Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат, нишонаи олии давлатдорӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатии халқи тоҷик мебошад. Қадамҳои аввалини  соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо мутаассифона, бо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки он масири пур аз даҳшату фоҷеа, маҳрумияту машаққатҳо буд. Хоинони миллати тоҷик ва душманони давлат бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ ватани азизи моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ кашиданд. Бузургтарин фоҷеа дар он солҳо хатари аз байн рафтани давлати навтаъсиси тоҷикон буд, чунки фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрд ва кишварро фазои беҳокимиятиву хушунат, зӯроварӣ фаро гирифта буд. Дар чунин шароити вазнин фарзандони фарзонаи миллат тасмим гирифтанд, ки ҳарчи зудтар ҷанги хонумонсӯзро хомӯш гардонанд ва барои қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун иҷлосияи навбатии Шурои Олии кишварро дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар хоҷагии деҳқонии ба номи раиси номдор, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ  Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев  даъват намуданд. Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши куллие дар таърихи  давлатдории тоҷикон гардид. Дар иҷлосия аввалин қарору иқдомот доир  ба қатъи хунрезӣ, таъмини сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ қабул гардида, барои оштии миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овард. Иҷлосияи тақдирсоз барои давлати  ягона, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ гардидани Тоҷикистони азизи мо нақши созанда  гузошт. Иҷлосияи тақдирсоз Тоҷикистонро соҳиби рамзҳои давлатӣ – Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ гардонид ва онҳо муаррифгари  давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гаштанд. Конститутсияи кишвар қабул гардида, мақсаду мароми  ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ муайян карда шуд. Иҷлосия  барои  пойдории сулҳу  субот, аз байн  бурдани муноқишаҳои дохилӣ, ҳалли   мушкилоти сиёсиву  амният, баровардан  аз  бӯҳрони иқтисодиву  сиёсӣ, иҷтимоиву  фарҳангӣ роҳи  муайянеро  ба   мардуми  тоҷик нишон  дод. Расидан  ба  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  ба  поён  расидани  ҷанги  шаҳрвандӣ, якпорчагии  ватани  азизамон  аз  қарорҳои  мушаххаси  ин иҷлосияи  тақдирсоз  сарчашма  мегиранд. Маҳз  ин иҷлосия  ҷавонмардеро  ба сарварии  кишвар  интихоб намуд, ки ӯ сарсупурдаи   давлат, таҳкимбахши  сулҳу оромӣ ва якдигарфаҳмӣ  гашт. Роҳбари давлат  дар  шароити  душвори  сиёсӣ ба сари  қудрат  омад  ва  ҳадафи асосии  худро  сулҳу субот, ободкориву   созандагӣ, расидан  ба якпорчагии давлату  миллат  эълон  намуд. Ӯ аз  рӯзҳои  аввал  ҳадафи  асосиашро истиқрори  сулҳ,баргардонидани  гурезагон ва   ваҳдату  ягонагӣ  номид.  Заҳмату  талошҳои  бевоситаи Эмомалӣ  Раҳмон    аз  фоҷеаи  миллӣ  раҳонидани Тоҷикистон,  таҳким  бахшидан  ба пояҳои истиқлоли миллӣ, эҳёи  давлатдории   миллӣ  ба ҳисоб  меравад.
Иҷлосияи  тақдирсози  миллат дар  замоне  баргузор  гардид, ки    давлати  навбунёди   тоҷик  шаҳди талхи ҷанги  шаҳрвандиро  мечашиду  миллати тоҷик дар вартаи  ҳалокат  буд.  Даъвати Иҷлосияи XVI-и Шурои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  яке  аз  рӯйдодҳои  таъриҳии  солҳои  аввали  соҳибистиқлолӣ  буд, ки тақдири  ояндаи  давлатдории  тоҷиконро  ба  дасти  вакилон  ва  иштирокчиёни он  вогузор кард. Санадҳои  таърихии қабулгашта дар  таърихи давлатдории Тоҷикистони  навтаъсис  марҳилае  буд, ки  хатари  ҳамчун  давлати  мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон  ва ҳамчун  миллат аз  байн  рафтани  миллати  куҳанбунёду  тамаддунофарро     пешгирӣ  намуд. Бешак, ин иҷлосия рӯйдоди  таърихие  мебошад, ки  тақдири ояндаи  давлату  миллат, манфиатҳои  умумимиллӣ  ва  рушди  давлатро  тарҳрезӣ    кард  ва  тоҷикистониёнро  ба  сӯйи ҳадафи  асосӣ - сулҳу  ваҳдат, ягонагӣ  ва  якпорчагӣ бо қадамҳои  ҷиддӣ раҳсипор  намуд. Барои  вакилон, ходимони  илму  фарҳанг, ватандорону  хештаншиносон  лозим  буд, ки  хатари    пош  хӯрдани  давлат  ва миллати  тоҷиконро    бо  ақлу  заковат аз  байн  баранд.
Бале,   иҷлосия тавонист  шуур  ва  рафтори на  танҳо  вакилон ва  иштирокчиён, балки силоҳбадастон  ва  душманонро  дигаргун   созад, оқибатҳои  хунрезии  бемаънӣ  ва  беадолатиро  дар дилу дидаи  онҳо  ҷой  намояд. Он  аз  лаҳзаҳои  аввали  фаъолияти  худ  манфиати  давлату  давлатдорӣ ва миллатро  афзалтар  донист  ва  нагузошт, ки душманони  дохилу  хориҷ  ба  мақсади  ғаразноки  худ  бирасанд. Ба    вазъияти  мавҷуда, ба  раванди  ҳодисаю  воқеаҳои ба  амал омадаистода  баҳои  воқеӣ  дода, манфиати  миллиро   афзал  донист ва ба  риояти қонун роҳи  расидан ба  сулҳу  ваҳдатро  ибтидо  гузошт. Иҷлосияи  тақдирсоз  тавонист  дар  замони   бесарусомониҳо    кори  худро  оғоз   намуда, аз  тантанаи адолат  паём расонад.
Дар  он замони душвор иҷлосия тавонист вазифаи  роҳбарии  кишварро  ба  уҳдаи  Раиси  Шурои  Олӣ  вогузор  намояд ва  дар  интихоби худ вакилони мардумӣ, ширкаткунандагони он хато   накарданд  ва  роҳбари  арзанда  ба  сари  ҳокимият  омад. Интихоби  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  таърихи  давлатдории   тоҷикон  марҳилаи  муҳими  инкишофу  ташаккулёбии  миллати  тоҷик  ба ҳисоб  меравад.
Дар  тӯли   сӣ  сол  исбот  гашт, ки  он вақт мо дар  интихоби Роҳбари  давлат  хато  накардем  ва  давлату  миллати  хешро  наҷот  додем. Ин  шахсият  давлату  миллати тоҷиконро ба  ҷаҳониён ба таври шоиста муарррифӣ  намуд.
Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри  соли 1992 оғоз ёфта буд,  ҳамчун ибтидои  барқароркунии  давлати  қонунӣ  ва  сохти конститутсионӣ  дар  таърихи  миллати  тоҷик  ҷойи  сазоворро  соҳиб  гардид.

• Дида шуд: 67

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj