Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ аз рӯи шаклу мундариҷа хеле гуногун аст: дар байни онҳо асарҳои лирикӣ, адабӣ-бадеӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ-фалсафӣ ва диниро дучор омадан мумкин аст. Дар эҷодиёти Ҷомӣ зиддиятҳои тезутунди иҷтимоӣ, ки хоси давраи ҳукмронии темуриҳо буданд, акс ёфтааст. Аз ин рӯ, зиддиятҳои ҷаҳонбинии мутафаккирро низ, пеш аз ҳама, маҳз аз ҳамин ҳаёти мураккаби иҷтимоӣ - сиёсии замони ӯ бояд ҷустБа ҷаҳонбинии Ҷомӣ фалсафаи лирикӣ-пантеистии тасаввуф таъсир расонда буд.

Асоси ҷаҳонбинии Ҷомиро назарияи файласуфи машҳури асрҳои XII-XIII, яке аз намояндагони бонуфузи тасаввуфи асримиёнагӣ Ибни Арабӣ ҳисобидан мумкин аст. Ӯ таълим медод, ки моҳияти тамоми ашё ягона буда, он зуҳури Илоҳӣ мебошад. Ибни Арабӣ «тақлид», яъне парастиши нуфузи аз тарафи умум эътирофшударо инкор карда, тамоми динҳоро баробарҳуқуқ мешуморад. Дар баробари ин, чи тавре ки вай эътироф мекард, маърифати Илоҳӣ дар шакли ҳақиқати олӣ имконпазир аст ва чунин маърифат ба ёрии сафои ботин ба амал меояд. Ҳамчун пайрави Ибни Арабӣ дар фалсафа Ҷомӣ ҳамин ақидаро тарафдорӣ мекард. Ӯ гумон мекард, ки муҳаббат ба табиат нисбат бавуҷудорандаи муҳаббати Худост. Дар айни замон, вай ба зуҳури Худо дар табиат бовар дошт. Дар осори Ҷомӣ адабиёту фалсафа бо ҳам пайваста буда, як чизи томро фароҳам овардаанд ва гӯё адабиёт дар ифода намудани ҷаҳонбинии мутафаккир чун пироҳани фалсафа хизмат кардааст. Аз ҷумла, «Шарҳи рубоиёт» аз рисолаҳои ирфонӣ-фалсафист, ки ҳанӯз дар рӯзгори шоир дар байни аҳли илму адаб шуҳрат пайдо карда буд. Таърихи таълифи рисола маълум нест. Аз рӯи маълумоти Аълохон Афсаҳзод, аксари муҳаққиқон замони таснифи онро соли 1473 донистаанд [2,184].

«Шарҳи рубоиёт» аз чиҳилу шаш рубоӣ иборат аст, ки Ҷомӣ ба ҳар кадоми онҳо алоҳида шарҳ бастааст. Мавзӯоти осори мазкурро маҳфилҳои маърифати Раббонӣ ташкил медиҳад ва он ба мазомину маонии ваҳдати вуҷуд, таназзул ва сифоти вуҷуди оламу одам ва соири матолибе, ки дар перомуни ваҳдати вуҷуд бошад, шомил аст. Муаллиф барои тақвияти фикри худ аз оёти «Қуръон» ва гуфтаҳои пешвоён ва соликони тариқати сӯфия Саъдуддини Кошғарӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Муҳйиддини Кубаро ва дигарон иқтибос меорад [1, 269]. Ҳамон навъе ки аз мавзӯоти рисолаи «Шарҳи рубоиёт» ва мазомини соири осори Абдурраҳмони Ҷомӣ ба назар мерасад, дар ҷаҳонбиниву ақоиди фалсафӣ, ирфонии ӯ мавқеи асосиро ҳамоно масъалаи ваҳдати вуҷуд ишғол мекунад. «Таълимоти ваҳдати вуҷуд як навъи идеализми объективӣ буда, ягонагии офаранда ва тамоми ашё, мавҷудияти мутлақ ва тазоҳури он будани тамоми мавҷудоти оламро тарғиб мекунад. Ин таълимот инсонро ойинаи нури илоҳӣ ва аҳсани махлуқот мешуморад», - қайд мекунад муҳаққиқ М. Раҷабов [3, 32].

Чунонки дида мешавад, масъалаи ваҳдати вуҷуд, ки шарҳи матлабҳои дақиқи ирфониро дар таълимоти ин мактаби фалсафӣ ташкил менамояд, қабл аз Абдурраҳмони Ҷомӣ дар сисилаи рубоиёти Шайх Аттор, Ҷалолуддини Румӣ, Авҳадуддини Мароғӣ, Абӯсаиди Абулхайр ва инчунин, Абдулҳақи Аҳрорӣ низ мавқеи хосса дорад. Қариб ҳамаи рисолаи «Шарҳи рубоиёт»-и Ҷомӣ ҳам асосан аз масоили дар фавқ зикргардида, яъне ҳақиқати ваҳдати вуҷуд, маротиби мавҷудот, ваҳдати вуҷуд ва асрори оламу инсон ва ашё ва амсоли он иборат аст. Рисолаи «Шарҳи рубоиёт»-и Ҷомӣ дар таҳқиқи афкори ирфонӣ ва фалсафаи пантеистии форс - тоҷик аҳамияти ниҳоят калон дорад, зеро ин асар дар равшан намудани масъалаҳои асосии тафаккури фалсафии гузаштагон, аз ҷумла масъалаи ваҳдати вуҷуд ҳам мавқеи муайяни маърифатӣ дорад [1, 270].

Рисолаи «Шарҳи рубоиёт»-и Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷилди ҳаштуми куллиёти шоир ҷойгир шудааст. Ва рисолаи мазкур бо сарсухани муҳаққиқ Абубакр Зуҳуриддинов оғоз мешавад. Абдураҳмони Ҷомӣ чунин менигорад, ки нури ҳақиқӣ яке беш нест ва он нури Худоист, ки номаҳдуд буда, олам ҳама таҷаллии нури Худоист, ки ба чандин ҳазор сифат ҷилвагар шуда, ба суратҳои гуногун зоҳир гардидааст:

Дар кавну макон нест аён ҷуз як нур,

Зоҳир шуда он нур ба анвори зуҳур.

Ҳақ нуру танаввуи зуҳураш олам,

Тавҳид ҳамин аст, дигар ваҳму ғурур.

Ба ақидаи Ҷомӣ, нури ҳақиқӣ якто буда, ҳама ашёи дидашаванда (аъён) ойинаҳое мебошанд, ки дар онҳо нури Ҳақ ҷилвагар шуда, ҳар ойина аз рӯи рангу ҷило ва сафои худ ҳақиқати маҳзро ба ранге ҷилвагар менамояд, яъне ин ойинаҳо воситаи вуҷуди ҳаққанд, ки бо номе (асмо) ё сифате аён мегардад ва дар айни замон Ҳақ ойинае мебошад, ки аъён дар он мисли суратҳои гуногун ҷилвагар мешаванд, яъне вуҷуди Ҳақ худ дар худ, на дар хориҷу моваро намудор мегардад:

Аъён ҳама ойинаву Ҳақ ҷилвагар аст,

Ё нури Ҳақ ойинаву аъён сувар аст.

Дар чашми муҳаққиқ, ки ҳадидулбасар аст,

Ҳар як з-ин ду ойина они дигар аст.

Ҷомӣ ҳамаи ин андешаҳоро ба қалам дода таъкид менамояд, ки барои дарки асрори ваҳдати вуҷуд қувваи ақл намерасад, зеро ақл танҳо он ашёеро қабулу дарк карда метавонад, ки таҳлилу таҷзо карда шаванд. Ба ин маънӣ мегӯяд:

Идроки бутун Ҳаққу яктоии ӯ

Мумкин набувад зи ақлу доноии ӯ.

Он беҳ, ки миръоти маротиб бинӣ,

Тафсили танаввуоти пайдоии ӯ.

Бинобар ин, ягона роҳи расидан ба матлаб аз худ гузаштан ва фано мебошад.

Ҷомӣ баъди ин ба таълими тариқати нақшбандия гузашта, масоилеро баён мекунад, ки дар «Рисолаи шароити зикр» шарҳ дода шудаанд. Аммо дар ин ҷо ӯ бештар ба шарҳу тафсири мафҳумҳои «ёдкард», «бозгашт», «нигаҳдошт», «ёддошт» таваққуф карда, аз гуфтори Саъдуддини Қошғарӣ порчаеро меорад, ки нуктаҳои «ҳуш дар дам» ва «хилват дар анҷуман» - ро эзоҳ медиҳад:

Ҳастӣ, ки ба зоти худ ҳувайдост чу нур,

Зарроти мукавванот аз ӯ ёфт зуҳур.

Ҳар чиз, ки аз фурӯғи ӯ афтад дур,

Дар зулмати нестӣ бимонад мастур.

Барои омӯхтани афкори пантеистӣ ва ашъори орифонаи Абдураҳмони Ҷомӣ аз китоби «Шарҳи рубоиёт» беҳтар мифтоҳе пайдо наметавон кард. Ҷомӣ дар муқаддимаи китоби «Нақд-ун-нусус» маъонии истилоҳоти ваҳдати вуҷудро баён карда, нуқтаи назари худро дар ин бобат муайян менамояд, ки мувофиқи ақидаи ӯ «ҳақиқати воҷибтаоло» айни вуҷуди вай буда, ҳастии Худои таъоло пайдотар аз ҳама ҳастиҳост, зеро ки ӯ ба худ пайдост ва пайдоии соири ҳастиҳо бад-ӯст». Аммо ин ҳастии мутлақ дар шаклҳои гуногун зуҳур карда, аслу маншаъ ва мабдаи ҷумлаи махлуқот як ҳақиқат буда, Вуҷуд-ал-ҳақ ба панҷ навъ ҳозир буда метавонад: «аввал, ҳазрати Зот аст, ки онро ғайри мутлақ гӯянд, ки аз он ҳеҷ кас ҳикоят натавонад кард, зеро ки он ҷо исму расм нағунҷад ва иборат чун ишорат маҷал надорад, мисраъ: «Бедил аз он бенишон чӣ гӯяд боз?»

Ҷомӣ дар шароите зиндагӣ мекард, ки шариати ислом қатъи назар аз мазҳаб мафкураи синфи ҳукмрон буд. Бо вуҷуди ягонагии дину шариат, мардум вобаста ба сиёсати ҳокимон ва тарғибу ташвиқи рӯҳониёни ҷоҳил ба мазҳабҳои шиа ва суннӣ пайравӣ мекарданд ва бо ин баҳона ба ҳам низоъ доштанд. Ҷомӣ дар ақидаи динӣ тарафдори ягонагии дини ислом буда, низоъҳои мазҳабиро, ки дар ҳамаи давраҳои феодалӣ иртиҷоӣ буд, маҳкум кардааст. Ва чунин ба қалам додаст:

Ай муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низоъи суннию шиӣ қаям

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

Сад шукр, ки сагсуннию харшиӣ наям [5, 85].

Аз ҷиҳати сохти қофиябандӣ ин рубоиҳо дар шакли аа,ба мебошанд, яъне мисраъи сеюм аз қофия озод аст. Дар ин сурат онро рубоии хасӣ мегӯянд. Ин шакли қофиябандӣ дар рисолаи номбурда зиёдтар аст. Манзур мегардонем якчанд навъи қофиябандии рубоиётро:

Ҳастӣ, ки ҳақиқати Ҳақ омад алҳақ,

Бо он ки бувад ба Ҳақ музофу мулҳақ.

Қавме ба таайюнаш муқайяд доранд,

Қавме дигар аз қайди таайюн мутлақ.

Калимаҳои «алҳақ», «мулҳақ» ва «мутлақ» қофия буда, ҷузви «ақ» решаи қофия аст. Дар ин решаи қофия ҳарфи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «д» равӣ аст. Ин навъи қофия қофияи муқайяди муҷаррад ном дорад.

Ай он ки ба фаҳми мушкилотӣ мансуб

В-аз нисбати имкону вуҷуби маҳчуб.

Имкони сифат зоҳири илм аст фа ҳасб,

Махсус ба зоҳири вуҷуд аст вуҷуб.

Калимаҳои «мансуб», «маҳҷуб», «вуҷуб»- қофия аст, ҷузвҳои ҳар ду қофия «уб» решаи он мебошад. Ҳарфи «у»-ридфи муфрад, ҳарфи «б»-равӣ аст.

Ин навъи қофияро қофияи муқайяд бо ридфи муфрад мегӯянд. Бояд зикр кард, ки баъд аз қофия радиф ҳам меояд. Чанд рубоие, ки ҳам қофия доранду ҳам радиф, инҳоянд:

Ҳар бесару поро нарасад даст ба ту,

Хуш он ки зи худ бирасту пайваст ба ту.

Ҳастӣ ту ба ҳастӣ, ки ба ҷуз зоти ту ҳаст,

Фонист ба зоти худ вале ҳаст ба ту.

Дар ин рубоӣ, мисраъи сеюм аз қофия озод аст ва ин гуна рубоиҳо нисбат ба рубоиҳое, ки ҳар чаҳор мисраъ дорои қофияанд ва шакли қофиябандиашон аа, аа мебошад, зиёдтар аст. Калимаҳои «даст», «пайваст» ва «ҳаст» қофия буда, ҷузви «аст» решаи қофия мебошад. Ҳарфи «а» ҳазв, ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т» равӣ аст. Ин навъи қофияро қофияи муқайяд бо ҳарфи қайд мегӯянд. Климаҳои «ба ту»- бошад, ки дар се мисраъи рубоӣ ба такрор омадааст, радиф меноманд. Дар рубоиҳое, ки Ҷомӣ шарҳ додаст, навъҳои қофияи муқайяд зиёдтар аст, нисбат ба навъҳои қофияи мутлақ.

Аъён, ки мухаддароти сарқадаманд,

Дар мулки бақо пардагиёни ҳараманд.

Ҳастанд ҳама мазоҳири нури вуҷуд,

Бо он ки муқими зулумоти адаманд.

Калимаҳои «сарқадаманд», «ҳараманд» ва «адаманд» қофия буда, ҷузви «аманд» решаи он мебошад. Ҳарфи «а» тавҷеҳ, «м» равӣ, «а» маҷро, «н» васл, «д» хурӯҷ аст. Ин навъи қофияро қофияи мутлақ бо хурӯҷ меноманд. Дар ин рубоиёт ин навъи қофия камтар ба назар мерасад. Абдураҳмони Ҷомӣ перомуни масъалаи авзони рубоӣ ва ба ду шаҷараи ахраб ва ахрами баҳри Ҳазаҷ эҷод шудани он қайд намудааст. Ва авзони рубоиро «вазне бисёр хуш ва назме ба ғоят дилкаш…» будани онро низ таъкид кардааст. Баробари таҳлилу таҳқиқи рубоиҳо маълум гардид, ки Абдураҳмони Ҷомӣ рубоиёти ирфонии худро бештар дар зиҳофи ахраби баҳри Ҳазаҷ эҷод намудааст. Чанде аз рубоиётро мавриди таҳлили вазн қарор медиҳем:

Воҷиб, ки вуҷудбахши навву куҳун аст,

Тасвири вуҷуд бахшиши қавли «кун» аст.

Гӯям сухане чанд, ки мағзи сухун аст:

Ҳастист, ки ҳам ҳастию ҳам ҳасткун аст.

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъилун /мафоъилу / фаъӯл.

Намунааш: - - v / v – v - / v - - v / v ~

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи макфуфи аҳтам.

Ибтидо - ахраб, ҳашви якуми мисраъҳои 2, 3, 4 ум макфуф мебошад.

Хуршеди фалак ба нури хеш аст мунир,

Ҷирми Қамар аз партави ӯ нурпазир.

Равшан ба худ аст нур, агар ақли хабир

Афзун ниҳадаш зи меҳру маҳ, хурда магир.

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъилун / мафоъӣлу / фаъал.

Намунааш: - - v / v – v - / v - - v / v –

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи макфуфи маҷбуб. Ибтидо - ҳама ахраб, ҳашви якуми мисраъи дуюм-макфуф аст.

Рубоӣ чун анъана ҳамаи мисраъҳояш дар як вазн намеояд. Яъне дар ҳар мисраъи як рубоӣ дигаршавии зиҳофҳои як баҳр ба мушоҳида мерасад.

Аъён, ки мухаддароти сарқадаманд,

Дар мулки бақо пардагиёни ҳараманд.

Ҳастанд ҳама мазоҳири нури вуҷуд,

Бо он ки муқими зулумоти адаманд.

Мисраъи якуми рубоӣ дар чунин вазн қарор гирифтааст;

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъилун /мафоъӣлу / фоъ.

Намунааш: - - v / v – v - / v - - v / ~

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи макфуфи азалл. Ибтидои мисраи дуюм ахраб, ҳашв- макфуф (v- - v) ва зарбҳои мисраъҳои 2, 4 - аҳтам (v~) - фаъӯл, мебошад.

Ҳастӣ бе шарти ваҳдаташ номзад аст

В-ар з-он ки ба шарти лост, нақши аҳад аст.

Малҳуз ба шарти шайъ, ки бошад воҳид.

Майдонгаҳи зуҳураш зи азал то ба абад аст.

Афоъилаш: мафъӯлун / фоъилун / мафоъӣлу / фаъӯл

Намунааш: - - - / - v- / v - - v / v ~

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахрами аштари макфуфи аҳтам. Ибтидо-ахраб, ҳашви якуми мисраъи дуюм - мақбуз аст.

Андеша ба асрори Илоҳӣ нарасад,

Дар зоту сифоти Ҳақ камоҳӣ нарасад.

Илме, ки таноҳӣ санъати зотии ӯст,

Дар зоти мубарро зи таноҳӣ нарасад.

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъӣлу /мафоъӣлу / фаъал.

Намунааш: - - v / v - - v / v - - v / v -

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҷбуб.

Ҳар бесару поро нарасад даст ба ту,

Хуш он ки зи худ бирасту пайваст ба ту.

Ҳастӣ ту ба ҳастӣ, ки ба ҷуз зоти ту ҳаст,

Фонист ба зоти худ вале ҳаст ба ту.

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъилун /мафоъӣлу / фаъал.

Намунааш: - - v / v – v - / v - - v / v -

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи макфуфи маҷбуб.

Ҳастӣ ба маротиб чу таназзул фармуд,

Дар пардаи бозпасин, к-инсон буд.

Ҳар ҷо зи рухшон дигар парда кушуд,

Ҳар як зи шуун ба васфи маҷмӯъ намуд.

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъӣлу /мафоъилун / фоъ.

Намунааш: - - v / v – - v / v – v - / ~

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи мақбузи азалл.

Эзид, ки ҳазор дар ба рух бикшудат,

Роҳе ба камоли кунҳи худ бинмудат.

То заҳмати беҳуда ба худ раҳ надиҳӣ

Дар зоти худ аз фикр ҳазар фармудат.

Афоъилаш: мафъӯлу / мафоъӣлу /мафоъилун / фоъ.

Намунааш: - - v / v – v - / v – v - / v ~

Вазнаш: баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи аҳтам…

Аз таҳлили вазнҳои рубоӣ маълум мешавад, ки рубоиёт бо шаҷари ахраб ва қариб бо ҳамаи навъҳои вазни ин шаҷара суруда шудаанд. Ороиши навъҳои қофия низ дар рубоиёти ӯ хеле дилчаспу форам афтодааст. Ваҳдати вуҷуд консепсияи фалсафиест, ки табиат ва Худоро дар як мақсад мебинад, онҳоро бо ҳамдигар омезиш медиҳад ва баъзан баробар мегузорад. Ақидаҳои тасаввуфии шоир дар риштаи ишқ зоҳир гардида, паҳлуҳои гуногуни равияи тасаввуфро фаро мегиранд ва торафт аз нигоҳи лафзу маънӣ латофатбору пурғановат мегарданд. Дар мероси илмиву адабии Абдураҳмони Ҷомӣ муҳимтарин масоили илмӣ, адабӣ, диниву тасаввуфии замони зиндагиаш инъикос ёфтааст.

№1, соли 2018

Барно САИДОВА -

номзади илми филология

ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ:

I Сарчашма

1.         Ҷомӣ Абдураҳмон. Осор. Иборат аз ҳашт ҷилд. Ҷилди 8. –Душанбе: Адиб, 1990. -496 с.

II Асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ

1.         Афсаҳзод Аълохон. Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ. Душанбе: Дониш, 1980.

2.         Афсаҳзод Аълохон. Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ. Душанбе: Дониш, 1981.

3.         Афсаҳзод Аълохон. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуввуми асри XV – Душанбе: Дониш, 1987.

4.         Афсаҳзод Аълохон. Ҷомӣ - адиб ва мутафаккир. Душанбе: Ирфон, 1989, -384 с.

• Дида шуд: 1904

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj