Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

       Беш аз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел дар асари маъруфаш “Сиёсат” навишта буд: “Магар бошад касе шубҳа кунад, ки қонунгузор (давлат, ҳукумат - С.Я.) бояд ба масъалаи тарбияи ҷавонон бо таваҷҷуҳи фавқулода муносибат кунад, зеро дар давлате, ки чунин ғамхорӣ нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад” (Аристотель. Политика. -М.:РИПОЛ классик, 2010. -С.535).
    Яъне ду масъалаи ҳаётан муҳим - алоқамандӣ ва вобастагии сохти давлатдорӣ ба мактабу маориф аз замонҳои қадим ҳамраҳи инсоният будаанд. Ва қудрати одам ҳам баробар ба умқи фикр ва қобилияти дарк карда тавонистани моҳияти зуҳуроти олам дониста шудааст. Шоир ва мутафаккири немис Гёте таъкид мекунад: “Мегӯянд, ки рақамҳо дунёро раҳбарӣ мекунанд; шубҳае нест рақамҳо ҳатто нишон диҳанд, ки дунё чӣ тавр раҳбарӣ карда мешавад” (Слово о науке. -М.: Знание, 1978. -С.10).
    Аз ин ҷиҳат, нашри китоби гурӯҳи олимони Академияи миллии илмҳо Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Сайидхоҷа Ализода, Нозим Нуров, Шамсиддин Нуриддинов “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (-Душанбе, 2021, дар ҳаҷми  310 саҳ.) ҳамчун “Воситаи тавсиявӣ-амалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ”, ки “бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва тавсияи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст”, иқдоми шоистаи дастгирӣ аст.
    Ба назар мерасад, ки омода ва нашр кардани чунин китоб тақозои рӯз ба рӯз афзояндаи яке аз муҳимтарин рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, зарурати баланд бардоштани нақши илм дар сохтори ҷаҳонбинӣ, системакунонии маҷмӯи масъалаҳои илмии марбут ба дидгоҳи маънавӣ ва методҳои тадқиқи он, коркарди дастгоҳи истилоҳ ва мафҳумоти илмии миллӣ, муайян кардани сарҳадҳои салоҳият, бархӯрд ва ҳалли мушкилоти вобаста ба мавзӯъ, ҳамчунин ҳимояи мафкураи динӣ аз суиистифодаи он тавассути ворид кардани ҳар гуна равияҳои ифротгаро мебошад.
    Ҳадаф ва мавзӯе, ки мо мехоҳем доир ба он ибрози назар намоем, таҳлил ва арзёбии ташаккули маънавиёти миллӣ дар асоси ҷаҳонбинии дунявӣ дар мисоле чанд аз мақолаҳои дар маҷмӯаи мазкур гунҷонидашуда мебошад.
                                                               
   Давлати миллӣ ва дунявият 
    Бояд хотирнишон кард, ки масъалаи давлат ва давлатдорӣ қисмати ҳаётан муҳимми мавҷудият ва пойдории миллат аст.
    Ягонагӣ ва умумияти қаламрав, забон, фарҳанг, маданият, урфу одат, идеология, эҳсоси муштараки ирсияти қавмӣ, нажодӣ, ки асоси давлатдории миллиро ташкил мекунанд, фақат тавассути ҳокимияти сиёсии мутамарказ, бо асосҳои ҳуқуқӣ ва имконоти танзими меъёрҳои конститутсионӣ таъмин карда мешаванд. Бидуни чунин шароит осудагӣ, субот ва рушди миллӣ наметавонад воқеият дошта бошад.
    Таҷрибаи таърихӣ ҳама гуна даъвоҳоеро, ки миллат танҳо тавассути забон, адабиёт ва фарҳанг дар фазо ва вақт, дар шароите, ки соҳиби ҳокимияти сиёсӣ нест, фардият, мустақилият ва ҳувияти хешро нигоҳ дошта метавонад, рад мекунад. Зеро ин гуна даъво аз лиҳози мантиқи сиёсӣ ба воқеият ва дурнамои давлатдорӣ  мувофиқ намеояд. Ҳодисаҳои охирини кишвари ҳамсоя ин назарияро бори дигар исбот намуд.
    Давлат дар  маконе, вақте ва бо сабабе пайдо мешавад, ки омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву идеологӣ ва маънавию ахлоқӣ зарурати мавҷудияти ташкилоти марказонидашударо ба манфиати субъектҳои гуногуни сиёсии ҷомеа, пеш аз ҳама, миллат ва халқиятҳо амалан эҳсос намоянд ва тавону иқтидори истифодаи чунин абзорро дошта бошанд.
    Давлат замоне таназзул меёбад ва аз байн меравад, ки субъекти офарандаи он иқтидори сарфи захираҳои ҳаётан муҳимми зикргардидаро аз даст медиҳад.
    Давлатсозӣ ва зиёдтар аз он таъмин намудани суботи давлат аз муҳимтарин ва мушкилтарин вазифаҳои миллат аст. Кори тахмин ва ҳадси эҳтимоли амал нест. Ин ташкилоти сиёсӣ, тавре хотирнишон гардид, натиҷаи таҳлили таҷрибаи кашмакаш, нобасомонӣ ва бенизомиҳое мебошад, ки ҳосили  он ғайр аз эҷод кардан ва таъсис додани сохторе бо номи давлат нест. Аз ин ҷиҳат, ҳама гуна бенизомӣ созгори истилоҳи давлат нест. Ва ибораи фаъолияти самараноки давлатдорӣ мафҳуми системавист.
    Муташаккилӣ ва устувории ин система аз фаъолияти муназзами соҳаҳои он, ки дар алоқамандӣ, вобастагӣ ва ҳамоҳангии якдигар қарор доранд, сарчашма мегирад.
    Ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ аз самтҳои ҳаётан муҳимми сиёсати давлатдорӣ аст.
    Аз тарафи дигар истифодаи истилоҳи идеология набояд боиси нороҳатӣ нисбат ба ифодаи тарзи тафаккур ва шакли муносибат ба  маънавиёти ҷомеа бошад. Борҳо таъкид гардид ва бори дигар хотиррасон мегардад, ки истилоҳи деидеологизатсия навъи устувори мафҳуми худи идеология аст. Он барои аз байн бурдани фарҳанги миллӣ ва дидгоҳи сиёсии дар чаҳорчӯби манфиатҳои давлатдорӣ муайянкардаи сохтори сиёсӣ, ба хотири дар мафкураи ҳадафҳои геополитикӣ ҷой кардани ҷаҳонбинии ғаразнок таъин шудааст. Чизи дигар, кашфиёти дигаре нест. Ва буда ҳам наметавонад.
      Аристотел таъкид мекунад: “Давлат ба оне мансуб аст, ки табиатан вуҷуд дорад ва инсон аз рӯи табиати хеш зуҳуроти сиёсӣ аст” (Аристотель. Политика. - М.: РИПОЛ классик, 2010. -С.29).
    Бо доштани чунин манзалат инсон наметавонад бидуни идея (ормон, орзу, дидгоҳ, мақсад, маром, шакли муносибати маънавӣ ба субъектҳои аслии муассисаи сиёсии давлат) вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намояд.
    Соҳибдавлатӣ, мансубияти ҳуқуқӣ ба қаламрави кишвар ва уҳдадорӣ дар назди Ватан, худ ангеза, идея, ормон ва қутбнамои маънавии тарзи амал мебошад.
    Зуҳуроти ҳастии муваффақ шакли комили ин ангезаи зиндагисоз аст. “Гузашта аз он, дар амалӣ кардани мақсадгузории ниҳоӣ  камолоти олӣ ифода меёбад, аз дигар тараф, мавҷудияти худкифоӣ бошад, ҳамчун падидаи ниҳоӣ ва олитарини воқеият баҳогузорӣ карда мешавад” (Ҳамон ҷо. -С.28). Чунин масъалагузорӣ, бидуни шак, мансуб ба инсон, ба шаҳрванд мебошад.
    Мо муътақид ҳастем, шаш рукни сохти давлатдорӣ, ки дар боби якум, моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, дар баробари эълони воқеияти ҳуқуқӣ муайянкунандаи самтҳои идеологии давлат  мебошанд.
    Дар муносибатҳои субъект ва объектҳои ҳуқуқӣ, вақте сухан дар  бораи таъмини суботи давлатдорӣ меравад, роҳ, усул, восита ва методҳои ҷабҳаи ташаккули ҷаҳонбинӣ мақоми муайянкунандагӣ мегиранд. 
Алалхусус, дар ҷараёни таърихии истиқрори истиқлолият. Аз ин ҷиҳат, мактаб ва маориф дар поягузорӣ, вусъат ва бардавомии сохти давлатдорӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.
    Даҳсолаҳои сипаригашта барои азнавсозии маориф, ташаккули инфрасохтор ва захираҳои кадрии он сарнавиштсоз буданд. 
    Дар шароити ниҳоят мушкили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ барои пешрафти илму маориф заминаҳои аслӣ гузошта шуданд.
Дар ин росто, мутобиқ гардонидани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию тарбиявӣ ба пояҳои сохти конститутсионӣ – давлатдории миллӣ қисмати ҳаётан муҳимми фаъолияти маориф дониста мешавад. Зеро маҳз ҳарфҳои чопӣ (он чизе, ки дар китоб дарҷ гардидааст), мақсад ва моҳияти зиндагиро меомӯзанд. Масири кунунӣ ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воқеияти сиёсиро нишон медиҳанд. Табиат, муҳтаво ва таъиноти инсонро дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ тафсир мекунанд.

                                                       Баъзе масъалаҳои назариявӣ дар маҷмӯа 
    Китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” дар чаҳорчӯбаи ниёзҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа дар самти тарбия ва таълим навишта шудааст.
    Маҷмӯа аз муқаддима ва мақолаҳо дар бораи омӯзиши аҳвол ва осори 27 тан аз адибони тоҷик иборат аст. Тибқи мавзӯъ, дар атрофи ақидаҳои равшангароӣ, маорифпарварӣ, илммеҳварӣ, дар умум, дунявият баҳс мекунад.
    Муқаддимаи китоб ба қалами донишманд Ҳафиз Раҳмон тааллуқ дорад. Дар он мавқеи илму хирад, маърифат, давлат ва сиёсат дар муносибатба ҷанбаҳои эътиқод тафсир гаштаанд.
    Муаллифи сарсухан бо такя ба андешаҳои мутафаккирони машҳури олам зарурат, мавқеъ ва манзалати  илму донишро дар зиндагӣ шарҳ медиҳад. Тақдири инсонҳоро вобаста ба тарзи тафаккур ва сифати шинохти олам аз ҷониби худи одамон медонад. 
Ӯ дуруст зикр мекунад: “ташаккули маниши нек табиист, ки худ аз худ ба ботини кас роҳ намеёбад, боистӣ раҳнамову қутбнамое дошта бошад. Ин қутбнамо аввалтар аз ҳама дониш аст, ки ҳамроҳ бо таҷрибаи зиндагӣ касро ба зинаи ақл ва аз он болотар дар нардбони камолот – ба хирадмандӣ мебарад” (С.4). Барои тасдиқи фикр аз Абулқосими Фирдавсӣ мисоли мувофиқ меорад: 
        Хирад поку дин поку дил поктар, 
        Бувад, ҳар кӣ дорад манише ба сар.

    Бузургӣ, серталабӣ ва дақиқнигории муаллифи “Шоҳнома” дар он аст, ки ӯ ҳашт аср қабл аз  файласуфи машҳури Ғарб, ки фармудааст:  “На  танҳо  натиҷаи  таҳқиқот, балки роҳе, ки ба он ҳидоят мекунад, бояд ҳақиқӣ бошад. Таҳқиқоти ҳақиқат худаш бояд ҳақиқӣ бошад” (Ковалченко И.Д. Методы исторического исследования. - М.: Наука, 2003. С.13), озодагии тинати инсонро бо таркиби сохтори ҷаҳонбинӣ ҳамбаста медонад. Аз илм, дониш, маърифат ва дин ҳам покиро тақозо дорад.
    Дар ин маврид ақл, ҳуш, зеҳн, идрок ва дарёфти инсонӣ-хирадро дар ҷойи аввал мегузорад. Ва онҳоро бо тинат, табиат, сиришт ва бузургии одам вобаста мешуморад.
    Дар муқаддима масъалаи таъмир ва татҳири (пок, покиза, тоза) фикр, ба воситаи он расидан ба худшиносӣ, ки танҳо тавассути донишу хирад ва таҷрибаи зиндагӣ сурат мегирад, таъкид мегардад.
    Яке аз беҳтарин қисматҳои сарсухан таҳлили мухтасари идеяҳои дунявият дар эҷодиёти мутафаккирон ва олимони араб аст, ки шоистаи омӯзиш ва баҳрабардорист. Он дар самти интихоби мавзӯъҳои илмӣ дар кафедраҳои ҷамъиятӣ ва Академияи илмҳо муфид ва барои  бисёре аз зиёиёни миллӣ намуна мебошад.
    Мусаллам аст, ки дунявият илм аст. 
Дар чаҳорчӯбаи мантиқи диалектикӣ арзи ҳастӣ мекунад. Шакли ҷаҳонбиниест, ки бо дарбаргирии маҷмӯи далелҳо қонунмандии умумӣ ва зарурии алоқамандии воқеияти реалӣ ва тафаккурро муайян месозад. Дар доираи муҳтавои масъала зиддиятҳои дохилии радшаванда надорад. Баръакс, ҷузъиёти он якдигарро давра  ба давра пурра мегардонанд. Қувват мебахшанд.
    Ин шакли ҷаҳонбинӣ аз эътиқод, ки барои тасдиқи назария ва амалияи хеш ба таҷриба ва далелҳои воқеӣ ниёзмандӣ эҳсос намекунад, тафовути усулӣ дорад.
    Принсипи дунявият ҳамон вақт ба эътиқод розӣ шуда метавонад, агар охирин, усулан, ба аввалӣ қоил бошад, онро эътироф ва бидуни қайду шарт қабул кунад.
    Дар муқаддимаи китоб оварда шудааст, ки “бидуни дониш идеяҳо афзун намегарданд, яъне ғизои ақл ва дар таҷриба таҳаввулёфтаи он – хирад ҳамеша илму дониш будааст” (С.6).
Чунин тарзи масъалагузорӣ дуруст аст. Ҳамзамон бо ин, муаллиф таъкид месозад: “Ҳақиқат ин аст, ки хирад (ақл, ҳуш, зеҳн, идрок, дарёфт–С.Я.) ҳаргиз ба эътиқод (ақида доштан, бовар, яқин доштан – С.Я.) ихтилофе надорад” (С.6).
    Тарзе ишора гардид,  мавзӯи баҳси илмӣ моҳияти масъала аст. Дар ин маврид сухан дар бораи сарчашма ва муҳтавои илм ва эътиқодот, таркиби сохторӣ ва вазифаҳои функсионалии онҳо меравад.
    Агар хирад бар илм асос ёфта бошад, махзани он назарияи дар таҷрибаи инсонӣ тасдиқгардида мебошад, тавре ки худи муаллифи сарсухан ҳам ёдовар мешавад. 
Ҳамин тариқ, эътиқод ва боварҳо бо илм ва хулосаҳои илмӣ дар мухолифат қарор доранд. Муҳтавои ин зиддиятҳо дар ҷаҳони ислом, аз ҷониби бозигарони геополитикӣ мақсаднок, моҳирона ва тахассусмандона истифода мешавад.
    Субъектҳои манфиатдори низоъ муътақиданд, ки ҷангҳои оштинопазири зеҳнӣ оқибат ба ҷангҳои дар даст силоҳи   тарафҳо анҷом меёбанд. Ин аксиома барои бозигарони геополитикӣ воситаи “рӯзгузаронӣ” аст. Яъне ихтилоф дар раҳи рост ба вуҷуд намеояд. Ин захираи бузурги геополитикӣ –вуҷуд доштани сарчашмаҳои ҳалнашавандаи душмании тарафҳо маҳз дар чаҳорчӯбаи илм ва дин эҳтиёткорона нигоҳ дошта, парвариш меёбанд. Шаклҳои ҷадиди дар ин асос аланга задани зиддиятҳои идорашаванда коркард ва роҳандозӣ мегарданд. Таърихи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ҷаҳони ислом далели возеҳ ва раднопазири ин гуфтаҳост.
    Китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бояд сирф дар асоси талаботи илмӣ ва илмиву методӣ таълиф гарданд. Мафҳум ва истилоҳот тибқи ҳамин  усул бидуни эҳсоси духӯрагӣ ва мавҳумот истифода шаванд.
    Воқеан, илм наметавонад бидуни суол хосияти устувор дошта бошад. Аммо зуҳуротеро, ки таҷриба ва озмоиш тасдиқ кардааст,  натиҷаи он ҳақиқат ва ба мақсади таълиф созгор аст, салоҳ дониста мешавад, ҳамон тавр истифода гардад. Хонандаро набояд вориди баҳсҳое кард, ки ӯ ҳанӯз тавони фаҳмиши онҳоро надорад.
                                                               Манбаъҳои назарияи дунявӣ 
    Дарки моҳияти дунявият, аввалан, бо эҳсос ва исботи қонунмандиҳои пайдоиш ва рушди ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, қатъан, зери таъсири илмҳои табиатшиносӣ пайдо шудааст. Баъдан ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ, аз ҷумла адабиёт ворид гаштааст. Илмҳои табиатшиносӣ - зистшиносӣ, риёзиёт, физика, кимиё,  ситорашиносӣ, тиб ва ғайра ҷавҳар, пойдевор ва сутуни аслии тафакккури дунявият мебошанд.Тавре маълум аст, инҳоро илмҳои дақиқ ва бунёдӣ ном мебаранд. “Воқияти вуҷуд доштани ашё ва далел тавассути озмоиш ва мантиқ муайян карда мешавад. Чизе, ки тасдиқ намегардад, аз тафаккури ратсионалӣ (оқилона, маъқул, дуруст - С.Я.) берун аст” (Ардашев Р.Г.Иррациональность общественного сознания россиян. -М.: РГСУ, 2021. -С.10). Бидуни илмҳои табиатшиносӣ дунявият, ҳамчун мафҳуми илмӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, чизе ғайр аз тахайюли одӣ, омӣ ва содалавҳонае буда наметавонад. Бе илмҳои табиатшиносӣ истилоҳи дунявият навъи тафсири хурофотии  олами ҳастӣ, мафҳуми пуч ва хушку холӣ аст, на чизи дигар.
    Ақидаҳои саромадони илм ва адабиёти тоҷик, асосгузорони ақидаҳои дунявӣ дар сохтори ҷаҳонбинии миллӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон натиҷаи омӯзиши илмҳои дар таҷрибаи инсонӣ санҷидашуда мебошанд, на таъсири дидгоҳи фавқуттабиӣ, хурофотӣ ва мифологӣ.
    Ҳамин тариқ, дунявият маҷмӯи ҷаҳонбинии илмии дар асоси дарки қонунмандиҳои пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур бавуҷудомада ва назарияи дар таҷрибаи инсонӣ бо далелҳо тасдиқгардида мебошад. Маҷмӯаи муназзами андешаҳо ва амалияи тадқиқотро дар ҷараёни наздикшавии абадӣ ва беохири тафаккури инсонӣ ба олами ҳастӣ, принсип ва консепсияи батанзимдарории муносибатҳои ҷамъи-ятиро дар соҳаҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳамзамон бо ин, дидгоҳи аҳли илм ва адабиёту фарҳангро дар фаъолияти эҷодӣ муайян мекунад.
                                                                Нигоҳе ба муҳтавои китоб
     Ба фикри мо, яке аз мақолаҳои муваффақи маҷмӯа “Умари Хайём - ринди мунавварфикр” мебошад.
    Дар китоби дарсӣ ва воситаи таълимӣ, муҳим аст, ки ҳадафи таълиф аз муқаддима то хулоса батадриҷ, қадам ба қадам ҳалли худро ёбад. Дар чунин маврид, шарҳи замони зиндагии адиб ва тарҷумаи ҳоли вай нақши муҳим дорад. Ва барҳақ, муҳаққиқ маҳз лаҳзаҳои ба мавзӯъ муассири ҳаёти Умари Хайёмро интихоб намудааст, ки аз муҳимтарин омилҳои ташаккули шахсияти ӯ ҳамчун олим, адиб, мутафаккири озодандеш ва ҳақиқатнигор ба ҳисоб мераванд. Чунин шакл ва усули таълиф барои омода кардани хонанда ба дарки асли мавзӯъ кумак мекунад. Муаллиф, аз ҷумла, менависад: Хайём “дорои ҳушу хотираи неруманде будааст. Дар даврони ҷавонӣ ба фарогирии илму дониш пардохта, дар фалсафа, нуҷум ва риёзӣ ба дараҷаҳои баланди илмӣ расидааст” (С.56).
    Муҳаққиқ бо нишон додани давраҳои донишандӯзӣ ва илмомӯзии Хайём баъдан чӣ тавр “субъекти таҳқиқ ба танзими ҷаҳони бенизом шурӯъ карданро” (И.Кант) тафсир мекунад: “Хайём дар даврони ҳукумати султон Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ  дар Нишопур аввалин расадхонаро бунёд кард ва бо дархости ӯ даст ба ислоҳи тақвим зад, ки то кунун бо номи “Тақвими Ҷалолӣ” маъруфаст.  Рисолаи “Ҷабр ва муқобала” ба иловаи рисолаи дигар, ки дар он ба мушкилоти  ҳандасаи Уқлидус посухдодааст, аз  машҳуртарин осори Хайём дар илми риёзиёт ҳастанд” (С.57).
    Муаллиф бо ошкор кардани таҷрибаи андухта ва сифатҳои шахсияти мутафаккири бузург муҳимтарин ҷанбаҳои ақидатии Хайёмро шарҳ  медиҳад: “Мавзӯи асо-сии рубоиёти Умари Хайёмро асрори азал, рози офариниш, муаммои ҳастӣ, ҷойгоҳи инсон дар низоми ҳастӣ, тамас-хури хурофотпарастон, мубориза бо ху-рофоту мавҳумот, маҳкумияти ақоиди бепояи уламову фақеҳон, ташвиқи инсон барои баҳрабардорӣ  аз дами гузарони умр, тарғиби инсон барои раҳоӣ аз қайду бандҳои сохтаву пардохтаи зеҳнӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқати ашё ва шод зиста-ну лаззат бурдан аз неъматҳои бешу-мор… ташкил додааст”( С.56).
    Муҳаққиқ аз шоири англис Эдвард Фитсҷералд мисол меорад, ки ӯ ҳанӯз соли 1859 рубоиёти Хайёмро тарҷума ва бо ин амали худ олим ва мутафаккири тоҷикро машҳури ҷаҳон кардааст. Ба хотири муътақид гардонидани хонанда, муаллиф таъкид намудааст, ки маҳз аз таъсири эҷодиёти адиб ва файласуфи забардасти миллати мо, дар Ғарб даҳҳо мактаби пешқадами ақидатӣ арзи вуҷуд кардааст ва дар ҳамин асос, барҳақ, Хайёмро яке аз асосгузорони эгзистионализм дар Дунёи Куҳан мешуморад.
    Боиси қаноатмандист, ки дар мақола аз методҳои муқоисавӣ, сохториву функсионалӣ ва таърихӣ  ҷиҳати ҷалб намудан ва муътақид сохтани хонанда хуб истифода шудааст. Ҳамин тариқ, муаллиф мехоҳад, донишомӯзро барои дарки муҳиммияти масъала – тағйири ҷаҳонбинӣ ба мақсади пешрафти ҷомеа ва рушди миллат раҳнамун созад: “Бо кумаки рубоиёти Хайём аврупоиҳо худро аз қайду банди мавҳумоти динию мазҳабӣ наҷот доданд, аммо шарқиён, ки ба ин мавзӯъ чандон таваҷҷуҳ накарданд, ҳамчунон дар банди афкори ғайриилмии хеш боқӣ мондаанд” (С.56).
    Дар таҳқиқи осори Умари Хайём муҳаққиқ ба дудилагӣ, духӯрагии маъно ва камҳавсалагӣ роҳ намедиҳад, чунончи дар қисмате аз бахшҳои ин китоб ва рафтори баъзе аз зиёиён мисли иқтибоси машҳур “худҳошонро дар иҳотаи мавҳуми  мансубият ба мағзи миллат” мешуморанд,  дида мешавад. Ӯ бо овардани далелҳои мушаххас иброз медорад: “Хайём бо тамоми қудрат озодии инсонро ситоиш намуда, тарс аз ояндаро накӯҳиш менамуд. Дар андешаи Хайём он чӣ инсонро хору залил мекунад, тарс аз оянда ва қабули хурофотест, ки дар тӯли асрҳо бар ӯ таҳмил шудааст. Бинобар ин, то замоне ки инсон аз зери бори хурофот ва андешаҳои ботил зеҳни худро озод накунад, ҳаргиз ба маънии зиндагӣ сарфаҳм намеравад” (С.56).
    Забони мақола содаву равон, фаҳмо ва мувофиқ ба сатҳи фаҳми хонанда аст.
    Муаллифи мақолаи “Носири Хусрав шоири озода ва хирадгаро” манзалати илмӣ ва адабии алломаи миллати тоҷикро дар доираи мавзӯъ бо мисолҳо шарҳ додааст.Кӯшидааст, ки муҳтавои эҷодиёти ӯро маҳсули тинати бузурги шоир ва андухтани донишу таҷриба ба қалам диҳад.
    Хусусияти эҷодиёти Носири Хусрав бо он фарқ мекунад, ки ӯ дар ибрози ақидаҳо ба мисли гузаштагони бонангу ори худ, устувор, собитқадам ва далеру рӯинтан аст. Муҳаққиқ тағйири ҷаҳонбинии шоирро аз лиҳози маънавӣ ба таъсири “Шоҳнома” ва рӯҳи ватанпарастонаи Абулқосими Фирдавсӣ вобаста медонад. Бо далелҳои асоснок хонандаро барои шиносоӣ ва муътақидкунонӣ ба осори Носири Хусрав ҳидоят менамояд.
    Муаллиф дар асоси таҳлили эҷодиёти шоир ба хулоса меояд, ки “Носири Хусрав адиб ва мутафаккири мубориз, миллӣ, инсондӯст, адолатҷӯ, озодихоҳ, худшинос ва дар орзуи ташкили давлати миллӣ аст” (С.93). Нидои дили қаламкаши номварро нисбат ба фанои давлати Сомониён аз ин байти шоир дармеёбад: 
        Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд, 
        Ҳама дигар шудааст аҳволу сомон.
    Пайгирии мавзӯъ дар мақола аҳамият дорад, зеро ҳар ҷое, ки сухан дар бораи таассуб, хурофот ва маънавиёти бегонапарастона меравад, он ҷо таърихи миллат ва забони модарӣ мақому манзалати шоистаи худро аз даст медиҳад.
    Муҳаққиқ дар натиҷаи таҳлили эҷодиёти  мутафаккири бузург ӯро ҳамчун шахсияти дорои қудрат ва тавоноӣ тавсиф мекунад. Ба муқобили ашхос ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа равона шудани ин неруро таъкид месозад: “Носири Хусрав шоир ва андешаманди ҳассос, кунҷков, пажӯҳанда, сафаргаро, ғурбатдида, чуну чарокунанда, мубориз, эътирозгар, амирситез, исёнгар, мардумдӯст, деҳқонситой, адолатхоҳ, инсондӯст буда, рӯҳониёни зоҳиргарой, мардумфиреб, шоирони маддоҳ, дингароёни муқаллиду ҷоҳил, нотавонбинони хурофотӣ, афроди беҳувият, чоплусро, ки дар хидмати бегонагон қарор доштанд, дар осораш мазаммат менамояд”(С.94).
    Барои донишомӯз азхуд кардани сифатҳои мазкур на танҳо боиси бой гардидани захираи луғавии ӯ мегардад, балки қобилияти шинохти мантиқии муҳтавои масъаларо аз лиҳози дарки иҷтимоӣ ва сиёсӣ барояш осон мекунад, ки ин нукта муҳимтар аз ҳама мебошад.
    Дар мақола нигоҳи муҳаққиқ ба мавзӯъ тавассути истифодаи босалоҳият ва тафсири бомуваффақияти ашъори шоир барҷаста возеҳу равшан шарҳ дода шудааст.
     “Асирӣ - намояндаи насли маорифпарвар” низ аз ҷумлаи мақолаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Муаллиф барои кушодани мавзӯъ аз назарияи умумии инъикоси воқеияти ҷамъиятӣ тавассути сухани бадеӣ хуб истифода кардааст.
    Дар мавод вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва муҳити фарҳангие, ки шоир ба камол расидааст, соҳиби илму маърифат гаштааст, тавзеҳ ёфтааст. Ҳамчунон, муҳаққиқ як нуктаи муҳим ва ибратангезро таъкид мекунад: “Шоир ба таври мустақил таърихи адабиёти тоҷику форс, илмҳои табиию риёзиро хеле хуб меомӯзад. Вай дар муддати ҳашт соли иқоматаш дар Хуқанд забони русиро ҳам мустақилона омӯхта,  дар мавриди тарзи навиштор ва гуфтори ин забон дониши мукаммале ба даст меорад”(С.279).
    Сарчашмаи ҷаҳонбинии Асирӣ таҷрибаи зиндагӣ ва донишҳои мукаммали ӯ мебошанд. Маҳз ин омилҳо ба адиб имкон медиҳанд, ки зиндагии тангу тори Бухорои вақтро ба кишварҳои пешрафта дар муқоиса гузорад, баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ намояд. Барои адиб тавони дарки омилҳои воқеияти иҷтимоӣ, сабабҳои аслии вазъ ва рӯйдоди ҷомеа муҳим аст. Асирӣ муҳити барои гирифтани донишҳои илмӣ носозгорро ҳамчун монеа паси сар ва худро мисли як зиёии миллӣ иродатманд ва собитқадам муаррифӣ мекунад. Муҳаққиқ аз ҷумла менависад: “Асирӣ  ба мисли дигар маорифпарварони тоҷик нисбат ба тартиботи асримиёнагии ҳоким дар Бухоро,  зулми амиру амалдорон ва арбобони риёкори динӣ  нафрат пайдо кард. Вазъияти пасти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишатии мардуми мазлуми Бухоро дили шоири нозукандешро ба дард меовард”(С.280).
    Муаллифи мақола дар натиҷаи таҳлили моҳияти эҷодиёти Тошхоҷаи Асирӣ ҳувият, тинат ва табиати шоирро ҳамчун шахсияти бузург ва ҷасуру далер, ба андешаи инҷониб, барои баъзе аз зиёинамоҳои дампои даврони мо, ки матои худҳошон ғарқи гирдоби таассубу хурофот аст, барои намуна нишон додааст: “Асирӣ шоири шуҷоъ ва ҷасуре буд. Ӯ  ба таври ошкор бар зидди рӯҳониёни мутаассибу риёкор, ки бо ҳокимони золим якҷо шуда,  халқи бечораро бо фиребу найранг ғорат мекарданд, мубориза  бурдааст. Шоир, ки худ  таҳсилкардаи мадраса дар шаҳрҳои Хуҷанду Хуқанд буд, тинати тоифаи рӯҳониро медонист ва бо макру ҳияли онҳо хуб ошно буд” (С.281).
    Бидуни шак, ҷавҳари сухан дар мақола марбути шоири донишманд ва тавоно аст ва беҳтарин порчаҳои шеърии овардашуда тасдиқи афкори муҳаққиқ мебошанд. Ба хонанда илҳом мебахшанд. Ӯро дар рӯҳи баҳрабардорӣ  аз илму маърифат ҳидоят мекунанд.
    Дар баробари дастовардҳо, ба фикри мо, мақолаҳои китоб аз   камбудиҳо холӣ нестанд.
    Як зумра муаллифон, дар доираи мавзӯъ, ҷуръати даст задан ба таҳлил ва арзёбии аҳвол ва ашъори бузургтарин намояндагони адабиёти тоҷик, ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар адибони барҷаста кардаанд. Дар ин роҳ заҳмат кашидаанд. Кӯшидаанд, ки тафсилоте пешниҳод намоянд. Аммо то ҳадди муайян дучори мушкилиҳо гаштаанд. Мо фақат намунаҳои кӯтоҳро дар бораи шарҳи эҷодиёти сардафтари адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ оварданӣ ҳастем.
    Аввалин ҷумлаи мақола, ки баъди тафсири ҳоли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омадааст ва эҷодиёти ӯро бидуни муқаддима хулосабандӣ карданӣ мешавад, ин аст: “Мавзӯи ашъори Рӯдакӣ умдатан нопойдорӣ ва бевафоии ҷаҳон, ғанимат шумурдани фурсат, тарғиби  шодӣ ва шодзистиро дар бар мегирад” (С.16). (Услуби баёни муаллифон дар иқтибосҳо айнан оварда шудааст.) 
    Ҳамчунон,  муҳаққиқ  менависад: “Рӯдакӣ шоири миллигаро ва ситоишгари фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ  дар замони Сомониён буд” (С.14). Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” калимаи миллигаро ҷойгоҳ пайдо накардааст. Аммо “миллатгаро” ҳамчун пайрави ақида ва сиёсати миллатгароӣ тафсир гаштааст. Он муродифи мафкура ва сиёсати иртиҷоӣ дар муносибат ба миллатҳои дигар ва соҳибимтиёзу бартар шуморидани миллати худ аз миллатҳои дигар тавзеҳ ёфтааст.(Ниг. ба  "Фарҳанги  тафсирии  забони  тоҷикӣ." –Душанбе,  2010. - С. 839).
    Муҳаққиқ бо овардани беҳтарин порчаҳои шеърии  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, мутаассифона, дар шарҳи баробарвазни онон дар доираи мавзӯъ аз истифодаи  методҳои илмӣ сарфи назар кардааст.
    Дар мақолаи “Фирдавсӣ сарояндаи ҳамосаи Ватан ва андешаи дунявӣ” муаллиф  аз  тафсири илмӣ - сабабҳои воқеии ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна худдорӣ мекунад: “Ба ҳарфи дигар, шуубия ҳамчун ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар муқобили бузургманишӣ (бузургманиш будан - олитабиатӣ, олиҳимматӣ, асилзодагӣ, ашрофзодагӣ // "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. -Душанбе, 2010. -С. 251-С.Я.) ва поймол шудани ҳуқуқи халқҳо, бавижа аҳли Аҷам, падид омад, зеро дини ислом дар ибтидо мусовот ва баробарии ҳамаи мусулмононро эълон карда буд, аммо тадриҷан арабҳои истилогар ин шиори инсондӯстонаро канор гузоштанд ва миллатҳои шикастхӯрдаву мазлумро ба номи “маволӣ” хонданд, ҳаққу ҳуқуқ ва баробарии ҳамаи мусулмононро нақзу зери шубҳа гузоштанд…”(С.24).
    Дар таҳлил ва арзёбии ҳаракати шуубия дар китоб ихтилофот  ҷой дорад. Он боиси ба иштибоҳ бурдани хонанда мегардад: «Андешаҳои шуубӣ то чанд сада пас аз истиқлоли давлатҳои миллӣ дар марзҳои Ориёно ҳамчунон ривоҷ дошт ва асоси тамаддуни исломӣ бар он ниҳода шуд”(С.14); Дар ҷойи дигар: “Албатта, тавре ки гуфтем, шуубия ибтидо дар дохили худи қабилаҳои араб пайдо шуда буд, зеро ҳар қавму қабилаи араб худро ҳукмрони кишвар меҳисобид” (С.29).
    Аммо хотирнишон бояд кард: ”Шуубия (аз ар. шуъуб - халқ, дар Қуръон ба маънои мардуми ғайри араб, аҷамиён омадааст) ҷараёни оппозитсионӣ нисбат ба усули ҳукмронии сиёсию фарҳангии арабҳоро гӯянд, ки охири асри 8 дар байни аҷамиён пайдо шуда буд” (Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 8.-Д.: 1988. -С. 486).
    Ба андешаи мо, мушкили асосӣ дар таълифи “Андешаҳои дунявият дар адабиёти классикии тоҷику форс” ба таври мушаххас муайян накардани объект ва предмети таҳқиқи илмӣ аст.
    Маҳз ба ҳамин сабаб, бисёре аз муаллифон дар доираи маҷмӯа вазифаҳои худро пурра дарк накардаанд. Китобро на ба сифати дастури таълимӣ - ”Воситаи тавсиявӣ-амалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ”, тавре ки дар таъиноти он эълон шудаст, балки ҳамчун ҷамъи мақолаҳои назариявӣ, ибрози дидгоҳ ё бархӯрди субъективӣ ба мавзӯъ қабул кардаанд.
    Маълум аст, ки объекти таҳқиқот маҷмӯи хосиятҳои муайяни зуҳурот ва ҷараёнҳои воқеияи реалӣ мебошад, ки бо сифатҳои алоҳидаи худ – система, структура, вазифа, мундариҷа, аломатҳо ва қонунмандиҳои ҳастӣ аз дигар объектҳое, ки дар табиат, ҷамъият ва тафаккур ҳастанд, фарқ мекунад.
    Ба хотири он ки ҷараёни онтологӣ ва гносеологӣ дар доираи объект моҳияти охиринро, дар маҷмӯъ, дар бар мегирад, зарур аст, он қисмати объект мушаххас карда шавад, ки барои субъекти таҳқиқот ҳамчун арзиши аҳамияти амалии иҷтимоидошта интихоб шудааст. Ва онро, албатта, предмети таҳқиқот ном мебаранд.
    Ин камбудӣ дар бисёр матолиби китоб, алалхусус, дар мақолаи “Озодандешӣ ва дунёмадорӣ дар рубоиёти Абусаиди Абулхайр”(С. 36-46) ба назар мерасад.
    Истифодаи калима, ибора ва ҷумлаҳое, ки муҳтавои мақолаи зикргардидаро ифода мекунанд, далели ин гуфтаҳоанд: “Падари ӯ касби ошпазӣ дошта, писарашро аз хурдӣ ба ҷамъомади сӯфиҳо мебурд”; “Баъди омӯхтани илм ба Меҳана омада, хонақоҳе барпо кард”; “Шайх Абусаид бар ин назар буд, ки илм бояд ба мақоми шуҳуд (шуҳуд – фарогирии дониш бидуни ниёз ба исботу далел) бирасад”; “дар шеъру таронаи Абусаид сухани шаръӣ ниҳон буд”; “Абусаид озору азият ва куштани инсонҳоро ҳатто дар зери ливои дин сахт маҳкум мекунад”(С.38, 39, 40, 45). (Таваҷҷуҳ шавад ба мантиқ ва шакли ифодаи назари муаллиф ва хулосабарории ӯ маҳз дар ҷумлаи охир).
    Тафсири баъзе порчаҳои шеърии Абусаиди Абулхайр натанҳо дар чаҳорчӯбаи мақолаи зикргардида, балки аз нигоҳи шинохти мавқеи иҷтимоии ин шоири равияи тасаввуф, ба андешаи мо, бозомӯзӣ ва тафсири иловагиро тақозо дорад.
    Ратсионализм, тавре ки дар порчаҳои назмии Абусаиди Аблухайр мебинем, дар эҷодиёти шоир ҷойгоҳи шоиста дорад. Аз ин захираи маънавӣ, тибқи мавзӯи илмӣ мақсаднок бояд истифода  кард.
    Мавқеи олим, шоир, нависанда дар тӯли таърих умуман ва дар давраи ҳассоси давлатсозии имрӯз, хусусан, аз муносибати ӯ ба манфиатҳои воқеан миллӣ – забон, фарҳанг, сарзамин, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, дар ин асос тамоюл ва иродаи дар замири наврасону ҷавонон бедор  кардани эҳсос ва ифтихори ватандустӣ зоҳир мегардад. Бидуни такя ба илм ва далелҳои таърихӣ чунин кӯшиш аз таассубу хурофот чизе бештар нест.
    Боиси таассуф аст, ки баъзе аз намояндагони соҳаи илм, бошуурона (ё шояд баръакс) зери пӯшиши гносеологияи схоластикии “фарогирии дониш бидуни ниёз ба исботу далел” дар осиёби ҷараёнҳои зиддимиллӣ, ҷаҳонбинии мавҳум, ифротгароӣ, ҳаракат ба сӯйи торикиву зулмот об мерезанд ва бо ин амал ба илму маорифи миллӣ “хизмат” карданӣ мешаванд.
    Чунин муносибати гелтерии содалавҳона мактаби миллӣ ва мардумро ба раҳгумӣ мебарад.
    Таҳрифи тарзи илмии тафсири таърих ва тафаккури миллӣ, бозтоби он аз нигоҳи таассубу хурофот шакли нозуки фидеизм аст, агар он зери пӯшиши муассисаи расмии миллии илмӣ бозтоб гардад.  Ва ҳамчун зуҳуроти ниҳоят дағал, аз нигоҳи воқеияти таърихӣ ва адабӣ, ки намунаҳои он дар эҷодиёти Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём,  Носири Хусрав ва дигар бузургон оварда шудаанд, ба ҳисоб меравад. “Фалсафа ҳамчун илми хирад барои ҳама таъин шудааст. На ҳама ба дарки он мерасанд, аммо ин масъалаи дигар аст” (Гегел Г.В.Ф. Слово о науке. - М.: Знание, 1978.-С.33).
    Илмҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла фалсафа, адабиёт, санъат, забоншиносӣ, этнография, давлатшиносӣ ҳуқуқ ва ғайра, дар шакл ва мазмун, сарфи назар аз зинаи камолот, се ҳазор сол қабл ҳам хосият ва бозтоби амиқи сиёсӣ, идеологӣ ва миллӣ доштанд. Муаллақ  набуданд. Соҳиби тараф буданд.  
Онро  ҳимоя мекарданд. Давлат ҳам наметавонист ва наметавонад ҷабҳаи ташаккули маънавии миллатро бета-ваҷҷуҳ монад. Муносибатҳои муассисаи марказии сиёсии ҷомеа (давлат, ҳукумат) ва соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ, дар асл, як системаи бо ҳам алоқаманд ва вобаста мебошанд. Ҳолати фавқулода дар ин муносибат мавзӯи дигар аст.
            Дар бораи забони маҷмӯа
     Албатта, дар олам забони мутлақи фарогир, ки таркиби луғавии он фақат мансуб ба як миллат ё халқ  бошад, вуҷуд надорад. Аммо тамоми забонҳои расмӣ дар ҳар давру замон вобаста ба шароити таърихӣ, вазъи сиёсӣ, фарҳангӣ,  дараҷаи тараққиёти илму техника меъёрҳои истифодашавандаи фонди луғавӣ ва таркиби луғавӣ доранд. Яке аз забонҳои қадимтарини дунё — забони тоҷикӣ аз ин қоида истисно нест. Дар Тоҷикистон ҳам меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷикӣ амал мекунанд.
    Бояд хотирнишон кард, ки муалли-фон ҳангоми иншои мақолаҳо бидуни за-рурат аз луғатҳо, калимаҳои арабиасос ва иқтибосие истифода бурдаанд, ки равонӣ ва содагии ифодаҳоро  халалдор месозанд. 
Маънии онҳо ба хонанда нофаҳмо мемо-над. Ба монанди лиҳозо (бинобар ин, ба ин сабаб), маод (зиндагии баъд аз марг), лоязол (лоямут, намиранда), тамҷид (мадҳ, ситоиш таъриф), яди байзо (дасти муъҷизаноки Мӯсои пайғамбар, равшанӣ, офтоб, муъҷиза, корнома, маҳорат, тавоноӣ), барозан-да (шоиста, сазовор), тамомиёр (таф-сир ё тарҷумаи он дар луғат нест), разонат (устуворӣ, пойдорӣ), бардагӣ (асирӣ, ғуломӣ, бандагӣ), инҳитот (фуруд ома-дан, таназзул), муътаъзил (канорагир, гӯшанишин), каррот (дар луғат нест), би-ноан (бинобар ин), иҷмолан (таври хуло-са), ливоа (ливо, парчам, байрақ),  шикебоӣ (сабр,таҳаммул), маҷзуб (ҷазбкунанда), му-аххар (таъхирнопазир) ва даҳҳои дигар.
    Вобаста ба ҳадафмандӣ ва таъйиноти маҷмӯа забон ва услуби баёни китоб ниёз ба таҳрир дорад.
    Бузургтарин намунаҳои забони тоҷикӣ ва тарзи ифодаи маъниҳо ва мафҳумҳо дар осори безаволи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои илмӣ ва адабии классикони адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва қудрату маҳорати маъниофаринии онҳо мавҷуданд.
    Мақолаҳо, ки ҳамчун дастури таълимӣ таъйин шудаанд, чун қоида, бо саволҳо анҷом меёбанд. Бидуни шак, онҳо бояд имтиҳон кунанд, ки хонанда то кадом андоза мундариҷаи китоб ва мақсади таълифи онро дар доираи мавзӯъ ва ҳадафи мавод азхуд кардааст. Боиси таассуф аст, ки дар аксар ҳолат, саволҳо ба чунин талабот  ҷавобгӯ нестанд.
    Ҳамзамон бо ин, дар китоб хатоҳои мантиқӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, орфографӣ, такрор истифода шудани як калима (тавтология), ҳатто дар доираи як ҷумла, зиёд ҷой доранд, ки аз овардани мисолҳо дар ин бора худдорӣ мекунем.
    Қисмати зиёди мақолаҳои китоб ниёз ба таҳрири илмӣ доранд.
        Дунявият, назария ва методологияи таҳқиқ 
    Китоби дарсӣ, адабиёти таълимӣ ва ҳама гуна таҳқиқот тибқи назарияи илмӣ, ба ибораи дигар, маҷмӯи идеяҳо ва ҷаҳонбиниҳо, ки зуҳуроти моддӣ  ё маънавиро тафсир мекунанд, таълиф мешаванд. Таъкид бояд кард: “Нисбат ба фарзия (гипотеза) назария гуфта, ҳамон чизеро меноманд, ки тавассути далелҳои илмӣ ё таҷриба ҳолат ва хулосаҳои он тасдиқ шудаанд” (Ковальченко И.Д. 
Методы исторического исследования. -М.: -Наука,2003. -С.25).
    Неруи илм дар тавъам омадани диалектика ва ҷаҳони моддӣ аст.
    Тағйироти олами берунӣ ҷараёни беохири олами ҳастӣ мебошад. Он новобаста аз шуури инсон воқеият дорад. Одам – ягона мавҷудоти соҳибшуур қудрати бузурги дарк кардан, фаҳмидан, азхуд намудан ва дигаргун сохтани муҳитро, дар ҳар шакле, ки бошад, дорад. Ва дар дунё зуҳуроте нест, ки зери таъсири собитқадамона, пайдарпай, бебокона ва мақсадноки илм чун муаммои сарбаста боқӣ монад.
    Агар ба таълимоти илмӣ, фалсафӣ ва адабии абармардони миллати тоҷик дар ҳазорсолаи ахир нигоҳ кунем, дар ин “ҷаҳони ҳамеша гирдгардон” онҳо қудрати “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳалҳал кардани ҳамаи мушкилоти гетиро” воқеан ба намоиш гузоштаанд ва ба ҷаҳониён эълон кардаанд. Ҳарчанд ки адабиёт ва фалсафаи муосири миллӣ вақтҳои охир каме сукут кардаанд, боке нест. Ба хотири он ки мабодо “ҷаҳонро ба бад наспарем”, аз он захираҳои бузурги илмиву маънавии гузаштагонамон набояд фосилагирӣ кунем.
    Ба ғайр аз назарияи илмӣ роҳ, усул ва  воситаи расидан ба ҳақиқати илмӣ нақши муҳим дорад. Дар ин самт омӯхтан, азхуд кардан ва интихоб намудани методҳое, ки муносибати субъекти таҳқиқотро ба объекти таҳқиқот муайян мекунанд, муҳимманд.
    Ба назари мо, ҳангоми таҳқиқи ҷаҳонбинии дунявӣ методҳои таърихиву генетикӣ, таърихиву муқоисавӣ, таърихиву типологӣ, системавию сохторӣ, системавию функсионалӣ, омӯхтани сарчашмаҳои таърихӣ ва далелҳои таърихӣ тавъам бо дигар методҳои таҳқиқот масири расидан ба мақсади таълифотро муайян месозанд.
        Оид ба сарчашмаҳои афкори дунявият 
    Нютон таъкид карда буд: “Агар мо аз дигарон дуртар   дида бошем, сабаб он аст, ки дар китфони дигарҳо истодаем”. Ин суханҳо чун ибрози эътиқод, эътироф ва миннатдорӣ аз мутафаккирони гузашта ва ҳамзамон бо ин, ҳидоят ва маслиҳат барои ояндагон аст.
    Китобҳои дарсӣ дар маҷмӯи таълифот дар соҳаи илму маориф муҳимтарин, арзишмандтарин мавод барои сохтани ҷаҳонбинӣ, тарбияи инсон, эъмори  давлат ва давлатдории миллӣ ҳастанд, зеро маҳз ҳамин “китоб чашму гӯши одамро мекушояд, гигиенаи ҷисмонӣ ва рӯҳиву ақлонии инсонро таъмин мекунад, ҷаҳонбинии як одамро ба ҷаҳонбинии инсоният мепайвандад ва баръакс, донистан лозим аст, ки агар мардум содалавҳ монад, онро наздикӣ ба баҳр ҳам наҷот намебахшад”(Рузвелт).
    Адабиёти таълимӣ ва тарбиявӣ мисли фарҳанг (луғат) донишҳоеро, ки айни замон дар сатҳи илми миллӣ ва дунё ба барномаи мактабу донишгоҳ мувофиқ меоянд, дар бар мегирад. Ва ҳар сол, агар зарур бошад, ба онҳо тағйироти муайян ворид карда мешавад. Ба ақидаи мо, китоби дарсӣ ягона маводи илмӣ ҳаст, ки ҷавҳари дастовардҳо ва донишҳои соҳавиро вобаста ба объект ва предмети мавзӯъ аз адабиёти дастрас дар он ҷамъ, ба таркиби луғавӣ ва мантиқи объект ва предмети мавод мувофиқ карда, пешкаши хонанда мегардонанд. Дар ин маврид, тибқи маъмул, ягон кас кӯшиши даъвои рӯнависиро намекунад.
    Навиштани китоби дарсӣ дар илму маорифи тоҷик анъанаҳои таърихӣ дорад. То инқилоб ва замони шӯравӣ танҳо бузургтарин олимон ҷуръати навиштани китобҳои дарсиро кардаанд. Давлат ҳам ба онҳо эътимод бахшидааст. Аз онҳо қаноатманд будааст. Ин нобиғагони илм ба насли ҳафт даҳсолаи он замон ҳаққи устодӣ доранд. Шогирдон ҳам бо муаллифони китобҳое, ки аз онҳо илм омӯхтаанд, ифтихор мекунанд: Абдулқодири Шакурӣ, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдуррауфи Фитрат, Сайид Ризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Раҳими Мусулмониён, Ҳилол Карим, Воҳид Асрорӣ, Ҳамид Бақозода, Додоҷон Тоҷиев, Носирҷон Маъсумӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Юрий Бобоев, Аълохон Афсаҳзод, Шарофиддин Рустамов ва дигарон.
    Меҳру муҳаббатро ба илму дониш тавассути сарфу наҳви забони тоҷикӣ ва адабиёти классикӣ маҳз ҳамин донишмандон ва ҳамсафони онон ба миллионҳо наврасон  ва  ҷавонон омӯхтаанд. Дар онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро бедор кардаанд. Аз шаш Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба таълифи китобҳои дарсӣ шуғл варзидаанд.
  Мо муътақид ҳастем, ки китобҳои дарсии дар соҳаҳои забони модарӣ, сарфу наҳв ва адабиёти тоҷик навиштаи олимони замони шӯравӣ метавонанд бо коркард ва нигоҳи интиқодӣ — тағйири мисол, вазъи сиёсии замон, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муътамади илмӣ, илмиву методӣ ва услуби истифодаи захираҳои забони модарӣ  истифода шаванд.
    Олимоне, ки дар асоси риояи маҷмӯи талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавӣ ба унвони баланди муаллифи китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ сазовор мешаванд, бояд манзалати “Устоди миллионҳо”- ро дар хотир дошта бошанд.
    Зеро давлат ба дӯши ононе, ки китоби дарсӣ менависанд, бузургтарин масъулиятро мегузорад. Ҳамзамон бо ин, муаллифони китоби дарсӣ ононе ҳастанд, ки ин масъулиятро дар назди давлат, миллат ва ояндаи он дарк мекунанд.
    Мо чунин мешуморем, ки ҷаҳонбинии миллионҳо аз қалами ин шахсиятҳо вобастагӣ дорад.
                Хулоса 
    Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти “миллат”, “тоҷик”, “тоҷикият”, “давлати миллӣ”, “манфиатҳои миллӣ”, “хештаншиносӣ”, “худшиносии миллӣ”, “истиқлоли миллӣ”ва“ҷаҳонбинии илмӣ” ҳамсанг аст.
    Ҳамзамон бо ин, мафҳуми “афкори дунявӣ” барои мардуми олам,  аз ҷумла тоҷикон сухани нав нест. Ҳамқадам ва ҳамсинну соли Homo Sapiens аст. Ҳанӯз аз аввалин эъломияи эҳсоси эътиқод ва эътирофи “дониш андар дил чароғи равшан будан”, кӯшиши “бардоштани ин фалакро зи миён ва сохтани дунёи нав ба мақсади осон ба коми  дил расидан”, “ҷаҳонро сақф бишкофтану тарҳи нав андохтан” шакли расмӣ гирифтааст. Ҳанӯз аз замоне, ки табақаи пешқадами миллат – зиёиён барои истиқлол ва ҳувияти забонӣ, фарҳангӣ, анъана ва расму русуми худ мубориза оғоз намудаанд.
    Ҳамин тариқ, дар доираи мантиқи таърихии илм, адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик мафҳуми дунявӣ вуҷуд дошт. Дар акси ҳол, мо аввалан тоҷик, баъдан миллат ва ахиран соҳиби давлати мустақил намебудем. Ба даврони хотирҷамъиву осудагӣ ва  суботу озодагӣ намерасидем.
    Эътиқод, таассуб, хурофот ҳам маҳсул ва ҳамқадами таърихи инсоният мебошанд. Онҳо ҳам мисли дунявият шакли ҷаҳонбинианд. Мантиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ доранд. Барои ҳамаи миллатҳо чунин тақдир ҳамроҳ будааст.
    Аммо сухан дар бораи таносубҳо, яъне ақаллият ва аксарият меравад. Миллатҳое, ки илму дониш фарогири аксарияти онҳо шуд, дар арсаи ҷаҳон тасаллут пайдо карданд. Аҳволи мардуми хешро беҳбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста доранд.  Натанҳо истифодаи захираҳои табиии оламро ба манфиати худ ба роҳ монданд,  балки ақли мардумони бегонаро ҳам мутеи худ гардонданд.
    Ва баръакс, дар ҷое, ки хурофот ва таассуб аксариятро фарогир шуд, зиёӣ дар ақаллият монд. Сарзамин бо  мардумони содаву гумроҳу нодонбачаҳои худабзори арзони бозиҳои аҷнабиён гардид. Омилони геополитикӣ бо суиистифода аз дину мазҳаб ва хурофоту таассуб эҳсоси худшиносӣ ва хештаншиносии миллии пайравони исломро  беҳис (анестезия) карданд. Ба ҷойи он, дар майнаи мусулмонон тухми ҷаҳонбинии “ал–Қоида”, “Давлати исломӣ”, “Ансоруллоҳ”, “ҳизби наҳзати исломӣ” ва дигарҳоро кориданд. Акнун онҳоро ҳамчун лашкари муфту ройгон барои манфиатҳои 
худ истифода мекунанд.
    Ин ҷо сухани Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694 – 1778) ба хотир меояд, ки гуфтааст: “Одамони бечора! Чӣ садсолаҳо лозим шуд, ки каме ақл пайдо кунед!”.
    Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон, ки зиёда аз навад дар сади мардум мусулмонанд, ду роҳ вуҷуд дорад. Ё бо пайравӣ аз илми дар таҷрибаи инсонӣ тасдиқшуда мамлакати хешро обод, якпорчагӣ ва оромиву озодагии онро таъмин мекунем, ё зери таъсири хурофоту таассуб озодӣ, рушду тараққӣ ва сулҳу суботи давлати миллии худро зери суол мебарем. Роҳи сеюм вуҷуд надорад!
    Пайравони роҳи якум ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, дигар бузургони миллат, зиёиёни миллӣ ва худи мардум ҳастанд. Рӯҳи зиёӣ тавъам бо неруи мардумӣ ва худшиносии миллӣ бузургтар, қавитар аз ҳамаанд!
    Таърихан ва ҳоло низ дар пушти ҷонибдорони роҳи дуюм қудратҳои геополитикӣ бо  барнома ва пулу мол истодаанд. Ба онҳо  бояд бо чашми хирад нигарист, шинохт ва манфиатҳои давлати миллиро ҳимоя кард.
    Умед аст, ки зиёиён (шахсони огоҳ аз илму фарҳанг, равшанфикр, бомаданияту соҳибмаърифат) бо мувофиқ кунонидани донишу малака ба талаботи рӯз ва мукаммал гардонидани пажӯҳишҳои худ, аз ҷумла, дар доираи китоби мазкур, дастрас намудани он ба омма барои пойдории давлати миллӣ саҳми муассир хоҳанд гузошт.
    Ин натиҷагирӣ аз таъкиди дар таҷрибаи таърих тасдиқгардидаи  Аристотел бармеояд, ки гуфта буд: “Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ ҷавобгӯ бошад; сифати инсонии мувофиқ ба ҳар як сохти давлатдорӣ, ба тарзи одӣ, барои ҳифзи ҳамин сохт хизмат мекунад ва пеш аз ҳама сабаби пайдоиши он мегардад” (Аристотель. Политика. -М.: РИПОЛ классик, 2010. -С.535).
           

 Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва ҷомеа», №1 (28), соли 2022

  • Дида шуд: 47

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj