳз онҳо ба дарки нозукиҳо, аҳамияти матбуот дар ҷомеа бештар мерасанд ва дар мавриди норасоии кадрҳои журналистӣ ин вазифаро бо масъулияти баланд иҷро мекунанд. Ба ин монанд ташаббускор ва муассисони рӯзномаҳои аввалини тоҷикӣ муаллимон- мударрисону маорифпарварон буданд. Бешак, яке аз онҳо асосгузори адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ буд, ки имсол мардуми тараққипарвари ҷаҳон 140-солагии зодрӯзашонро ҷашн мегиранд. Устод ба ғайр аз он ки муаллими нахустини аввалин мактаби усули нав дар соли 1908, муаллифи нахустин китобҳои дарсии мактабӣ буданд, аз фаъолтарин хонандаву муаллифи рӯзномаҳои давр маҳсуб меёфтанд, яъне, яке аз журналистони аввалин ва маъруфи тоҷик мебошанд. Маҳз тавъам будани вазифаҳои маориф ва матбуот, ба қавли мавсуф, водор намудааст, ки соҳибони ҳар ду ин касб дар як вақт ҳар ду соҳаро пеш баранд.

Боиси ифтихор аст, ки баъди таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1924) ташаббускору сарварони нахустин рӯзномаю маҷаллаҳои тамоми соҳаҳои Тоҷикистони мустақил низ намояндагони маориф буданд. Ҳамчунин, боиси ифтихори мову шумо, аҳли қалам ва омӯзгорон аст, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун устодон ва мухбирони фаъол шинохта шудаанд. Дар вақташ бо ташаббуси аввалин нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев моҳи марти соли 1925 нахустин рӯзномаи ҳукуматии Тоҷикистон «Иди тоҷик» ба нашр расид, ки минбаъд бо номи «Бедории тоҷик» чоп шуда, ҳоло чун рӯзномаи ҳукуматӣ бо номи «Ҷумҳурият» ба нашр мерасад. Ташаббускор ва муассиси нахустин маҷаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Дониш ва омӯзгор» (соли 1926) низ нахустин вазири маориф Аббос Алиев мебошад. Бештари кормандони ин нашрияҳоро аҳли маориф ташкил медоданд. Ин анъана минбаъд ҳам идома ёфт. Шоистаи таъкид аст, ки ҳатто солҳои гуногун бисёр нашрияҳои соҳаи маорифро вазирони маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон роҳбарӣ мекарданд ва ё дар идораҳои нашрияҳо фаъолият менамуданд. Чунончи, нашрияҳои алоҳидаи соҳаи маориф дар солҳои гуногун бо имзои вазирони маориф А. Алиев (1924- 1927), М. Масаидов (1929- 1930), С. Носиров (1932- 1934), С.Ҳасанов (1936 1937) чоп шудаанд. Бисёр солҳо маҷаллаи машҳури «Раҳбари дониш» (ҳоло «Маърифати омӯзгор», ки имсол 90-сола шуд) бо имзои вазирони маориф чоп шудааст. Ин далели он аст, ки роҳбарӣ ба нашрияҳои маориф, ки доираи хонандагонаш дар ҷумҳурӣ аз ҳама бештар аст, масъулияти баланд мехоҳад.

Агар матбуоти тоҷик дар солҳои аввали таъсисёбӣ ба мавзӯъҳои тарғиби дониш, маърифат, босаводгардонӣ, мубориза бар зидди боқимондаҳои урфу одати кӯҳна, унсурҳои бегона, ҳатто танзими маъракаву барҳам задани хароҷоти беҳуда, ватандӯстӣ, баъдтар ба ҳимояи марзу буми хеш, дар солҳои охири Ҳокимияти Шӯравӣ бештар ба масоили худшиносии миллӣ дахл карда бошад, имрӯз масъалаҳои ваҳдати миллӣ, мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, омӯзиши касбу ҳунар, забондонӣ ва ғайра ба мавзӯъҳои асосӣ табдил ёфтаанд. Аммо мушоҳида кардан мумкин аст, ки бисёр мавзӯъҳои гузашта имрӯз ҳам куҳна нашудаанд. Чунончи, яке аз қаламкашони номӣ, муассиси чандин нашрия Абдуқодир Муҳиддинов ҳанӯз пеш аз Инқилоби Октябр (соли 1915) дар яке аз мақолаҳояш ба ҷавонони кишвар донистани се-чор забонро тавсия додааст, ки ин пешниҳод дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ аз забони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриашон бо аҳли маориф садо медиҳад ва аз тарафи тамоми воситаҳои ахбори омма пайваста дастгирӣ ва тарғиб карда мешавад. Абдуқодир Муҳиддинов сад сол пеш дар мақолаҳояш масъалаи танзими маъракаҳоро ба миён гузошта буд ва чи тавре ки ҳоло мебинем, баъди қабули қонуни дахлдор дар ин бора он самараи наку дод. Бисёр мехостем, ки имрӯз ҳам қаламбадастони мо бо чунин пешниҳоду маслиҳатҳои созанда баромад кунанд.

Агар дар солҳои нахустини барқарории Ҳукумати Шӯравӣ ва минбаъд дар давраи аввали ташкили Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон бо душворӣ як-ду нашрия чоп шуда бошад, ҳоло дар мамлакат садҳо нашрия ба табъ мерасанд, ки дар онҳо мутахассисони маълумотдори соҳа кор мекунанд. Дар паҳлуи онҳо ҳазорҳо нафар аҳли маориф анъанаи пешинро идома дода, бо матбуот ҳамкорӣ менамоянд. Ҳоло ҳам муаллим аз қишри босавод, мадании ҷомеа, тарғибгари сулҳу салоҳ, ватандӯстӣ ва ободии кишвар, расму маросимҳои неку манфиатбахш, тарбиятгари насли наврас ба ҳисоб меравад. Матбуот низ ин рисолатро бар уҳда дорад. Зеро агар омӯзгорон матбуотро дастгирӣ накунанд, онро нахонанд, мазмуну муҳтавояшро ба шаҳрвандон нарасонанд, кӣ ин рисолатро аз ҳама беҳтар метавонад анҷом диҳад?!

Азбаски маорифпарварон бунёдгузорони асосии рӯзномаву маҷаллаҳои аввалини тоҷикӣ буданд, аҳли маорифи кишвар имрӯз низ идомабахши ин анъанаанд. Дар сохтори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ шумораи аз ҳама бештари рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, маҷаллаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд, илова ба ин, дар ҳамаи вилоятҳо ва қариб тамоми шаҳру ноҳияҳо рӯзномаҳои назди раёсату шуъбаҳои маориф амал мекунанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани робитаи соҳаи маориф бо воситаҳои ахбори омма, дурусту комил расонидани навигариҳои соҳаи маориф ба аҳли ҷомеа аз моҳи декабри соли 2017 дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази матбуот ташкил намуд, ки фаъолияти хуб дорад ва дар бобати тарғибу ташвиқи навигариҳои соҳаи маориф, расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандон, хонандагони воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио саҳми намоён мегузорад.

Ҳамкасбони азиз (зеро аҳли маориф ва матбуот ҳамкасбанд), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама гуна васоити ахбори омма, чи давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ, ҳамкории густурда дорад. Умедворем, ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам дар фазои якдигарфаҳмӣ вусъат ёфтаву мунсифонаву содиқона идома меёбад. Маориф бе шумо, аҳли матбуот, буда наметавонад.

Таҷлили Иди матбуот ба ҳамаи шумо муборак бошад! Дар айёми осудаю фазои ором, бигзор, қаламатон дар инъикоси масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа бурро бошаду дар ҳалли мушкилоти мавҷуда саҳми босазо гузорад. Ба ҳамаи шумо илҳоми тоза, истеъдоди баланд ва дар хонадонатон осудагиву оромӣ хоҳонам.

Ид муборак, рӯзноманигорони гиромӣ!

№3, соли 2018.

  • Дида шуд: 1657

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj