Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

    
    Гузаштаи таърихии миллати мо борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайроҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд. Аммо дар ҳамаи ин марҳилаҳои ҳассосу ҷонгудоз миллати мо бо хиради баланду хислати созандаи хеш ва бо фарзандони далеру шуҷоъи худ тавонист аз худ ва ҳувийяти миллиаш дифоъ намоянд. Тавре кишваршиноси рус Н.Г.Павлов дар китоби «Таърихи Туркистон» менависад: «Мо акнун шоҳиди эҳёи миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем… .  Аз рӯйи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаранд: кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд.» 
    Бо ин месазад  гуфт, ки эшон рисолати инсонию фарзандии хешро назди Ватан бо сарбаландӣ иҷро намудаанд. Дар ин росто зикри номи симоҳои барҷастаи халқи тоҷик аз қабили Куруши Кабир, Спитамен, Ардашери Бобакон, Анушервони Одил, Абӯмуслим, Яъқуби Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулқодир Муҳиддинов, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон бамаврид аст.
    Яке аз марҳилаҳои хеле ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати мо солҳои 90-уми асри сипаришуда буд. (1, 440) Бо таназзул ёфтани низоми шӯравӣ давлатҳои қаламрави он роҳи мустақили давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистон низ дар соли 1991 истиқлоли давлатиро ба даст овард. Барои  расидан ба ин неъмати гаронарзиш – истиқлоли давлатӣ таърихан халқи тоҷик ҷафоҳои зиёдеро пушти сар намуд, аммо дар он замон осон ба даст омад, вале ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар пайи талоши афроди алоҳида барои ба даст овардани ҷоҳу мансаб ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он баръало эҳсос мегардид. Неруҳои марказгурезу манфиатхоҳ таҳти шиорҳои авомфиребона бо мақсади амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ бо ҳам дар муқовимат буданд. 
    Дар чунин айёми мушкил дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ хушбахтона ақли закию хиради воло ғалаба намуд, ки фарзанди баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ Шералӣ, «Раҳми Парвардигори мо омад», ки чунин шахсият дар он солҳои пурдаҳшат сарварии миллату давлати моро ба уҳда гирифт. (1,450) 
      Пас аз ин маҷрои давлатдории тоҷикон роҳи навро пеш гирифт, ки роҳи ҳаёти дурахшон, саодат, адолат, созандагӣ, ваҳдат ва худшиносию меҳанпарастӣ буд. Аз ин рӯ, ин иҷлосияро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳақиқат нуқтаи таҳаввул ва омили сарнавиштсоз ҳисобидан мумкин аст. 
    Ҳамон тавре ки ҳамагон медонем, дар меҳвари нахустин суханронии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан ва сарҷамъии миллат қарор дошт. Омадани Эмомалӣ Раҳмонро ба сари ҳокимият метавон ба ин байти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташбеҳ дод:             

                             Мо барои васл кардан омадем, 
                             Не барои фасл кардан омадем.

     Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбату мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ, яъне аз торикию зулмот ба ҷониби нуру созандагӣ ҳидоят менамуд. Мулоқотҳои Сарвари давлат дар он солҳо  шуълае аз ояндаи нек дар замири мардум ба вуҷуд меовард.
    Сарвари давлат марди дурбину хирадманд буда, таърихан ин хислати беҳтарини роҳбарон ба ҳисоб меравад. Чунин хислатро мо дар ҳамон мулоқотҳои аввалини эшон пайхас менамоем. Дар аввалин мулоқоти хеш бо мардум дар ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси Роҳбари давлат дар таърихи 22 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Аз ҳамин ҷо дар хоки Афғонистон шаҳрвандони мо вафот кунанду мардуми бегона онҳоро  ба хок супоранд, ба нангу номуси мо намерасад? Ҳазорҳо нафар дар он ҷо мурдааст. Ҳазорсолаҳо мегузаранд ва миллати моро таъна мекунанд. Ҳар як нафаре, ки аз он ҷо гузарад, мегӯяд, ки ин гӯристонҳои мардуми тоҷик аст… То тинҷию амонӣ нашавад, то фарди охиринро аз дигар давлатҳо барнагардонем, ман худро ором ҳис намекунам.» (2,730)     Таваҷҷуҳ намоед, ки дар он солҳои пурдаҳшат кӣ аз нангу номуси миллат ҳарф мезад, кӣ фикри ояндаи ҳазор сол баъди давлати тоҷиконро мекард? Албатта, касеро аз роҳбарони онвақта ёфтан душвор аст, ки дар чунин фикрҳо бошанд.
    Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои Роҳбари давлат интихоб шуданашон дар фикри аз байн бурдани ақидаҳои аҳримание, ки миёни омма реша давонда буданд, афтоданд. Ин фаъолияти некбинонаи Пешвои миллат аз нахустин мусоҳибаашон бо рӯзноманигорон баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан эҳсос мешавад. Эшон ба саволи рӯзноманигор «Ба ақидаи Шумо роҳҳои асосии ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ кадомҳоянд?», чунин посух додаанд: «Ба назари ман, дар қадами аввал бояд гурӯҳҳои силоҳбадаст бо ҳам гуфтушунид кунанд ва ба мувофиқа бирасанд. Вақте ки миёни онҳо якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояду дастаҳои мухолиф ба якдигар бовар кунанд, ин иқдом баҳри беҳдошти вазъ заминаи хубе хоҳад шуд.» (19.12.1992) 
    Аз ин рӯ, ба хотири ба эътидол овардани вазъи сиёсии давлат, аз байн бурдани кинаву адоват, озод кардани мафкураи оммаи роҳгумзада аз ҳар гуна ақидаҳои тундгароӣ, побарҷову устувор кардани истиқлоли давлатӣ ва зери як ақидаву маром аз нав муттаҳид сохтани миллат бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ рӯзҳои 9 - 19 апрели соли 1994 музокироти байни тоҷикон оғоз ёфтанд. Музокирот 8 давраро дар бар гирифта, 40 моҳ идома доштанд. Вохӯриҳо барои гузаронидани музокирот дар шаҳру давлатҳои алоҳидаи ҳамсоя мегузаштанд. Дар кори музокирот ба ғайр аз намояндагони ҳукумати конститутсионӣ неруҳои мухолифин, инчунин намояндагон аз созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок мекарданд. (1,465)
    Мегӯянд, ки ҳақиқати таърихӣ баъди солиёни зиёд аён мегардад. Албатта, таърих шоҳиди ҷасорату мардонагии бисёр фарзандони миллати тоҷик аст, ки корнамоиҳои онҳо дар замони худашон қадр намегашту аз мадди назар дур мемонд. Шароити орому осоиштаи кунунӣ ва истиқлоли давлатӣ ба мо имкон медиҳад, ки баъзе аз корнамоиҳову ҷоннисориҳои дар роҳи расидан ба сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ анҷомдодаи Пешвои миллатамонро ёдрас кунем, то мардуми ватандӯсту куҳантамаддун ва сулҳофару эҷодкори тоҷик аз асли пайдоиши ин меваи пуршаҳд – ободии имрӯза қадре ҳам бошад, огоҳӣ пайдо кунанд.
    Барои имзои созишномаи таърихӣ 6 моҳи дигар боқӣ монда буд, ки ин ба тирамоҳи соли 1996 рост меомад. То ин замон 5 даври музокирот ба анҷом расида буд ва даври навбатии музокирот бояд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мегузашт ва хулосаи аниқро дар бораи ба мувофиқа омадани гурӯҳҳои даргир мебаровард. Аммо неруҳои тундрав ва зиддиҳукуматӣ дар ҳар гӯшаву канори кишвар ва берун аз он ташвиқоти зиддиҳукуматиро шиддатноктар мекарданд. (2,740) 
    Дар ҳамин шароит сафари ногаҳонии Президенти кишвар ба ВМКБ-и ноором сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳӣ ёфтан аз хости дили мардуми ин минтақаи дурдаст ин азмро пеша карданд.Дар ин сафар эшонро сардори котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоев ва рӯзноманигори маъруф Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳангоми сафар Президенти Тоҷикистон аз Роштқалъа, Хоруғ, Ишкошим ва Рӯшон дидан карда, бо мардуми ин минтақаҳо ҳамсуҳбат шуда, аз ҷонибдори ҳокимияти қонунӣ будани онҳо огоҳӣ ёфтанд. Ҷараёни ин вохӯриро бо мардуми Рӯшон яке аз шоҳидони ҳол Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ чунин зикр мекунад: «Чархбол ба масири Рӯшон парвоз кард ва касе интизор надошт, ки Президент ва ҳамроҳонаш дар муҳосираи ҳақиқӣ меафтанд. Аз чархбол фуромада, савори мошин ба маркази ноҳия мерафтем. 
    Ногоҳ қумондон Навоӣ, ки хусурбачаи Ибод Бойматови регарӣ мебошад, бо дастаи мусаллаҳи худаш аз ҷангалаки сари роҳи мо баромада, ба мошини Президент дарафтод. Ин ҷоҳил бо кафҳои оҳанинаш ба рӯи капоти мошин сахт кӯфта, ҳақорат медод.
    Хирадмандии Президент буд, ки посбонони худро (ҳамагӣ 3 кас дар баробари як дастаи калони дорои гранатомёту пулемёту дигар силоҳҳои вазнин) аз аксуламали кӯтоҳандешона боздошт. Ҳамин вақт аз маркази ноҳия гурӯҳи сарҳадбонон омада расиданду пеши роҳи роҳзанонро гирифтанд ва мо аз муҳосира баромада, ба маркази ноҳия даромадем.» (3)     Маълум буд, ки  дастаҳои мухолифин бо ин амалҳои нангини худ хоҳони аз нав аланга гирифтани ҷанг, нооромии иҷтимоӣ ва сиёсӣ буда, ба ин восита аз итоат ба ҳукумати қонунӣ саркашӣ мекарданд.Аммо ҳисси  сулҳҷӯию ваҳдатхоҳӣ, ватандӯстӣ, дурандешӣ ва орзуи зери як парчам муттаҳид кардани халқи роҳгумзадаи тоҷик нагузошт, ки Пешвои миллат ба амале шабеҳи мухолифин даст зананд.
    Тавре зикр шуд, музокироти навбатӣ бояд дар Эрон баргузор мешуд, аммо бо мудохилаи гурӯҳҳои тундрав ин мулоқот, ки рӯзҳои 16-17-уми октябр дар назар дошта шуда буд, баргузор нашуд. Музокироти мазкур 10-уми декабри соли 1996 дар Хустдеҳи Афғонистон баргузор гардид. Иштирокчии бевоситаи музокирот Иброҳим Усмонов мегӯяд: «Баъд аз ин (яъне баъд аз оне ки музокирот дар Эрон баргузор нашуд), боз роҳбарони ҷонибҳо ба ҳамдигар мактуб навиштанд, масъалаи он ки бояд ҳатман роҳбарони ҷонибҳо бо ҳам вохӯранд, дида шуд.» 
    Баъди ин музокирот шуълае намудор гашт, ки аз оғози сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ дар Тоҷикистон хабар медод. Зеро пас аз ин музокирот, «баробари бозгашт аз Хустдеҳ ба Душанбе рӯзи 11-уми декабр Президент супориш доданд, ки фармон дар бораи сулҳ омода карда шавад. Ҳамон шаби 11-ум ба 12-уми декабр, соати 23:30 дақиқа он аз тариқи телевизон қироат карда шуд. Дар он фармон омада буд, ки аз соати 00:00-и шаби 12-уми декабри соли 1996 дар Тоҷикистон сулҳ эълон карда шавад.» (2,741) 
    Ҳатто баъди баромадани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сулҳ ҳам баъзе аз қумондонҳои гурӯҳҳои мухолифин ба монанди Ризвон Содиров ва бародари ӯ Баҳром Содиров амалиёти нангини зиддиҳукуматии худро идома медоданд. Бародарон бо роҳи гаравгонгирии намояндаҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, таҳдид ба ҳукумати амалкунанда мехостанд, ки мавқеи худро дар миёни ҷомеаи онвақта мустаҳкам кунанду «давлати хаёлӣ»-и худро дар радифи ҳукумати қонунӣ бунёд созанд. Дар арафаи имзои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» Ризвон Содиров дар Афғонистон ва бародари ӯ Баҳром Содиров бошад, деҳаи Қалъаи нави ноҳияи Файзободро ба пойгоҳи ҳарбии худ табдил дода буд. Ин ҷо ӯ зиёда аз 12 нафарро,  ки аз онҳо 5 нафар аъзои ҳайати нозирони низомии СММ, кормандони ИТАР – ТАСС, Интерфакс, телевизиони мустақили Русия, ронанда ва ду корманди Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, чор корманди Комиссари олии СММ дар масъалаи гурезаҳо ва ҳамчунин вазири амнияти кишвар С. Зуҳуровро ба сифати гаравгон нигоҳ медошт. Баҳром Содиров онҳоро аввал ҳамчун восита барои овардани бародараш ва баъд барои омадани 40 нафар ҳамсилоҳонаш аз Афғонистон истифода мебурд. Вазъият дар Файзобод, Обигарм, Рашт ниҳоят вазнин буд. Андак ҳаракати ноҷо мумкин буд, ки ба марги гаравгонҳо оварда расонад, шароитро дар кишварамон вазнинтар гардонад, муносибати Тоҷикистонро бо ташкилотҳои байналхалқӣ сард намояд ва ё имзои созишномаи таърихиро ғайриимкон созад. 
    Дар чунин шароити ҳассос 17-уми ферали соли 1997 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наҳаросида, шахсан ба Оби Гарм рафтанд ва тӯли ду соат бо намояндаҳои бародарон Содировҳо гуфтушунид намуданд. Баъд аз ин Баҳром Содиров ҳамаи гаравгононро ҳамон рӯз озод кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ узр хоста, эълон дошт, ки ин гаравгонгирӣ аз тарафи ӯ тадбири иҷборӣ буда, ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ буду халос.
    Самараи ҳамаи ин кӯшишу ҷонбозиҳо, як ба як бо бародарони роҳгумзадаи худ вохӯрданҳо аввалан имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ва баъдан сарҷамъ кардани мардуми тоҷики пароканда зери як ақидаву маром муттаҳид сохтани онҳо, таъмини амнияту бехатарӣ ва истиқлолияти ин миллат, ободиву оромӣ ва осоиштагии имрӯза мебошад. (2,750-752).
    Ин ҳама қатраест, аз баҳри ҳодисаҳои таърихии солҳои 90-уми асри гузашта, то бидонем, ки неъмати бебаҳо - истиқлоли комили давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадаанд ва дифоъ аз онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост. 

 

Адабиёт:
1. История таджикского народа. Т.6. -Душанбе, 2011.

2. Ғолиб Ғоибов. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. -Душанбе, 2006.

3. Муҳаббатшоев М. Ҳадиси мардонагӣ //ҳафтаномаи «Тоҷикистон», 13 январи  2011.
 

  • Дида шуд: 97

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj