Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Дар бораи саҳми Расул Ҳодизода дар инкишофи жанри таърихӣ адабиётшинос Маъруфи Раҷабӣ ишора карда чунин мегӯяд: «Саҳми Р.Ҳодизода хусусан дар тараққии ҳикояҳои таърихӣ дар эҷодиёти советии тоҷик бештар аст. Маҳз бо эҷодиёти ӯ солҳои шаст ҳикояҳои таърихӣ тараққӣ намуд, ки яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи инкишофи жанри таърихиро аз зинаҳои пешина муайян кардааст» [1,77].

Нависанда дар фаъолияти адабии худ ба маънавиёт, кайфияту олами рӯҳӣ ва эҳсосоти ашхоси барҷастаи замони муайян амиқ таваҷҷуҳ намуда, на танҳо барои муайян кардани воқеияту сабаб ва заминаи офарида шудани осорашон, балки барои дарки вазъияти сиёсиву иҷтимоии давр ва маънавиёту тафаккури шахсиятҳои барҷаста кӯшиш намудааст. Дар ҳикояҳои таърихии Р. Ҳодизода ҳолати равонии ашхоси тасвиршаванда тӯлонитар тасвир шудааст. Нависанда бо мақсади дарки комили эҳсосот, фикру хаёл ва олами рӯҳии қаҳрамони марказӣ худуди тасвир ва тахайюлотро дар ҳикоя васеъ намудааст. Маълум аст, ки яке аз хусусиятҳои барҷастаи жанри ҳикоя кӯтоҳ гуфтан аст. Ба андешаи мо, дар жанри таърихӣ ин услубро риоя кардан ниҳоят муҳим аст, зеро тасвири аз меъёр зиёди тахайюлот таърихияти тасвирро аз байн бурда метавонад. Бо вуҷуди ин, Р. Ҳодизода дар фаъолияти нависандагии худ тавонистааст ба ҳолату ҳаяҷон ва олами рӯҳии фардҳои конкрету барҷастаи таърихӣ назари амиқ дӯзад ва ба ин васила ҷараёни ботинӣ ва ташаккули маънавии онҳоро дар шакли бадеӣ равшан таҷассум намояд. Ба ин маънӣ адабиётшинос М. Шакурӣ ишора карда мегӯяд: «Ӯ гӯё инсонро як муддат аз воқеаҳои пурталотуми замон ҷудо карда сайъ намудааст, ки ба ҳиссиёту ҳаяҷон ва фикру андешаҳои вай бештар диққат диҳад.»

Ҷанбаи психологизм дар ҳикояҳои нависанда пурзӯртар буда, барои амиқ омӯхтани симои шахсиятҳои таърихӣ ва воқеаҳои ҳаётӣ мусоидат намудааст. Дар ин маврид метавон гуфт, ки олами рӯҳии инсонро  ба назари тадқиқ гирифтани нависанда барои тавсифи амиқи психологизми шахсиятҳои конкрету таърихӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дувуми садаи ХХ аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Воқеоти ҳикояи  «Танбӯри Дилкаш» (1968) аз ҳаёти аҳли адаб ва ҳунари садаи XIX фароҳам омадааст: ҷамъ омадани намояндагони доираи адабӣ ва аҳли ҳунар дар ҳавлии мутафаккири бузург Аҳмад Махдуми Дониш ва тасвири суҳбатҳои бозарофату шӯх, шеъру сурудхонӣ, нағмаву овози хуши ҳунармандони асил, хору залил будани аҳли мусиқӣ ва санъати мусиқӣ дар замони пурфасоди асри XIX мазмун ва мундариҷаи ғоявии ҳикояро ташкил медиҳад. Дар ҳикоя ҷанбаи воқеӣ ва мабдаи психологию маънавӣ пурқувват аст. Нависанда дар симои қаҳрамони марказии ҳикоя Дилкаш (Қорӣ Кароматуллоҳ), ки ҳунарманди асили замон, танбӯрнавози моҳир буд, хории аҳли илму адаби садаи ХХ-и ҷомеаи феодалӣ ва ҳунармандони дар хизмати амирбударо боварибахш тасвир кардааст.  Вале ба назар мерасад, ки дар ҳикоя образи Аҳмади Дониш  бештар дар мадди назари нависанда аст ва нисбат ба образи марказӣ   Дилкаши танбӯрнавоз возеҳу равшан тасвир шудааст. Дар ҳикоя Аҳмад Махдуми Дониш образи марказии ҳикоя  аст, зеро қисмати бештари сужети ҳикоя ба тасвири шахсият, олами рӯҳӣ ва фаъолияти илмии ин маорифпарвари бузург бахшида шудааст. Ҳанӯз аз оғоз образи Аҳмад Махдуми Дониш дар ёди Дилкаши танбӯрнавоз, ки аз аҳли ҳунар, шогирд ва дӯсти наздики Аҳмади Дониш буд, симои барҷастаи мутафаккир  ҷилвагар мешавад: “Ба ёди ӯ Аҳмад Махдуми Дониш омад. Қариб понздаҳ сол пеш аз ин, вақте ки амир Донишро бо баҳонаи қозигӣ ба тумани дурдасти Хузор фиристоданӣ шуд, Дилкаш барои хайрухуш ба ҳавлии ӯ рафта буд. Дар хонаи ӯ дӯстони наздиктарин ҷамъ омада буданд” [2, 77].  Дар ин ҷамъомад Аҳмади Дониш танбӯри устои моҳири давр Маҳмудро ба Дилкаш медиҳад, ки ин лаҳза дар ёди Дилкаш сахт нақш мебандад. Дар ин маврид нависанда нафрати Аҳмад Махдуми Донишро нисбат ба тартиботи замон то андозае тасвир намудааст. Аҳмад Махдуми Донишро амир ба Хузор мегуселонад ва бинобар ин, Дилкаш аз суҳбати устоди худ “озурдагӣ ва андӯҳи ғазаболудро” пай мебарад. Албатта, барои амир ақидаҳои пешқадами Аҳмади Дониш барин олим ва мутафаккири бузург  сабаби сустшавӣ ва завол ёфтани тартиботи давлатдории он замон гардида метавонист. Бинобар ин, амир кӯшиш мекард, ки Аҳмади Донишро аз маркази аморат ҳарчи дур нигоҳ дорад. Дилкаш маҷбуран хидмати амирро мекард, ки аз ин ҳолат рӯҳан ва ҷисман азият мекашид. Ӯ дар суҳбату базмҳои амир ва хушомадгӯён, ки “даъвои мударрисию шоирӣ доштанд ва “номи шеърро” паст карда буданд, ботинан месӯхт ва сӯзиши дили худро бо нолаи танбӯр ҷӯр мекард. Танҳо суҳбати ёру дӯстон, Аҳмад Махдуми Дониш ва ҷамъияти аҳли илму адаб ва ҳунар ба қалби Дилкаши ҳунарманд  қувват мебахшид ва ӯро аз ҳиссиёти ғаму дард раҳо менамудИн дарди ҳунарманд дар гуфтугӯи вай бо Мулло Неъмат ва дар ёди Аҳмад Маҳдуми Дониш эҳсос карда мешавад: “– Хайрият, дар дунё Махдум ҳастанду кас ба иштиёқи суҳбату дилдориҳои  он кас ба зиндагӣ дилгарм мешавад, - гуфт Дилкаш. Набошад аз бори ин зиндагие, ки насиби мо шудааст, кайҳо бо ҳазор афсӯс аз дунё гузашта мерафтем. Ба ин хурсанд ҳам мешудем” [2, 86]. Ва барои Аҳмад Махдуми Дониш ҳам дар замони тираву тори феодалӣ ҷамъомади илмиву адабӣ ва базмҳои ҳунарӣ сарчашмаи илҳом буд, ки ин воқеият равшан дар ҳикояи Р. Ҳодизода ба назар мерасад. Бо вуҷуди муҳити тоқатфарсои ҷамъияти феодалӣ Дилкаш ба ояндаи нек бовар дорад.

Дар ҳикоя нависанда дар бораи бад будани саломатии Аҳмад Махдуми Дониш ва ба духтури русҳо муроҷиат кардани ӯ маълумот медиҳад, ки дар он замон барои донишманди шинохта  хатари аз ҷониби рӯҳониён ва муҳити амир куфр эълон кардан дошт. Нависанда нишон доданӣ мешавад, ки Аҳмади Дониш ба духтурони рус эътимод дошт. Барои ӯ ҷамъомади ёру дӯстон, “базмҳои хосагӣ ягона роҳи наҷот аз муҳити тоқатфарсои амир буд. Хотираҳои дилнишин дар атрофи ғазалу мусиқӣ, байтбаракҳо ва маҷлисҳои адабию ҳунарӣ бо кайфияти рӯҳии аҳли он мазмун ва мундариҷаи ғоявии ҳикояро боз ҳам комилтар ва муассиртар намудааст. Нависанда воқеиятро бо тавсифи кайфияти рӯҳии қаҳрамонҳои ҳикоя, тасвири манзараҳои муҳиту маҳалли зисти онон баён мекунад, ки барои амиқу дақиқ дарк намудан олами ботинии шахсиятҳои таърихӣ ва муҳиту замон ёрӣ мерасонад. Хусусан, тасвири ҳавлии Аҳмади Дониш, “манзараи афсонавӣ-и боғчаи сердарахту гулбуттаҳо ва хонаи зисти олим, ки аз харитаи деворию глобус ва дурбину мили мунаҷҷимӣ иборат буд ва ҷамъомади аҳли адабу ҳунар дар он гирд меомаданд, равшан ва хеле муфассал тасвир шудааст. Ҳавлии Аҳмади Дониш дар замони тираи феодалӣ ҳақиқатан ҳам як ҷазираи афсонавиро мемонд. Он маркази ҷамъ омадани шахсиятҳои маърифатнок ва пешқадами ҷомеаи фарсудаи феодалӣ буд.

Нависанда дар ҳикоя мушкилоти олим ва мутафаккири барҷастаи садаи XIX Аҳмад Махдуми Дониш, намояндагони адаб ва санъаткорони он даврро, ба монанди беқадрӣ ва хору залилии шеъру шоирӣ ва санъаткорони асил, дар суҳбатҳою маҳфилҳои адабию ҳунарӣ барҷаста қаламдод намудааст. Аҳмади Дониш дар бораи нақши зебоиву мусиқӣ ва таъсири он ба инсон ишора карда, дар ҷамъомади дӯстон, намояндагони илму адаб ва ҳунар ба Дилкаш мегӯяд: “Барои қувваи ҷисмонӣ ғизову хӯрок ҳар қадар зарур ва лобуд бошад, барои қуввати рӯҳонии инсон тамошои зебоӣ ҳамон қадар зарур аст. Илҳони мусиқӣ, нақшу  тасвироти мусаввирон, шеъру ғазал, боғу чаманҳо ва бӯстону гулзорҳо зебоиест, ки инсон аз онҳо қути рӯҳонӣ мегирад” [2, 94]. Дар суҳбатҳои Ҳоҷӣ Абдуллои Ҳофиз, Мирзо Шароф, Дилкаш, Раҳматхоҷаи танбӯрӣ, Миратоҷони ҷавон, Мулло Иноят, Мулло Неъмат Аҳмад Махдуми Дониш пас аз шунидани ҳикоятҳои шавқангезу садои танбӯри Дилкашу Раҳматхоҷа ба хору залил шудани санъаткорон ва худи ҳунари мусиқиро ишора мекунад. Р. Ҳодизода бо тасвири симои олим ва мутафаккири бузург Аҳмад Махдуми Дониш ва ҳаёти ҳунарманди асил  Дилкаши танбӯрнавоз дарди ӯ аз “таҳқир, хориву зиллати хизмати амир”қадрношиносии аҳли мусиқӣ ва фасодии даврро нишон додааст. Ин лаҳзаро дар ҳолати рӯҳии Дилкаш баръало дидан мумкин аст: “Дилкаш дар нишоти ин ҷамъияти хурд як ҷаҳон хурсандӣ дид. Ба назари ӯ, хона на аз нури чароғ, балки аз шуои лабханду табассум ва ҳаяҷони фараҳмандонаи дӯстонаш аз ҳарвақта дида равшантар намуд. Рангҳои рангоранги девори гаҷкорӣ, ки бо дасти Дониш кашида шуданд, гӯё аз насими ин хурсандӣ ба ҷунбиш омада бӯйҳои муаттари худро ба фазои тозаи хона мепошиданд... [2, 103].  Симои ҳар ду қаҳрамон ҳамдигарро пурра кардаанд, хусусан дар образи Аҳмад Махдуми Дониш нависанда муносибат ва нафрати ӯро нисбат ба тартиботи замон ва аҳли он равшан ифода кардааст. Ҳамзамон, дар вазъи тоқатфарсои замони феодалӣ вуҷуд доштан ва барпо гардидани ҷамъомадҳои адабиву илмӣ аз ҷониби ҳаводорони санъату мусиқӣ, илму адаб, зери роҳбарии Аҳмад Махдуми Дониш барин мутафаккири бузург воқеаи бузурги таърихӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, нависанда бо роҳу воситаҳои тасвири асари бадеӣ дар ҳикояи “Танбӯри Дилкаш” маърифатнокии аҳли илму адаб ва ҳунармандии санъаткорони ҷомеаи фарсудаи феодалӣ ва давраи аморати садаи XIX-ро дар шахсияти ҳунарманди асил, танбӯрнавози номӣ Раҳматуллоҳи Дилкаш ва дӯстони наздики ӯ, аз он ҷумла, дар симои устоди ӯ мутафаккир ва олими барҷаста Аҳмади Дониш возеҳ  нишон додааст. Маълум гардид, ки барои ҳар як намояндаи доираи  илму адаб ва ҳунар дар он давр ҷамъомади онҳо чун нури маърифат, чароғи ҳидоят ва манзили қувват гирифтани кайфияти рӯҳӣ ва ғизоии маънавии онҳо ба шумор мерафтХусусан, санъати мусиқӣ барои бартараф кардани дарду кулфати ҷисмонию рӯҳии аҳли илму адаб дар маҷлисҳои онҳо мавқеи аввалиндараҷа дошт.

№11, соли 2017.

Х.ҲОШИМОВА -

номзади илмҳои филологӣ,

ходими илмии шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва

мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ

Адабиёт:

1.Раҷабӣ, М. Тадқиқи таърих тадқиқи характер / М. Раҷабӣ. Душанбе«Адиб», 1990.  192с.

2.Ҳодизода, Р. Танбӯри Дилкаш. (ҳикояҳои таърихӣ) / Р. Ҳодизода. Душанбе, нашриёти «Ирфон», 1967.  142с.

3.Шукуров М. Жанри таърихӣ ва моҳияти замон // Садои Шарқ,  №3, соли 1971. – С.122-136.

4.Муҳаммадҷон Шукуров. Жанри таърихӣ ва худогоҳии халқ // Садои Шарқ, 10, 1976, С.122.

5.ШакурӣМ.Таърихи адабиёти советии тоҷик: насри солҳои 1941 1974./ М. Шакурӣ // Душанбе: 1980.  379 с. 4 ҷ.

6.Шукуров, М. Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ/ М. Шукуров. Душанбе: Ирфон, 1987. 452 с.

7.Шукуров,  М. Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ  / М. Шукуров Хуҷанд: Нури Хуҷанд, 2006. 190 с.

8.Шакурӣ, М. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист / М. Шакурӣ. Душанбе: Деваштоҷик, 2006. 456 с.

• Дида шуд: 1902

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj