Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

 


    

    Ҳастиву бақои миллат бо илму маориф ва низоми таълиму тарбияи шаҳрвандони кишвар иртиботи ногусастанӣ дорад. Ба ҳамин ваҷҳ барои ҳар халқу миллат дар тӯли таърих таълиму тарбияи насли наврас аз мақсадҳои асосӣ будааст, зеро ҳеҷ як зуҳуроти дигаре мисли илму маориф ба инкишофи ҷомеа таъсир надорад. Тарбияи инсони мусаллаҳ бо донишу хирад ва дорои тафаккури созандаву бунёдкор, даво ҷустан ба дардҳову ниёзмандиҳои маънавии ҷомеа, собитқадамӣ дар роҳи истиқлолу озодӣ ва пешрафт, инчунин роҳи васеъ кушодан ба рушду нумӯи илму ҳунар аз зумраи ҳадафҳои ниҳоии соҳаи маориф мебошанд. Таърихи мактабу маорифи Тоҷикистон низ қисмати муҳимму сарнавиштсози миллату сарзаминамон маҳсуб мешавад. 
    Дар бораи он ки мактаб ва таҳсилот дар сарзамини паҳновари таърихии мо кай пайдо шудааст, маълумоти мушаххаси хаттӣ вуҷуд надорад. Дар ин хусус танҳо дар асоси санадҳои бостоншиносӣ, таърихӣ, маълумотҳо оид ба пайдоиши хат ва навъҳои он, ҳамчунин санадҳо оид ба инкишофи маданият, илм ва санъат метавон ҳадс зад, ки ибтидои пайдоиши мактаб ва маълумот дар Эрони бостон ба давраи суқути сохти ибтидоии қавмиву қабилавӣ (асри V1-и то мелод) рост меояд.
    Аввалин мактабҳо дар дарбор (мактабҳои дарборӣ, шоҳӣ), дар назди маъбадхона (мактабҳои коҳинӣ) ташкил шуда, минбаъд мактабҳои дабирӣ, мактабҳои кормандони бахшҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ, ҳамчунин мактабҳои гурӯҳӣ, хусусӣ ва амсоли инҳо арзи вуҷуд намуданд. Дар ин мактабҳо вобаста ба шароит ва талаботи замон, акиқтараш, зарурати кишту кор, чорводорӣ, боғдорӣ, мушоҳидаи табиат, обёрӣ, пешгӯйии обхезии дарёҳо, баҳрҳо, гирифтани офтоб, моҳтоб ва вобаста ба ин сохтмони обанбори дарёҳо, биноҳои истиқоматӣ, кандани ҷӯйборҳо, ҳавзҳо ва монанди инҳо асосҳои илми забон, ҳусни хат, ҳисоб (арифметика), геометрия, нуҷум, астрология, тиб омӯхта мешуданд.
    Дар Эрони бостон танҳо намояндагони табақаҳои ҳукмрони ҷомеа ба таҳсил фаро гирифта шуда, фарзандони аксарияти аҳолӣ аз ин неъмат бебаҳра буданд. Онҳо асосҳои донишро дар зиндагӣ дар ҷараёни меҳнати ҷисмонӣ дар якҷоягӣ бо волидайни худ ҳосил менамуданд. Ҳамин тариқ, меҳнат дар аксари мамлакатҳои Шарқ ба ду қисм - меҳнати фикрӣ, ки мансуб ба фарзандони табақаҳои болои ҷамъият буд ва меҳнати ҷисмонӣ, ки насиби фарзандони оммаи васеи мардум буд, ҷудо мешуд.
    Таълим дар мактабҳо бо усулҳои одиву ҳамафаҳм мегузашт ва он ҷойи тарбия низ буд. Аҷдоди мо дар тарбия ба ҳурмату эҳтироми падару модар, ҳифзи қабила (авлод), оила, ватан аз душман, инкишофи ақлу ҳуш, идрок, хотира, риояи интизом, иҷрои ҳатмии супориши муаллим ва умуман калонсолони оила ва аҳли ҷомеа эътибори ҷиддӣ медоданд. Қобили тазаккур аст, ки таълиму тарбия дар он давра асосан моҳияти динӣ дошт ва дини зардуштия чун дини расмии давлати Ҳахоманишиён мазмуни ғоявии таълиму тарбияи насли наврасро ташкил медод. Аввалин ёдгории хаттии тамаддуни бостонии мардуми мо “Авасто” на фақат асари сирф динӣ ва мазҳабии зардуштиён, балки китоби дорои аҳамияти бузурги таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷуғрофӣ, адабӣ, фарҳангӣ, додрасӣ, додхоҳӣ, тиббӣ, ситорашиносӣ, экологӣ, суханварӣ, дабирӣ мебошад. Дар айни замон он китоби бузурги тарбия ва таълими инсони накӯкор, некрафтору некпиндор ва як навъ дастури таълимӣ ва ҳаётӣ ба ҳисоб меравад. 
    Минбаъд дар асрҳои миёна дар Шарқи мусулмонӣ таҳсилот аз бисёр ҷиҳат моҳиятан мазмуни таълимоти мактабии Аврупоро ба хотир меовард, яъне он мутлақо рӯҳияи динӣ дошт. Мақсади асосии таълим дар ин давра асосан аз ёд додани қироати Қуръон, омӯхтани сарфу наҳви забони арабӣ, илоҳиёт ва дигар илмҳои динӣ иборат буд.    Илова бар ин, дар баъзе мактабҳои Шарқи мусулмонӣ, аз ҷумла, дар мактабҳои савтия ба таълими саводи хат, ҳусни хат, ҳисоб ва дигар илмҳои дунявӣ низ эътибори хосса дода мешуд. Вале дар таълими ин фанҳо низ мисли аврупоиён мақсадҳои динӣ - тайёр кардани ходимони дин дар мадди аввал гузошта шуда буд.
    Дар мактабҳои кӯҳнаи тоҷикӣ дар ташкили корҳои таълим низоми муайяне вуҷуд надошт: дар қабули талабагон синну соли онҳо ба назар гирифта намешуд. Дар як гурӯҳи таълим, ки аз 10-15 нафар шогирдон иборат буд, кӯдакони синни 5-6-7-сола ва аз он ҳам боло якҷоя таҳсил мекарданд. инфхонаҳо, чуноне, ки устод Садриддин Айнӣ дар повести “Мактаби кӯҳна”-аш қайд мекунад, аз хоначаҳои тангу тор иборат буд. Муддати таҳсил дар мактабҳо аз 5 то 8 сол идома меёфт. Музди кори омӯзгори мактаб аз ҳисоби волидайни шогирдон буд ва меъёри муайяне надошт. Аксар вақт он бо “дастархони панҷшанбегӣ”, ки ба дороии волидайн вобаста буд, маҳдуд мегардид.
    Мактабҳо барномаи таълимӣ ва нақшаи таълимии ҳатмӣ надоштанд ва таълим дар онҳо инфиродӣ буд. Доираи фанҳои омӯхташаванда дар мактабҳои мардона аз қисмҳои зерин иборат буд: 
    1. Таълими алифбои арабӣ. 
    2. “Ҳафтяк”. Дар ин давра бачагон аз ҳафт як ҳиссаи Қуръонро аз ёд мекарданд. Омӯзиши “Ҳафтяк” 2-3 сол идома меёфт. 
    3. “Чаҳор китоб”. Дар ин давра шогирдон рукнҳои асосии дини ислом- шариат, анъанаҳои динӣ, ахлоқи динӣ ва пандномаҳои исломиро меомӯхтанд.     

   4. Баъди аз бар намудани “Чаҳор китоб” шогирдон ба мутолиаи мунтахаби осори Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Бедил ва дигар классикони тоҷику форс мепардохтанд.
    Дар даврони шуравӣ ақидае роиҷ буд, ки то замони инқилоби октябрӣ гӯё аксарияти аҳолии Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон, бесавод бошанд. Албатта, ин андеша марбут ба сиёсати замона буд, ки бо чунин қиёскуниҳо бартарии низоми нави ҳокимиятро нисбат ба давраҳои пеш нишон медод. Дар асл дар қаламрави Туркистону Бухоро теъдоди мактабҳои ибтидоиву мадрасаҳо ҳазорҳо ададро ташкил медод. Танҳо дар Туркистон тибқи маълумоти соли 1908 5910 мактаби ибтидоӣ амал мекард, ки ҳар кадом 10-12 талаба доштанд.
    Дар он айём Бухоро маркази бузурги илмиву фарҳангии Осиёи Миёна маҳсуб мешуд ва дар мадрасаҳои сершумори он аз тамоми гӯшаю канори сарзамини мазкур ҷавонони қавму миллатҳои гуногуне ба забони шевои форсии тоҷикӣ таҳсили илм менамуданд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, то инқилоб фақат дар шаҳри Бухоро 360 мактаб ва 140 мадраса (аз рӯйи баъзе маълумотҳо зиёда аз 200 мадраса) амал мекард, ки дар онҳо тахминан 20 ҳазор нафар талаба мехонд. Шумораи талабаи мадрасаҳо қариб 10 ҳазор нафарро ташкил медод. Яъне дар он вақт Бухоро толибилмонро аз ҳар сӯ ба оғӯши худ ҷамъ мекард ва таҳсили илм ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Агар шаҳри Бухоро чун маркази илму фарҳанги Осиёи Миёна мактабу мадрасаҳои сершумор дошта бошад, пас дар дараи Даштиҷум, ки дар доманаи кӯҳҳои Помир воқеъ буд, 5 мадраса ва даҳҳо мактаби писаронаву духтарона фаъолият доштанд.
    Баъди барқарор гардидани ҳокимияти шуравӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба масъалаҳои маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, бунёди мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардид. 15-уми марти соли 1921 дар Душанбе бахши вилоятии Нозироти маориф дар Бухорои Шарқӣ ба фаъолият оғоз намуд. Моҳи июли ҳамон сол бо ташаббуси бахши мазкур аввалин анҷуман (қурултой)-и кормандони соҳаи маориф баргузор гардид ва дар он камбудҳои мавҷуда дар соҳаи маориф ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 1923-1924 дар Ҷумҳурии Бухоро 43 мактаби дараҷаи аввал, 2 мактаби дараҷаи дуюм, 8 мактаб-интернат ва 2 дорулмуаллимин мавҷуд буд, вале дар Бухорои Шарқӣ ғайр аз 2 интернат ва 35 талаба дигар намуди мактаб вуҷуд надошт. 
    Ҳарчанд тоҷикон саводноктарин ва маърифатноктарин мардуми минтақа маҳсуб меёфтанд, баъди инқилоби октябрии соли 1917 сиёсати нав ва ҳукуматҳои навпайдои ин минтақа - Туркистону Бухоро онҳоро ҳамчун халқи ақибмонда ва беилму бемаърифат муаррифӣ карданд. Ин ҳукуматҳои туркгаро то тавонистанд мавҷудияти миллати сернуфуси тоҷикро инкор, истифодаи забони шевояшро дар идораҳои давлатию муассисаҳои таълимӣ манъ намуданд. Ва ҳатто ҳодисаи гӯшношуниди таърихие ҳам ҷой дошт, ки ба тоҷикон барои сухан гуфтан ба забони модариашон ҷарима таъин карданд. Тибқи қарори Нозири маорифи Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро Абдуррауфи Фитрат, ки худаш тоҷик буд, барои ҳар як суҳбате, ки ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт, 5 сӯм ҷарима ситонда мешуд.
    Қобили тазаккур аст, ки рӯзи 14-уми октябри соли 1924 бори аввал дар таърих дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд. Ҳарчанд он Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон буд ва тақсимоти марзӣ-ҳудудӣ низ ба нафъи тоҷикон тамом нашуд, он минбаъд бо ҷаҳду талоши сиёсатмадорону рӯшанфикрони ҷонфидои тоҷик барои чун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати шуравӣ эътироф шудани Тоҷикистон мусоидат намуд. Моҳи декабри ҳамон сол дар ҷаласаи нахустини кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон (дар Тошканд) дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ Нозироти халқии маориф бо бахшҳои он дар Ӯротеппа ва Панҷакент таъсис ёфт ва Аббос Алиеви ҷавон нозири маориф таъйин гардид. Кормандони дастгоҳи ин ниҳоди давлатӣ моҳи феврали соли 1925 ба Душанбе омаданд ва Нозироти халқии маориф амалан аз 5-уми марти соли 1925 ба фаъолият пардохт. 
    Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ савияи худогоҳию хештаншиносии мардуми тоҷикро ривоҷ дода, онҳоро аз хоби ғафлат бедор намуд, то баҳри рушду нумӯи маорифу фарҳангашон кӯшишҳо ба харҷ диҳанд. Дар давраи таъсиси Нозироти халқии маориф дар 4 вилояти онвақта (Ғарм, Ҳисор, Кӯлоб ва Қурғонтеппа) ҳамагӣ 7 мактаб (3 мактаби ибтидоӣ дар Сарои Камар (Панҷ), Муъминобод ва Ховалинг), 4 интернат (дар Душанбе, Кӯлоб, Ғарм, Қаратоғ) мавҷуд буд. Дар онҳо ба 152 нафар хонанда ва 26 нафар омӯзгорон сабақ медоданд. Дар вилояти Ӯротеппа 8 мактаб бо 366 хонанда ва 18 нафар омӯзгор, дар вилояти Панҷакент 5 мактаб бо 704 хонанда ва 6 омӯзгор, дар Бадахшон 3 мактаб бо 75 хонанда ва 4 омӯзгор мавҷуд буд. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки дар минтақаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии ҷумҳурӣ шумораи мактабҳо, хонандагон ва муаллимон хеле кам буданд. Аз ин лиҳоз, дар назди Нозироти халқии маориф ва Шуроҳои маҳаллии он вазифа меистод, ки на танҳо шабакаи мактабҳои типи нави шуравӣ ва шумораи хонандагонро зиёд намоянд, балки мардумро ба сохти нави ҷамъиятӣ ва зарурати омӯхтани илм тарғибу ташвиқ кунанд.
    Соли 1925 дар назди Нозироти халқии маориф Комиссияи фавқуллода оид ба маҳви бесаводӣ ташкил шуд, ки ба ҳайати он Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон дохил буданд. Бо ин мақсад дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъиятҳои “Нест бод бесаводӣ!” таъсис дода шуданд. Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон 30-юми сентябри соли 1925 “Дар бораи имтиёзҳо ва афзалиятҳо барои оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактаби шуравӣ таҳсил мекунанд” қарори махсус қабул намуд. Баҳри ташвиқу тарғиби маорифи халқ, ташкили мактаб дар маҳалҳо ва ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба сохтмони мактабҳо Комиссияи иҷроияи Бюрои ташкили КМ ҲК (б) Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон 25-уми июни соли 1925 қарори махсус қабул кард. Мутобиқи он аз 15-уми август то якуми сентябри соли 1925 “дуҳафтаинаи маориф” ва аз якуми август то якуми сентябри соли 1926 “якмоҳаи маориф” гузаронида шуд. Дар ин давра дар округи Қурғонтеппа 79 таълимгоҳ (26 мактаби тоҷикӣ, 38 ӯзбекӣ, 12 туркманӣ, ва 3 қазоқӣ) дари худро ба рӯйи толибилмон боз намуданд. Дар маҷмуъ дар “якмоҳаи маориф” бо қувва ва маблағи аҳолии ҷумҳурӣ 75 мактаб сохта, ба истифода дода шуд. Анҷумани умумитоҷикии Шуроҳо 12-уми декабри соли 1926 дар бораи ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии меҳнаткашон дар ҶМШС Тоҷикистон” қарор қабул кард. Мақсад аз қабули ин ҳуҷҷат ба меҳнаткашони кишвар додани таҳсилоти умумӣ, пурра ва ройгон буд.
    Бо таъсиси Ҷумҳурии мустақили шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (октябри соли 1929) давраи сифатан нави рушди маориф дар кишвари мо шуруъ гардид. Дар солҳои сиюм барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ таълими ибтидоии ҳатмӣ ҷорӣ гардид ва барҳам додани бесаводӣ дар ҷумҳурӣ кори умумихалқӣ эълон карда шуд. Минбаъд шабакаи мактабҳои ҳафтсола ва миёнаи умумӣ вусъат ёфтанд, ба тадриҷ шаклу намудҳои гуногуни маълумот – касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ таъсис ва ташаккул ёфтанд, ки дари онҳо барои ҳамаи мардум кушода буд. Дар давраи шуравӣ ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, заминаҳои моддиву техникии мактабҳо, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, такмили ихтисоси муаллимон, чопи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ диққати ҷиддӣ дода мешуд ва ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ҳамасола меафзуд. Ин ҳама, албатта, ба беҳбуди сифати таълим ва афзудани шавқу завқи толибилмон баҳри азхуд намудани асосҳои илму дониш мусоидат мекард. 
    Дар соли таҳсили 1980-1981 дар кишвари мо 3100 мактаби маълумоти умумӣ, 10 мактаби олӣ, 39 мактаби миёнаи махсус, 76 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ мавҷуд буданд, ки бо намудҳои гуногуни таълим 1,4 миллион нафарро фаро мегирифтанд. Аз ҷумла, 1,05 миллион талаба дар мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ, 57 ҳазор нафар дар мактабҳои олӣ, 40 ҳазор нафар дар мактабҳои миёнаи махсус таҳсил мекарданд ва шумораи муаллимони муассисаҳои таълимӣ ба 63 ҳазор нафар мерасид. Дар солҳои ҳафтодум то аввали солҳои навадуми асри ХХ дар кишвари мо шахсе, ки хондаю навишта наметавонад, намонда буд, яъне мо аз калимаи “бесавод” раҳо шуда будем. Ин яке аз музаффариятҳое буд, ки халқи тоҷик дар асри гузашта ба даст овард. Дар давраи шуравӣ теъдоди дорандагони дараҷаи маълумоти олӣ дар Тоҷикистон аз иддае аз кишварҳои Шарқ (амсоли Эрону Афғонистон) ва Аврупои ғарбӣ бештар буд. 
    Даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, минҷумла, илму маориф навгониҳои арзишманд ба миён овард ва тадриҷан кишвари моро воқеан ҳамчун узви таркибӣ ба ҷомеаи ҷаҳон ворид сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид месозанд, ки «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.» Оре, рушди дилхоҳ ҷомеа, аз ҷумла, ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мактабу маориф вобаста аст. Соҳаҳои тақдирсози ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифу маънавиёт ҳамчун самтҳои афзалиятнок аз ҷониби давлат дастгирии ҳамешагӣ ва мунтазам мебинанд. Хусусан соҳаи маориф аз рӯзҳои нахустини давлатдории навин таҳти ҳимояти хоссаи Ҳукумати кишвар қарор дорад. 
    Дар соҳаи маориф тадриҷан ислоҳоту таҳаввулоти бунёдии назариявӣ, ташкилӣ ва амалии назаррас ҳанӯз дар охири асри XX шурӯъ гашта, пайгирона идома доранд. Ин ислоҳоту таҳаввулот, пеш аз ҳама, қисмати муҳимтарини маориф - мазмуни таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирифт.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи мактаби миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ва сарчашмаи назариявӣ самти минбаъдаи инкишофи мактаби муосири тоҷик, ҳуқуқу масъулиятҳои иштирокдорони муҳимтарин соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ - маорифро муайян сохтанд. Давлат маорифро соҳаи афзалиятманди ҳаёти ҷомеа эълом дошт ва ин иқдом қадами нахустини ҳалкунанда дар кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад. 
    Дар асоси санадҳои зикршуда мактаби тоҷик вазифадор шуда буд, ки мазмуни таҳсилот ва таълиму тарбияро ба нафъи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон муайян ва мураттаб созад. Ба ин хотир ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта бори нахуст нақшаю барномаҳои таълим, баъдан китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ таҳия ва нашр шуданд. Дар мазмуни таҳсилот дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид гардид ва бори нахуст дар он манфиатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатии миллати соҳибдавлати тоҷик ва дигар сокинони Тоҷикистон ба роҳбарӣ гирифта шуд, ки онҳо усулан ва мантиқан наванд ва дар роҳи такмилу мувофиқгардонии он ба меъёрҳо ва стандартҳои умумибашарии таҳсилоти муосир қадамҳои нахустин буданд. 
    Мувофиқи талаботи ҷомеаи муосир муассисаи таълимӣ муваззаф аст, ки аз инсон (кӯдак)-и номустақил ва камтавон шахсияти мустақил, тавоно, фаъол, эҷодкор ва содиқ ба Ватанро ба камол расонад ва ба ҳаёти бошарафона раҳнамун созад. Ва муассисаи таълимӣ ин вазифаи пурмасъулиятро бо ёрии муаллимон, хонавода, масъулини ҷомеа ва аҳли ҷомеа ба анҷом мерасонад. Дар ин ҷода таъкидҳои бамаротиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури амали ҳамарӯзаи масъулин ва дастандаркорони соҳаи маориф дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад, ки фармудаанд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.» Дар ҳалли ин вазифаи умдатарини таълиму тарбия, яъне «рушди қобилияти зеҳнӣ» мактаби ибтидоӣ пешоҳанг, заминагузор ва масъул аст, зеро «хишти аввал»-ро дар ташаккули шахсияти хушзеҳн ва соҳиби тафаккури мустақилона, интиқодӣ, таҳлилӣ ва эҷодӣ маҳз мактаби ибтидоӣ мегузорад.
    Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Соли 1991 дар ҷумҳурӣ 944 адад муассисаи томактабӣ бо фарогирии 141 500 нафар фаъолият мекарданд. Айни ҳол (соли 2022) дар кишвари мо дар 696 муассисаи томактабӣ 101 170 кӯдак ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак машғули фаъолият мебошанд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ 152 435 нафар ё 15,6%-ро ташкил дода, 7751 нафар корманди педагогӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ машғуланд.
    Сол то сол зиёд шудани аҳолӣ, нарасидани мактаб ва ҷойи нишаст дар мактабҳои мавҷуда Ҳукумати мамлакатро водор сохт, ки пайи бунёди мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ шаванд. Соли 1991 дар кишвар 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 1 310 000 хонанда фаъолият доштанд. Алъон дар ҷумҳурӣ 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 128827 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд. Дар ин муассисаҳо 2 195 619 нафар (1059743 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат фаъолият намуда, дар онҳо кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок мебошанд, имконияташон маҳдуд, кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд, муҳити носолими оилавӣ доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимии мазкур 14 мактаб-интернат мақоми ҷумҳуриявӣ, 18 мактаб-интернат мақоми маҳаллӣ дошта, 29 интернати наздимактабӣ ва хонаи кӯдакон мебошад. Имсол дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи дониш 13 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд. 
    Дар айни ҳол низоми таҳсилот, аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ талоши пайгирона дорад, ки масъалаи таъмини сифати дониши шогирдон ва салоҳиятмандии онҳоро ҳал намояд. Дар ин росто неруҳои илмӣ ва амалии кормандони соҳаи маориф ба он равона шудааст, ки пояҳои назариявӣ ва амалии таълиму тарбия, бедории шавқу рағбат ва сабабмандӣ (мотиватсия)-и иҷтимоии донишандӯзии талабагон ҳарчи бештару беҳтар такмил ёбад, бозёфту кашфиёти олимони ватанӣ ва хориҷии илми педагогика дар фаъолияти мактаби тоҷик эҷодкоронаю босубот роҳандозӣ карда шаванд. Дар натиҷаи чунин муносибат, қабл аз ҳама, неруҳои зеҳнию фикрии шогирдон ба ҳаракат дароварда мешаванд ва рушду нумӯ хоҳанд ёфт.
    Имрӯз дар кишвар 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ), аз ҷумла, 57 муассисаи таълимии давлатӣ фаъолият доранд, ки дар ҳашт самт - фарҳанг, омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, кишоварзӣ, технологӣ, иқтисодӣ, варзиш ва иҷтимоӣ аз рӯйи 203 ихтисос кадрҳои баландихтисосро омода месозанд. Дар соли таҳсили 2021-2022 93531 нафар (65776 духтар) донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуд, ки аз теъдоди умумӣ 67747 нафар (72,6%) тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. 
    Истиқлоли давлатӣ ба рушди таҳсилоти олии касбӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Агар соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 мактаби олӣ бо фарогирии 68 700 донишҷӯ фаъолият мекард, айни ҳол дар 42 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 234 524 донишҷӯ (86768 духтар) таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 12697 нафар (4572 зан) омӯзгор таълим медиҳанд. Ҳамзамон бо ин зарурати ислоҳоти низоми таҳсилот ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ пеш омад. Тарзи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи ислоҳоти соҳа мебошад. Имтиҳон тариқи ин марказ мушкилоти равониву иқтисодии мардумро хеле осон кард ва нишон дод, ки шахси босаводу донишманд метавонад бидуни воситае шомили мактаби олии интихобкардааш гардад. Сол то сол фаъолияти Маркази миллии тестӣ такмил меёбад ва боварии аҳли ҷомеаро ба шаффофияти имтиҳонҳо меафзояд. 
    Баргузории даҳҳо озмуни дохиливу байналмилалӣ нишон медиҳад, ки мактаби тоҷик рӯ ба рушд қарор дораду дастпарваронаш қобилияти иштирок ва дастболо гардидан дар дилхоҳ сабқатро доранд. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм - фурӯғи маърифат” дар ҷомеа инқилоберо ба вуҷуд оварда, мардумро бештару амиқтар ба китобу китобхонӣ ва ковишу ҷустуҷӯҳои илмии босамар ҷалб намуданд. Бо ибтикори Президенти мамлакат солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида, барои татбиқи он Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуд. Ин ташаббус гардиши куллие дар омӯзиши фанҳои мазкур ба шумор меравад, зеро ояндаи ҳар кишвар ба омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ рабт дорад. Дигар аз иқдомоти неку созанда ба тариқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олӣ қабул кардани духтарону писарони минтақаҳои дурдасти кишвар мебошад. Беш аз 11,5 ҳазор толибилм аз минтақаҳои дурдаст аз ҳисоби духтарон тариқи ин имтиёз муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, соҳибтахассусу соҳибкасб гардиданд.
    Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоши маблағгузории он вобаста аст. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маблағгузории ин соҳаи калидӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Соли 2022 барои соҳаи маориф 6 млрд. 304 млн. 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд мебошад. Дар соли 2022 баҳри бартараф намудани масъалаҳои сохтмон ва барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ, харидории таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо дар соҳаи маориф 3 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 96 млн. 635 ҳазор доллари ИМА фаъолият доранд. 
    Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вазорат ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳа мебошад. Маҳз ин фаъолият буд, ки бори нахуст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ дар лоиҳаи нави маблағгузории ташкилоти Шарикии Глобалии Маориф (GPE) дар миёни 76 давлат ба ҳайси гирандаи грантҳои пилотӣ интихоб гардид ва нақшаи стратегии Тоҷикистон барои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз нақшаҳои стратегии муваффақ дониста шуд.
    Бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилоти шаҳрвандон ва рафъи камбудиҳои соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имсол бори аввал аз ҷониби роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи қабул ва ҷаласаҳои сайёр баргузор гардид, ки ин иқдом аз ҷониби шаҳрвандон, махсусан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии зиёд пайдо намуд. Ҳамзамон, дар робита ба ин, қабули сайёр ва ҷаласаҳои сайёри кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Нуробод ва Рӯшон бо иштироки муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо (сарпарастони соҳа) доир карда шуд. Дар рӯзҳои қабули сайёри вазири маориф ва илм зиёда аз 150 нафар шаҳрванд қабул ва мушкилоти онҳо бартараф карда шуд. 
    Пӯшида нест, ки муваффақияти инсон дар касби худ ҳамон вақт назаррас мегардад, ки агар вай доир ба он мунтазам кор кунад, маҳорат ва дониши худро аз рӯи ихтисосаш сайқалу такмил диҳад. Касби педагогӣ низ нисбат ба худ чунин муносибат, яъне кори доимиро талаб мекунад. Танҳо дар сурати чунин муносибат нисбат ба касби интихобкардааш педагог метавонад худро аз хатоҳо эмин нигоҳ дошта, дар тарбияи насли наврас ба саҳву иштибоҳ роҳ надиҳад. Муассисаи таълимӣ бояд ба кӯдакону навҷавонон имконоту шароити мувофиқеро муҳайё созад, ки онҳо тавонанд донишҳои андӯхтаашро ба кор андозад, то илм ва амалияи ҷамъиятро дар маҷмуъ пеш баранд. Зарур аст, ки таркиббандӣ (синтез)-и илм, таҳсилот, саноат, иқтисодиёт, сиёсат ва экологияро таъмин кард. Маҳз ғояи таъмини робитаи илм, таҳсилот ва иқтисодиёт бояд асоси барномаи давлатии рушди илмҳои педагогиро ташкил диҳад, ки таҷдиди илми бунёдии амалгароро самтгирӣ менамояд.
    Бо вуҷуди он ки ҷараёни таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба сатҳу низоми муайян даромадааст, боз ҳам мушкилоти ҳалталаб дар соҳа боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, нарасидани мутахассисони варзидаи омӯзгорӣ дар баъзе минтақаҳо, паст будани сифати таҳсилот, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани таълими забонҳои хориҷӣ ва монанди ин ба мушоҳида мерасад. Аммо ин мушкилот ҳалшаванда мебошад. Муҳим он аст, ки мо ҳама дар шароити мушкили ҷаҳони муосир сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукуматамонро дуруст дарк ва татбиқ намоем. Дар таълиму тарбияи насли нав аз усулҳои муосир истифода ва барои ояндаи миллату давлат сидқан фаъолият намоем. 
    Дар айни замон маориф дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сарнавиштсоз, муҳимтарин омили рушди миллат ва амнияти давлат эътироф гардидааст ва ин пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳу ғамхории хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа сарчашма мегирад. Пешвои миллат ҳамеша дар вохӯриву суҳбатҳояшон бо аҳли ҷомеа таъкид менамоянд, ки “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.” Дар Паёми имсолаи хеш низ Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки “дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.” Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ намуда, ҳамвора баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои эшон ва Ҳукумати мамлакат ҷаҳду талош менамояд, зеро давои кулли дардҳои ҷомеа бевосита ё бавосита ба маориф алоқаманд мебошад.

  • Дида шуд: 134

ТАВАҶҶУҲ

<h2 style="text-align:center">Обуна-2022</h2> <h2 style="text-align:center">Хонандагони азиз!</h2> <p><em><strong><span style="font-size:16px">Шумо чиро донистан мехоҳед:<br /> Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? <br /> Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?<br /> Такмили маҳорати касбӣ?<br /> Маводи хуби методӣ?...</span></strong></em></p>

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj