Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Яке аз роҳҳои васеъ ва мустаҳкам намудани доираи дониши хонандагон доир ба ин ё он фанни таълимӣ гузаронидани корҳои беруназсинфӣ, яъне баргузории ҳар гуна маҳфилҳои илмиву маърифатӣ мебошад. Маҳфилҳо дар инкишофи тафаккур ва нутқи шифоҳии хонандагон нақши босазо мегузоранд. Мо тарзи баргузории як маҳфилро роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно  Ҷалолуддини Балхӣ ба ҳамкасбони азиз пешниҳод менамоем.
Пеш аз ҳама хонандагони синфҳои 9-ро, ки ҳаёт ва фаьолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин синф омӯхта мешавад, огоҳ менамоем, ки  мақсади гузаронидани маҳфил аз боби ҳаёт ва эҷодиёти ин адиби мутафаккирро дорем. Аз ҳар синф 10-нафарӣ интихоб намуда, ба ҳар синф супориши алоҳида медиҳем. Онҳо бояд суханронии худро рангин ва аз ҷиҳати илмӣ пурмазмун гардонанд. Мавзуъҳо ба таври зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Синфи 9 “а” "Ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ".
2. Синфи 9 “б” "Мероси адабии Мавлонои Балхӣ".
3. Синфи 9 “в” "Суханони бузургон дар бораи  Ҷалолуддини Балхӣ”.     4. Синфи 9 “г”  "Мавзуи инсонпарварӣ дар эҷодиёти Мавлонои Балхӣ”.
5. Синфи 9 “ғ” "Маълумот дар бораи рубоӣ. Мавқеи рубоӣ дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”.
Маҳфил дар толори муассиса бо иштироки меҳмонҳо баргузор мегардад. Толор мувофиқи мавзуъ бо акси шоир, китобҳо, рефератҳо, расмҳои кашидаи хонандагон оро дода шуда, " Кроссворд"-и пешакӣ омодашуда низ овехта мешавад.
Маҳфил бо қироати шеъре аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз тарафи хонандагон оғоз мешавад. Пас аз итмоми суруд муаллим баъди адои салом ба ҳозирон моҳияти маҳфилро фаҳмонида, қайд мекунад, ки он ба таври озмун намегузарад, аммо иштирокчиёни беҳтарин бо ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.
Боз омад, боз омадам, аз пеши он ёр омадам,
Дар ман нигар, дар ман нигар, баҳри ту ғамхор омадам.
Шод омадам, шод омадам, аз ҷумла озод омадам,
Чандин ҳазорон сол шуд, то ман ба гуфтор омадам.

Дар аввал хонандагони синфи 9 “а” аз рӯйи барномаи зерин суханронӣ мекунанд:
1. Маълумот дар бораи ҳаёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
2. Қироати ғазали "Рав сар бинеҳ ба болин" бо ин ззоҳот, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бемор буд ва хама ёру дӯстон дар канораш буданд. Писараш Султон Валад бисёр ғамгин буд ва аҳволи ӯро дида, ин ғазалро мехонад.
3. Қироати ғазал:
Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад.
Гумон макун, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.
Барои ман магирйю  магӯ дареғ-дареғ.
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад...

4. Хонандагон аз эҷодиёти Мавлоно шеърҳо қироат мекунанд.
5. Намоиши саҳнача аз ҳаёти Мавлонои Балхӣ.
Хонандае сабаби тарки Ватан кардани оилаи Ҷалолуддини Балхиро ба тариқи кутоҳ гуфта медиҳад. Яъне аз сабабҳои он тохтутоз ва хунрезиҳои беамони муғулҳо буд, ки ба сари халқ оварда буданд.
Ба саҳна падар бо писари 5-6-солаи худ ворид мешавад. Онҳо мувофиқ ба ҳамон давру замон либос ба бар кардаанд.
Писар: - Падарҷон, ин кадом шаҳр аст? Мо барои чӣ ба ин ҷо омадем?
Падар: - Писарам, ин шаҳри Нишопур аст ва дар ин ҷо олиму орифи машҳур Шайх Аттор зиндагӣ мекунад ва мо бояд ӯро зиёрат намоем.     Падару писар аз саҳна баромада мераванду ба саҳна Шайх Аттор китоб дар даст ворид мешавад. Ӯ дар ҷойи пешакӣ тайёршуда, ки қолинча ва китобмонак дорад, нишаста китоб мехонад ва баъзан чизе менависад. Дар ин вақт ба саҳна ходим ворид шуда, хабар медиҳад:
- Ба зиёрати Шумо аз шаҳри Балх мухлисатон Баҳоуддин Валад омадаанд. Шайх Аттор аз ҷояш нимхез шуда мегӯяд:
- Гӯед, марҳамат намоянд.
Ба саҳна падару писар ворид мешаванд.
Шайх Аттор чанд қадам пеш монда, бо онҳо вохӯрӣ менамояд: -Хуш омадед, дӯстам, қадаматон болои дида.
Онҳо паҳлуи ҳам нишаста, суҳбат менамоянд.
Хонандае ба саҳна баромада маълумот медиҳад:
-Баҳоуддин бо аҳли оилааш чанд рӯз меҳмони Шайх Аттор буданд ва инак, рӯзи видоъ фаро мерасад.
Баҳоуддин мегӯяд: - Дӯстам, ин чанд рӯзе, ки  меҳмони Шумо будем, аз суҳбат бо шумо дилгарм шудем ва як ҷаҳон маънӣ гирифтем.
Акнун ба мо иҷозаи рафтан диҳед, нияти зиёрати Каъба дорем.
Ӯ аз ҷой мехезад. Шайх Аттор низ сари по шуда мегӯяд:
- Эй дӯсти азиз, ҳузури Шумо ва  писаратон барои ман хеле гуворо буд. Ман дар симои писари Шумо - Муҳаммад нури маърифатро мебинам. Хоҳиш дорам дар таълиму тарбияи ӯ кӯтоҳдастӣ накунед, албатта, ба куллаҳои мурод мерасад ва чароғи нурпоши роҳи ҳақиқат мешавад. Ана ин китоби "Асрорнома" аз ман ба ин писар туҳфа.
Ӯ китобро аз дасти ходим гирифта, ба писар тақдим менамояд.
Онҳо  якдигарро ба оғӯш гирифта, хайрухуш менамоянд.
Муаллима ба хонандагони синфи 9 “а” аҳсан гуфта, бо суханони Лоиқ Шералӣ навбати хонандагони синфи 9 "б"-ро эълон менамояд.
Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст.
Ин қадар аз худ марав, пеш аз ту Ҳофиз будааст.
Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,

Бештар бар Мавлавии Балх ҷоиз будааст.
1. Маълумот доир ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ.
2. Нақли як ҳикоя аз асари насрии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ "Фиҳӣ мо фиҳӣ".
3. Маълумот дар бораи "Девони Кабир" ва қироати як ғазал.
4. Маълумот доир ба "Маснавии маънавӣ" ва қироати шеъре аз ин асар.
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад...

Дар вақти қироати шеър шахсе ба саҳна мебарояд ва ба сӯйи найзор (дар як гӯшаи саҳна манзара, яъне найзор тайёр шудааст) меравад. Вай аз он ҷо гӯё найро бурида мегирад ва каме менавозад.
5. Суруд дар иҷрои хонандагон "Дидам нигори худро... ".
Муаллима ба суханронии хонандагон баҳогузорӣ намуда, навбатро ба хонандагони синфи  9 “в”-ро бо мисраҳои зерин  медиҳад:
Он Фаридуни ҷаҳони маьнавӣ,
Бас бувад, бурҳони зоташ Маснавӣ.
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.

1. Хонандагони  синфи 9 “в” ба саҳна баромада, суханони бузургонро дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба саъми ҳозирон мерасонанд.
2. Аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ байтбарак мекунанд.
3. Ҳама якҷоя мисраҳои зеринро мехонанд: Маснавии маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ.
Муаллим ба маърузаи хонандагони синфи 9 “в” офарин гуфта, хонандагони синфи 9 “г”-ро ба саҳна даъват менамояд:
Аблаҳон таъзими масҷид мекунанд,
Бар ҷафои аҳли дил ҷид мекунанд.

Хонандагон  бо навбат ғазалҳои марбут ба инсонпарвариро аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ қироат мекунанд.
Гарам симу дирам будӣ, маро мунис чӣ кам будӣ?
В-агар ёрам фақир астӣ, зи зар фориғ чӣ ғам будӣ?

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?
Эй қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!
Маъшуқ  ҳамин ҷост, биёед, биёед!

Зимни қироати ғазалҳо хонандае расми "Каъба"-ро ки худи хонандагон кашидаанд, дошта меистад. Як гурӯҳ хонандагон либосҳои сафед пӯшида, бо маром дар толор то тамом шудани шеърхонӣ ҳаракат мекунанд. Дар анҷом ҳама якҷоя мисраҳои зеринро мехонанд:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили Озар аст,
Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст.

Муаллим ба хонандагони синфи 9 “г” таҳсин гуфта, бо қироати рубоие аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ хонандагони синфи 9 “ғ”-ро ба саҳна даъват менамояд:
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.

1. Хонандае дар бораи жанри рубоӣ ва мавқеи он дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маълумот медиҳад.
2. Хонандагон бо навбат аз эҷодиëти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рубоӣ қироат менамоянд.
3. Хонандае ғазали бо санъати ширу шакар, яъне бо забонҳои  форсӣ-туркӣ навиштаи шоирро  қироат менамояд: Донӣ, ки ман зи олам ялгуз сани севарман, Гар дар барам наёӣ, андар ғамат уларман...
4. Хонандагон суханронии худро бо ин сатрҳои Саъдии Шерозӣ ҷамъбаст менамоянд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯнам зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Бо ҳамин суханронии хонандагон ба анҷом мерасад. То анҷоми маҳфил бояд ҷавобҳои кроссворд пешниҳод шуда бошанд ва муаллима ғолиби онро муайян месозад. Дар охир сарвари муассиса ба масъулини маҳфил ва хонандагон барои ташкили чунин маҳфили хотирмон арзи сипос менамояд.

• Дида шуд: 32

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj