Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

        Аз оғози сабти таърих банӣ-башар барои худ илму маорифро рисолати бузургтарин интихоб карда ва пасомадагон ин анъанаи муқаддасро ҳамеша пос медоранд ва собитқадамона идома медиҳанд. Маҳз ҳамин рисолати бузург ҷомеаи башариро муназзамтару ободтар, ҳаёти одамонро осудатару бофараҳтар месозад. Дар баробари он ки инсон барои камолоти маънавӣ, сафои ботин ва покизагии зоҳирии хеш мекӯшад, рисолати дигареро низ ба дӯш дорад, ки он тарбия ва роҳнамоии ворисони худ аст. Бале дар паҳлуи ҳар яки мо одамони ҷомеаи нав, бунёдгарони ҷамъияти оянда зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ дар навбати худ ворисони арзандаи худро бояд ба воя расонанд. Бад-ин минвол мероси бузурги башарият аз умқи бениҳояти таърих то ба ояндаҳои дур посдорӣ мешавад. 
    Дар низоми маорифи муосири ҷаҳон имрӯзҳо барномаи байналхалқии «Хониш ва китобат дар рушди тафаккури интиқодӣ» мақоми назаррас касб намуда, фалсафаи ба худ хос дорад. Ғояҳои асосии он аз андешаҳои бузургони Шарқу Ғарб шодоб гардидааст. Дар ин миён ғояҳои психологи собиқ шуравӣ Л.Виготский ва олими амрикоӣ Б.Блум мақоми махсус доранд. Дар ин ҷода ақидаҳои арзишманди гузаштагони мо чун Абуалӣ ибни Сино ва Носири Хусрав низ мавқеи махсус доранд. Фалсафаи тафаккури интиқодӣ аз арзишҳои назарию фарҳангӣ ва умуман аз кулли шоҳкориҳои маънавии башарият борвар шудааст. Бинобар ин онро ба ин ё он кишвар ва ё ин ё он шахсият мансуб донистан на он қадар саҳеҳ аст. Он фалсафаи навест, ки ҷомеаи муосири башарӣ тақозо мекунад. Тафаккури интиқодӣ, бегумон, инсониятро боз  қадаме пештар ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва озод мебарад. Он билкулл чизи нав нест ва аз афкору андешаи пешиниён баҳравар шуда, ба андозае таҷдиди ақоиди пешқадам ва башардӯстонаи гузаштагон аст, ки мардумро ба озодиву озодагӣ раҳнамоӣ мекарданд. Имрӯз тафаккури интиқодиро ба ҳеҷ шакку тардид гардиши куллӣ ва муваффақияти беҳамто дар маънавияти инсонҳо гуфтан мумкин аст, зеро маҳз тафаккури интиқодӣ инсонро бо афкору андешаи солим мусаллаҳ хоҳад кард ва ӯ дар ҳар марҳалаи муносибати худ аз мушкилоти муоширату ҳамдигарфаҳмӣ ба сӯйи рушанӣ ва мусолиҳаву муҳаббат роҳ пеш мегирад. 
    Дар бахши маорифи пешрафтаи ҷаҳонӣ барномаи «Тафаккури интиқодӣ» ғояҳои нави фалсафаи маорифро фаро гирифтааст, ки онҳоро маъмулан дар бандҳои зерин метавон дид: 
    1. Ҳар як фард дар зоти худ нотакрор аст, ӯро бояд шинохт ва бояд эътироф кард. Ҳар як шахс як олами нодир, мастур ва ноёб аст. Ҳар кас ҷаҳони худро дорад, ба эҳтиром меарзад ва ба он ҳаққу ҳуқуқ дорад. 
    2. Ҳар як сухан, ҳар як андеша бо мақсаде гуфта мешавад ва он инъикоси воқеият, таъсири муҳим аст. Он бояд пазируфта шавад, таҳлил шавад, қиёс шавад ва арзиши он аз тарафи ҳар кас муайян карда шавад. 
Бинобар ин дар муҳити тафаккури интиқодӣ хонандагон ба «аълохон» ва «духон» ҷудо намешаванд. 
  3. Масофаҳо бояд маҳдуд бошанд онҳо муоширати самимӣ ва самаранокро монеа нашаванд. Дар андозагирии масофаҳо бояд андозаҳои боарзиш риоя шаванд. Дар муҳити тафаккури интиқодӣ масофаҳои авторитарӣ миёни донишҷӯ ва омӯзгор ҷой надоранд. Аз фардҳо омӯзгор бояд шахсиятҳоро офарад, на думравону иҷрокунандагони иродаи дигаронро. 
    Маъмулан ҳар куҷо, ки муаллим нишон медиҳад ва ё меравад, хонандагон низ бояд аз дунболи муаллим раванд. Мо асосан мехоҳем, ки ҳар нишондодамон аз тарафи хонанда иҷро шавад ва бинобар ин ба чунин хонандагон тамғаи «аълохон»-ро мечаспонем. Аммо камтар сари он масъала андеша меронем, ки ҳар як фардро мувофиқи иродаю шавқи ӯ, бинишу фаҳмиши худи ӯ роҳнамоию ҳидоят кунем. Муҳити таълим дар рӯҳияи тафаккури интиқодӣ ба инкишофи фардии ҳар як хонанда ҳамчун шахсият пурра мусоидат мекунад. Дар чунин муҳит ҷойи ихтилоф ва ботил кардани андешаҳоро эҳтироми ҳар гуна ташаббус барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва малакаҳои иҷтимоӣ мегирад. Яъне мо бояд шахсиятҳоеро тарбия кунем ва ба камол расонем, ки бо эҳсоси волои худшиносӣ ва арзишҳои шоистаи башарӣ мусаллаҳ бошанд, некро аз бад ва сараро аз носара ба хубӣ фарқ намоянд, ҳар кӣ ва ҳар чиро сазовору арзанда шиносанду худ ба он баҳо диҳанд. Ин муҳит ба инкишофи фардии ҳар як хонанда созгор аст.
    Имрӯзҳо дар маорифи ҷаҳонӣ таҷрибаи «таълими фардӣ» (таълими хусусӣ) бештар ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба масъалаи «таълими умумӣ», ки аз қарни ХVI бо такя ба андешаҳои Ян Амос Коменский густариш ёфт, як нуктаи баҳснокро метавон қайд кард. Яъне таълими умумӣ метавонад бештар ба рушди малакаҳои хонандагон мусоидат кунад. Албатта, ин гуна таълим дар аксари мамолики ҷаҳон чун меъёри асосии соҳаи маориф қабул шудааст, ки онро пеш аз ҳама шароит ва муносибатҳои иҷтимоӣ, талаботи бозори меҳнат тақозо мекунад. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё «таълими умумӣ» ба ташаккули шахсияти комилан нотакрор ҳамеша мусоидат карда метавонад? «Таълими умумӣ» ҳамеша дар асоси меъёрҳои умумӣ (коллективӣ) гузориш меёбад, ки он метавонад дар ҳолатҳои муайян барои камолоти фардӣ монеа эҷод намояд. Бинобар ин муҳити тафаккури интиқодӣ имконияти муайянеро ба миён меорад, ки ба такомули беҳтари шахсияти хонанда мусоидат менамояд.  
    4. Таълим, тарбия ва меҳнат бояд ҳамеша оҳанг ва рӯҳияи эҷодӣ дошта бошад. 
   5. Дар муҳити таълими тафаккури интиқодӣ тазод, рад(д), ихтилофу сангар ва ботил кардани андешаву ақоиди гуногун нест, балки дар чунин муҳит ҳамеша сабқат ҳаст, яъне андешаю амали арзишмандтар, муҳимтар ва ба воқеият наздиктар татбиқ ва қабул карда мешавад.
     6. Дар воқеъ имрӯз хонанда ва донишҷӯ барои мо объекте ҳастанд, ки онҳоро ба қолабе ҷой кардан барои мо мақсади асосӣ аст. Аммо дар асл набояд ин тавр бошад, набояд онон қолабӣ бошанд ва беҳтар аст, онҳо нотакрору гуногун ва сазовор ба камол расанд. 
    7. Факту рақам! Таснифот! Назария! Ин аст талаботи рӯзмарраи мо. Бештар дониш, назария мегӯем, аммо кам дар кам амал, малака ва басо кам қобилият, таҷриба мегӯем. Ин омилҳо бояд мувозӣ бошанд.  
Майнаи пур аз назария - ахбори фаровон дар бораи ҳар чиз ва ҳама чиз, аммо бедаступою забон, бе амалу малака, бе татбиқ дар таҷриба. Чунончи:       

        Ҷоно, назариёт бувад хушку хароб, 
        Сарсабз вале ниҳоли умр аст мудом. 

    8. Стереотипҳо (муносибат ва рафторҳои қолабишуда, куҳна ва одатишуда) дар тафаккури интиқодӣ ҷой надоранд, ҳар гуна муносибат вобаста ба ҳар кас тағйирёбанда, муҳаррик ва гуногун бояд бошад. Истисно ва бартараф кардани стереотипҳо ҳамеша манбаи пешравӣ аст. Чунончи, дар марҳалаҳои зерини маърифат, ки дар он ҷо ба таври шартӣ нишон дода мешавад вомондан дар як марҳала ба қолабӣ (стереотип) шудан мусоидат мекунад. Бинобар ин дар ҳар марҳала инсон бояд баҳри пешравӣ ва боло рафтан кӯшиш кунад, зеро имконияти инсон «беҳудуд» аст. Яъне, агар пас аз ҳар зинаи маърифатро касб кардан шахс боз баҳри камолёбӣ ҷадал накунад, дар ҳамон мартаба бозмемонад, ки дар натиҷа баъзе  аз муносибатҳояш одатӣ, қолабӣ мешаванд. Бояд қайд кард, ки навоварӣ, навгароӣ ва навҷӯӣ (инноватсия) маҳз ҳамон вақт самара медиҳад, ки ҳамеша ба рушду такомули мунтазам равона шавад. Танҳо навҷӯӣ ва рушд имкон медиҳад, ки шахс аз зинаҳои нишондодашуда мунтазам боло равад ва танҳо он лаҳзае аз болоравӣ бозмемонад, ки аз навҷӯӣ ва такмили имконоти зеҳнии худ даст кашад. Маъмулан бештари мо то ба зинаи дуюм ва баъзе аз одамон то ба зинаи сеюм ва басо кам касоне то ба зинаи чаҳорум ҷадал мекунанд, зинаҳои аз он болотар танҳо барои авлиё ва паёмбарон дастрас асту бас. Яъне офариниш барои мо имконоти беҳудуд медиҳад, то пайваста ба камолот мутаваҷҷеҳ бошем. Мутаассифона, коҳилии мо намегузорад, ки аз чунин имконоти бузурги офариниш пайваста баҳраманд бошем. 
    9. Худтакмилдиҳии мунтазам, чунон ки Паёмбар Муҳаммад (с) фармудаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Мо маъмулан пас аз комёб шудан ба ин ё он унвон ва дараҷаи илмӣ, ки дар асл ин ҳам як расмияте беш нест, ба «илми» худ нуктаи таммат мегузорем. Дар асл бошад, аз кулли донишҳое, ки мо ҳамасола азбар мекунем, қисме фаромӯш мешавад, фоизи муайян куҳна мешавад ва бар замми ин, навовариҳои илмӣ ҷойи фоизи донишҳои маро мегиранд. 
    10. Ақидаи муҳаққиқи собиқ шуравӣ Л.Виготский - «нуқтаи наздиктарини инкишоф» - ғояи асосии тафаккури интиқодӣ аст. Бар ҳар кас мувофиқи қобилияту имконияти зеҳнии ӯ бояд муносибат кард. Зарфияти ҳар як шахс барои худи ӯ ва хоси худи ӯст. Ба зарфе, ки гунҷоиши хос дорад, ба андозаи беш аз он маводеро ҷой карда наметавонем. 
  11.Ҷавобҳо нодуруст нестанд, балки саволҳо метавонанд нодуруст бошанд. Мо бояд савол додан саҳеҳтараш,  дуруст савол доданро омӯзонем, то ҷавоби дурусту дилхоҳ гирем. 
    12.Ҳар гуна ташаббус сазовори ҳавасмандист, ҳатто агар ҷавоб «нодуруст» аст, он ташаббус аст ва самти дурустро бояд нишон дод. Ҳамеша бо донишҷӯ, хонанда муваффақияти ӯро бояд нишон дод, ҳатто агар он басо ночиз аст. Дар ин бора В.Сухомлинский барҳақ мегӯяд: «Баҳо ҳамеша бояд шодиву хурсандӣ оварад, муваффақиятро нишон диҳад.  Баҳо наметавонад воситаи ҷазодиҳӣ ва маҷбуркунӣ ва ё таҳдид бошад.» Зеро баҳои хуб ва дастгирӣ боиси ҳавасмандии бештари хонанда хоҳад буд ва ин ҳам як қадаме ба пеш аз дирӯз ва имрӯз аст. 
    13.  Дар тафаккури интиқодӣ ба ҷойи «не!», «нодуруст» калимаҳои “шояд”, “аммо” истифода мешаванд. 
    14.  Донишҳои мо нисбианд, чунон ки Унсурулмаолии Кайковус мегӯяд: «Ҳамаи донишҳоро ҳамагон донанд ва ҳамагон ҳанӯз аз модар назодаанд.»  Бо мақсади ба хонандагон самаранок кор кардан барои таҷрибаи мо аз ақидаҳои ниёгон низ бояд бештар истифода барем.Яке аз масъалаҳое, ки дар барномаи тафаккури интиқодӣ имрӯзҳо ҳалталаб аст, масъалаи баҳо ва баҳодиҳӣ ва дар баробари ин ба пуррагӣ фаро гирифтани фазои маърифатии синф (рефлексия) мебошад. Бо кадом мақсад баҳо истифода мешавад ва он чӣ аҳамият дорад, ин раванд чӣ тавр гузаронида шавад? Барои ин мо метавонем хонандагонро бидуни воқиф шудани худи онҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кунем ва вобаста ба он бо ҳар кадоми онҳо кору муносибат кунем. Таснифоти мазкур дар асоси гуфтаҳои ба ҳамагон маълуми гузаштагони мо (дар маҷмуаи «Баёзи  ҷавоҳироти сухан» ба Абуалӣ Сино ва дар манобеи дигар ба Носири Хусрав мансуб дониста мешавад) таҳия шудааст, ки чунин аст:
        Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад, 
        Пайваста тавозӯъ кунаду кибр бимонад.
        Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад, 
        Ӯ зуд зи худ занги хиҷолат бизудояд.
        Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад, 
        Бедор кунаш зуд, ки дар хоб намонад.
        Он кас, ки надонад ва бидонад, ки бидонад, 
        Дар ҷаҳли мураккаб абаддудаҳр бимонад.
        Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад.
        Аз мурда шумораш, ки касе зинда нахонад.

                                                   Нақшаи бунёдии рушди тафаккури интиқодӣ 
    Дар марҳилаи асосии рушди тафаккури интиқодӣ модели маълумот – «водоркунӣ – даркнамоӣ – мулоҳизаронӣ» қарор дорад. Ин ба он асос меёбад, ки пеш аз он, ки мо ба хонандагон маълумоти нав диҳем, хонандагонро бояд «бедор» намоем ва шавқу ҳаваси онҳоро ба масъала ё мавзуъ бо роҳи фаъолнокӣ ва муҳиммияти донишҳои пештараро оид ба  ин проблема водор намоем. Ба ин ташкил намудани кори муайян рост меояд. Муҳокимаи ҷуфтӣ ва баъд дар гурӯҳ имконият медиҳад, ки шавқу завқи хонандагонро бедор намоем, чунки дар он афкори гуногун пайдо мешавад. 
Чунин ҷобаҷогузорӣ дар қисмати аввали дарс марҳилаи водорнамоӣ ном дорад. Омӯзгороне, ки ҳангоми таҷрибаи худ ҳуҷуми фикриро дар марҳилаи водорнамоӣ дохил менамоянд, дар давраи аввал ба вазъияте дучор мешаванд, ки донишҷӯён шумораи кам ва умумии маълумотро, ки барои раванди ояндаи кори интерактивӣ муҳим нест, медиҳанд. Ин вазъиятро чӣ гуна бояд дигаргун намуд? Чӣ гуна ин масъаларо ҳал намуд? Омӯзгор дар марҳилаи водорнамоӣ худро чӣ тавр нигоҳ дорад? 
    Пеш аз ҳама бояд ба донишҷӯён бигӯем, ки ҳамаи ақидаи онҳо қабул карда мешавад; 
    Ҳангоми навиштани ақидаҳо дар тахтаи синф омӯзгор муҳокима намекунад ва ба он баҳо намедиҳад; 
     Омӯзгор ақидаҳои донишҷӯёнро бо саволҳои «Хоҳиш мекунам ақидаатонро шарҳ диҳед», ё ин ки «Чӣ гуфтан мехоҳед?» ҷо ба ҷо мегузорад; 
    Лозим аст, ки диққати асосиро ба ақидаҳои муқобил диҳем ва онро ба низом дарорем.
    Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки мо равандҳои маърифатиро ба инобат гирифта, ба донишҷӯён фаҳмонем, ки онҳо нисбат ба он чизе ки гуфтаанд, бисёртар медонанд.
    Танҳо баъд аз ин ба онҳо маводи нав аз қабили матнҳои чопшуда, матни индивидуалии лексия пешниҳод карда мешавад, ки ба сурати фаъол қабул карда мешавад. Чунки дар ин усул ӯ ба худаш савол медиҳад, на омӯзгор. Акнун марҳилаи дигар, марҳилаи «даркнамоӣ»-и мазмуни нави мавод сар мешавад. Дар ин марҳила фаъолияти хонандагон аз бисёр ҷиҳат аз коркарди маълумоти расмӣ фарқ мекунад. Агар дар бораи таълими расмӣ сухан равад, хонанда/донишҷӯ матнро аз аввал то охир хонда, кӯшиш менамояд, ки ба дарки маводи хондашуда худро тайёр намояд. Марҳилаи ин кор бо усули нав бо он фарқ мекунад, ки хонандагон фаъолияти худро бо ҳамин ҷадвали муайян созгор менамоянд ва ё агар дигархелтар карда гӯем, омӯзгор на танҳо хонданро,  балки гуфторро низ пешниҳод мекунад, инчунин барои ба даст овардани мақсаде, ки хонандагон мустақилона дар назди худ гузоштаанд, саъю кӯшиш менамояд. Ҳангоми кор бо ахбор хонандагон таҷриба ва дониши худро бо он донише, ки нав гирифтаанд, муқоиса намуда, маводро таҳлил менамояд, саволҳои барои худ нофаҳморо дармеёбанд, савол медиҳанд, нобоварӣ зоҳир мекунанд ва амсоли инҳо.
    Дар марҳилаи охири нақшаи бунёдии методикаи рушди тафаккури интиқодӣ хонанда/донишҷӯ акнун худаш метавонад нисбат ба маводи нав мулоҳиза намояд. 
Ин чунин маъно дорад, ки вай фаъолона ва эҷодкорона маводро дарк менамояд, таҳлил мекунад. Ин марҳила мулоҳизаронӣ ном дорад.
    Махсусан дар ҳамин марҳила донишҳои нав барои донишҷӯён шахсӣ мешаванд. 
Ҳамаи ин намуди кор имкон медиҳад, ки хонандагон ба фаъолияти самараноки фикрӣ дохил шаванд. Чунин усул имкони таълими самаранокро медиҳад. Хонандагон самара 
    – натиҷаҳои таълимии худро месозанд, ки асоси онро таҷрибаи гузашта + таҷрибаи нав дар худ таҷассум менамояд.
    Гуфтаҳои болоро ба тариқи зайл нишон додан мумкин аст:

                                                              Хусусиятҳои тафаккури интиқодӣ 
    Иттилоот аз манбаҳои мухталиф сарчашма мегирад ва на ҳамеша дақиқу ростин аст. Мутаассифона, рӯз ба рӯз шумораи хабару паёмҳои “фейкӣ”, бардурӯғ ва таҳрифшуда дар шабакаи интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ, меафзоянд. Танҳо ба туфайли тафаккури интиқодӣ, яъне бо назари шубҳа нигоҳ кардан ба маълумот, мо метавонем хабари бардурӯғро аз ростин ҷудо кунем. 
Барои ҳамин тасмим гирифтаем, ки дар бораи тафаккури интиқодӣ ва чӣ тавр рушд додани он маълумот диҳем.
                                                           Тафаккури интиқодӣ чист?
     Тафаккури интиқодӣ яке аз малакаҳои асосии асри ХХI буда, ба шахс имкон медиҳад, ки иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад, маълумотро қабул ё рад кунад ё мавқеашро оид ба ин ё он мавзуъ муайян намояд. Тафаккури интиқодӣ ин қобилияти хуб ва оқилона андеша кардан аст, ки дар асоси он шахс чӣ кор кардан ё ба чӣ бовар карданашро муайян менамояд.
                                             Чӣ бояд кард, то тафаккури интиқодиро рушд диҳем?
       Бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайриимкон аст. Барои рушди тафаккури интиқодӣ шахс бояд аз донишҳо ва маълумоти зиёд бархӯрдор бошад. Пеш аз баҳодиҳии интиқодӣ ба мушкилот он бояд аз ҳама ҷониб таҳқиқ карда шавад; шахс бояд вазъро дар заминаи рӯйдодҳои дигар бубинад ва бо мурури замон рушди онро пайгирӣ намояд.
                                            5 маслиҳати муфид барои рушди тафаккури интиқодӣ: 
    - Ҳамеша ба омӯзиши соҳаҳои гуногун машғул шавед, яъне ҷаҳонбинии худро дар ҳама самт васеъ гардонед; 
    -Адабиёти бадеӣ ва илмиро мунтазам мутолиа намоед; 
    - Филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дарсҳои интернетӣ, ки дар порталҳои омӯзишӣ ва Youtube – каналҳо дастрас ҳастанд, тамошо намоед; 
    - Одамон ва рафтори онҳоро мушоҳида кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, то сабаби рафтори онҳоро фаҳмед ва стратегияи ҳамкорӣ дар вазъиятҳои гуногунро таҳия намоед; 
    - Бо мардум гуфтугӯ кунед, ба андеша ва таҷрибаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки мавқеи худро нисбати ба ягон масъала муайян намоед.
    Аксар вақт одамон фикр мекунанд, ки соҳаи васоити ахбори омма пур аз ахбор аст ва майли қабули  ҳама гуна маводи дар васоити ахбори умум нашршударо доранд. Инчунин ақидае вуҷуд дорад, ки хабар бояд мувофиқ ва нав бошад. Барои дарки ин тафаккури интиқодии инсон лозим аст. Бинобар ин мо бобати чӣ тавр инкишоф додани тафаккури интиқодӣ дар худ идеяи асосии тафаккури интиқодӣ, хусусияти тафаккури интиқодӣ, тафаккури интиқодӣ ба инсон чӣ медиҳад, чӣ гуна тафаккури интиқодӣ ба кор кумак мекунад, ба донишҷӯён маълумот медиҳем.
    Истилоҳи «тафаккури интиқодӣ» ба таври васеъ дар педагогика, ҳаёти ҷамъиятӣ ва муқаррарӣ истифода мешавад. Одамон ба ин мафҳум ба таври гуногун муносибат менамоянд. Масалан, баъзеҳо танқидгароӣ ва нигилизмро ба он мансуб медонанд. Дар айни ҳол, калимаи «интиқодӣ» аз арабӣ ва «критика» аз юнонӣ (аз калимаи юнонии kritike – санъати муҳокима) яке аз қобилиятҳои муҳимми инсон аст, ки ӯро аз таъсири ғалатҳо ва гумроҳиҳо эмин медорад.   
    Хуллас, мафҳуми «тафаккури интиқодӣ» маъно ва тафсир ва гуногуне дорад. Бинобар ин имкони овардани ҳамаи қоидаҳои тафаккури интиқодиро надорем ва танҳо баъзе ақидаҳои ба назари мо аҳамиятноки онро пешниҳод менамоем. 
    Тафаккури интиқодӣ - навъи махсуси фаъолияти ақлониест, ки барои баровардани хулосаи дуруст дар бораи нуқтаи назар ё намунаи рафтори ба шахс пешниҳодшуда имкон медиҳад.  (Волф Ҷонсон) 
    Тафаккури интиқодӣ ҷустуҷӯи ақидаи солим аст: чӣ гуна холисона ва мантиқан таҳлил кардан бо назардошти нуқтаи назари худ ва дигарон, малакаи аз эътиқодҳои пешакии худ даст кашидан. Тафаккури интиқодӣ қодир аст, ки фикрҳои нав пешниҳод намуда, имкониятҳои навро бинад, ки дар ҳалли проблемаҳои нав бениҳоят муҳим аст.
    Тафаккури интиқодӣ қобилияти таҳлили ахбор аз нуқтаи назари мантиқ ва муносибати шахсию психологӣ бо мақсади истифода бурдани натиҷаҳои бадастомада, нисбати ба вазъиятҳои муқаррарӣ ва ғайримуқаррарӣ, масъала ва проблемаҳо мебошад. 
    Тафаккури интиқодӣ қобилияти гузориши масъалаи нав, кор карда баромадани далелҳо, қабули қарорҳои мустақилонаи оқилона мебошад (фикри шунавандагони лоиҳаи Рушди тафаккури интиқодӣ).
    Тафаккури интиқодӣ  истифодаи мантиқ, бологирии алоқаҳои сабабу натиҷа бар ақидаҳои эмотсионалӣ мебошад. (Ҳикмати халқӣ)  
    Ин гуфтаҳоро ҷамъбаст намуда, хулоса баровардан мумкин аст, ки тафаккури интиқодӣ ҷараёни фаъол  барои дида баромадани ақидаҳо аз нуқтаи назари гуногун бо назардошти моҳият ва муқоисаашон 
бо ақидаҳои дигар мебошад. Ин фаъолияти ақлоние мебошад, ки дар он диққати асосӣ ба тафсир, таҳлил, таркиб, муқоиса, истифода, ҳалли проблемаҳо ва баҳогузории ҷараёни фикрҳо дода мешавад. 
    Дар ҷараёни таълим тафаккури интиқодӣ хусусиятҳои хоси худро дорост. Масалан, муаллими фанни таърих мегӯяд, барои ман тафаккури интиқодӣ  ҳамон аст, ки хонанда ҳодисаҳои асосии таърихиро тасвир ва ҷудо карда тавонад, сабабҳояшро фаҳмад, оқибатҳояшро  ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ муфассал таҳлил намояд ва муносибати худашро ба ин ё он ҳодисаи таърихӣ муайян карда тавонад. Омӯзгори риёзӣ бошад, хонандаи дорои тафаккури интиқодидоштаро чунин тасвир менамояд: ӯ бояд қобилияти фаҳмонда додани роҳҳо ва мантиқи ҳалли масъалаҳоро донад, мустақилона ғалатҳоро ёбад, боз заруртараш шифоҳӣ тасвир намудани масъалаҳо, ҳолатҳоро ба забони риёзӣ тарҷума карда тавонад ва  дар охир моделҳои риёзӣ сохта тавонад.  
    Новобаста ба фарқияти пешниҳодшуда тавсифи тафаккури интиқодиро ҳамчун ҷараёни аз мундариҷаи фан вобастанабуда ҷудо кардан мумкин аст. Муҳаққиқ Д.Клустер дар мақолаи худро «Тафаккури интиқодӣ чист?» панҷ тавсифро инъикос менамояд: 
    Тафаккури интиқодӣ  тафаккури мустақилона аст. Вақте ки дарсҳо дар чорчӯбаи тафаккури интиқодӣ сурат мегиранд, ҳар кас ақида, баҳогузорӣ ва эътиқоди худашро пешниҳод мекунад, ки он аз дигарон вобастагӣ надорад. Яъне, тафаккур ҳамон вақт интиқодӣ мешавад, ки агар вай хусусияти фардӣ дошта бошад.
    Ахбор нуқтаи ибтидоӣ на ниҳоии тафаккури интиқодӣ мебошад. Бо майнаи холӣ фикр кардан имкон надорад, барои ин маҷмуи донишҳои появӣ заруранд. Тавассути тафаккури интиқодӣ ҷараёни анъанавии омӯзиш хусусияти фардӣ гирифта, фаҳмо, муттасил ва самаранок мешавад. 
    Тафаккури интиқодӣ аз гузориши саволҳо ва проблемаҳое, ки бояд ҳал шаванд, оғоз меёбад. Дар вақти тайёрӣ ба дарс  педагог доираи проблемаҳоро, ки дар назди хонадагон гузошта мешаванд, муайян менамояд ва баъдан вақте, ки онҳо ба ин кор омода мешаванд, барои мустақилона муайян намудани проблемаҳо, кӯмак менамояд. Далелҳоро ҷамъ намуда, матнҳоро таҳлил карда, нуқтаи назари алтернативиро муқоиса карда, тавассути муҳокимаи гурӯҳи хонандагон ба саволҳое, ки онҳоро ба ташвиш меоварад, ҷавобҳоро ҷустуҷӯ ва дарёфт менамоянд. 
    Тафаккури интиқодӣ ба далелҳои муътамад кӯшиш мекунад. Шахсияти тафаккури интиқодидошта роҳи ҳалли проблемаро худаш ёфта,  онро бо далелҳои оқилона асоснок менамояд. Вай инчунин мефаҳмад, ки роҳҳои ҳалли дигари ин проблемаҳо вуҷуд доранд, вале роҳи пешниҳодкардаи вай аз дигарон дида, мантиқан хубтар ва оқилона мебошад.
    Тафаккури интиқодӣ тафаккури иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, педагогҳои дар ҷараёни тафаккури интиқодӣ коркарда ба пайдо кардани сифатҳои сабурӣ, маҳорати гӯш кардани сухани дигар кас, масъулият нисбат ба нуқтаи назари худ диққати зиёд медиҳанд. 
    Хусусиятҳои асосии тафаккури интиқодӣ ва оқибатҳои таъсири ӯро ба арзишҳои маънавӣ тавассути ҷадвал чунин тасвир кардан мумкин аст:


    Ҳамин тариқ, барои инсони дорои маданияти тафаккури интиқодӣ ҳақиқат ниҳоӣ нест. Бинобар ин ба ақидаи дигарон эҳтиром ва таҳаммул ифода карда, ақидаашро ба дигарон бор намекунад.
    Ба ғайр аз ин шахсони дорои тафаккури интиқодӣ фикран аз дигарон вобастагӣ надоранд, онҳо қобилияти зуҳурот ва вазъиятҳоро аз нуқтаи назари гуногун таҳлил ва баҳогузорӣ карданро доранд, ки ин ба фаҳмиши гуногунрангии олам имконият медиҳад. 
    Мушовирони Ассотсиатсияи байналмилалии хониш (AIR) шаш қисмати таркибии барномаи Рушди тафаккури интиқодиро кор карда баромадаанд. 
Шахси дорои тафаккури интиқодӣ: 
    ақидаи худро дорад (фикри худро тасвият мекунад); 
    аз байни ақидаҳои гуногун фикри оқилонаро интихоб менамояд; 
    проблемаҳоро ҳал менамояд; 
    бо далелҳо баҳс мекунад; 

    кори якҷояро, ки дар он қарори умумӣ  пайдо мешавад,  қадр мекунад; 
    нуқтаи назари бегонаро арзёбӣ карда, мефаҳмад, ки идроки  инсон ва муносибати ӯ ба масъалаи  дилхоҳ зери таъсири омилҳои зиёд ташаккул меёбад.  
    Тавре аз ин хусусиятҳо мебинем, тафаккури интиқодӣ ҷараёни мураккаби ҳамгироии ақидаҳо, мулоҳизаронӣ ва тағйир додани консепсияю ахбор мебошад. Инсон ба тафаккури интиқодӣ соҳиб гардида, бо ин ё он ғояҳо шинос мешавад, оқибатҳои амалӣ шудани онро фикр мекунад. Онро ба дараҷаи оқилона қабул намуда, бо дигар фикрҳо муқоиса менамояд ва дар ин асос мавқеи худро муайян менамояд. Ин гуна одамон аз таъсири дигарон дар амонанд. Чунки дар онҳо системаи арзишҳои шахсӣ дар асоси арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ ҳосил шудааст. Тафаккури интиқодии мутараққӣ одамро аз афтидан ба доми радикализми динӣ ва сиёсӣ муҳофизат менамояд.
    Хулоса, маҳорати фикрронии интиқодӣ на танҳо ёфтани камбудҳо, балки баҳогузории объективии паҳлуҳои мусбат ва манфии объект, вазъиятҳои омӯхташаванда мебошад.Тафаккури интиқодӣ қобилияти таҳлил ва баҳогузорӣ кардани вазъиятҳо аз  мавқеъҳои гуногун мебошад, ки барои ба як фикри асосноку қавӣ омадан равона шудааст. Он тафаккури асосноку рефлексивӣ буда, ҳадафаш ҳалли масъалаи ба кӣ бовар бояд кард ва чӣ гуна рафтор бояд кард, мебошад.  
    Тафаккури интиқодӣ бо он арзишманд аст, ки 
         шаффоф ва кушода будани ҷомеаро ҳавасманд менамояд; 
         барои рушди малакаҳои иҷтимоии байниҳамдигарӣ ва   таҳаммулпазирӣ мусоидат мекунад; 
         шароити рушди шахсиятро фароҳам меорад; 
         барои фаҳмидани маънои мураккаби зиндагии тағйирёбанда мадад мерасонад  барои мулоҳиза

      намудани системаи арзишҳои шахсӣ ва ба онҳо дигаргунӣ (ислоҳ) ворид намудан мусоидат мекунад.

  • Дида шуд: 121

ТАВАҶҶУҲ

<h2 style="text-align:center">Обуна-2022</h2> <h2 style="text-align:center">Хонандагони азиз!</h2> <p><em><strong><span style="font-size:16px">Шумо чиро донистан мехоҳед:<br /> Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? <br /> Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?<br /> Такмили маҳорати касбӣ?<br /> Маводи хуби методӣ?...</span></strong></em></p>

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj