Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ бархӯрди тамаддунҳо хоҳ-нохоҳ зарурати тарбияи фарҳангиро дар ҷомеа ба миён меорад. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки аҳли ҷомеа стратегияи оқилонаи рушди фарҳанги миллӣ ва умумибашариро роҳандозӣ намуда, онро дар самти таълиму тарбияи насли наврас татбиқ намоянд, то он ангезаҳои фарҳангие, ки ба ҷомеа мушкилот, аз ҷумла, мушкилоти равонӣ, ҳукуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ эҷод менамояд, бартараф шуда, талошҳо баҳри рушди фарҳанги миллии солиму пешбарандаи ахлоқ пурзӯр карда шавад.
Зарурати тарбияи фарҳангии насли наврас яке аз масъалаҳои мубрам ва мушкили ҷомеа мебошад. Аз чӣ гуна омода намудани насли навраси аз лиҳози фарҳанги миллӣ ташаккулёфта рушди ояндаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ, дар илмҳои педагогӣ, психологӣ ва иқтисодӣ имрӯзҳо ба тарбияи фарҳангии насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҷойи шубҳа нест, ки дар ҷомеаи имрӯза мувофиқати ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар шуури наврасону ҷавонон тезутунд гаштааст. Дар ин маврид таваҷҷуҳи хосеро бояд ба тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангии насли наврас, ки низоми арзишҳои маънавии онҳо маҳз дар ҳамин синну сол зери раванди ташаккулёбӣ қарор дорад, равон намуд. Ин талаботест, ки зарурати тарбияи фарҳангиро афзун мегардонад.
Аслан, зиндагии инсон ду паҳлу дорад - моддӣ ва маънавӣ. Дунёи моддӣ ин таъмини истеъмолии инсон буда, дунёи маънавӣ тарафи маънавиёти инсонро фаро мегирад. Дар дунёи маънавӣ ботин, сират, маънавиёт ва ахлоқи  инсон инкишоф ёфта, ӯ ба шахсияти иҷтимоии дорои ахлоқу одоби ҳамида табдил меёбад ва ба самти расидан ба камолоти инсонӣ - зинаи олии ташаккули маънавиии инсон роҳ мепаймояд. Аз ин рӯ, дар баробари рушду ташаккул додани малака ва маҳорати донишомӯзии таълимгирандагон ба тарбияи фарҳангии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намудан мебояд. Агар тарбияи донишомӯзӣ  барои соҳибилм  шудани хонанда мусоидат намояд,  тарбияи фарҳангӣ  ӯро барои шахси  аз ҳама ҷиҳат бомаърифат, накӯкор ва наҷиб шудан ҳидоят мекунад. Ин сифатҳо дар хонандагон на танҳо фаҳмиши зебоӣ, балки фаъолияти нексириштӣ, ростқавлӣ, ҳалолкориву ҳалолхӯрӣ,  адлу инсоф, саховатмандӣ ва амсоли инҳоро ба вуҷуд меоранд. Бояд зикр намуд, ки ахлоқу маънавиёт унсурҳоеанд, ки қисматҳои дигари тарбия, бавежа, тарбияи фарҳангиро бо ҳам мепайванданд ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳанд. Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, осори арзишманди динӣ, ёдгориҳои таърих, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютер, васоити ахбори умум ба олами маънавии инсон таъсири амиқ расонида, барои дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия ёфтани наврасон муҳимтарин васоил ба ҳисоб мераванд.
Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд наздик аст. Ҳар ду аз ҳамдигар ғизо гирифта, дар тарбияи фарҳангии шаҳрванд вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд. Пас, тарбияи ахлоқӣ ҷузъи таркибии тарбияи фарҳангӣ буда, муносибати одамонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ ба танзим медарорад. Бояд ёдовар шуд, ки ахлоқ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҳамаи муносибатҳои хулқу одоби одамонро дар бар мегирад. Он бештар ба  шароити моддии ҷамъият вобаста буда, ҳастии ҷамъиятии одамонро инъикос  мекунад. Фарҳанг ва ахлоқ ба якдигар зич алоқаманд буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Инсон дар ҷомеа аз рӯйи қонуну қоидаҳои ахлоқиву фарҳангии дар он ҷомеа вуҷуддошта зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Ин аст, ки дар баробари тағйир ёфтани сохтори ҷамъият паҳлуҳои ахлоқиву фарҳангии одамон низ тағйир меёбанд. Маҳз ахлоқ одобу рафтореро, ки хосияти фарҳангии муносибати одамонро нисбат ба аҳли ҷомеа, давлат ва истеҳсолот нишон медиҳад, муайян мекунад. Фарқи ахлоқ аз одоб дар он аст, ки ахлоқ ба донишу ҷаҳонбинии шахс вобаста аст, одоб бошад, рафторест, ки  ҳаракату муносибатҳои шахсро дар ҷомеа фаро мегирад ва ҳар ду маҳз дар натиҷаи таълиму тарбияи фарҳангӣ ташаккул меёбанд. Тарбияи фарҳангӣ раванди пайдарпайест, ки он аз хонавода шурӯъ гардида, дар муассисаҳои томактабӣ, пасон дар мактаб идома меёбад. Хонавода ин муҳитест, ки барои инкишофи шахсият нақши муҳим мебозад. Нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва давлат назаррас буда, барои тарбияи насли наврас, барои таъмини оромии ҷамъиятӣ ва рушди ҷомеа низ мусоидат менамояд. Тарбияи фарҳангӣ муносибатҳои махсусро дар байни хонавода инъикос мекунад, ки онҳо дар асоси анъана, урфу одатҳои маданӣ, миллӣ ва динӣ бунёд гаштаанд. Ин ҷо қобили қайд аст, ки  ҳамаи ин муносибатҳои мураккаб ба тарбияи фарзанд таъсири амиқ мегузоранд. Дар дохили худи ҳар яке ин муносибатҳои хонаводагӣ  ризоият ва норизоияти тарафайн ҷой дорад, ки ба тарбияю ташаккули кӯдак таъсири муайяни мусбӣ ё манфӣ расонида метавонанд. Чунончи, тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллию худогоҳӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пос доштани эҳтироми калонсолон, риояи расму анъаноти миллӣ, ки рукнҳои асосии тарбияи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбанд, аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, дарки онҳоро дар замири наврасону ҷавонон ҳанӯз аз даврони тифлӣ ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст, чунки то кадом дараҷа ба воя расидану тарбия ёфтани кӯдак ба дониш, ақлу фаросат ва ҷаҳони маънавию масъулиятнокии падару модарон ва дигар калонсолони хонавода тааллуқ дорад. Инро низ ба назар гирифтан лозим аст, ки  барои муваффақ гардидан ба тарбияи дурусти ба талаботи давр ҷавобгӯи фарзанд пеш аз ҳама оилаи солим ва дорои фарҳангу дониши қаноаткунанда муҳим аст. Бидуни он хонавода ҳеҷ гоҳ ба тарбияи фарзанди ҳаматарафа инкишофёфта муваффақ шуда наметавонад.
Вобаста ба нақши назарраси хонавода дар тарбияи фарҳангии фарзанд саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр нақши тарбияро мусбат намуд ва нақши манфиро аз байн бурд? Ин пеш аз ҳама ба муҳити хонавода вобаста аст. Дараҷаи нуфузи аҳли болиғи хонавода, чуноне ки қаблан қайд кардем, маҳз муҳити тарбиявии хонаводаро солим месозад. Аз ҳама бештар тарбияи номатлуби фарҳангӣ дар хонавода аз он сарчашма мегирад, ки муносибатҳои дохили хонавода носолим бошад, эътимод нисбат ба ҳамдигар набошад, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ байни аъзои хонавода, ҳурмату эҳтиром ва дастгирии равонии ҳамдигар мавҷуд набошад. Сабабҳои асосии носолимии хонавода гуногун аст. Аввал он, ки норозигии ҳамдигарӣ байни волидайн, назари гуногун ба арзишҳои маънавӣ, муносибати гуногун нисбат ба фаҳмиши виҷдон, ахлоқ, вазифа, мушкилоти иқтисодӣ, масъулият дар пеши хонавода маҳз боиси носолимии муҳити тарбиявии хонавода мегарданд. Ҳамаи ин, албатта, ба номатлуб гардидани дараҷаи тарбияи кӯдак дар хонавода самт мегирад. Бинобар ин, солимии муҳити хонаводагӣ шарти асосии тарбияи фарҳангӣ мебошад. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: “Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти кӯдак мавқеи тарбиявии падару модар мебошад, ки тарзи умумии тарбияро муайян менамояд. Роҳи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдак ба онҳо омӯзонидани меъёрҳои ахлоқист. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои кӯдак чун намуна хизмат кунанд.”
Дар муассисаҳои таълимӣ тарбияи фарҳангии хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ, садоқат ба халқу миллат, ростқавлӣ ва назорат бурдан аз болои рафтори худ ва арзёбӣ кардани ин рафтор раҳандозӣ карда мешавад.
Имрӯзҳо, ки низоми маориф дар раванди муносибати салоҳиятнок амал мекунад, тарбия ҷавҳари ин гуна муносибатро ташкил медиҳад. Тақозои муносибати мазкур ин аст, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бояд инсони ташакулёфтаро омодаи шоҳроҳи зиндагӣ намоянд. Муҳаққиқони соҳа низ бар он андешаанд, ки салоҳият ва салоҳиятнокӣ дар аксар маврид ҳамчун таҷассумгари фаъолият, зиндагӣ ифода меёбанд. Масалан, инсон, инсонгароӣ, тарбия, худшиносӣ, маърифати баланд, маҳорату малака, китобу китобхонӣ, забондонӣ, бовар ба худ, имону виҷдон, иродаи қавӣ, зебоиписандӣ, ватан, ватандорӣ, миллат, арзишҳои миллӣ ва эҳтирому ҳифзи онҳо, муҳаббат ба якдигар, таҳаммулпазирӣ, фурӯтанӣ, сулҳпарварӣ ва амсоли онҳо. Дар хонандагон ташаккул додани вожаву мафҳумҳои ёдрасгардида барои ҳамчун шахсият тарбия ёфтану минбаъд дар ҷомеа зиндагӣ ва фаъолият намудани онҳо роҳ мекушояд.
Тарбияи фарҳангӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ амалӣ мешавад ва он пеш аз ҳама аз ташаккул додани муносибати неки одам ба ҷамъият иборат аст. Ин маънии дар рӯҳияи адолатпарастӣ, инсондӯстӣ, муҳаббат ба халқу ватан тарбия ёфтанро дорад ва бояд қайд кард, ки муносибати мазкур  аслан дар дарсҳо, машғулиятҳои беруназсинфӣ, берун аз мактаб (дар намуди саёҳатҳо, тамошои мавзеъҳои таърихӣ, ҳузур ёфтан дар осорхонаву намоишгоҳҳо, қироати адабиёти бадеию таърихӣ, ташриф ба китобхонаҳо, театру анҷуманҳо,  иштирок дар маъракаҳои фарҳангӣ ва ғайра)  амалӣ карда мешавад.
Вазифаи дигари тарбияи фарҳангӣ аз инкишофи ҳаматарафаи шахсият иборат аст. Дар ин ҷода вазифаи ҷамъият ва мактабу оила тайёр кардани одамони хушрафтору хушсалиқа мебошад. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки муҳимтарин унсури таҳсилот таҷрибаи инсонҳост, ки дар фаъолияти гуногуни онҳо зоҳир мегардад. Масалан, фаъолияти эҷодӣ, муносибат, эҳсос, рафтор, гуфтор, кирдор ва монанди онҳо. Таҳсилот раванди муттасили таълиму тарбия мебошад,  ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи  маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ ва салоҳияти касбии аъзои ҷамъият буда, ба такмили тарбия ва вусъати ақлу хирад, диққат,  хотира,  ирода,  эҳсоси инсон мунтазам мадад мерасонад.
Мутаассифона, дар ҳаллу фасли проблемаҳои тарбияи маънавию фарҳангии мактабиён ҳанӯз мушкилоти зиёде дар ҷараёни таълиму тарбия мавҷуд аст ва барои бартараф кардани онҳо  бояд омӯзгорон, аҳли маориф, муҳаққиқон, падару модарон ва кулли аҳли ҷомеа дар ҳамкорӣ  амал  намуда,  ба масъалаҳои умдаи дар назди  мактабу маориф гузошташуда таваҷҷуҳи  хосса зоҳир намоянд.  Барои ин муассисаҳои таълимиро лозим меояд, ки пеш аз ҳама,  дар самтҳои зерин фаъолият баранд:
-баланд бардоштани мақоми Кумитаи падару модарон;
- густариш додани корҳои эҷодии хонандагон ва навгониҳои омӯзгорону устодони эҷодкор ба хотири тарбияи фарҳангии наврасону ҷавонони лаёқатманд тавассути озмунҳо ва маҳфилҳо;
-ба танзим даровардани мувофиқати нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, китобҳои дарсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳаи маориф;
-мувофиқи нақшаҳои иловагии тарбиявӣ мустаҳкам кардани мазмуну мундариҷаи соатҳои тарбиявӣ, гузаронидани дарсҳои эҷодӣ, дарс-конфронсҳо, дарс-семинарҳо, викторинаҳои илмӣ, маҳфилҳои адабӣ, фаннӣ, озмунҳои технологӣ, муаррифии лоиҳаҳо ва ғайра;
- ташкил намудани осорхонаҳо, гӯшаҳои таърихиву кишваршиносӣ ва ташкил намудани саёҳат ба ин мавзеъҳо бо мақсади дар хонандагон ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва пойдор гардонидани анъанаҳои миллӣ;
-пешниҳод намудани роҳу усулҳои нави таълим.Дар идомаи ин гуфтаҳо метавон афзуд, ки тарбия раванди хеле мураккаб мебошад ва паҳлуҳои гуногун дорад. Агар дар ягон самт шахс аз тарбия бенасиб монад, албатта, он ба ташаккули ӯ таъсири муайян хоҳад гузошт. Чунончи, агар дар раванди донишомӯзӣ дониши ахлоқӣ инкор шавад,  шахсияти аз ахлоқ дур ба воя мерасад. Тарбия бо ҳама паҳлуҳояш аз хонавода сар карда, минбаъд дар дигар кишрҳои тарбиявии ҷомеа, ки шахсиятҳои баркамоли ҷомеаи солим ва рушдкардаро бунёд мекунанд, дар ташаккулёбии шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим нақш мебозад. Тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангӣ ба омӯзиши таърих, осори адабӣ, ҳунару санъат, расму оин, анъанаҳои миллӣ такя мекунад. Танҳо дар сурати ба инобат гирифтани ҳамаи паҳлуҳои тарбия инсони баркамол ва дар ҷомеа шахсияти комилро ба воя расонидан мумкин аст. Ҷомеа аз қишрҳои мухталиф иборат аст ва шахсиятҳои баркамол ҷомеаи солим ва рушдкардаро бунёд мекунанд.

• Дида шуд: 11

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj