Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ДАРИ СУЛҲРО БИКӮБЕД

 

    Воқеаҳои  рӯзҳои охир дар шаҳри  Хоруғ  ва  ноҳияи Рӯшони  ВМКБ ҳеч як шаҳрванди кишварро бетараф гузошта наметавонад. Албатта, давлати Тоҷикистон дар ҳар вазъу ҳолате, ки бошад, вазифадор аст ва бояд баҳри ҳифзи якпорчагии кишвар ва оромиву осоиштагии шаҳрвандони он аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Вале мутаассифона,  маҳз бо айбу иғвои чанд бенасабу бешарафе, ки худро «ҳомиёни асили  миллат» ҳисобида,  дар кишварҳои хориҷӣ дар рифоҳу осоиш ба сар мебаранд, дар нигини Тоҷикистон -  Бадахшон хун рехт ва чандин модару хонаводаро  ба гирдоби ғам печид. Мардуми шарифи Бадахшон бояд хуб бидонанд, ки мухолифату низоъ ва зӯргӯиву таҳдиду фишор ба неруҳои қудратӣ ва монеъи фаъолияти сохторҳои давлатӣ шудан роҳи ҳалли масъала нест. 
    Бояд гуфт, ки дар  он ҷое, ки зиндагист, он ҷо ҳатман муаммову мушкилоте ҷой дорад. Бисёр аҷиб аст, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвар  мардум роҳи ҳалли мушкилоту муаммоҳои мавҷударо бо роҳи созишу гуфтугӯ ҳал менамоянд, ба ҷуз Бадахшон, ки лидерони ғайрирасмиву ғайриқонунӣ ҳама корро тавассути қонунҳои ҷангалии дақёнусӣ ҳал кардан мехоҳанд. Дар ин замина ҳақ ба ҷониби пешвои исмоилиёни ҷаҳон  Шоҳзода Карим Оқохони чаҳор аст, ки ба пайравонаш тавсия медиҳад, ки  ҳеҷ гоҳ вориди хушунат нашаванд ва ҳар гуна ихтилофро «танҳо  бо роҳи муколама ва дар рӯҳияи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ» ҳал намоянд: «Ба унвони Имоми Замон, ба ҷамоати тоҷикам фармон медиҳам, ки оромиро нигоҳ доранд; қонунҳои кишварро риоя кунанд; ҳама гуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки метавонанд ба некӯаҳволии онҳо таҳдид кунанд, рад намоянд.”
    Ба назари мо, ин фармудаи Ҳозиримом ба тафсиру ташреҳи иловагӣ ниёз надорад. 

«Маърифати омӯзгор»

  • Дида шуд: 171

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj