Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

ЗАМИН ВА КАЙҲОН

    1. Мақоми Замин дар низоми Офтоб

    Низоми ситораҳое, ки ба он Офтоб ва сайёраҳои он дохил мешаванд, Галактика меноманд. Галактика низоми кайҳонӣ буда, Роҳи Каҳкашонро дар бар мегирад, ки ба он 100 млрд. ситораҳо, маҷмуи ситораҳо, туманнокиҳои газу ғубор, атомҳои алоҳида, ҳиссачаҳо ва моддаҳои байниситорагӣ мансуб мебошад. 
    Галактика шакли линзамонанд дошта, бурриши кундалангии он 100 ҳазор ва ғафсиаш дар марказ ба 12 ҳазор соли равшанӣ баробар мебошад.
    Низоми Офтоб аз маркази Галактика дур воқеъ гаштааст, ки бо 30 ҳазор соли равшанӣ баробар аст. Галактикаи мо хосияти спиралӣ дорад ва дар атрофи меҳвари худ чун осиёб (ба муқобили ақрабаки соат) давр мезанад. Низоми Офтоб атрофи Галактикаро дар давоми 180 млн. сол давр зада мебарояд, ки онро соли галактикӣ меноманд. Галактика аз зерсистемаҳои тафовутнок иборат аст. 
    Низоми Офтоб ҳам аз сайёраҳои заминмонанд (Уторид, Зуҳра, Миррих) ва бузургҷусса, шихобпораҳо, зузанабҳо иборат мебошад. Сайёраи Замин аз ҷиҳати бузургӣ нисбат ба дигар сайёраҳо мавқеи миёнаро ишғол намуда, атрофи онро атмосфера, гидросфера, литосфера ва биосфера фаро гирифтааст.
    Аввалин ғояи илмии космогенӣ (яъне пайдоиши замин, сайёраҳо ва дигар қисмҳои таркибии низоми Офтоб) аз тарафи олими олмонӣ И.Конт ва олими фаронсавӣ П.Лаплас новобаста ба ҳамдигар дар асри XVIII ва чанде дигарон баён кардаанд, ки ин ҷисмҳо аз чангу ғубори тасфон пайдо шудаанд. 
    Дар нимаи аввали асри XX олими шуравӣ О.Ю.Шмидт ва пайравони ӯ фарзияи пайдоиши сайёраҳоро кор карда баромаданд, ки сайёраҳо, аз ҷумла, Замин аз чангу ғубори сард пайдо шуда, баъдан зери таъсири таҷзияи моддаҳо (элементҳои радиоактивӣ) ва энергияи Офтоб тасфида, гарм шудаанд.
    Олимон синни Галактикаро ба 10 млрд. сол, низоми Офтобро ба 5 млрд. сол, Заминро ба 4,7 млрд. сол, биосфераро ба 3 млрд. сол ва пайдоиши инсонро тақрибан ба 2,5-3 миллион сол баробар меҳисобанд.
    Офтоб аз ҷиҳати бузургӣ ва масса ситораи миёнамиқёс буда, дар атрофи он нуҳ сайёраи калон аз қабили Уторид, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун, Плутон ва ҳазорҳо сайёраи хурд (астероидҳо), шиҳобпораҳо, зузанабҳо давр мезананд.
    Замин аз маркази ин низом сайёраи сеюм буда, дар байни Миррих ва Зуҳра воқеъ гардидааст. Аз рӯйи хусусиятҳои физикию химиявиашон Уторид, Зуҳра, Замин ва Миррихро сайёраҳои гурӯҳи заминӣ ё дохилӣ меноманд, зеро онҳо ба Офтоб наздик буда, массаи нисбатан кам ва зичии калон (3,8 – 5,5 г/см3) доранд. Сайёраҳои гурӯҳи заминӣ дар атрофи меҳварашон бо суръати нисбатан сусттар (аз 24 соат то 248 шабонарӯз) чарх мезананд. Сайёраҳои азим ё берунӣ (Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун) массаи калону зичии кам доранд ва дар атрофи меҳварашон бо суръати тез (шабонарӯзашон ба 10-15 соат баробар аст) давр мезананд. Сайёраи нуҳум – Плутон, ки нисбат ба дигар сайёраҳо дуртар воқеъ гардидааст, саҳеҳ омӯхта нашудааст. Ба ақидаи астрономҳо, дар паси Плутон боз сайёраҳои дигар мавҷуданд. Яке аз тафовутҳои дигари сайёраҳои дохилӣ ин баланд будани ҳарорати атмосфериашон мебошад. Ҳарорати атмосфераи сайёраҳои бузург паст, ғафсии калон доранд, магнитосфера, гидросфера ва биосфера надоранд. Сайёраи Замин дорои литосфера, гидросфера, атмосфера, биосфера, магнитосфера буда, дар он табақаи географӣ ташаккул ёфтааст. Ҳарорати сатҳи Замин нисбат ба сайёраҳои дохилӣ муътадил, вале нисбат ба сайёраҳои берунӣ баланд буда, барои мавҷудияти ҳаёт созгор мебошад. 
            2. Шакл ва бузургии Замин 
    Тасаввурот дар бораи шакл ва андозаҳои Замин баробари инкишофи ҷамъияти инсонӣ ва илм тағйир ёфт ва ниҳоят тавассути далелҳои шайъӣ ва ченкуниҳои саҳеҳ равшан карда шуд.
    Дар асри V-и пеш аз мелод шакли Заминро ба паҳн ва бо диска (курс) монанд меҳисобиданд. Дар асри IV-и пеш аз мелод Пифагор оид ба курашакл будани Замин изҳори ақида намуда буд. Мувофиқи ақидаи Пифагор, “ҳамаи ашё дар табиат бояд мувофиқ ва мукаммал бошад. Замин низ бояд мукаммал бошад”. Аз ҳама шаклҳои геометрӣ мукаммалтаринаш кура аст. Яъне Замин бояд шакли кура дошта бошад. Мамематики Мисри Қадим Эратосфени Киренӣ, ки дар асри III-и пеш аз мелод зиндагӣ кардааст, аввалин маротиба радиуси кураи Заминро ба андозаи 6311 км ва хати устувои онро 40 ҳазор км ҳисоб карда буд. Донишманди беҳамто Абурайҳони Берунӣ низ беш аз 1000 сол қабл глобус (тамсила)-и илмӣ сохта, радиуси Заминро 6367,45 км муқаррар карда буд, ки ин нисбат ба ҳисобҳои замони мо кам фарқ мекунад. Муқаррар намудани шакли куравии Замин ва бузургии он аҳамияти калони илмӣ ва ҷаҳонбинӣ дошт. Далелҳои курашакли Замин аз инҳо иборатанд: доирашакл будани қисми ба назар намоёни уфуқ; мунтазам намудор гаштани ашёи аз дур дар уфуқи баҳр ё хушкӣ пайдошуда; имконияти саёҳати даври оламӣ; шакли доиравӣ гирифтани сояи Замин дар қурси Моҳ; тағйир ёфтани тарҳи осмон тӯли вақт; кайҳоннавардон аз баландии 250-300 км парвоз нашуда, Заминро муоина намуданд ва расм гирифтанд, чун Моҳ доирашакл менамояд. 
    Курашакл будани Замин аҳамияти муайяни табиату хосиятҳои он гардидааст: шакли куравӣ доштани Замин ва бузургии маълум доштани он имкон медиҳад, ки моддаҳо дар дохили он қабат-қабат ҷойгир шаванд, дигар ин, ки ҷозиба ва пайвастшавии моддаҳо ба амал меояд; шакли куравӣ доштани Замин боиси як қатор хосиятҳои геологӣ, геофизикӣ, географӣ, давргашти обу ҳаво, паҳншавии гуногуни мавҷудоти зинда ва равандҳои табақаи географиро муайян мекунад; шакли куравӣ доштани Замин майдони гровитатсиониро пайдо кардааст; нурҳои Офтоб дар ҳама қисмҳои сатҳ бо кунҷи баробар намеафтанд; рӯзу шаб ва ҳарорати ҳаво дар ҳама ҷо як хел намешавад; шакли куравӣ доштани Замин боиси дифференсатсияи табақаи географӣ гашта, сабаби пайдоиши зонаҳои табиӣ гаштааст.
    Таҳқиқоти олимон дар солҳои охир нишон дод, ки Замин пурра шакли куравӣ надошта, ба сфероид (бо элеписоид наздик) монандӣ дорад. Шакли Замин зери таъсири ду қувваи бузург – ҷозибаи марказшитоб ва марказгурез  - ба амал омадааст, аз ин рӯ, он бояд шакли сфероид гирад, яъне курае, ки қутбҳояш андак хамида ва қисми экваториаш каме барҷотар бошад. Воқеан чунин аломатҳоро ченкуниҳо собит намуданд. Радиуси экваторӣ (нимтири калон) ба 6378,160 км, радиуси қутбӣ (нимтири хурд) ба 6356,777 км баробар мебошад. Аз ин рӯ, сфероид бузургии зерин дорад:           

        дарозии меридиан – 40008,5 км;  
        дарозии экватор – 40075,7 км; 
        сатҳи Замин – 510200000 км мураббаъ; 
        ҳаҷми Замин - 1683∙1012 км3; массаи Замин - 5∙970х109 триллион тонна.Шакли сфероид доштани Замин ва тектоника ва аз ин рӯ, ба релйеф (сохти сатҳи Замин) таъсир расонидааст.
    Дар ташаккули шакли Замин инчунин ҷойгиршавии моддаҳо (унсурҳо)-и вазнин ва сабук таъсир расонидаанд. Яъне моддаҳои вазнин ба марказ ва сабук ба сатҳи Замин мебароянд. Аз ин рӯ, ташаккули сатҳи Замин ҳоло давом дорад. Аз он ки кураи Замин шакли хоси геометрӣ надорад, дар он хамиҳои уқёнусӣ ва барҷастаҳои материкӣ мавҷуданд, яъне ба мисли тӯби футбол баробар ҳамвор нест, балки шакли ба худ хос дорад, онро геоид меноманд.
    Муқоисаи Замин бо дигар сайёраҳои низоми Офтоб нишон дод, ки шакл ва бузургии Замин имконият медиҳад, ки зери таъсири ҷозибаи худ атмосфера ва гидросфераро нигоҳ дорад. Аз ин хотир табиати сатҳи Замин нисбат ба дигар сайёраҳо ба куллӣ фарқ мекунад. 
        3. Ҳаракати Замин ва оқибатҳои географии он 
    Замин 12 шакли ҳаракат дорад, вале аз онҳо се шакли ҳаракат аҳамияти бузурги географӣ доранд. Инҳо ҳаракати шабонарӯзии Замин дар атрофи меҳвари хаёлиаш; ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб; ҳаракати сайёраҳои дугона – Замину Моҳ.
    Ҳаракати шабонарӯзии Замин дар атрофи тири хаёлиаш нисбат ба ҳамвории эклиптика рост набуда, андаке моилтар аст (ва он ҳар сол 47 сония кам мешавад) ва тақрибан 230-ро ташкил медиҳад. Ин кунҷ ҳангоми дар атрофи Офтоб давр задан доимӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми ҳаракати шабонарӯзии он ба ҳодисаҳои табиат сифати нав бахшида, боиси пайдоиши ҳодисаҳои нав мегардад. Ҳаракати Замин дар атрофи меҳвараш аз ғарб ба шарқ баръакси ҳаракати ақрабаки соат ба амал меояд. 
    Давомнокии шабонарӯзии Замин ба 23 соату 56 дақиқаву 4 сония баробар аст. Вақти шабонарӯзӣ – субҳидам, рӯз, бегоҳӣ (шом) ва шаб дар меридианҳо (тӯл) гуногун аст, яъне дар ҳама ҷо шаб ва рӯз баробар иваз намешавад. Барои муътадилии кор аз вақти минтақавӣ истифода мебаранд. Паҳнии ҳар як минтақа 150-ро дар бар мегирад. Як минтақа аз минтақаи ҳамсоя як соат фарқ мекунад, дар тарафи минтақаи шарқ як соат барвақт, дар ғарб бошад, як соат дертар ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми ба минтақаҳои соатӣ тақсим намудани кураи Замин на ҳамеша хатти меридиан, балки сарҳадҳои маъмурӣ ва ҳудудҳои географӣ, кӯҳҳо, дарёҳо ва ғайра ба инобат гирифта мешаванд.
    Тири хаёлие, ки аз маркази массаи Замин мегузарад ва дар атрофи он Замин давр мезанад, меҳвари Замин меноманд. Нуқтаҳои сатҳи заминии меҳварӣ заминро қутбҳои географӣ (шимолӣ ва ҷанубӣ) меноманд.
    Хатте, ки аз байни қутбҳо дар масофаи баробар дар шакли уфуқӣ (арзӣ) мегузарад, хатти экватор (устуво) меноманд. Доираҳои хурде, ки нисбат ба экватор мувозӣ гузаронида мешавад, паралелҳо ва ё арзи географӣ меноманд. Ба таври дигар, арзи географӣ гуфта, бузургии камони мередиан бо градус аз экватор то маҳалли додашударо меноманд.
    Хатҳое, ки қутбҳоро дар сатҳи Замин мепайванданд (доираи калон) меридиан (тӯл) меноманд. Бо тарзи дигар, тӯли географӣ гуфта, бузургии камони хатҳои мувозӣ (параллел)-ро бо градус аз меридиани ибтидоӣ то маҳаллӣ додашударо меноманд. Тӯли географӣ аз меридиани ибтидоӣ ба шарқ ва ба ғарб то ба 1800 меафзояд. Арзи географӣ аз экватор (00) ба самти қутбҳо то ба 900 меафзояд.
    Дар кураи Замин нишонаи табиии меридиани ибтидоӣ нест. Ҳоло аз рӯйи маслиҳати байналхалқии олимон меридиане, ки аз болои Гринвич (Лондон) мегузаштаро меридиани ибтидоӣ (00) қабул кардаанд.
    Мавқеи ашё дар харита, глобус ва маҳал тавассути шабака (координат)-и географӣ, яъне ба воситаи арз ва тӯл муайян карда мешавад.
    Дар атрофи меҳвари хаёлӣ давр задани Замин боиси пайдоиши чандин ҳодисаҳои табиӣ мегардад: шаб ва рӯз ба амал меояд, яъне торикӣ ва равшанӣ якдигарро иваз мекунанд. Дар натиҷаи таҳаввул фаъолияти физиологии олами наботот ва ҳайвонот ба тағйироти шабонарӯзӣ мувофиқ гаштаанд (фотосинтез, хоб ва бедорӣ, кор ва истироҳат). Мавзуният (ритм)-и шабонарӯзиро равшанию торикӣ муайян мекунад («соати биологӣ»), тақсимшавии ҳуҷайра, нафаскашӣ ва ғайра. Вобаста ба фаслҳои сол давомнокии шаб ва рӯз аз хатти экватор ба самти қутбҳо тағйир ёфта меистад ва он боиси гармию хунукии ҳаво мегардад. 
    Ивазшавии шаб ва рӯз ба табиати ғайризинда низ таъсир мерасонад: гармшавии ҷинсҳои кӯҳӣ боиси фарсоиш, тағйирёбии ҳарорати кӯлу баҳрҳо, рӯду дарёҳо, ҳарорати ҳаво ва пайдоиши шабнаму қирав мегардад.
    Таъсири дигари ҳаракати Замин дар атрофи меҳвараш боз аз он иборат аст, ки фазои географиро ба тарафҳои росту чап ҷудо мекунад. Ҳаракати ҷисмҳо дар нимкураи шимолӣ ба тарафи рост, дар нимкураи ҷанубӣ ба тарафи чап майл медиҳад. Дарёҳои нимкураи шимолӣ соҳили рост, вале ҷанубӣ соҳили чапашонро бештар мешӯянд. Ин ҳодиса бо номи қувваи кориолис  маълум аст (Г.Кориолич соли 1835 ин ҳодисаро кашф намуда буд). Қувваи кориолис дар экватор ба сифр (0) баробар аст. Қувваи кориолис дар ҷараёнҳои уқёнусӣ, анбӯҳҳои ҳаво, моддаҳои ядроии Замин, парвозҳои баллистикӣ (ракетаҳо) низ таъсир мерасонад. 
    Ҳаракати Замин ва курашаклии он дар зери таъсири радиатсияи Офтоб (равшанӣ ва гармӣ) боиси пайдоиши зонаҳои табиӣ гардидааст.
    Ҳаракати Замин инчунин боиси ташаккули шакли сайёра ва ҷойгиршавии масса дар ҷисми Замин гардидааст.
    Зери таъсири ҳаракати даврзании Замин ҷараёни бетартиби болобароянда ва ё поёнфароянда ҳаракати тобхӯрии мурватӣ (спиралӣ)-ро мегирад. Аз ин рӯ, дар нимкураи шимолӣ тобхӯрии мурувати ба чап дар ҷануб самти ростро мегирад. Ба ин қонуният анбӯҳи ҳаво, анбӯҳи об ва моддаҳои ядроии Замин итоат мекунанд. 
        4. Ҳаракати солонаи Замин дар гирди Офтоб  ва оқибатҳои географии он 
    Замин гирд (атроф)-и Офтобро дар давоми 365 шабонарӯзу 6 соату 9 дақиқаю 9 сония як маротиба пурра давр зада мебарояд, ки онро соли ситорагӣ  меноманд. Муҳлате, ки Замин аз баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ то ба ин баробаршавӣ боз гашта омадан сарф мешавад, ба 365 шабонарӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония баробар аст, ки онро соли тропикӣ  меноманд ва он аз соли ситорагӣ тақрибан 20 дақиқа кӯтоҳтар мебошад.
    Роҳи ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб элеписшакл буда, дар яке аз фокусҳо (марказток)-и он Офтоб воқеъ гаштааст. Аз ин лиҳоз масофаи байни Офтоб ва Замин дар давоми фаслҳои сол ҳамеша тағйир меёбад.
    Замин дар 3 январ ба Офтоб аз ҳама наздиктар қарор мегирад ва он гоҳ масофаи байни онҳо ба 147 миллион километр ва 5 июл аз ҳама дур шуда, ба 152 миллион километр мерасад. Дарозии орбита (роҳи ҳаракати Замин дар гирди Офтоб)-и Замин 940 миллион километр аст. Суръати ҳаракати Замин дар тай намудани ин роҳ бо 107 ҳазор километр соат ва ё ба 29,8 км/сония баробар мебошад. Дар афелей (нуқтаи аз Офтоб дур будан) суръати ҳаракати Замин ба 29,3 км/ сония, дар перигелий то ба 30,3 км/сония мерасад.
    Фосилаи вақте, ки дар давоми он Замин атрофи Офтобро давр зада мебарояд, сол меноманд. 
    Меҳвари хаёлии Замин нисбат ба ҳамвории роҳи ҳаракаташ кунҷи 660 33' 15''-ро ташкил медиҳад. Ин кунҷ дар давоми фаслҳои сол бетағйир мемонад, барои ҳамин ҳам фаслҳои сол пайдо мешаванд. Гармиқабулкунӣ, давомнокии шаб ва рӯз дар нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубии Замин мудом тағйир меёбад. 21-уми март ва 23-юми сентябр Замин нисбат ба Офтоб ҳолати миёнаро ишғол мекунад, бинобар он 12 соат рӯз ва 12 соат шаб давом мекунад. 21-уми июн Замин дар нимкураи шимолӣ нисбат ба Офтоб чунин мавқеъро мегирад, ки нурҳои он дар ин фосила на дар экватор перпендикуляр,  балки дар арзи 230 27' рост меафтад, ки онро тропики шимолӣ ва ё доираи баргашт меноманд. 
    Дар санаи 21-уми июн дар нимкураи шимолӣ на фақат қутби шимолӣ, балки то арзи (ба ҷануб) 660 33' тамоми шабонарӯз равшании офтобӣ боқӣ мемонад. Ин хатро доираи қутб меноманд. Дар санаҳои минбаъда аз ин доира дар шимол рӯзҳои қутбӣ давом мекунад. 21-уми июн дар нимкураи шимолӣ рӯзи дарозтарин ва шаби кӯтоҳтарин ба амал меояд. 22-уми декабр бошад, дар нимкураи шимолӣ рӯзи кӯтоҳтарин ва шаби дарозтарин ба вуқуъ меояд. Дар нимкураи ҷанубӣ санаҳои дар боло қайдшуда ҳолати баръаксро мегирад. 
    Сол на фақат воҳиди ченкунии вақт, балки давомнокии фаслҳо, тағйирёбии ҳодисаҳои табиат, ивазшавии обу ҳаво, пайдоиш ва ё барҳам хӯрдани пӯшиши барф, тағйирёбии реҷаи обшораи солонаи дарёву кӯлҳо, мавзуният (ритм)-и мавсимии олами набототу ҳайвонот мебошад. Дар табиат ҷисм ва ҳодисаҳое нестанд, ки мавзунияти мавсимиро эҳсос намекарда бошанд.
    Вобаста ба ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб дар сатҳи Замин 7 (ҳафт) минтақаи равшанӣ пайдо шудааст: якум, минтақаи экваторӣ  (якто); дуюм, минтақаи тропикӣ (дуто); сеюм, минтақаи субтропикӣ (дуто); чорум, минтақаи муътадил (дуто); панҷум, шабҳои сафеди тобистона ва рӯзҳои кӯтоҳи зимистона (дуто); шашум, минтақаи назди қутбӣ (дуто); ҳафтум, минтақаи қутбӣ (дуто). Минтақаи дутоӣ, яке дар нимкураи шимолии Замин, дигаре дар нимкураи ҷанубӣ ҷойгир мебошанд.
    Ҳамин тариқ, дар кураи Замин чор минтақаи асосии равшанӣ (экваторӣ, тропикӣ, муътадил ва қутбӣ) ва се минтақаи ғайриасосӣ фарқ карда мешаванд. 
        5. Ҳаракати сайёраҳои дугона – Замину Моҳ. 
Мадду ҷазр,  майдони магнитии Замин ва робитаи кайҳонии Замин 
      Мадд ва ҷазр     
    Ҷисмҳои  ҳаракаткунанда – Офтоб, сайёраҳо ва радифҳои онҳо шакли куравӣ доранд. Чархзании ҷисм бошад, боиси фишурдашавӣ ба самти тири даврзанӣ мегардад. Барои ҳамин ҳам Замин дар қутбҳояш андаке фишурда мебошад. Шакли сайёра, инчунин аз таъсири қувваи мутақобилаи онҳо тағйир ёфта метавонад, яъне деформатсия мешавад. Ҳамон як унсури масса дар маркази Замин назар ба қисми ба тарафи Моҳ нигарони сатҳи он ба Моҳ сусттар ва баръакс, қисми марказии Замин назар ба қисми нимкураи муқобили он бештар кашида мешавад. Дар натиҷа Замин ва хусусан қабати обии он ба ҳар ду тараф қад-қади хатте, ки онро ба Моҳ мепайвандад, меёзад. Дар нуқтаҳое, ки дар хатти Замин – Моҳ мехобад, сатҳи оби баҳру уқёнус аз ҳама баланд мехезад – он ҷо мадд рух медиҳад. Қад-қади доирае, ки ба тири хаёлии аз маркази Замин гузашта ба Моҳ  равонашуда  перпендикуляр аст, сатҳи об аз ҳама паст мефарояд, яъне дар он ҷой ҷазр рух медиҳад.Ҳангоми чарх задани шабонарӯзии Замин дар мавзеъҳои гуногуни он бо навбат ду маротиба мадд ва ду маротиба ҷазр рух медиҳад. Таъсири мадовари Офтоб ба Замин камтар аст. Мадҳои уқёнусӣ то ба 18 метр мерасанд. Ҳанӯз дар асри XI олим, мутафаккир, шоир ва сайёҳи тоҷик Носири Хусрави қубодиёнӣ дар китоби «Сафарнома»-и худ дар халиҷи Форс ҳодисаи мадд ва ҷазро мушоҳида намуда, онро ба қувваи кашиши ба Қамар вобаста шарҳ дода буд. Ҳоло дар як қатор баҳру халиҷҳои уқёнусӣ, ки он ҷо сатҳи оби мадд баланд мехезад, онро дар обанборҳо нигоҳ дошта, неругоҳҳои маддӣ сохтаанд.
    Меҳвари барҷастагиҳои маддӣ бояд ҳамеша ба самти Моҳ равона шуда бошад, аммо Замин ҳангоми чархзаниаш барҷастагии оби маддиро ҳамроҳи худ гардонидан мехоҳад. Азбаски суръати чархзании Замин дар гирду меҳвараш аз суръати гардиши Моҳ дар атрофи Замин хеле бештар аст, Моҳ барҷастагии оби маддро ба тарафи худаш бештар мекашад. Дар байни об ва қаъри уқёнус соиш ба амал меояд. Ин соиш суръати чархзании Заминро суст (оҳиста) мекунад ва дар натиҷа давомоти шабонарӯзии Заминро бо мурури замон дарозтар мегардонад.
    Инчунин зери таъсири мадд мавқеи моддаҳои дохили Замин ҳам тағйир меёбанд. Олимон андешае доранд, ки мадд ба пайдоиши зилзила ва оташфишониҳои вулқонҳо мадад мерасонанд. Пас маддҳо яке аз муҳимтарин омили кайҳонии таҳаввули Замин зери таъсири ҷирмҳои кайҳонӣ мебошад.
    Муқаррар карда шудааст, ки мадд на танҳо дар сатҳи баҳру уқёнусҳо, балки дар сатҳи материкҳо ҳам ба амал меояд ва баландии мадд аз канор (соҳил)-и материкҳо ба мобайнашон бештар мегардад. Баландии мадди материкӣ ба ҳисоби миёна ба 40 см мерасад.
            Майдони магнитии Замин 
    Замин магнити бузург буда, қутби шимолӣ ва ҷанубӣ дорад, вале географии Замин мувофиқат намекунанд ва мавқеашон тӯли солҳои бардавом тағйир меёбад. Солҳои 80-уми асри XX қутби шимолии магнитӣ дар шимолии ҷазираи Гренландия (740  арши шимолӣ ва 1000 тӯли шарқӣ), қутби ҷанубии магнитӣ дар Замини Викторияи Антарктида (680 арзи ҷанубӣ ва 1470 тӯли шарқӣ) воқеъ гардидааст.
    Тавассути хосияти магнитӣ доштани Замин аз қадимулайём одамон 4000 сол қабл дар Чин ва Ҳиндустон аз компас (қутбнамо) истифода мебурданд, дар сатҳи хушкӣ, баҳрнавардон дар сатҳи баҳру уқёнусҳо ва ҳавонавардон дар фазо самти ҳаракаташонро ба низом дароварда, ба нуқтаи даркорӣ омада мерасиданд. 
    Тафовути кунҷи байни қутби географӣ ва магнитиро майли магнитӣ меноманд ва он шарқӣ ва ғарбӣ мешавад. Исбот карда шудааст, ки майдони магнитии Замин дар дохили Замин воқеъ гардидааст ва аз рӯйи Замин то баландии 93000 км таъсир дорад. Бояд гуфт, ки қариб ҳамаи ҷинсҳои кӯҳӣ қобилияти магнитнокшавӣ доранд, вале оҳан, титан, никел, кобалт ва ғайра хубтаранд. Ин хосияти ҷинсҳои кӯҳӣ иктишофи конҳои канданиҳои фоиданокро осон мегардонад.
    Азбаски Замин магнит аст, атрофи онро майдони магнитӣ фаро гирифтааст. Таҳқиқоти кайҳонӣ нишон доданд, ки атрофи Заминро минтақаи радиатсионии пурқувват иҳота кардааст. Ин минтақа аз зарраҳои зарядноки фавқулсуръат -  протону нейтронҳо иборат аст. Онро ҳамчун ин минтақаи зарраҳои баландэнергия меноманд. Минтақаи радиатсионии Заминро ба ду қисми асосӣ дохилӣ ва берунӣ ҷудо кардаанд. Қисми минтақаи дохилии радиатсионӣ аз сатҳи Замин тақрибан ба 500-1000 км ва қисми берунии минтақаи радиатсионӣ дар байни баландиҳои аз 1 то 5 радиуси Замин (6372х5=31860 км) воқеъ буда, асосан аз электронҳо иборат аст, ки энергияашон ба даҳҳо ҳазор электронволт мерасад. Ин нишондиҳанда назар ба энергияи зарраҳои минтақаи дохилӣ 10 маротиба кам мебошад.
    Зарраҳое, ки минтақаи радиатсиониро ба вуҷуд овардаанд, шояд аз тарафи майдони магнитии Замин, аз ҳисоби зарраҳое, ки Офтоб бефосила меафканад, рабуда мешаванд. Ҳангоми таркиш дар Офтоб селаҳои пурзӯртар тавлид меёбанд. Ин навъ таркишҳоро афрӯзишҳои шамсӣ меноманд. 
    Селаи зарраҳои Офтоб бо суръати 400-1000 км/сония ҳаракат карда, тақрибан баъд аз 1-2 рӯзи дар Офтоб шуълавар шудани газҳои тафсон ба Замин омада мерасанд. Чунин селаи пурзӯри корпускулаҳо майдони магнитии Заминро ба ғалаён меоваранд. Тавсифи майдони магнитӣ, ки тӯфони магнитӣ ном дорад, фавран ва пурзӯр тағйир меёбад, ақрабаки компас ба лаппиш меояд. 
Ионосфера ба ғалаён омада, радиоалоқаро вайрон мекунад, дар баландиҳои аз 80 то 1000 метр фаҷри қутбӣ  ба вуҷуд меояд. Фаҷри қутбӣ аз ба ҳам бархӯрдани селаҳои гуногунзаряднок - электрону протонҳо ва атому молекулаҳо рух медиҳад. Гуногунрангии фарҷи қутбӣ ба гуногунии газҳои атмосфера алоқаманд аст.
    Муайян карда шудааст, ки зуҳуроти тӯфони магнитӣ даври 27- шабонарӯзӣ дорад, ки ба гардиши шабонарӯзии Офтоб (Офтоб дар 27 шабонарӯзи заминӣ дар атрофи меҳвараш як маротиба давр мезанад) мувофиқат мекунад. Тӯфони магнитӣ аз якчанд соат то якчанд шабонарӯз идома меёбад. Омӯхтани тӯфони магнитӣ олимонро ба хулосае овард, ки як қатор ҳодисаҳо аз қабили заминҷунбӣ, оташфишонии вулқонҳо, раъду барқ ва ҳатто фоҷиаҳои автомобилӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ба тӯфони магнитӣ робитаи муайян доранд.
    Агар сайёраи мо майдони магнитӣ ва атмосфераи он қабати озонӣ намедошт, он гоҳ зарраҳои зарядноки аз Офтоб хориҷшаванда дар як лаҳза ҳаёти органикиро нобуд мекарданд. Қисми ками ин зарраҳо аз қабати тунуки магнитосфера гузашта, баъди ба доираи қутбҳои Замин дохил шудан фаҷри қутбиро пайдо мекунанд. Агар магнитосфера намебуд, табақаи географӣ пайдо намешуд ва мавҷудияти ҳаёт ҳам дар рӯйи Замин номумкин мегашт.

  • Дида шуд: 120

ТАВАҶҶУҲ

<h2 style="text-align:center">Обуна-2022</h2> <h2 style="text-align:center">Хонандагони азиз!</h2> <p><em><strong><span style="font-size:16px">Шумо чиро донистан мехоҳед:<br /> Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? <br /> Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?<br /> Такмили маҳорати касбӣ?<br /> Маводи хуби методӣ?...</span></strong></em></p>

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj