Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи омӯзиш ва мутолиаи асарҳои бадеӣ дар байни насли наврас ва ҷавонон мавқеи муҳим пайдо карда, ин мушкил (каммутолиагию аз хондани китобҳои бадеӣ дур мондани аҳли ҷомеа) ба мадди аввал баромад. Аҳли ҷомеа, қишрҳои мухталифи он роҳу тадбир ҷустанд, андешаву пешниҳодоти худро аз саҳифаҳои нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва садову симо ба таври пайваста изҳор доштанд. Сабабу омилҳои каммутолиагии насли наврас, роҳу шеваҳои ба хондани осори бадеӣ ҷалбу шавқманд кардани онҳо ва бад-ин тартибу низом, ба гунаи маъмулӣ ба роҳ мондани раванди маърифатмандӣ ва эҷоди консепсияи фарогири фарҳанги мутолиа баён карда шуд. Дар тарғибу муаррифии китобҳои бадеӣ ва бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба мутолиа ва омӯзиши бардавом якчанд омил нақши калидию ҳалкунанда мебозад. Омили асосию меҳварӣ, пеш аз ҳама, китобхона ба шумор меравад. Дар китобхона китобдор ба ҳайси ҳодию роҳнамо, ҳамчун шахси маърифатпеша ва соҳибназар дар ҳалли мушкилоти ба китобхонӣ ҷалб намудани хонандагони таълимгоҳ саҳми калон гузошта метавонад. Дар ин масъала, нахуст бояд вазифаю рисолати китобхона, баъдан, усулҳои ҷалби хонандагон ба мутолиаи китоб, нақши китобхона дар ташаккули малакаҳои хониш (мутолиа)-и шогирдон ва дигар омилҳо ба эътибор гирифта шавад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нақши китобдору китобхона камранг буд, зеро мутахассисони варзидаю соҳибмаълумот дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм, хусусан китобхонаҳои мактабӣ намерасиданд. Аз ҳамин сабаб, манбаъ ё сарчашмаи муътамаде, ки ба василаи он насли наврас ва ҷавонон ба мутолиа ва омӯзиш ҷалб ва фаро гирифта шаванд, ба таври мукаммал ва бояду шояд вуҷуд надошт. Вазифаи китобдор фақат бо таъмини китобхона бо китобҳои дарсию бадеӣ ва ҷобаҷогузории осори гуногуни илмию оммавӣ иборат набуда, вай бояд худ шахси бофарҳангу китобдӯст, пурхонда ва сатҳи маънавияташ баланд бошад. Мутаассифона, тайи солҳои зиёдест, ки масъалаи мазкур ба ҳоли худ гузошта шуда, ба китобхона дар аксар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар на танҳо мутахассисони ҷавони соҳибтахассус ҷалб карда намешаванд, балки воҳиди кории китобдор ҳамчун илова ба омӯзгорони фанҳои гуногун супурда мешавад. Ҳол он ки китобхонаи мактабӣ ҷузъи таркибии муассисаи таълимӣ буда, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас саҳми намоён дорад. Китобхонаи мактабӣ ҳамчун муассисаи маърифатию иттилоотӣ ба раванди таълим муносибати бевосита дошта, барои инкишофи неруи эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон шароити созгор фароҳам меорад. Ҳадафи асосии китобхонаҳои мактабӣ густариш бахшидани сатҳи маърифатнокии хонандагон мебошад. Аз ин рӯ, китобхонаҳои мактабӣ бояд фаъолияти худро дар асоси талаботи назарияи педагогии тарғиби китоб ва китобхонии кӯдакон ва наврасон ба роҳ монанд. Қабл аз ҳама:
- китобхонаҳои мактабӣ бо доштани толори хониш, гӯшаи маслиҳат барои интихоби китоб, иттилооти электронӣ оид ба китобҳои соҳавӣ, тахассусӣ ва китобҳои касбӣ ва монанди инҳо ва маркази дӯстдорони китоб табдил дода шаванд;
- гӯшаи навгониҳои назариявӣ ва амалии педагогӣ, методӣ ва психологияи педагогӣ дошта бошанд, зеро омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони навкору ҷавон ба он эҳтиёҷ доранд;
- толори хониши китобхонаҳо ба маркази шабнишиниҳои фарҳангӣ, баҳсу муҳокимаҳо ва таҳкими китобҳои хондашуда табдил дода шавад. Агар дар чунин чорабиниҳо волидайн ва намояндагони аҳли ҷомеа низ иштирок варзанд, боз ҳам беҳтар хоҳад буд. Дар ин ҳолат китобхонаҳои мактабӣ вазифаи бевоситаи ташвиқи китоб, хондан, тарғиби дониш ва фарҳангпарварии худро анҷом дода, ба ҷузъи ҷудонопазири ҳайати педагогии мактаб табдил меёбанд.
Ба мутолиа ва омӯзиши асарҳои бадеӣ ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҳамкории зичи китобдор бо роҳбарони синфҳо ва дар маҷмуъ, омӯзгорони фаннӣ вобаста мебошад. Аммо хотиррасон бояд кард, ки ҳамкорӣ сатҳию қолабӣ не, балки дар сатҳи баланд ва бо назардошти имконоту шароити таълимгоҳ (таъмини китобхона бо асарҳои нав ва тозанашр дар назар аст) ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки китобдор доир ба ин самт ҳуҷҷату асноди зиёде дорад, ки дафтари қайди истифодабарии китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи онҳост. Дафтари қайди китобҳои бадеӣ иборат аст аз қайди чорабиниҳои беруназсинфӣ оид ба хониш, қайди рӯзмарраи хонанда, қайди ҳармоҳаи хонанда ва китобҳои хондашуда, инчунин, ҳисоботи семоҳаи китобдор. Библиограф ва педагоги маъруфи рус Леонид Есилеев дар мақолаи худ таҳти унвони «Мутолиа таснифи вижа мехоҳад», ки дар нашрияи «Российская культура» (аз 21.02.2002) ба нашр расидааст, қайд менамояд, ки китобдори мактаб бояд зуд-зуд ба синфхонаҳо ворид шуда, ба хонандагон дар хусуси китобҳои пурмуҳтаво, шавқовару хонданӣ вобаста ба синну соли онҳо, ки ҷанбаи баланди тарбиявию ахлоқӣ дорад, суҳбат намояд. Ҳамзамон, феҳристи асарҳои тозанашрро, ки бо дастгирии маъмурияти муассисаи таълимӣ ва худи китобдор ба китобхонаи таълимгоҳ ворид шудааст, ба хонандагон пешниҳод карда, дар ҳамкорию ҳусни тафоҳум бо омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус ва роҳбарони синфҳо хонандагонро аз рӯйи саводу донишашон ҳамчун мутолиакунанда тасниф намояд. Тасниф барои чӣ зарур аст? Дар ҳар як синф маъмулан хонандагони босаводу хушзеҳн, миёнаву сустхон ва билохира, танбалу ҷоҳил, ки ба донишомӯзӣ шавқ надоранд, мавҷуданд. Китобдор ҳамин омилро ба назар гирифта, ба ҷуз эътибор додан ба синну сол, ба хонанда асарҳои бадеиро бояд пешниҳод ва барои мутолиа тавсия намояд. Мутолиаи осори бадеӣ (умуман, китобҳои гуногун) амали саҳлу осон набуда, ба ҳеҷ ваҷҳ ба таври иҷборӣ бояд сурат напазирад. Ба китобдор ва омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик зарур аст, ки асарҳои бадеиро бетартибона ва аз рӯйи мақоли «пеш ояду хуш ояд» ба хонанда пешниҳод накунад, зеро чунин тарзу шеваи кор ба аъзои китобхона завқу майли онҳоро ба мутолиа коста гардонда, бо ҳамин хонандагон осори гаронмоя ва пурарзишу баландғояро аз таълифоти сусту якранг ва дилбазан ба зудӣ фарқ карда наметавонанд. (Ин гуфта бештар ба осори шоирону нависандагони муосири тоҷик ва дигар халқияту миллатҳо дахл дорад). Дар байни осори воқеан асили адабӣ баъзан ба китобхонаҳо тибқи фармоишу расмиятгароӣ асарҳои ба синну соли хонанда номувофиқ ва аз ҷиҳати мундариҷаю ғоя номақбул (ба масал, асарҳои бемоҳияти моҷароҷӯёна, детективие, ки куштору қатлро тарғиб мекунанд ва китобҳои кӯчагӣ (ба лафзи русӣ бульварный), ки ба ҷуз сафсатаю ҳазён бори маънӣ намекашанд ва вақти хонандагонро беҳуда зоеъ мекунанад) ворид мешаванд, ки иддае аз китобдорони тасодуфӣ ва камхонда ин осорро дар заминаи ҳисобот ва бо мақсади иҷрои нақша бе ҳеҷ фикру андеша ба хонандагони синну соли гуногун барои мутолиа пешкаш менамоянд, ки иштибоҳи маҳз аст. Бо мақсади он ки чунин нофаҳмию номураттабӣ дар фаъолияти китобхонаҳо рӯй надиҳад, бояд омӯзгорони мактаб ва китобдор новобаста аз фанне, ки дарс мегӯянд, дорои ҷаҳонбинии фарох, дарку фаҳмиши баланд ва мутолиаи бардавом бошанд. Боиси хурсандист, ки дар аксар муассисаҳои таълимии кишвар бо иқдому дастгирии китобдорон ва омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, омӯзгорони забон ва адабиёти рус рӯзномаи ҳармоҳаи деворӣ дар иртибот ба омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ ва рӯйхати осоре, ки бояд хонда шаванд, бароварда мешаванд. Дар ин рӯзномаи деворӣ дар бораи синфҳои пешқадам, ки хонандагонашон аз ҳама бештар китоб мутолиа мекунанд ва худи хонандагони пурмутолиа маълумот дода шуда, акси пешсафон дар он ҷой дода мешавад. Ба ин васила, китобдору омӯзгорони мактаб хонандагонро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҳавасманд мекунанд.
Яке аз дигар роҳу усули тарғиби китобхонӣ ва фаро гирифтани хонандагони мактаб ба мутолиаи осори бадеӣ ҳамкории мактаб бо хонавода ва дар умум, ҷомеа маҳсуб меёбад. Воқеан, баҳри баланд бардоштани маънавиёти насли наврас ҳамкории мактаб, хонавода ва ҷомеа бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар назди китобхонаҳо шурои волидайн амал кунад. Бо ин мақсад баргузор намудани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, аз қабили «Китобхона дар меҳмонии мактабҳо», «Мактаб дар меҳмонии китобхона» ва «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ба манфиати кор мебошад. Дар ин замина бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани фарзандон аз ҷониби падару модарон масъалаи муҳим ба шумор рафта, то чӣ андоза ба мутолиа ҷалб гардидани аҳли хонадон, бахусус, насли наврас, аз фарҳангу фаҳмиши баланд ва ҷаҳонбинии сарварони оилаҳо вобаста мебошад. Мусаллам аст, ки тайи солҳои охир бо нашри асарҳои гуногуни аз ҷиҳати ғояву муҳтаво арзишманду шавқовар ва ба синну соли хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот мувофиқ иддаи зиёди волидон баҳри маърифатманду босавод гардидани фарзандон ба китоб рӯ оварда, теъдоди фаровони асарҳои бадеиро, ки дар шакли китобчаҳои рангаю суратдор, афсонаву ривоят, қиссаҳои хонданибобу тарбиявӣ дар бораи қаҳрамонони таърихии  миллат ва инъикоси ҳаёти мактаббачагони замони муосир, ки зери парчами давлати соҳибистиқлол озоду соҳибихтиёранду ба илму донишомӯзӣ машғул, бахшида шудаанд, харидорӣ ва дастраси фарзандон гардониданд. Дар бахши аъзами хонаводаҳо китобхонаҳои шахсӣ мавҷуданд (хусусан дар шаҳри Душанбе). Аммо мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки ҳанӯз дар деҳу музофоти кишвар ба масъалаи бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани фарзандон бепарвоию саҳлангорӣ менамоянд. Падару модарон ба китобҳои аз китобхонаҳои мактабӣ истифоданамудаи фарзандонашон қаноат карда, ҳатто ду – се китоби бадеӣ хариданро ба худ раво намебинанд, ки боиси таассуфи амиқ аст. Ҳол он, ки ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки дар тамоми деҳу музофоти кишвар, дар ҷамоатҳои деҳот мағозаю дӯконҳои фурӯши китоб ва дар хонаҳо аз ҷониби падару модарон китобхонаҳои шахсии намунавӣ ташкил карда шавад. Зимни чорабинӣ – озмоише, ки чанд сол қабл дар иддае аз муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мо гузаронида шуд, маълум гардид, ки (ин амал тариқи саволномаҳо дар ҳамкорӣ бо китобдорони таълимгоҳҳо сурат гирифта буд) дар умум хонандагон дар хона ба мутолиаи осори бадеӣ шуғл меварзанд, вале посухҳо нишон доданд, ки ҳанӯз таваҷҷуҳи волидон ба ин масъала дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ду саволнома, ки муҳтавои мухталиф доштанд ва аз 10-саволӣ, амсоли «Ту хонданро дӯст медорӣ?», «Кадом китобро ҳозир хонда истодаӣ?», «Падару модарат барои ту китоб мехонанд?», «Ҳамроҳи падару модарат китоб мехонӣ?», «Дар хонаатон калонсолон китоб хонданро дӯст медоранд?», «Аз рӯйи зарурат китоб мехонед ва ё ба он шавқу ҳавас доред?», «Дар хонаи шумо китобҳои шавқовари кӯдакона мавҷуданд?», «Кадом китобро ҳозир модарат ё падарат мехонанд?», «Хондани кадом китобҳо ба ту бештар писанд аст?», иборат буданд, далели гуфтаи мост. Хусусан, хонандагон ба саволҳои «Дар хонаатон калонсолон китоб хонданро дӯст медоранд?», «Кадом китобро ҳозир падар ё модарат мехонанд?», «Дар китобхонаи шахсии шумо китоб ҳаст?» (суол ба волидон) посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода натавонистанд. Қисме аз падару модарон шароити иқтисодию молиявиро чун омили харидорӣ накардани китоб шафеъ оварда, бо ҳамин дар бораи ташкили китобхонаи шахсӣ ҳарф заданро умуман беҳуда ҳисобиданд. Вале ин узру баҳона пеш оварданҳо роҳи ҳалли масъала набуда, як назари иҷмолӣ ба ҳаёту фаъолияти шоирону нависандагони тоҷик, аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ кифоя аст, то бидонем, ки бо вуҷуди бори сангини зиндагии хонадон ба дӯшаш афтодан борҳо гурусна рӯзашро ба шом ва шомашро бо санги қаноат бар нафс бастан, устод аз чунин ҳисоб аз бозор китобҳои писандидаи худро харидорӣ ва бо шавқ мутолиа мекард. Аз ин рӯ, гумон мекунем, волидонро зарур аст, ки бар ивази хариди телефонҳои гаронбаҳои мобилӣ барои фарзандон, ки аз роҳи ҳавою ҳавас сурат мегирад, бо шеваю сабки гуногун меҳру муҳаббати китоб ва мутолиаи пайвастаи онро дар ниҳоди фарзандон бедор намоянд.Табиист, ки ин раванд бе иқдоми сарварони хонаводаҳо ва бахусус, харидории китобу ташкили китобхонаи шахсӣ имконнопазир аст. Яъне, дигар дар масъалаи бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани фарзандон волидон бояд ҳеҷ баҳонае пеш наоранд ва бо ҷидду ҷаҳд, ҷиддан аз пайи тарбияи комили маънавии фарзандон гарданд.
Яке аз дигар тарзу усулҳои ба китобу китобхонӣ ва дар маҷмуъ, адабиёт майлу рағбат пайдо кунондани насли наврас ташкил ва баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо шоирону нависандагон маҳсуб меёбанд. Ин омили воқеан дар ташаккулу такомули завқи хонандаи мактаб таъсиргузор раванди аслан муқаррариест, ки реша дар тарғиби мутолиаи китоб дар аҳди шуравӣ дорад. Чунонки медонем, дар замони шуравӣ вобаста ба шароиту имконоти мавҷуда вохӯрии адибон бо мардуми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, хусусан, мактабиён зуд-зуд ва дар сатҳи баланд баргузор мегардид. Таъсири файзбахши ин омилро дар сермутолиа будани насли он замон, донишмандию дорои ҷаҳонбинии фарох будани эшон ва аз байни ҷавонон ба майдон омадани эҷодкорони соҳибистеъдод (шоирону нависандагон ва олимон) мебинем. Мутаассифона, ҷанги бемаънии шаҳрвандии оғози солҳои 90-уми асри XX ба раванди зикршуда таъсири манфӣ расонд ва то муддате робитаи байни хонандагон ва адибонро гусаст ва халои маънавиеро ба вуҷуд овард. Ҳарчанд ба тадриҷ вохӯрию мулоқот бо адибон ба ҷараёни тоза даромад, ба сабаби пайвастаю мунтазам баргузор нагардидани он, шукӯҳи муассирии замони пешинро ҳанӯз соҳиб нагардидааст. Бо вуҷуди ин ҳама, кӯшишҳои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар ҷодаи ташкил ва ҷалби шоирону нависандагон ҷиҳати дар вохӯриҳо иштирок кардану меҳри каломи бадеъ ва мутолиаи осори бадеиро дар қалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ бедору тарбия намудан шоистаи таҳсин аст, ки ин омилро аз вусъати тоза пайдо кардани мулоқоту гуфтугӯҳои адибон бо мактабиён дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла, музофоту деҳоти дурдаст равшану бараъло мушоҳида мекунем. Бояд хотиррасон намуд, ки мутолиа амали завқфизою саршор аз илҳом буда, дар ин бобат аз рӯйи нақшаю ҳисоб ва рақамзанӣ хонандагонро чун намуна истифода кардан (ё нишон додан) лузумияте надорад. Ин ки дар ҷамъомаду тантанаҳо ва ҳар гуна чорабинии фарҳангӣ аз забони хонандагон мешунавем, ки ба ин миқдору он миқдор китоб хондааст, ё чандсаду анд шеър ё достон азёд кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ маънои китобхони асил ва ба умқу ҳадафу ғояи ину он асари насрӣ ё назмӣ сарфаҳм рафтани хонандаро намефаҳмонад. Ин омил ғайр аз ҳисобот ва зоҳиргароӣ чизи дигаре ба бор намеорад. Чунон ки қайд кардем, мутолиа амали заҳматталаб аст, кори шабурӯзист, ин бояд огоҳонаю ҳадафмандона сурат бигирад. Ҳамин аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки дар масъалаи ба китоб ва мутолиа рӯ овардани табақаҳои мухталафи ҷомеа, бахусус насли наврас, такони ҷиддӣ бахшидааст. Озмун баёнгари он аст, ки ҷустуҷӯю ковишҳои дӯстдорони китоб, баҳри асарҳои бешумори бадеӣ мутолиа кардан дар гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ самараи нек ба бор оварда истодааст.
Дигар аз иқдомҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маърифатманду китобдӯст гардидани мардуми кишвар ба таври ройгон ба ҳар хонадони тоҷик тақсим ва дастрас намудани шоҳкитоби безаволи муаррих, аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба шумор меравад. Иқдому кӯшишҳои роҳбарияти олии кишвар танҳо ва танҳо ба он равона гардидааст, ки меросбарони миллати дар гузашта соҳибшафқату тамаддунофари тоҷик бо мутолиаю омӯзиши бардавом, бо дониши комилу ҷаҳонбинии васеъ мусаллаҳ ва созандагони содиқи ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон гарданд. Осори адабиву илмии адибону олимони муосири тоҷик бояд имрӯз тамоми марзҳоро убур карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯхтаву муаррифӣ карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки ин нуктаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар (26.12.2019) хеле бамаврид ишора гардидааст:
«Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.
Инчунин, мо бояд назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.»

Адабиёт:
1. Т.Атахонов, М.Лутфуллоев, Ф.Шарифов.  Очеркҳои афкори педагогӣ //    -Душанбе, 2005. - 227 с.

2. Лутфуллоев М. Педагогикаи башар. -Душанбе: Матбуот, 2008. – 144 с.

3. Ф.Шарифзода. Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ. -Душанбе: Ирфон, 2010. – 544 с.

4. Лутфуллоев М. Педагогикаи миллии халқи тоҷик (Осори педагогӣ, ҷилди 6). – Душанбе, 2015. – 704 с.

5. Камолзода С. Андешаҳо дар ситоиши китоб ва хониш //Маводи конференсияи илмӣ; ДДОТ ба номи Қ.
Ҷӯраев. - Душанбе, 1997.- С. 42 - 44.

6. Камолзода С. Нақши осори бадеӣ дар тарбияи маърифатии хонандагон // “Маърифати омӯзгор”, 2020,  №6. - С. 23 – 26.

• Дида шуд: 152

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj