Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ҲАЛҚАИ  ПАЙВАНД

Ба  ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи тоҷикон» дар матбааи донишгоҳи мазкур мунташир шуд.  Дар ин китоб мақолаҳое гирд оварда шудаанд, ки муаллиф аз соли 1993 то имрӯз оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба забон, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик навиштааст.  Минҷумла, муаллиф дар мақолаи «Гиромидошти забони тоҷикӣ» (дар ҳошияи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»)  таъкид мекунад, ки  аз давраи шуравӣ  то  солҳои наздик  рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ дифоъ мешуданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат ба тоҷикӣ дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ оғоз гардид. Акнун замоне фаро расидааст, ки роҳҳои ҳалли ба забони тоҷикӣ навиштан ва дифоъ намудани асарҳои илмӣ дар ҳамаи соҳаҳо (бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, меъморӣ) пайдо гардад. Мо медонем, ки амалӣ намудани ин кор мушкил аст, вале бояд шуруъ кард, вале ҳарчи зудтар шуруъ кунем, ҳамон қадар қадамҳои ҷиддӣ ба пеш мегузорем. Ҳарчи дертар оғоз намоем, дар канори рушди технологияи имрӯз ва инкишофи забонҳои дигари олам [ҳамон қадар] қафо мемонем.»

Муаллиф дар зимн аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардааст, ки гуфтанд: «Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем».
Ба андешаи профессор Равшан Раҳмонӣ, яке аз масъалаҳои бисёр муҳим барои рушди бештар пайдо кардан ва пойдор мондани забон тамоми рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ навиштан аст.
Ба гуфти ӯ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дарк намуда, борҳо дар суханрониҳои хеш ба ин масъала ишораҳо карда, фармудаанд, ки коргузории тамоми бахшҳои илм бояд ба забони тоҷикӣ бошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин дастури Пешвои миллат дастандаркорон дар кулли соҳаҳо бояд камари ҳиммат баста, дар зудтарин фурсат ба забони тоҷикӣ навиштани рисолаҳои илмиро дар ҳамаи бахшҳои илм ба инобат гиранд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки мефармоянд: «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илмии муосир ба вуҷуд оварда шавад.»

Шикебои ШОДӢ

• Дида шуд: 194

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj