Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Шехмирзо РАҶАБӢ,
устоди фанни педагогикаи
Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ

ҲАДАФ ВА МОҲИЯТИ РӮЗИ ДОНИШ

Мафҳуми “Рӯзи дониш” ба тамоми аҳли маориф - устодону толибилмон шинос аст ва анқариб тамоми аҳли ҷомеа бо ин мафҳум хуб ошноӣ доранд, чунки худ дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардаанд ва ё пайвандони онҳо хонандаанд.  «Рӯзи дониш» воқеан ба рӯзи иди касбӣ ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои хонандагону  волидайни онҳо табдил ёфтааст.
Имсол ин маъракаи муҳиму хотирмон дар рӯзи панҷшанбеи 1-уми сентябр доир мегардад. Мафҳуми “Рӯзи дониш” ва ин сана, ки бо тамоми маънӣ тақдирсоз буда, ояндаи шахсиятҳоро тарҳрезӣ менамоянд, ҳамагон бесаброна интизор буданд ва инак, фаро мерасад. Пурсида мешавад, ки он чӣ ҳадаферо пайгир аст ва моҳияти ин рӯз аз чӣ иборат аст?
“Рӯзи дониш” барои  хонандагони ҳам синфҳои ибтидоӣ, ҳам зинаи асосии таҳсилот ва ҳам синфҳои болоӣ басо муҳим аст. Алалхусус, барои онҳое, ки бори нахуст ба остонаи муқаддаси мактаб  қадам мениҳанд. Ҳадаф аз он иборат аст, ки аввалан, тавассути ин рӯзи саодатбахш барои онҳо ва ба рӯйи онҳо дари олами нав – олами илму дониш,  ирфону адаб, таълиму тарбия, инкишофу таҳсилот, мулоқоту мусоҳибаҳо, идроку тафаккур  ва амсоли инҳо боз мегардад. Сониян, маҳз, тавассути ҳамин рӯз мақом ва мавқеи ҷамъиятии ҳар яки онҳо дар ояндаи начандон дур барои як умр  тарҳрезӣ мешавад.  Онҳое, ки ба остонаи ин даргоҳи маърифат  маротибаи нахуст гом мениҳанд, бо мактаб, моҳияти он, ҳамсабақони ояндаи худ, ҳамзамон бо устодон шиносоӣ пайдо мекунанд. Шиносоӣ чорабинии муҳими педагогӣ мебошад, ки инъикоскунандаи  фаъолияти якҷояи минбаъдаи онҳо хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, он бояд шавқангез, мароқовар, рӯҳбаландкунанда, то ҳадди имкон дар шакли бозиҳои дидактикӣ, бо иштироки фаъолонаи ҳар як хонанда доир гардад. Онро бояд педагогҳо тарзе ташкил намоянд, ки барои хонандагон як умр хотирмон  гардад. Ҳамзамон бояд омӯзгорон равиши онро тарзе ба роҳ монанд, ки дар шакли озоду ихтиёрӣ, бидуни маҷбурияту даъваткуниҳои фишоровар гузаронида шавад. Дар ин замина малакаи муоширати байни хонандагон ва хонандагону омӯзгорон шакл мегирад, ки дар фаъолияти минбаъдаи якҷояи онҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад. Зеро моҳияти таълиму тарбия, ки асосан тамоми давраи 11-солаи мактабиро фаро мегирад, аз  ҳамкорию  ҳамдастии тарафайн, боварию эътимод, дар шакли эътиқоди куллии тарафҳо иборат мебошад. Дар акси ҳол, он ба натиҷаҳои назаррас оварда наметавонад.
Дар  “Рӯзи дониш” инчунин хонандагон ва аҳли ҷомеаи омӯзгорон бо масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи марбут ба тамоми соли таҳсил шинос мегарданд, вазифаю масъулияти хешро ба таври мушаххас дониста мегиранд.
Ногуфта намонад, ки дар “Рӯзи дониш” вобаста ба зинаҳои таҳсилот ва хусусияти синнусолӣ  толибилмон бояд ба чор гурӯҳ  табақабандӣ карда шаванд, ки ҳар кадом  доираи мавзуъ ва масъалаҳои хоси худро дошта  бошад, аз қабили
1) Синфҳои 1-4;   2) Синфҳои 5-7;
3) Синфҳои 8-9;   4) Синфҳои 10-11.
Хусусияти “Рӯзи дониш” дар синфҳои болоӣ моҳияти дигар дорад: ба роҳ мондани муошират ва мусоҳибаҳои иҷтимоию  хусусияти илмидошта, ки ба инкишофи тафаккури хонандагон, нутқи шифоҳии онҳо, маданияти гуфтор ва муколама бояд мусоидат намояд.
Ва умуман, дар “Рӯзи дониш” педагогҳо дар якҷоягӣ бо хонандагон, ки чанд муддат аз боздиду ҳамкорӣ дур шуда буданд, маротибаи дигар бо ҳам якзабон ва ҳамдигарфаҳм шуда, иртиботи равонӣ пайдо мекунанд. Дар натиҷаи ин амал онҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пайдо намуда, фаъолияти педагогию донишандӯзиашонро самарабахш ба роҳ мемонанд, ки ин боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати таҳсил дар давоми соли хониши навбатӣ хоҳад гардид.

• Дида шуд: 81

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj