Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

   Ҳангоме ки китоберо мутолиа мекунем, бахусус, агар он илмӣ ё дарсӣ бошад, бидуни тардид, санадҳои илмии он касро ба андеша кардан водор менамоянд. Китоби нави дарсии доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ «Фолклори тоҷикон: дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ» (-Душанбе: “МДМТ”, 2021, 544 саҳ.), ки аз боби муносибати адабиёти гуфторӣ ва адабиёти навишторӣ ва бахусус сарчашмаи эҷодиёти шоирон, нависандагон ва намоишнависон будани осори фолкорӣ баҳс мекунад, аз ҳамин ҷумла аст. Бояд гуфт, ки  муаллиф китоби мазкурро мувофиқи талаботи имрӯз, ки низоми  таълим ба мисли кишварҳои пешрафтаи олам дар ҷумҳурии мо низ семарҳалаӣ шуд, омода намуда, то ҳадди имкон барои таълими давраи бакалавр, магистр ва докторантура (Phd) мутобиқ сохтааст. Яъне ба ин ҷиҳат кӯшиш шудааст, ки китоби дарсӣ дар ҳамаи марҳалаҳои таълимӣ ба кор равад.
    Тибқи тазаккури муаллиф, барномаи таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фанни “Фолклори тоҷикон” (Адабиёти гуфтории тоҷикон) барои ихтисоси “Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Фолклор” 4 кредит (ҳар кредит 24 соат), барои ихтисосҳои “Забон ва адабиёти тоҷик”, “Тарҷумаи бадеӣ”, “Танқиди адабӣ” ва “Мероси хаттӣ” 3 кредит аст. Агар кредитҳоро ба соат баргардонем, он гоҳ 4 кредит (48 соат дарси назарӣ ва 48 соат дарси амалӣ) дар маҷмуъ 96 соат мешавад; 3 кредит (48 соат дарси назарӣ ва 24 соат дарси амалӣ) ҷамъ 72 соат аст. Албатта, гоҳе соатҳо аз ҷониби бахши таълим тағйир меёбанд. Ба ин ҷиҳат профессор Р.Раҳмонӣ мавзуъҳои китобро ба 48 дарси назарӣ ҷудо кардааст, ки ҳар кадоме дорои 48 дарси амалӣ буда, ҷамъи он 96 соат аст. Яъне, дар китоб ҳамин 96 соат ба инобат гирифта шуда, тибқи он маводи мавриди назар гирдоварӣ ва таҳқиқ гардидааст. 
    Ба пиндори муҳаққиқон, таърихи  адабиёти гуфторӣ вобаста ба нутқи инсон буда, беш аз 40 ҳазор солро дар бар мегирад ва аз он замоне ки ҳанӯз хат вуҷуд надошт, аз тариқи гуфтор ва иҷро густариш ёфтани матнҳои гуногун маъмул буд. Бад-ин тариқ, ҳазорон сол матн фақат барои шунаванда буд, на хонанда. Баъди ба вуҷуд омадани хат матни навишторӣ барои хонанда пешкаш мешуд, вале бисёр аҷиб аст, ки баъди ба вуҷуд омадани адабиёти навишторӣ ҳам ҳамоно осори фолклорӣ ва матни гуфторӣ ҳамвора вирди забони мардум аст. Ҳудудан  се ҳазор сол аст, ки матнҳои манзуму мансуру намоишӣ ҳам шунаванда доранд, ҳам хонанда ва ҳам бинанда, яъне онҳо ҳам гуфторӣ ҳастанд, ҳам навишторӣ ва ҳам намоишӣ. Маълум аст, ки матнҳои навишториро адибон таълиф менамоянд, вале  матнҳои гуфторӣ яке аз сарчашмаҳои асосии эҷодиёти онҳо мебошанд ва  тибқи ишораи Р.Раҳмонӣ, гирдоварии онҳо ба таври ҷиддӣ аз асри ХIХ шуруъ шуд.
    Муаллиф аз оғоз дар бораи нутқи инсон хонандаро ба андеша мебарад, то дар бораи устураҳои замони бостон, пайдоиши кайҳон, замин ва инсон фикр намояд: «Мероси адабиёти гуфторӣ ё фолклорӣ, маҳз ба нутқи инсон вобаста аст. Матнҳо ба воситаи гуфтори инсон ифода мешаванд ва ҳазорон сол аст, ки аз насл ба насл мегузаранд. Вале дар бораи фолклори он замонҳои дур огоҳӣ надорем. Фақат дар асоси тасвири ғорҳо, кӯҳҳо, сангнавиштаҳо, ки дастраси пажуҳандагон гардида, баъзан таърихи то 30-ҳазорсола ва аксар бештар аз 10-15-ҳазорсола доранд, метавон дар бораи нишонаҳои фолклорӣ тасаввуроте ҳосил кард. Дар ин тасвирҳо тафаккури гуфтории инсони ибтидоӣ дар бораи боварҳо, шикорҳо ва расму оинҳои рӯзгорони дур инъикос ёфтааст. Табиист, ки мазмуни ин тасвирҳо аз ҷониби қабилаву қавми замони бостон аввал ба таври гуфторӣ ҳикоят мешуд ва баъдан тибқи тасаввуроти он замон наққошӣ мегашт.”1 
    Аллома Бобоҷон Ғафуров низ аз қадимтарин тасвирҳои рӯйи санг, ки дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба даст омадааст, ёдовар шудааст. Мувофиқи гуфтаи эшон, дар он тасвирҳо «шикори говони ваҳшӣ», «тасвири одамони ба зери қаноти мурғон паноҳбурда», «гурозҳо ва хирсҳо», «ҳайвонҳо дар лаҳзаи захмӣ шудан аз тири шикорчиён» ва ғайра нигориш ёфтаанд».2 Аз рӯйи ин тасвирҳо метавон пай бурд, ки мазмуни онҳо ифодагари  нахустин устура, афсона, ҳикоя ва ҳамосаи одамони он замон мебошанд.
    Китоби  дарсии «Фолклори тоҷикон: дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ» аз сарсухан, 15 боби мустақил ва китобнома фароҳам омадааст. Муаллиф Р.Раҳмонӣ дар боби нахустин «Фолклор, фолклоршиносӣ, вежагиҳо ва воситаҳои таълим» (дарсҳои 1-8) роҷеъ ба аввалин матнҳои фолклорӣ, вежагии фолклори тоҷикон, баҳси истилоҳоти «фолклор» дар кишварҳои гуногуни олам изҳори назар мекунад. Ба аҳли илм маълум аст, ки истилоҳи “фолклор”-ро бори аввал нависанда ва муҳаққиқи англис Вилям Томс (1803 - 1885) ба илм ворид намуда, дар яке аз номаҳояш дар соли 1846 аз он ёдовар шудааст. 
    Муаллиф баҳси худро аз ҳамин таърифи ба фолклор додаи Вилям Томси англис оғоз намуда, густариши ин истилоҳро дар баҳси муҳаққиқони кишварҳои мухталифи дунё амсоли Фаронса, Италия, Олмон, Австрия, Шветсия, Норвегия, Англия, Русия, Белгия,Финляндия, Аргентина, Бразилия ва давлатҳои дигар шарҳ медиҳад, ки барои хонандагони тоҷик маводи тоза мебошад. Минҷумла, ёдовар мешавад, ки «то имрӯз баҳсҳо дар атрофи истилоҳи “фолклор” ва муродифҳои он ва ҳамчунин ҳудуди илми фолклоршиносӣ идома дорад. Ҳоло дар ҳар кишвар истилоҳи “фолклор” ва муродифҳои он дар асоси маводи мавҷуд ва дар кадом ҳолат мавриди истифода қарор гирифтани матни фолклорӣ ба кор меравад. Пажуҳандагон дар аксар маврид маводи таҳқиқии илмҳои фоклоршиносӣ, этнография, этнология, антропологияро бо ҳам омезиш медиҳанд. Аммо дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ фолклор асосан тавассути мафҳуми «Адабиёти гуфторӣ» ба кор меравад.» (саҳ. 25) 
    Ба идомаи ин баҳс муаллиф оид ба истифодаи истилоҳи “фолклор” аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик сухан гуфта, ёдрас мешавад, ки дар кишвари мо низ аз солҳои бистум, сиюму чилуми асри ХХ сар карда, барои ифодаи ин истилоҳ муродифҳои гуногунро ба кор мебаранд. Муҳаққиқ Р.Раҳмонӣ ҳар кадоми онҳоро шарҳ дода мегӯяд: «Аз солҳои 50-уми садаи ХХ то имрӯз пажуҳандагон нисбат ба фолклор истилоҳоти «фолклори тоҷик», «адабиёти шифоҳӣ», «адабиёти омиёна», «эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик», «эҷодиёти шифоҳии халқ», «фарҳанги мардум», «эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» ва ғайраро мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳарчанд пажуҳандагони кишварҳои аврупоӣ зери мафҳуми “фолклор” на фақат адабиёти гуфториро дар назар доранд, дар аксари маврид, манзур аз фолклор ҳамон адабиёти гуфторӣ аст.» (саҳ. 26) 
    Профессор Р.Раҳмонӣ бо далелҳои илмӣ тафовути адабиёти гуфторӣ ва навишториро нишон медиҳад, ки ҳар ду ҳам барои адаб омӯзонидан ва тарбияи инсон дар тӯли таърих нақш доранд. Ӯ он матнҳоеро, ки барои тарбияи инсон саҳиманд, ба ду даста - «Адабиёти гуфторӣ» ва «Адабиёти навишторӣ» - (яъне «адабиёт») ҷудо мекунад. Зери мафҳуми “адабиёти гуфторӣ” асарҳое фаҳмида мешаванд, ки муаллиф надоранд ва ё агар доранд, бо мурури замон нусхаҳои зиёд пайдо карда, бидуни муаллиф ё бо муаллифи маълум, ба моли мардум табдил ёфтаанд. Аммо зери мафҳуми “адабиёти навишторӣ” (адабиёт) асарҳое мавриди пазириш ҳастанд, ки муаллифонашон  маълум аст, вале онҳо низ дар раванди кори эҷодии худ ҳатман аз маводи адабиёти гуфторӣ  айнан ё мазмунан ё ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ истифода мебаранд.
    Адабиёти гуфторӣ (фолклор) чиро меомӯзад? Баҳсҳо роҷеъ ба ин масъала то ба ҳол идома доранд. Дар солҳои охир пажуҳандагон ба ин натиҷа расидаанд, ки фолклор буд, ҳаст ва дар оянда ҳам хоҳад монд. Ба андешаи Р.Раҳмонӣ, мардум бидуни оину суннатҳои мардумӣ рӯзгори худро ба таври бояду шояд пеш бурда наметавонанд. Ҳарчанд ки аз ҷониби давлатҳои пешинаву имрӯза қонуну қоидаҳои нав ба нав таҳия шудаву мешаванд, мардум боз ҳам ба расму оинҳои суннатӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, фолклор то он замон, ки гуфтори суннатии мардум вуҷуд дорад, ҳамеша дар байни мардум дар ин ё он шакл боқӣ мемонад. Табиист, ки мардум нақл мекунанд, месароянд, шӯхӣ мекунанд, латифа мегӯянд, хотироти худро баён мекунанд ва амсоли инҳо, ки ҳамагӣ марбут ба адабиёти гуфторӣ (фолклор) мебошанд. Гоҳе ба нақлҳои ҷолиби ҳамдигар – ҳамкорон, дӯстон, одамони гуногункасб бо диққат гӯш дода, ёдовар мешаванд, ки ин ҳам матни адабиёти гуфторӣ аст. Он ҳам чун матни ҳикояи гуфторӣ аст, ки бояд аз назари пажуҳанда дур намонад.» (саҳ. 27-28)
    Муаллифи китоб дар «дарси 5-6»-и ҳамин боб дар бораи вежагиҳои матнҳои адабиёти гуфторӣ, фарқи онҳо аз адабиёти расмӣ изҳори назар намуда, ба вежагиҳои гуфторӣ, мардумӣ, гурӯҳӣ, бемуаллифӣ, суннатӣ, бадеҳият, синкретизм, вариантнокӣ, контаминатсия ва ҳамчунин хусусиятҳои хонаводагӣ, маҳаллӣ ва байналмилалӣ доштани матнҳои адабиёти гуфториро тавзеҳ медиҳад. Дар бахши «дарси 7-8» оид ба воситаҳои таълими фолклори тоҷик маълумот дода, ҳар гуфтаи худро ба таври дақиқ бо мисолу санад тасдиқ ва ба маъхази аслии илмӣ, бадеӣ, таълимӣ ишора менамояд.
    Боби дуюми китоби мавриди назар «Мактабҳои назарӣ ва робитаи фолклор бо илмҳои дигар» («дарсҳои 6 то 14»)-ро дар бар мегирад. Хонанда аз тариқи ин боб бо назарияву равияи «Мактабҳои назарии фолклоршиносии садаи ХIХ», «Фолклоршиносӣ дар садаи ХХ ва оғози садаи ХХI», инчунин «Робитаи фолклор бо илмҳои дигар» ошно мешавад. Аз тариқи ин дарсҳо хонанда бо вежагиҳои мактабҳои фолклоршиносӣ ва ҳамчунин олимони машҳури фолклоршинос ва мардумшинос шинос мегардад. Муаллиф на танҳо ба муҳаққиқони машҳур ишора менамояд, балки аз ин тариқ робитаи фолклори кишварҳои Шарқу Ғарбро низ нишон медиҳад.
    Боби дигари китоб «Фолклори тоҷикон дар сарчашмаҳо» фарогири «дарсҳои 15-18» буда, хонанда бо нишонаҳои фолклор дар сарчашмаҳои пеш аз мелод, то садаи IX ва ҷойгоҳи фолклор дар сарчашмаҳои садаҳои IХ-ХIХ шинос мешавад. Муаллиф дар ин боб аз мавҷуд будани унсурҳои фолклорӣ дар осори таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, динӣ ёдовар шуда,  барҳақ ишора мекунад, ки ҳамаи ади-бон, файласуфон, фарҳангнависон, таърихни-горон аз маводи фолклорӣ истифода намуда-анд. Дар ин замина Р.Раҳмонӣ  ба «Авесто», «Ригведо», «Динард» ишора карда, мавҷуд будани унсурҳои фоклориро дар мероси дига-ри  навиштори ниёгонамон ба таври хос бар-шумурдааст. Ӯ дар идомаи ин бахш ёдовар мешавад, ки дар осори таърихиву адабии муъ-табаре чун «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Бу-хоро», «Осор-ул-боқия», «Таърихи Байҳақӣ», “Сиёсатнома”, «Насиҳат-ул-мулук», «Зайн-ул-ахбор», «Латоиф-ут-тавоиф», «Чаҳор мақола», «Бадоеъ-ул-вақоеъ», “Маҳбуб-ул-қулуб”, «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл», «Наводир-ул-вақоеъ» ва осори ҳамаи адибон аз матнҳо ва унсурҳои фолклорӣ фаровон истифода шуда-аст ва онҳо бояд дар ояндаи   наздик мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор гиранд.
    Дар «дарсҳои 19-24» аз боби чорум  «Фолклоршиносӣ дар оҷикистон ва робитаи он бо ҳамзабонон ва ҳамсоягон» муаллиф марҳала ба марҳала ёдовар мешавад, ки илми фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон то соли 1991 чӣ дастовардҳое дошт ва баъдан омӯзишу пажуҳиши фолклор дар давраи истиқлоли Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт. Ӯ дар ҳамин бахш оид ба «Робитаи фолклори тоҷикон бо ҳамзабонон ва миллатҳои дигар» низ сухан мегӯяд, ки барои таҳқиқи оянда хеле муҳим аст. 
    Боби панҷум «Устура, маросим, ҷашн ва фолклор» ном дошта, муаллиф ба таври муфассал роҷеъ ба «Устура – нахустин нишонаи фолклорӣ. Анимизим. Антропоморфизм. Тотемизм. Фетишизм. Магизм», «Маросимҳои мавсимӣ, ҷашнҳо ва фолклор», «Маросимҳои маишӣ ва фолклор: хонадоршавӣ, хатнасур ва мотам», «Маросимҳои гуногун ва фолклор» изҳори андеша мекунад ва ҳар кадоми ин истилоҳ ва мафҳумро дар бахши «дарсҳои 25 то 32» шарҳ медиҳад.
    Боби минбаъдаи китоб «Мафҳуми жанр. Паремиология. Жанрҳои вобаста ба эътиқод» ном дорад. Муаллиф дуруст ишора менамояд, ки ҳоло ҳам баҳсҳо дар атрофи истилоҳи ҷинс, жанр, навъ дар адабиётшиносии дунё идома дорад. Ба андешаи Р.Раҳмонӣ, ин баҳсҳо дар фолклоршиносӣ низ тоза буда, муҳаққиқон жанрҳои нав ба нави фолклориро пешниҳод менамоянд.
    Дар ин ҷо табақабандии муаллиф хеле ҷолиб аст, ки баъзе жанрҳоро  вобаста ба эътиқод медонад. Аз ҷумла, дар «дарсҳои 33 то 40» жанрҳои «устура», «ҳикояи устуравӣ», «дуо», «шугун», «савганд», «афсун», «хоббинӣ», «таъбири хоб»-ро шарҳ медиҳад. Воқеан ҳам матнҳои фолклорӣ дар асоси эътиқоди мардум ба вуҷуд омадаанд ва ҳоло ҳам бисёр роиҷ ҳастанд.
    Дар боби ҳафтуми китоб «Жанрҳои пандовар» («дарсҳои 41 то 44») масал, зарбулмасал, мақол, андарз, нӯшбод, машварат тавзеҳ ёфта, ҷойгоҳи онҳо дар байни мардум бо мисолҳо нишон дода шудааст. Муаллиф боби ҳаштумро «Жанрҳои санҷиши зеҳн» номида,  чистон ва муамморо бо мисолҳо шарҳ додааст. Дар боби нуҳум оид ба «Жанрҳои насрӣ» амсоли афсона, қисса, достони насрӣ, ривоят, ҳикояи гуфторӣ, латифа, лоф изҳори назар шуда,  дар «дарсҳои 49 то 58» оид ба ин жанрҳо ба таври муфассал сухан меравад. Боби даҳуми китоб «Жанрҳои назмӣ» (“дарсҳои 59 то 64”) ном дошта, дар он роҷеъ ба байт, дубайтӣ, рубоӣ, чормисраӣ, себайтӣ, ғазали шифоҳӣ, суруд, тарона, бадеҳа, даргилик маълумоти возеҳ дода шудааст.
    Дар боби ёздаҳум «Жанрҳои намоишӣ» («дарсҳои 65-68») оид ба истилоҳи “намоишӣ” баҳс шудааст. Ба қавли профессор Р.Раҳмонӣ, ин гуна матнҳоро касе наменавишт, балки аз ҷониби ҳамон иҷрогарон ба таври шифоҳӣ бадоҳатан таҳия ва аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ иҷро мешуданд. Онҳо дар қолаби матнҳои суннатии пешин ба таври гуфторӣ намоиш дода мешуданд. Иҷрогарони бесавод матнҳои худро дар ёд гирифта, аз тариқи гуфторӣ аз насл ба насл интиқол медоданд. Дар раванди иҷро матнро тибқи ҳамон муҳит бадоҳатан дигар мекарданд. Ин навъ матнҳо дар лаҳзаҳои шодмонӣ, тӯй, ҷашнҳо барои хушнудии мардум иҷро мегардид ва онҳо бо шӯхӣ, ханда, ширинкорӣ, масхарабозӣ якҷо буданд.» (саҳ. 358) Муаллиф дар ин бахш оид ба жанри «чодархаёл» ва «аския» бо мисолу  далелҳо баҳс намуда, барои хонанда маълумоти ҷолибу муҳим пешниҳод менамояд.
    Боби 12-ум фарогири «дарсҳои 69 то 78» буда, аз боби «Фолклори кӯдакон ва наврасон» баҳс менамояд. Дар ин дарсҳо дар бораи вижагӣ, гирдоварӣ, нашр ва пажуҳиш, ҷойгоҳи алла дар парвариши кӯдак, матнҳои бузургсолон барои хурдсолон, матнҳо дар гуфтори хурдсолон ва наврасон, матни бозиҳо, тезгӯякҳо бо мисолҳои ҷолиб сухан гуфта шудааст.
    Боби минбаъдаи  китоб «Ҳамоса ва ҳамосасароӣ» унвон дошта, «дарсҳои 79 то 84»-ро дар бар гирифтааст. Дар ин боб роҷеъ ба ҳамоса, насри ривоятӣ, «Шоҳнома» дар байни мардум, «Гӯрғулӣ» ва гӯрғулисароён баҳс шудааст. Қабули зикр аст, ки чанде пеш худи профессор Р.Раҳмонӣ намунаи матнҳои достонҳои «Шоҳнома»-ро аз байни мардум гирд оварда, дар маҷмуаи «Шоҳнома» дар байни тоҷикон» (2017) ба нашр расонида буд. 
Ӯ дар ин бора мегӯяд: «Тибқи мушоҳидаи мо, то охири садаи бист дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна шоҳномахонӣ ва нақлҳое аз «Шоҳнома» дар бораи «Сом», «Золи Зар», «Рустами Достон», «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш», «Рустам ва Исфандиёр», «Афсонаи Афросиёб», «Камони Рустам», «Рустам ва Искандар» ва амсоли инҳо роиҷ будааст. Достони «Рустам ва Барзу» («Барзуи деҳқон ва Рустами Достон», «Барзу ва Рустам») агарчи аз Фирдавсӣ нест, дар байни тоҷикони баъзе минтақаҳо (Бойсун, Панҷакент, Ҳисор, Турсунзода, Варзоб, Айнӣ) ҳамчун достони «Шоҳнома» то ба имрӯз дар зеҳни мардум боқӣ мондааст.» (саҳ. 432) 
    Дар идомаи ин бахш муаллиф оид ба ҳамосаи «Гӯрғулӣ», гӯрғулисарёни машҳур ва вежагиҳои достонҳои он, тарзи иҷро, робитаи ин ҳамоса бо ҳамосаи мардуми туркзабон сухан мегӯяд. Таъкид мешавад, ки достонҳои силсилаи «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ дар шакли назм суруда шуда, аз мардуми турктабор бо насру назм гуфта шудаанд. Ҳамчунин ҳамосаи тоҷикӣ дар асоси афсонаҳо ва достонҳои пешинаи тоҷикон суруда шудаанд.
    Маълум аст, ки адабиёти гуфторӣ ва адабиёти навишторӣ, яъне адабиёти бадеӣ пайвастагии ногусастанӣ доранд. Тавре зикр шуд, баъди ба вуҷуд омадани хат низ он то имрӯз идома дорад ва дар оянда низ идома хоҳад дошт. Аз ин рӯ, муаллиф дар боби 14-уми китоб «Муносибати шоирони мардумӣ ва адабиёт ба фолклор» («дарсҳои 85 то 90») ба ин масъала рӯшанӣ меандозад. Ӯ дар ин боб оид ба истилоҳи «шоири халқӣ» ва муродифҳои он баҳс ороста, онро  аз истилоҳи расмии давлатии «Шоири халқии Тоҷикистон» ҷудо менамояд. Дар айни замон дар бораи  шоирони нохондаи боистеъдод, ки дар байни мардуми бесавод зиёд буданд, маълумот дода, сабаби арзи вуҷуд намудани онҳоро бо далелҳо бозгӯ менамояд. Равшан Раҳмонӣ ёдрас мешавад, ки шоирони нохонда як навъ давраи гузариш аз адабиёти гуфторӣ ба адабиёти навишторӣ мебошанд. Дар идомаи ин боб ӯ роҷеъ ба шоирони нохондаи мардумӣ Карим Девона, Бобоюнус Худойдодзода, Ҳикмат Ризо, Юсуф Вафо, Ҳомид Саид, Қурбон Ҷалил, Саидалӣ Вализода, Қурбоналӣ Раҷаб, Давлатшоҳи Помирӣ маълумоти кофӣ  медиҳад.
    Муаллиф дар бахшҳои баъдии китоб дар бораи муносибати адабиёти хаттӣ ва фолклор сухан ронда, аз адабиёти классикӣ, ҳамчун мисол оид ба «Рӯдакӣ ва фарҳанги гуфторӣ» ва аз адабиёти муосир дар бораи «Айнӣ ва фолклор» бо мисолҳои мушаххаса изҳори назар менамояд. Таъкид мешавад, ки чӣ гуна ин адибон аз сарвати бебаҳои фолклорӣ корбурд намуда ва ҳамчун воситаи бадеӣ дар навиштаҳои худ аз зарбулмасалу мақол, устура, афсона, суруд ва монанди инҳо ҳадафмандона ва бомаврид истифода кардаанд.
    Боби 15-уми китоб  фарогири «дарсҳои 91 то 96» буда, унвони он «Пажуҳандагони фолклори тоҷикон» аст. Тибқи мушоҳидаи Равшан Раҳмонӣ, дар тӯли қариб сад сол дар Тоҷикистон дар ҷодаи таҳқиқи фолклор ҳамагӣ  9 доктори илм ва 35 номзади илм ба воя расидаанд, ки чанде аз инҳо адабиётшинос мебошанд ё аз рисолаҳои илмиашон дифоъ накардаанд. Муаллиф дар бораи фаъолияти илмии ҳамаи мутахассисони фолклоршиноси кишвар ба таври мухтасар бошад ҳам, маълумоти саҳеҳ медиҳад.
    Ҳамин тавр, “Фолклори тоҷикон: дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ” аввалин китоби дарсиест, ки дар он ба таври муфассал  дар 96 дарс бо истифодаи беш аз 850 асари илмӣ, ҳамчунин бо  нишон додани маъхази аслии асарҳои илмӣ дар бораи таърихи пешинаи фолклори тоҷикон ва пайвастагии он бо фолклори ҷаҳон сухан меравад. Муаллиф тамоми гуфтаи худро бо мисолҳо, санадҳо ва бо нишон додани саҳфаи сарчашмаҳо таъид мекунад, ки  барои муҳаққиқи оянда  роҳнамои муносиб мебошад.
   Бидуни тардид, китоби «Фолклори тоҷикон: дарсҳо аз адабиёти гуфторӣ» яке аз дастовардҳои бисёр арзишманди фолклоршиносӣ дар давраи истиқлоли Тоҷикистон буда, на фақат барои донишҷӯёну фолклоршиносон, балки барои мардумшиносон, адабиётшиносону лаҳҷашиносон низ хеле муфид ва омӯзанда мебошад. Ҳамчунин китоби мазкур барои кулли мутахассисони соҳаи фарҳанги анъанавӣ баҳри дарки масъалаҳои илмии муносибати адабиёти навишторӣ ва адабиёти гуфторӣ, пайвастагии онҳо бо расму оину суннатҳои мардумӣ сарчашмаи муфиду боэътимоди илмӣ мебошад.

1. Раҳмонӣ  Р.  Фолклори  тоҷикон:  дарсҳо  аз  адабиёти гуфторӣ. -Душанбе:  “МДМТ”,  2021.  -  544  саҳ.  –С.8-9. (Минбаъд   дар  матн  ба  саҳифаҳои ҳамин  китоб  ишора мешавад.)
2. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим , асри миёна ва давраи нав. –Душанбе, 2020. - 976 саҳ. –С.38. 

 

  • Дида шуд: 160

ТАВАҶҶУҲ

<h2 style="text-align:center">Обуна-2022</h2> <h2 style="text-align:center">Хонандагони азиз!</h2> <p><em><strong><span style="font-size:16px">Шумо чиро донистан мехоҳед:<br /> Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? <br /> Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?<br /> Такмили маҳорати касбӣ?<br /> Маводи хуби методӣ?...</span></strong></em></p>

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj