Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

     Дар бораи мавзеи ёфт шудани  Дафинаи Амударё маълумот хеле зиёд мебошад. Бисёр муҳаққиқон суханони савдогарони бухороӣ - аз дарё ёфт шудани Дафинаи Амударёро ба такрор менависанд. Ба фикри М.Дяконов,  шахсоне ки ба воқеият зиёд дахл менамоянд, дар бораи моли мардуми таҳҷоӣ ва аз Қубодиён ёфт шуданашон зиёд андеша менамоянд. “Мавод аслан аз бекигарии Қубодиён буда, -навиштааст муаллиф, - тадриҷан дар вақтҳои гуногун аз ҳар гӯшаю канор ба даст оварда мешуданд ва ҳеҷ асосе нест, ки Хазинаи Амударёро ягона дарёфт аз ин минтақа номем.” 
    Аз рӯйи маълумоти мавҷуда, соли 1877 бориш зиёд ва об аз соҳили дарё берун ҷаста, хоктеппаҳои Тахти Сангинро шуста, хазинаро берун овардааст. Як рӯз одамон дар дарёи обаш пастрафтаю соҳилҳояш хушкида ҳар ҷо-ҳар ҷо дурахшҳои мисли ситорагони осмонро дида, аввал ҳайрон мешаванд, баъд тарс дар дилашон ҷой гирифта мегурезанд. Онҳо дур рафта, боз наздиктар омада мебинанд, ки осори атиқаи ниёгон аст, ҳамаро чида гирифта, ба баҳои ночиз ба савдогарҳои бухороӣ, ки бо корвон ба сӯйи Афғонистон мегузаштанд, мефурӯшанд.
    Воқеан, ҷойи пайдо шудани Хазинаи Амударё қисми шимоли Тахти Қубод, 5 км дуртар, дар Тахти Сангин будааст. Вале бисёр донишмандони бостоншинос аз рӯйи ахбору мулоҳизаҳои олимон маҳалли пайдоиши хазинаро ба Тахти Қубод нисбат  медиҳанд. Тартиби рӯ задани хазина, дар ҳақиқат, бо дамидани оби дарё вобастагӣ доштааст. Оби дамидаи  баҳори соли 1877 соҳилҳоро шуста, боигарии беамсоли хазинаро берун баровардааст. Лекин хазина чӣ миқдор маҳсулот дошт, то имрӯз касе чизе гуфта наметавонад. Ҳеҷ касе ҳам аз миқдори дороиҳои ганҷур шаҳодат надодааст. Аз ҷониби дигар, хазинаро дарё асосан бо худ бурд. Мавҷу тӯфони дарёи бахашмомада азимтарин чизҳоро ҳам бо худ гирифта мебурд, чӣ ҷойи майда-чуйда резакориҳое, ки ба дами тӯфон дучор  омадааст, зуд илоҷашро меёфт. Дар чунин аҳвол касе ҳам гуфта наметавонад, ки дар хазина чӣ миқдор мавод буд, аз он чӣ миқдор дастраси мардуми маҳаллӣ гардидааст?  
    Вақте ки маҳсулоти хазина ба дасти одамони таҳҷоӣ расид, онҳо шояд аввал ҳама чизро ба якдигар гуфта ва нақл намекарданд. Як қисмро аз рӯйи эҳтиёт пасандоз намуда, дар рӯзҳои мабодо (мушкил) истифода шуданашонро дар назар дошта, қисми кам ё шояд андакеро ба савдогарҳо мефурӯхтанд. Аслан ҳамаи чизҳои ёфтшуда зуд фурӯхта намешаванд. Баъзе касон ҳамчунин савдогароне ҳастанд, ки дороиҳои худро зуд  фурӯхта ё зуд ба одамон тақсим карда намедиҳанд. Онҳо дар ин масъала хеле зиёд эҳтиёткор ва андешаманд мебошанд.
    Савдогарони бухороӣ Вазиаддин, Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ бо корвони шутурҳои бордор миёни Хива, Самарқанд ба Ҳинд, гоҳ туфайли Амритсар ба сафар баромаданд. Ҳангоми аз Қубодиён гузаштан мардуми таҳҷоӣ молу маводи зиёди аз дарё пайдокардаашонро  ба онҳо пешкаш карданд. Савдогарҳо молу маводи қиматбаҳоро дида хурсанд шуда, ҳамаро ҷамъ карда гирифтанд ва ба халтаҳои чармини сиёҳ андохта ба роҳ баромаданд. Лекин миёни роҳи Афғонистону Ҳиндустони шимолӣ хатари зиёд вуҷуд дошт. 
    Се савдогари бухороӣ дар роҳи Кобул-Пешовар бо чунин боигарӣ ба сафари дуру дароз баромада, бо ҳавли ҷон мешитофтанд, то мабодо дастовардҳояшонро аз даст надиҳанд ва онҳоро зудтар ба фурӯш гузоранд. Шояд ҳамин ҷонсарак шитофтани савдогарҳо ба чашмони ғоратгарони гилзоӣ бархӯрдааст, ки аз пайи савдогарон афтиданд. Савдогарҳо умуман аз раҳзанон тарс доранд ва бинобар ин ҳам бо худ аслиҳа гирифта, аз одамони қавибозу истифода мебаранд.
    Мусофирони корвонкаш дар роҳи сафар, мутаассифона, аз ҷониби қабилаҳои саҳрогарди маҳаллӣ ғорат шуданд.  Онҳо бо маводи зарҳалину нуқрагини дар халтаҳои чармини дӯхташуда ба роҳ баромада, хеле роҳро тай карда, ба ғорат дучор шуданд. Шояд як сабаби ба ғоратгарони гилзоӣ дучор омаданашон ин аст, ки онҳо дар роҳи сафар як қисм тангаҳои бозёфтшударо ба қумандонҳои афғон фурӯхтанд.  Ин амал ҳам метавонист боиси пайгирии раҳзанон шавад.  
    Савдогарон дар роҳи Кобул-Пешовар ба ғоратгарони  афғон дучор омада,  молу маводашонро аз даст доданд. Ғоратгарон бо дороиҳо яке аз мусофиронро низ маҷбуран ба сӯйи кӯҳ бо худ ба ғори дар маҳаллаи Каркачабуда бурданд. Хизматгор соати нуҳи шаб аз онҳо гурехта, ба лагери капитан Бартон даромада, ба ӯ аз ин аҳвол хабар медиҳад. Ф.Бартон ҳамон замон бо ду ёвар ва ин хизматгор ба паноҳгоҳи ғоратгарон расида, дар дили шаб онҳоро меёбанд. Ғоратгарон дар ғор маводро аз халтаҳои чармин ба замин  рехта, бо баҳсу ҷанҷол миёни худ тақсим мекарданд. Дар ин лаҳза капитан Бартон бо ёварони худ ворид шуда, чор нафарро бо тир захмӣ намуда, моли ғасбкардаашонро  мегиранд. Дигаронро бо маузер маҷбур менамоянд, ки қисми дигари маводи пинҳонкардаашонро низ то пагоҳ оварда  супоранд ва дар сурати инкор кардан ё гурехтан умед аз ҷонашон кананд. 
    Мабодо ғоратгарон якҷо шуда омада, ғаниматҳои гирифтаашонро бозпас нагиранд, гӯён капитан Бартону ҳамроҳонаш ҳамон замон ба  ҷойи корӣ бармегарданд. Ғоратгарони гилзоӣ субҳи барвақт (соати шаши саҳар) дар натиҷаи тунд муносибат кардани Бартон боқимонда маводро ҳам оварда месупоранд. Савдогарон ва Бартону ёваронаш дар ҳар сурат аз чор се ҳиссаро пайдо карда, бо ҳамин қаноат намуданд ва мусофиронро ба роҳи сафар бароварданд. 
    Дар як нусхаи дигар чунин омадааст: Ганҷур то шаҳри Равалпиндии Ҳинд ба душворӣ расид. Савдогарон дар роҳ аз ҷониби кӯчиёни дашти Пешовар ғорат шуданд. Ба яке аз савдогарон имкони гурехта ба капитани сарҳадӣ Ф.Бартон арз кардан муяссар мешавад. Бартони ҷасур бо ду ҳамкор нисфи шаб ба ғори таҳдоре, ки ғоратгарон молҳои дуздидаашонро миёни худ тақсим менамуданд, даромада, чор нафарашонро захмӣ мекунад. Роҳзанон аз чунин муносибати ғайричашмдошту фавқулодат хазинаро партофта мегурезанд. Онҳо ба таҳдиди капитани англис саҳари барвақт қисми дигари хазинаро низ оварда, ба соҳибонашон месупоранд. 
    Он замон, ки савдогарҳо ба роҳ мебаромаданд, як дастпонаи зебо аз чармхалта намоён шудааст, ки ҳаваси Бартонро ба худ мекашад ва онро харидорӣ кардан мехоҳад. Савдогарҳо аз рӯйи сидқу вафо ба капитан Ф.Бартон барои беғаразона ёрӣ ва ғамхорӣ карданаш он дастпонаи тиллоии хушнамудро ҳадя медиҳанд.   
    Савдогарон мебоист ба пули маводу маҳсулоти худ аз Ҳиндустон чой, шоҳӣ, маводи хӯрок ва боз чизҳои дигари дилхоҳашонро меоварданд. Дар фурӯхтани хазина аз ҷониби тоҷирҳо кӣ медонад, ғайр аз англисҳо боз киҳо онро харидорӣ кардаанд.Дар ин маҷро фикру андешаҳои зиёд моро ба гумону тасаввурҳои зиёд меандозад. Илова бар ин, хазинаи ёфтшуда аз даҳон ба даҳон дар доираи деҳоту маҳал ва атрофу акноф зуд паҳн шуда, ҳамагонро шавқманд менамуд, ки боз дар ҷустуҷӯйи хазина баромада, зиёдтар дар пайдо карданаш ҳиссагузор шаванд. Дар ин маврид хурду калон, ҳамагон, худиву бегона аз пайи маводи қиматбаҳо камар мебанданд.  
    Савдогарон дар нимароҳ аввал ба капитани англис, баъд дар бозори Ҳиндустон ба харидорони он диёр аз молу маводи хазина, боз оварда шуданашон, ҷою макон ва манзили хазина (миёни Қубодиёну Қундуз, дар домани Тошқӯрғон, лаби дарё, то он ҷо аз Қундуз дурӯза роҳ аст ва ҳоказо)  ҳар чӣ медонистанд, барвақт ахбор дода буданд. Яъне хазина ва молу маводи он, ҳамин тавр, дар олам  васеъ интишор меёфт. Овозаи хазина доман густурда, ҳамагон - маҳаллиёну хориҷиёнро низ ба шӯру шавқ меандохт. Ганҷурхоҳони дунё аз пайи шикори хазина ва аз он чизе ба даст овардан муштоқ шуда, бо орзую ҳавасҳо ба ҷониби Бухорои Шарқӣ, ҷануби Тоҷикистон, поёни Қубодиён расида, гоҳ аз харита ба ин диёр ва мавзеъ бо ҳавас менигаристанд. 
    Акнун роҳ то Ҳиндустон бехавф шуд ва савдогарон хазинаро ба тоҷирони маҳаллии шаҳри Равалпинди ба мансабдорони англис ва саррофони ҳиндӣ мефурӯшанд. Ҳиндуҳои судхӯр мушкилот ба вуҷуд  оварданд. Сипас генерал А.Каннингем ва ҷаноб А.Грант бештари маводро харида мегиранд. Маводи овардаи савдогарони тоҷик зуд фурӯхта мешаванд. Ин осор диққати бостоншиносони  ҷаҳонро ба худ мекашанд. Қисми зиёди хазина дертар аз ҷониби олимони англис харида гирифта, баъд яке аз онҳо У.Френкс ҳамаро аз номи худ ба Осорхонаи Британияи Кабир месупорад. Ҳамин хел, баъди хеле моҷаро хазинаи ба даст овардаи соҳилҳои Омуя ба соҳили дарёи Темза, дар Осорхонаи миллии Англия қарор гирифтааст.
    Ганҷури Амударё дар бозори Пешовар зуд харидорони худро ёфт ва мутахассисон дар бораи ин бозёфт асарҳо таълиф карданд. 
Шуҳрати хазина олам гирифта, бисёриҳо ҷойи хазинаро омада дида, қисми дигар дар ҳасрати дидор боқӣ монданд. 
                                                                                                      2
    Аслан Хазинаи Амударё  соли 1877 ёфт шуда, бо дастрасии одамони зиёд, бо роҳҳои гуногун ва душворгузари Афғонистону Ҳиндустон то   Осорхонаи Британияи Кабир омада,  ба дасти Уиластон Френкс -- муҳофизи шуъбаи британии ёдгориҳои қадимаи асримиёнагӣ ба директори Осорхонаи Британия Д.М.Уилсон супорида шудааст. Бештар аз 200 маводи Хазинаи Амударё (180 адад, аввалҳо зиёдтар будааст - Б.Ғафуров) зарҳалин буда, қариб 1500 танга, ки ба асрҳои 5-3 пеш аз милод мутааллиқ мебошанд, дар қисми шимоли Амударё, дар ҷойи якҷошавии дарёҳои Панҷ ва Вахш ёфт шудаанд. Чунин маводи гаронбаҳо то Осорхонаи Британия расидан аз дасти бисёриҳо гузашта омада буданд. Солҳои 1889-1890  бо мавод  даҳҳо ва садҳо мутахассисону санъатшиносон, бостоншиносону форситаборон, арабшиносон, донишмандони забонҳои гуногун, мутахассисони эллинии маданияти қадим шинос шуда, онҳоро хеле хуб ва ҷиддӣ омӯхтанд. Мавод то соли 1905 аз ҷониби И.Толстой ва Н.Кондаков омӯхта шудааст. Ҳамон солҳо дар атрофи Хазинаи Амударё дар Тошканд ҷамъомад доир мегардад. Дар замони шӯравӣ Хазинаи Амударё се навбат дар Санкт-Петербург (собиқ Ленинград), Киев ва Сибир ба намоиш гузошта шудааст. Дар замони Ҳукумати шӯравӣ давраи нави омӯзиши Тахти Сангин ва Хазинаи Амударё оғоз ёфт. Баъзе намунаҳои ба хазина монанд дар Эрмитаж низ нигаҳдорӣ шудаанд. Зарурат пеш омад, ки минбаъд тамоми дороиҳои санъату фарҳанги ҷаҳонӣ дар муқоиса бо Хазинаи Амударё омӯхта шаванд.                                                  
    Муҳаққиқон бештар дар бораи дороиҳои хазина, махсусан аз хусуси ёфт шудани санъати баланди ҷаҳонӣ ва тавсифи ҳар кадом мавод алоҳида меандешиданд. Ба мулоҳизаи М.Дяконов, баъзеҳо ҷойи пайдо шудани маводро дар харобаҳои Тахти Қубод, дар соҳили Амударё, ҷойи ҳамроҳшавии дарёи Қундуз ва дигарон онро дар наздикии Қубодиён пайдошуда меҳисобиданд.
    Нахустин шахсоне, ки маводи зарҳалинро аз дарё гирифта, ба корвониён фурӯхтанд, бошандагони маҳалҳои наздики Тахти Қубод буданд. Онҳо метавонистанд чунин ҷавоҳиротро зуд нафурӯшанд, шояд камбағалию нодорӣ одамони маҳалро маҷбур менамуд, ки ашёи ёфтаашонро, ки чӣ қадр қимат доранд, ҳанӯз дуруст нафаҳмида, гӯё касеву гурӯҳе аз дасташон зада мегирифта бошанд, зуд ба савдо баровардаанд. 
    Ормон Муддок Далтон ба ин муносибат ривояте меорад, ки чунин маъно дорад: мӯйсафеде аз камбағалию нодории мардумони деҳа ба риққат омада, бо ҳоли зор аз Худованд илтиҷо менамояд, ки барои ҳамдеҳагонаш кӯмак намояд. Дар хоб сафедпӯше ба мӯйсафед ҷойи нигаҳдошти бойгониро нишон медиҳад. Ӯ саҳар аз хоб хеста, дар шаҳри қадимии вайрона дар рӯйи реги соҳили дарё, дар зери деворҳои қаср, ки оби дарё шустааст, якчанд маводи аҷоиби зарҳалин меёбад. Ҳамон замон ҳамдеҳагонаш омада, ҳамаи маводи зарҳалину нуқрагинро чида гирифта, пинҳонӣ ба корвониён мефурӯшанд, то мабодо бек набинад, ки аз дасташон кашида мегирад. 
    Худи савдогарон ҳам ин неъмати Худованд дар роҳи сафар барояшон расонидаро ин тавр зуд ба фурӯш намебароварданд. Зеро онҳо дар бораи маводи гаронбаҳо аввал андеша намуда, роҳи дуруст истифода  шуданашонро намедонистанд. Лекин ҳоло онҳо дар роҳи дуру дарози сафар, ки чӣ пешомадҳо дорад, касе намедонист, тезтар аз маводи гаронбаҳо халос шудан мехостанд. 
                                                                                                    3
    Соли 1878 дар шаҳри Равалпиндии Ҳиндустон (Покистони ҳозира) тангаҳои тиллоиву нуқрагини асрҳои 5-3-и то милодро ба бозор бароварданд, ки дар Юнон, Байнаннаҳрайн дар давраи Ҳахоманишиён ва Селевкиҳо сикка зада шуда буданд.  Пас аз 3-4 сол боз дар ҳамин бозор  беш аз сад танга, ҳамчунин бисёр мавод аз тиллову нуқра, ҳайкалчаю асбобҳои рӯзгор, дастпонаву ангуштарӣ бо тасвири одамону ҳайвонот қариб 200 адад бо номи Хазинаи Амударё ё Ҷавоҳироти Окс гузошта  шуданд.Лекин А.Грант қисми зиёди тангаҳои бори аввал омадаро азони худ кард, ки он вақт директори роҳи оҳани Ҳинд буд. Генерал-майор А.Каннингем ҳам қисми зиёди мавод ва тангаҳоро харида гирифт, ки он вақт ба хизмати археологияи Ҳинд раҳбарӣ менамуд. Ба У.Френкс, ки дар Музеи Британия ба ҳайси муҳофизи шуъбаи асримиёнагӣ ва атиқаи Британия хизмат мекард, баъзе маводи ҷудогона ва тангаҳо насиб гардид.
    Сипас дар бораи бойгонии Амударё ахбори аввал аз ҷониби Гердмаи солҳои 1879, 1881 дар бораи ҷавоҳироту тангаҳо шунида шуд. Силсилаи мақолаҳо дар бораи маводи хазина аз ҷониби А.Каннингем солҳои 1881-1883  таълиф гардид ва қисме аз тангаҳоро ба осорхона супурд, Ӯ пеш аз вафот дигар дороиҳояшро ҳам барои осорхона васият намуд. Толстой ва Кондаков низ соли 1889 диққати ҳамагонро ба ҷавоҳироти Окс ҷалб карданд.  Худи осорхона низ як қисм маводро солҳои 1878-83 аз ҳар куҷо ҷамъ овардааст. Баъд аз чанд сол, дар аввали асри бистум, соли 1905 муҳаққиқи санъатшиноси англис О.М.Далтон бо осори муътабари Амударё шинос шуда, ҳар кадомро як-як аз назар гузарондаву бо дигар ёдгориҳои дар ҷаҳон маълум ба муқоиса гузошта таҳқиқ менамояд ва ба  китоби худ “Хазинаи Амударё” ном мегузорад.
    О.М.Далтон оид ба Хазинаи Амударё, ки соли 1877 дар соҳили дарёи Кофарниҳон, дар масофаи байни Хулм (Тошқӯрғон) ва ҷануби Қубодиён  40 мил (манзил) аз Окс боло ҷой гирифта ва аз Қундуз то  Окс дурӯза роҳ мебошад, маълумот медиҳад.  Ба фикри Герднер, “хазина ҳашт манзил аз Окс дар наздикии қасри куҳан ёфт шудааст.” Ф.Бартон аз Вазиаддин, ки сардори шутурҳои бордор буд, дар бораи нарху навои маҳсулот пурсидааш чунин маълумот гирифтааст: нархи умумии ҳамаи ҷавоҳирот 80.000 рупия аст. Қисме аз онҳоро низ баҳогузорӣ кардааст: маводи дасти Литтон  180 рупия, дастпонаи ба Бартон супоридашуда 700 рупия, аробаи зарҳалин 120 фунт-стерлниг, аспи нуқрагин ва дигар мавод 5000 рупия, арзиши тангаҳо  300 фунт-стерлинг ва ҳоказо мебошад. 
    Бостоншиносон аз соли 1877 то солҳои ҳаштодуми асри бист хоки Тахти Қубоду Тахти Сангин ва атрофи онҳоро бод мекарданд, вале, мутаассифона, онҳо дигар чунин ганҷур пайдо карда натавонистанд. Мавзеъҳои дуру наздики Қубодиён, тамоми резишгоҳҳои соҳилҳои Омуя, ҳамаи шаҳракҳои хурду бузурги ин минтақа, масоҳатҳояшонро дуру дароз ба таҳқиқ гирифта, лекин имкони пайдо кардани чунин хазинаро наёфтанд. Ин бозёфт аз нахустин рӯзҳои пайдо шудан то ҳанӯз боиси фаразияву тахмин ва андешарониҳои мухталиф гардидааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хидмати бостоншиносон Б.П.Денике (1928), М.М.Дяконов (1950-1952), А.Манделштам (1956)-ро қайд карда менависанд: «Аҷобати таърихро бубинед, ки ин се бостоншиноси маъруф солҳо дар дил орзуи пайдо кардани нишоне аз “Хазинаи Амударё” парварида бошанд ҳам, қисмати носозгор ин бахтро барояшон муяссар нагардонд.» 
    «Ба мавзеи харобаҳои Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод ва Тахти Сангин олимони забардасти бостоншинос Б.А.Литвинский, Е.В.Зеймал, Б.Я.Ставиский, Л.И.Албаум омада, ба илми бохтаршиносӣ саҳифаи тозае афзуданд», вале ин саҳифаро боз кардан натавонистанд. «Тақрибан баъди сад соли ёфт шудани Хазинаи Амударё олимони илми бостоншиносӣ боз марҳамат намуда, ба бисёр манзараҳои торику ноаёни Хазина равшанӣ андохтанд. Ҳафриёти бостоншиносии Тахти Сангин, ки соли 1976 сараввал таҳти сарварии Б.А.Литвинский оғоз ёфт, сипас бо раҳбарии бостоншинос И.Р.Пичикиён идома гирифт, дар кушодан ва тафсиру таснифи бисёр муаммоҳои осори фарҳангиву тамаддуну давлатдории аҳди Бохтари қадим кӯмак намуд.» 
    Ин ҷо сабабҳои зиёде ҳастанд, ки чаро одамони маҳаллӣ хазинаро нигаҳдорӣ карда натавонистаанд? Аз ҷониби сокинон ба савдогарони бухороӣ фурӯхта шудани хазина, дар маҷмуъ ба англисҳо расидан ва оқибат аз ҷониби Оу Френкс ба Музеи Британия васият шудани Хазинаи Амударё (1896) воқеан падидаи нек мебошад. 
    Геродоту Страбон массагетҳоро бо овезаҳои заррин дидаанд, дар асри шашум хони Туркистон Дизаверин  Юстиниан - сафири императори Византияро дар ложаи заррини боҳашамат қабул кардааст. Онҳо мардумони Бохтарро низ дар чунин аҳвол дида буданд.
                                                                                                     4
    Миқдори олоти Хазинаи Амударё хеле зиёд мебошад. Савдогарони бухороӣ як миқдори онро ба даст дароварда, боз умедвор мешуданд, ки боқимондаро низ дар сафари оянда бо худ меоранд. Хазина, дар ҳақиқат, мероси бою гаронбаҳоест, ки селобаи бузурги дарё бо худ бурда, қисми каме аз онҳо дар сангу хок ва рег банд шуда мондааст. Ва шояд миқдори зиёди мавод дар зери лою санги дарё нопадид гаштааст? Дарёи ҷӯшидаву хурӯшида  хазинаро чӣ қадар бо худ бурд, маълум нест. Шояд қисми зиёди хазина дар зери лою санг нопадид мондааст.  Онҳое, ки  хазинаро ёфта буданд,  на ҳамаро ба савдогарон фурӯхта метавонистанд. Ҳамин қадар ҳам, ки аз Хазинаи Амударё ба даст омада,  дар Осорхонаи Британияи Кабир маҳфуз мебошад, шукр гуфтан, ба муҳофизонашон аҳсану офарин хондан кам аст. Агар хазина ба дасти англисҳо намерасид, кӣ медонад, аз ганҷур то имрӯз осоре маълум буд ё не? Ҳамин Хазинаи Амударёст, ки Қубодиён ҳамчун вилоят маълум бошад ҳам, Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз машҳури олам мегардонад. Хазинаи Амударё ба куллӣ набошад ҳам, як андоза омӯхта шуда, гузаштаи дури таърихию фарҳангии ҷумҳуриамонро равшан менамояд. 
    Қариб ҳамаи донишмандони аз хазина огаҳидошта боз дар пайи тараддуди чизе ёфтан, омӯхтану таҳқиқ кардан ба ин водӣ бо умеду орзуҳои ширин меомаданд. Дар миёни онҳо овозаҳо андохта буданд, ки хазинаҳои Искандари Мақдунӣ дар ин водӣ паноҳанда шудааст, ки баъди истилои Ҳинд ганҷур бо худ мебарад. Ҳангомаҳое ба миён меоварданд, ки бутҳои зарини барқади одам дар замин гӯронда  шудааст. Аз ин лиҳоз, бостоншиносон ҳар мавзеъ, ки диққатро ба худ мекашид, ёдгориҳои таърихӣ, қалъаву хоктеппаҳо, харобаву димнаҳои қадимиро муоина карда, аз сокинони водӣ, аз мӯйсафедон таърихи ёфт шудани хазинаро пурсида, мардумро ба фикру андешаҳо меандохтанд.
    Профессор А.Семёнов дар як вохӯрӣ бо беки Қубодиён соли 1917 аз забони худи ӯ пайдо шудани ин хазинаро шунидааст. “Дар харобаи назди Қубодиён, - мегӯяд ӯ, (дар яке аз теппаҳои оббурдаи дарёи шаҳри куҳан) одамон аз хусуси маводи маъдании замони ҳахоманишӣ ё сосонии ёфтаашон нақл мекунанд.”  Зеймал аз ин суханони  бек, ки ба як мулоҳизаи аниқ расида натавонистааст, ҳанӯз ҳам ба худ наомадааст.  Вале бек аввал розӣ шуда, баъди гузаштани муддати муайян ба кофтукови ҷойи хазина иҷозат надодааст. М.М.Дяконов бинобар ин ҳам гуфтааст, ки «ин чизҳо аз салоҳияти бекигарии Қубодиён» дур аст. Сухани дигараш ин аст, ки тоҷирони форсии Пешовар тангаҳои қадимии ёфтшудаи хазинаро ба англисҳои Ҳиндустон мефурӯшанд, онҳо дар баҳои чунин тангаҳои қадимӣ пули калон меситонданд. «Англисҳо пули калон доранд, -бе ҳеҷ сухани бофта илова мекарданд онҳо, -мо чӣ гуноҳ дорем, вақте ки ҷанобони рус ин қадар ҳақир ҳастанд, ки нақди пурсидаи моро пардохта наметавонанд.»     Бостоншиносон хоки водиро ғалбер менамуданд. Бояд дар ин ғалберкорӣ чизҳое ҷамъ оваранд, ки дар аҳамият ва қимат беназир бошанд. Дар ҳақиқат, хеле чизҳо ба даст оварда буданд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  муфассал маълумот доданашонро зарур медонанд:  «Се пайкони биринҷии ёфтшуда арзиши баланди илмӣ дошта, яке сегӯшаи аҳроммонанд, дигаре сепаҳлӯи мусаттаҳ ва сеюмӣ чорпаҳлӯи нӯгтез буд, ки ҳар кадом ба сӯрохи хаданг монандӣ доштанд. Ин пайконҳо ба илми бостоншиносӣ маълум буда, дар асрҳои 7-6-и то милод чун яроқи ҷангии скифҳои Осиёи Миёна, минтақаҳои Қафқоз ва Эрон шуҳрат доштанд. …аввалҳо ин гуна пайконҳоро аз устухон, чӯб, чақмоқсанг месохтанд ва дертар ба пайконҳои биринҷӣ рӯ оварданд. Одатан ин пайконҳоро ба қабилаҳои ориёие нисбат медиҳанд, ки дар ҳудуди Осиёи Миёнаи кунунӣ ва шимоли Афғонистон сукунат дошта, чун мардуми савораву пархошҷӯй шуҳрат ёфтаанд»; 
    - “Бозёфти аз ҳама аҷиб ва ҳайратангез ҷоми бузурги тиллоист, ки дар як рӯяи он шоҳи кӯшонӣ бо ҷавшани дарози ҷангӣ ва кулоҳи нӯгтез тасвир ёфта, дар рӯяи дигараш олиҳаи бараҳнае муҷассам гардидааст. Олиҳа дасти росташро сӯйи қурбонгоҳи ибодатхона ёзонида, сешохаи тездандоне бар дасти чап дорад ва дар таҳти сешоха барзагов нақш бастааст. Навиштаҷоти рӯяи ҷом ба олиҳаи дарёи Вахш будани зан далолат мекунад»;
     - «Куҳантарин бозёфти маъбади Вахш ғилофи оҷии ханҷари бохтарисохти акинак аст, ки дар рӯйи он ду манзараи  ба оҳу ҳамла овардани дарранда муҷассам шудааст. Шере дар қисми болоии ғилоф акс ёфтааст, ки бо пойҳои пеш оҳуеро дошта, бо пойҳои ақиб одамвор рост истодааст. Шер то андозае қиёфаи инсонӣ дошта, феълан ба асотири ривоятии ифодаи тавоноиву қудрати подшоҳон асос ёфтааст. Дар қисми поёни ғилоф дарандаи шабеҳи гурбаи калонро мебинем, ки ба чанголаш оҳуи бечорае афтодааст»; 
    - «Пайкараи аз оҷ тарошидашудаи Искандар симои ӯро ба нимхудою  нимодам монанд месозад, ки дар сар тоскулоҳи душоха дорад. Тоскулоҳи ба каллаи шер монанди  Искандар, аз як тараф, шаъну шавкати ғолибиятро ифода намояд, аз тарафи дигар, ба хотири мо қиссаҳои Искандари зулқарнайн (Искандари душоха)-ро меорад, ки аз даҳҳо «Искандарнома»-ҳои шоирони тоҷику форс бароямон ошност»; 
    - «Аз байни пораҳои ҷавшан ва тӯдаи шамшерҳо лавҳаҳое падид омадаанд, ки дар рӯйи онҳо манзараҳои шикор ва аспсаворӣ нақш бастаанд. Ин лавҳаҳоро ба девораи сандуқчаи оҷӣ нисбат дода, бостоншиносон онро «Бохтариён ҳангоми шикор» номидаанд. Ҳунарманди нафисакори бохтарӣ сару либоси савора, тарзи нишаст, олоти шикор, амсоли камон, ниём, зиреҳу афзори аспро чунин бо ҷузъиёташ хотамкорӣ кардааст, ки аз онҳо симои воқеии бохтариёнро тасаввур кардан мумкин аст. Ду савора ҷониби сайдҳо тир меандозанд, чанд ғизоли захмин афтода, рӯбоҳу заргӯшон даргурезанд ва модашери маҷрӯҳе барои наҷоти бачаҳояш омодаи ба савораҳо дарафтодан аст. Ин манзараҳо барои омӯхтани сатҳи фарҳанг, олоту афзори ҷангӣ ва маҳорати аспсавории бохтариён аз чандин асарҳо дида маводи фаровонтар дода метавонад.» 
    Аз чунин тасвиру тавсифҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ овардаанд, мо беҳтарин, нодиртарин маводи бозёфти Хазинаи Амударёро бо ҳамаи хубию фазилатҳояш пеши назар оварда, санъати волою олиро дар ҳазораҳои пешин бо мамнуният қадршиносӣ мекунем. Аз Қубодиён ба мулоҳиза омадан, бозмондаҳои хазинаро тавсиф кардан, сари қадам тақдир кардани осорхонаҳои  водӣ, ба таҳқиқ гирифтани Тахти Сангин, Хоҷа Машҳад, Чилучорчашма ва ҳоказо муҳаббату садоқати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба минтақаи Қубодиён афзун мегардонанд.
                                                                                                        5
    Хазинаи Амударё ганҷинаи беамсоли мардуми Бохтар, нақши дастони ҳунарманди ин сарзамин, парвози хаёлу андешаҳои бемонанд аст, ки дар фулузот, тиллову нуқра, олоти маъданиву сангӣ ва ғайра насб шудаанд. Мо баъд аз чандин ҳазор сол ба офарандагонаш аҳсанту офарин хонда, аз онҳо шукргузор мешавем, ки бароямон чунин асарҳои воло, парвози андешаҳои нодир ба мерос гузоштаанд. Ин хазина ҳарчанд аз Ватан дур, дар Британия ба намоиш гузошта шудааст, лекин барои мо - тоҷикон неруву тавоноӣ афзуда, пайванди милливу маънавиамонро мустаҳкам нигоҳ медорад. Шояд Хазинаи Амударё ба муносибати 2500-солагии Тахти Сангин дар ватани аслиаш ба намоиш гузошта шавад.  
    Хазинаи Амударё ба мисли «Авесто», «Шоҳнома», «Тоҷикон» аҳамият, қурбу қимат ва манзалати алоҳида дорад. Хазина дорои  намунаҳои санъати бузурге  мебошад, ки таърихи замони куҳанро дақиқ инъикос мекунад ва хулосаҳои ҷолиб ба миён мегузорад, нисбат ба гузаштаи фарҳангии тоҷикон эҳтиромро афзун менамояд. Хазинаи Амударё дар санъату ҳунар, таърихи гузаштагон, подшоҳони замони пешин, гузаштаи дури илму фарҳанг мавҷи хаёлу андешаҳоро меафзояд ва бароямон заминаҳои басо фарох пайдо менамояд. Ҳар асари хазина шоҳкориҳои беамсоли замонҳои пешин буда, барҷаставу пурмуҳтаво эҷод шудаанд, ганҷинаи муҷаллои замон, мероси нотакрори куҳандиёр шинохта мешаванд. Мо дар асарҳои мазкур қудрати қаламу андешаҳои ниёгони худро эҳсос мекунем, иқтидори санъату адабиёти бадеӣ, устура, фарогирии мазмунҳои тозаи ҷаҳониро мушоҳида менамоем. Мо дар осори хазина пайванди маънавии тоҷиконро бо Руму Юнон, ҳамфикрию ҳамдастиашонро бо Ҳинду Чин, илму фарҳанги дигар халқу миллатҳои мутамаддин ба мушоҳида мегирем. Осори арзишманди тамаддуни ориёӣ олитарин намунаи миллии бохтариён буда, дар асрҳои 5-3-и то милод аз аҷдоди Каёниён боқӣ мондааст.
    М.М.Дяконов ба андешаҳои О.М.Далтон эътироз намуда, изҳор  менамуд, ки бойгонӣ на аз Эрону Юнон, балки он дар муддати дуру дарози таърихӣ, аз ҷониби шахсони гуногуни ҳамин минтақа, аз ҷониби  таҳҷоиён таълиф шудааст. Ба мулоҳизаи ӯ, “ба ҳалли масъалаҳои Далтон пурра эътимод бастан мумкин нест." Ҳамчунон ӯ навиштааст: “Мардуми таҳҷоӣ маданияти баланди худро доштанд... Тахти Қубод ҷойи нигаҳдории чунин боигарӣ ҳисоб мешуд”, гуфта аз Покотилло низ мисол меорад, ки вай соли 1886 дар ин ҷо  аз ёфт шудани чанд бойгонӣ  хотиррасон кардааст. Ба фикри ӯ, бойгонӣ на аз як ҷо, балки аз минтақаҳои гуногуни Қубодиён пайдо шудаааст.  
                                                                                                     6
    Аз ёфт шудани Хазинаи Амударё  қариб дусад  сол мегузарад. Дар ин муддат дар олам бисёр кашфиёти азим ба вуҷуд омаданд. Дар бораи Хазинаи Амударё китобу рисола, мақолаву хабарномаҳо хеле зиёд ба забонҳои гуногуни дунё нашр шуданд. Аҳли илму ҳунар, санъаткорони ҷаҳон хазинаро гаштаю баргашта тамошо карда, илҳом мегирифтанд. Хазинаи Амударё ба чашм ҷилваю ҷилоҳо афзуда, тафаккури ақлонии донишмандону ҳунармандонро равшан менамояд. Дар ин муддат фикру андешаҳои гуногун гуфта шуданд, фарзияву тахминҳои зиёд ба табъ расида, муаммоҳои зиёд дар пешорӯйи муҳаққиқон баромаданд, ки як қисм то ҳанӯз ҳаллу фасли худро надидаанд. Генерал-майори англис А.Каннингем - яке аз харидорони воқеии хазина, «аз нозукиҳои санъати атиқа, илми сиккашиносӣ ва бозёфтҳои осори  нафисаи аҳди қадим хеле огаҳӣ доштааст, ки бо тафсиру таснифи  қариб якуним ҳазор сиккаҳои тиллоӣ ва саду ҳаштод адад маснуоти заррину нуқрагини осори Хазинаи Амударё машғул шуда, онҳоро ба замони подшоҳии Ҳахоманишиён, кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ ва давраҳои давлатдории Юнону Бохтар мансуб донистааст. Дертар дар ибтидои асри бист донандаи осори атиқа  ва санъатшиноси номии англис О.М.Далтон номгӯи мукаммал ва тафсири маҷмуи маводи Хазинаи Амударёро ба таҳқиқ расонд.  Муҳаққиқон бештар дар бораи дороиҳои хазина, хусусан аз боби ёфт шудан ва тавсифи ҳар кадом меандешанд. Ба мулоҳизаи М.Дяконов, баъзеҳо ҷойи пайдо шудани маводро дар харобаҳои Тахти Қубод, дар соҳили Амударё, ҷойи ҳамроҳшавии дарёи Қундуз, дигарон дар наздикии Қубодиён медонанд. 
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон маҷмуи ашёи хазинаро мансуб ба ганҷинаи ягона донистаанд, ки ҳамагӣ якҷоя ба даст дароварда шудаанд. Ин тасниф  пештар аз забони муҳаққиқони бостоншиноси рус Н.А.Майев, Н.И.Покотилло, Д.Н.Логофет, А.А.Семёнов, М.М.Дяконов, Т.Н. ва Е.В.Зеймалҳо, А.М.Манделштам ва бисёр дигарон  то солҳои ҳаштодуми асри XX каму беш гуфта мешуданд. О.М.Далтон дар айни замон ақидаеро пеш гузошт, ки "маҷмуи осори Хазинаи Амударё маҳсули дасти ҳунармандони  сарзамини Осиёи Миёна набуда, ба ин ҷо дар аҳди Ҳахоманишиён аз Эрон интиқол ёфтааст.»  Ӯ нафаҳмидааст, ки Варорӯд як қисми муҳимтарини давлати бузурги Ҳахоманишист. Вай бо вуҷуди чунин андешаҳо қариб ҳамаи маснуоти ёфтшударо ба сокинони Амударё, Бохтари Қадим, маҳсули дасти аҷдодони форсизабон ва як қисмро нусхаи тухмаи пайвандӣ медонист, ки дар онҳо осори фарҳанги маҳаллию эллинӣ сабт шудааст.
    А.Каннингем, О.М.Далтон ва дигарон дар мақолаву китобҳояшон бештар дар бораи дороиҳои хазина, хусусан аз боби ёфт шудани хазина ва таснифи ҳар мавод меандешиданд.Ба мулоҳизаи М.М.Дяконов, баъзеҳо ҷойи пайдо шудани маводро дар харобаҳои Тахти Қубод, дар соҳили Амударё, ҷойи ҳамроҳшавии дарёи Қундуз, дигарон дар наздикии Қубодиён ном гирифтаанд. 
    Ақидаи пештараи О.М.Далтон минбаъд мухолифон ва тарафдорони зиёд пайдо намуд. Ҳафриёти Қалъаи Миру Кайқубодшоҳ, қалъаҳои Кофарниҳон, Шаҳритусу Бешканд ва шаҳракҳои Айвоҷ, Тулхор, Сайёд маснуоти аз ин мавзеъҳо ёфтшуда як миқдор ақидаҳои ӯро ботил месозанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сухани худ ба чунин хулоса меоянд, ки махзани Амударё Тахти Сангин аст ва аҷдодони қадимиамон барои ояндагон ба мерос гузоштаанд: «Аз он чизҳое, ки пайдо шуданд: ҷоми бузурги тиллоӣ (димнаи Кайқубодшоҳ), шумораи зиёди шамшерҳои якдамаю дудама, ғилофи оҷии ханҷари бохтарисохти акинак, беш аз се ҳазор пайконҳои оҳаниву биринҷӣ (Тахти Сангин), се пайкони биринҷӣ (Қалъаи Мир), пайкараи хурди Искандари Мақдунии аз оҷ тарошидашуда, ки тоскулоҳи душоха дорад, муҷассамаҳои гаҷиву гилӣ (Тахти Сангин), лавҳаи манзаравӣ ва аспсавории «Бохтариён ҳангоми шикор», маснуоту зарфҳои сафолию фулузӣ, олоти сангии меҳнатӣ (Қалъаи Мир), тангаву пулакчаҳои зарин (Тахти Сангин) ва ҳазорҳо монанди инҳоро Президенти кишвар далели раднашавандае медонанд, ки макони ҳақиқии Хазинаи Амударё (на Тахти Қубод, балки) маҳз ҳамин маъбаду толори бошукӯҳи Тахти Сангин мебошад. Шамшерҳои якдамаю дудамаи акинаку ғилофини румию юнонӣ  ҳангоми аз дарё убур кардан ба маъбади Вахш назр шудаанд. «Осори Тахти Сангин, -ҳамчунин менависанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳифаҳои ноаёни Хазинаи Амударёро бароямон кушода, собит намуд, ки ин ганҷинаи беамсол маҳз порае аз назрҳои дар тӯли садсолаҳо нисорнамудаи муътақидону зиёратгарон будааст.» Қубодиён ҷойҳои муқаддас зиёд дорад, ки вобаста ба ақлу фаросат ва илҳоми корию фаъолияти эҷодии шахсиятҳои алоҳида бунёд гардидаанд. Имрӯз низ анъанаҳои куҳан дар ин сарзамин идома доранд. Б.Ғафуров ин ҳамаро аз дараҷаи тараққиёти пешаи санъатварии замони Бохтар донистааст. Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» - аробаи дучархаи ҷангии тиллоӣ, ҳайкалчаи нуқрагини одам, либос ва аслиҳаҷоти зарҳалин, бозубанди тиллоӣ, муҷассамаи тиллоии гавазн ва  монанди инҳо ба таври барҷаста муҷассам гардидааст.

  • Дида шуд: 70

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj