Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Нутқ маҳсули тафаккури инсон буда, танҳо ба инсон хос аст. Банӣ-одам ҳанӯз аз айёми тифлӣ бояд имову ишора, самтҳои ҳаракат, шинохти волидайн ва аҳли оиларо фаҳму дарк намояд. Барои омӯзондани талаффузи овоз (садо)-ҳои мухталиф дар шинохти чизҳо ва ашёи олами беруна ба тифл бештар модар ва сониян, аҳли оила машғул мешаванд. Бинобар ин, талаффузи дурусти чизҳои олами ҳастӣ ва шинохти онҳо тифлонро бештар ба шавқ  меорад ва аксаран ба мушоҳида мерасад, ки ҳангоми номи ягон ашёро ҳифз кардан онро ба мисли тӯтӣ такрор кардан мегиранд. Бад-ин минвол алфозу баёни насли инсон аз ҳамин айём оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз, волидайн, мураббиён ва омӯзгорону устодонро зарур мешавад, ки дар талаффузи ҳиҷову вожаҳо ва номи ашё бомасъулият бошанд.
Hyтқи буррову фасеҳ ва овози хушу форам ба ҳар як шунаванда ҳаловат мебахшад ва аз фарҳанги гӯянда, маҳорати суханварии ӯ башорат медиҳад. Баҳри комёб гардидан дар ин ҷода бо фарзандон ва шогирдон бештар ба машқу тамрин  машғул шудан мебояд.
Таҷрибаҳо собит намуд, ки ағлаби шогирдони муассисаҳои таълимӣ аз  ноқисиҳои зайл ҳини таълим душворӣ мекашанд:
1. Як зумра шогирдон мувофиқи меъёр ва талаботи мактабӣ хонда наметавонанд.
2. Гурӯҳи дигар аз уҳдаи хондан баромада метавонанд, вале чизеро аз он матн дар хотир ҳифз карда наметавонанд.
3. Бахше аз шогирдон хотираи қавӣ дошта бошанд ҳам, аз баёни он худдорӣ ва шарм мекунанд.
Омӯзгорон бояд аз машғулияти нахуст ин омилҳоро ба инобат гирифта, реҷаи таълиму тадриси хешро ба он мутобиқ ва мувофиқ созад. Яъне дар мадди назар дошта бошад, ки дар зергурӯҳи ба ӯ вобаста чанд нафар мувофиқи меъёр ва талабот хонда наметавонанд, чанд нафар дар ҳифзу бахотиргирӣ душворӣ мекашанд ва чанд шогирд қудрати баён кардан доранд, вале худдорӣ ва ё шарм мекунанд, ки ягон калима ва ифодаро ғалат талаффуз намуда, хандахариши ҳамкурсон мегарданд.
Дар чунин маврид устод бояд бо шогирдон машварат дода, муносибати меҳрубонона  изҳор намояд, ба онҳо фаҳмонад, ки дар хониш ва илму таълиму тадрис байни шогирдону устодону ҳамкурсон набояд шарму ҳаё ва сабру худдорӣ бошад, балки бояд аз амалҳои зишту алфози бад ва гуфторҳои шарр эҳтиёт шуд. Агар дар баёни ҳарфе, ифодае ғалат намоӣ, устод онро ислоҳ менамояд ва тадриҷан ёд мегирӣ. Хулоса, устод бояд дар ҳуҷраи дарсӣ муҳиту шароитеро фароҳам оварад, ки ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ҳамдигар, эҳтирому самимият ҳукмфармо бошад.
Баҳри боло бурдани инкишофи нутқи донишҷуён ва шинаму нафис гардидани алфоз аз машғулиятҳои нахуст бояд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кард. Албатта, ин тадбири муфид дар дигар фунун низ бояд бештар бошад, вале зимни тадриси забон, ки дар он имло, дуруст ва саҳеҳ ифода кардани фикр ва фарҳанги забонӣ нақши асосӣ дорад, бомавқеътар мебошад. Агар устод хоҳад, ки шогирдон нутқи фасеҳу бурро ва захираи хуби луғавӣ дошта бошанд, корҳои амалӣ, эҷодӣ ва мустақилонаро дар раванди машғулиятҳои ҳаррӯза бештар гузаронида, ба тарзу усулҳои хониши ифоданоки порчаҳои назмию насрӣ таваҷҷуҳи бештар додан зарур аст. Бидуни ин, дар барномаи таълим барои гузаронидани дарсҳои алоҳидаи нутқи мураттаб соатҳои алоҳида ҷудо гардидааст, ки самаранок истифода бурдани онҳо басо судманд хоҳад буд.
Баъзан зимни мушоҳида ва суҳбат бо шогирдон маълум мегардад, ки  иддае аз толибилмон боре ҳам хононда ва мавриди пурсишу суҳбат қарор нагирифтаанд.
Ба ҳамагон равшан аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сабабҳои зайл дар нутқи хаттӣ ва шифоҳии хонандагон ба дараҷаи лозим риоя карда намешавад:
- дар як синф беш аз 40 нафар ва аз он зиёд таҳсил кардани хонандагон;
- мавриди пурсишу санҷиши нутқ қарор нагирифтани ҳар як хонанда, яъне санҷидани он, ки талаба ҳарф зада метавонад ва нутқи гӯё дорад, ё лол аст;
- меъёрҳои хониши ифоданокро (дар синфҳои V- VII) риоя накардан ва бо овози баланд нахонондани талабагон, ки ин ниҳоят зарур ва муфид аст.
- машғулиятҳои иловагӣ, инфиродӣ ва маҳфилҳои фанниро на ҳамеша риоя кардани масъулин;
- пайваста хониши асари бадеиро ба роҳ мондан ва амсоли инҳо; - корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ, эссе, иншо ва амсоли он) мувофиқи нақшаи таълим гирифта намешавад ва шавад ҳам, мавриди санҷишу тафтиши ҷиддӣ қарор намегирад. Омӯзгорон барои сабукбории хеш матнҳои тайёрро ба хонанда пешкаш месозанд, то ки беғалат рӯбардор намоянд. Назар ба қавли шогирдон, ҳама чизе, ки дар дафтарҳои ҷорӣ ва корҳои хаттӣ мавриди навишт қарор мегиранд, аз китобҳои дарсӣ кӯчонда шуда, ба онҳо баҳои мусбат гузошта мешавад. Чунин равиши таълим ба ояндаи ҷомеа ва фарзандони мо хатари ҷиддӣ оварда метавонад.
Адабиёт:
1. Аз таҷрибаи муаллимони забон ва адабиёти синфҳои 5 – 7. -Душанбе, 1977. - 104 с.

2. У.Каримов, С. Абдулазизова. Забони тоҷикӣ. Дастури таълим барои  донишҷӯёни факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ. –Душанбе: «Деваштич», 2003, 110 cаҳ.

• Дида шуд: 137

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj