Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

   Дар шароити имрӯза вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳарчи бештари воситаҳои ахбор (интернет, телевизион ва ғайра) танҳо бо дониши назариявӣ мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малака, маҳорат ва қобилиятҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии хонандагон ва ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки таълими фанҳои табиӣ-риёзиро ҳамқадами замон гардонда, тадбирҳои мушаххасеро дар ин самт амалӣ месозад. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”эълон гардид. Тибқи он то соли 2040 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ бояд  таҷдиди назар шуда, дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шаванд.
    Дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ мо дар асоси муносибати сохторӣ асосан ба хонандагон мафҳум, қоида  ва формуларо таълим медиҳем, то ба онҳо такя карда, мафҳумҳои фанҳои табиӣ-риёзиро дуруст истифода баранд. Китобҳои дарсии мо маъмулан аз рӯйи ҳамин принсип сохта шудаанд. Мафҳум, қоида  ва формула оварда мешавад, сипас, силсилаи машқҳо аз рӯйи мавзӯъ пешниҳод мешаванд. Омӯзгор мавзӯи навро оғоз намуда, мафҳум, қоида  ва формуларо ба хонандагон мегӯяд, онҳоро шарҳ медиҳад, сипас аз шогирдон талаб мекунад,  ки силсилаи машқҳоеро, ки дар китоби дарсӣ оварда шудаанд, иҷро намоянд.
    Албатта, агар бигӯем, ки таълими сохторӣ танҳо ба назария такя кардан дар таълим аст, одилона нест. Омӯзгорон мафҳум, қоида  ва формуларо гуфта, онро бо мисолҳо мустаҳкам мекунанд ва ба хонандагон имконият медиҳад, ки ба тариқи аналогия машқҳои нав таҳия намоянд. Ин хуб аст, аммо гап сари он меравад, ки минбаъд фаъолияти хонанда тибқи мафҳум, қоида  ва формулаи  пешакӣ овардашуда ба роҳ монда мешавад, ё дар атрофи мафҳум, қоида  ва формулаҳое ташкил карда мешавад, ки аллакай тайёранд.
    Таълими функсионалӣ бошад, ба таҷрибаи хонанда такя мекунад. Омӯзгор фаъолияти хонандаро ба мисолҳои ҳаётие, ки хонандагон аллакай дар он таҷриба доранд, оғоз менамояд. Ин аз ҳамон назарияи минтақаи актуалӣ ва наздиктарини рушди муҳаққиқ В.Виготский пешниҳодкарда маншаъ мегирад. Ҳамчунин дар таърихи назарияҳои педагогӣ омӯзиши проблемавӣ низ мавқеи махсус дорад. Дар истифодаи омӯзиши проблемавӣ, ки рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ–техникии хонандагон низ ба он такя мекунад, мавзӯъ аз мушкилот оғоз карда мешавад. Дар ҷараёни шиносоӣ бо мавзӯи нав хонандагон бо вазъи мушкилот рӯ ба рӯ карда мешаванд. Ин ҳолат онҳоро барои мақсаднок гардидани омӯзиш водор менамояд. Хонанда роҳҳои гуногуни ҳалли проблемаро ҷустуҷӯ мекунад. Омӯзиши мушкилот ба хонанда имкон медиҳад, ки зарурати омӯзиши мавзӯи пешниҳодшударо дарк кунад ва барои омӯзиш дар наздаш мақсад пайдо шавад. Барои омӯзиши ҳолати таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва фаъолияти мантиқӣ ва маърифатӣ - техникии хонандагон дар дарсҳои  чанде аз омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ З.Султонова, Ф.Баротов, Б.Тошев (аз МТМУ №67) Д.Қурбонбеков, Боев, Ҷобиров (аз МТМУ №123) ширкат доштем.
    Дарсҳои ин омӯзгорон проблемагузорӣ шуда, мақсаднок буданд. Онҳо фаъолияти хонандагонро дар синф дар шаклҳои гуногун – инфиродӣ, дунафарӣ ё гурӯҳӣ ташкил намуда, фазои ягонагӣ ва иҷтимоишавии хонандагонро ба вуҷуд меоранд, қобилияти эҳтироми фикри ҳамдигар, дар доираи мавзӯъ сухан гуфтанро ташаккул медиҳанд, ба толибилмон шароит фароҳам меоранд, ки андешаҳои худро озодона баён кунанд, мавқеъ ва нуқтаи назари худро дар мавриди зарурӣ иброз доранд. Ба ин васила муаллимон аз муносибати авторитарӣ ба дарс даст мекашанд ва ин гуна муносибат дар хонандагон низ ташаккул дода мешавад.
    Дар асри ХХI кӯчиши одамон хеле доман паҳн карда, аз як кишвар ба кишвари дигар барои таҳсил ва кор рафтани ҷавонон ва шахсони баркамол авҷ гирифтааст. Ин боиси омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангҳо мегардад. Дар чунин шароит танҳо шахси  дорои тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ–техникӣ метавонад муваффақ гардад. Вазъияти баамаломада на танҳо дигаргуниро дар барнома, инчунин дар китоби дарсӣ ва пеш аз ҳама, дар муносибати омӯзгор талаб мекунад. Матнҳо ва маводе, ки хонанда бо онҳо кор мекунад, бояд чунон таҳия шаванд, ки  инъикоскунандаи ҳаёти берун аз мактаб низ бошанд. Дар рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ-техникии хонандагон таълими ҳар як фан муносибати мушаххасро талаб мекунад. Ба замми он, ки ҳангоми таълими фанни мушаххас мо рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ-техникии хонандагонро ҳамчун салоҳиятҳои асосӣ (калидӣ) ё болоифаннӣ ба назар мегирем, ташаккули салоҳиятҳои фаннӣ, ки аз мундариҷаи фанни таълимӣ бармеоянд, низ хеле муҳим аст.
    Бо сабаби дарозмуддат будани раванди ташаккули салоҳиятҳо пай дар пай рушд ёфтани онҳо имкон надорад. Ба ифодаи дигар, раванди ташаккули салоҳиятҳо бояд баробар (мутавозӣ), ақаллан дар сатҳи ташаккули нишондиҳандаҳо сурат гирад. Ин боз аз он сабаб муҳим аст, ки дар марҳилаи муайян «гардиш ва баргашт» рух медиҳад, яъне хонандагон аз истифодаи захираи донише, ки ҳангоми кор бо як салоҳият ба даст овардаанд, дар ташаккули салоҳияти навбатӣ истифода мекунанд. Дар натиҷа раванди таълим на танҳо самараноктар мегардад, балки вақт ҳам сарфа мегардад. Дар рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ–техникии хонандагон муҳим аст, ки фаъолияти онҳо барои ҳалли мушкилот равона карда шаванд, омӯзгор пешакӣ хулоса набарорад, худи хонандагон дар натиҷаи супоришҳои амалии пай дар пай ба хулоса омада тавонанд, алоқамандии мавзӯи баррасишавандаро бо ҳаёт дида тавонанд ва зарурати омӯзиши мавзӯъро дарк кунанд.
    Натиҷаҳои омӯзиш муайян намуд, ки ин омӯзгорон 
    - нуктаҳои асосиро дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ  ҷудо карда метавонанд; 
    - малакаҳои муҳимтаринро ҳангоми таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ  номбар мекунанд ва шарҳ медиҳанд; 
    - муҳим будани проблемагузориро дар дарс дарк мекунанд; 
    - ба марҳала ба марҳала ташаккул ёфтани салоҳиятҳои хонандагонро сарфаҳм мераванд; 
    - дар асоси муносибати салоҳиятнок дарс таҳия мекунанд.
    Паҳлуи дигари хеле муҳимми ҷараёни таълим ташкили дурусти фаъолияти хонандагон аст.  Баъзе омӯзгорон маҳз дар ҳамин ҷо усули фаъолро бо муносибати салоҳиятнок ба ҳам омехта мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки хонандагон бештар дар гурӯҳҳои хурд фаъолият кунанд. Аммо дар муносибати салоҳиятнок ҳадафи асосӣ ташкили корҳои гурӯҳӣ набуда, фарогирии тамоми хонандагон ба фаъолият ва бо проблема рӯ ба рӯ кардани онҳо аст. Аз ин рӯ, ҳамеша зимни суҳбат бо омӯзгорон ҳамин масъала буд ва аз ҷониби мо маводи махсус дар бораи ташкили шаклҳои фаъолияти хонандагон ба омӯзгорон дастрас карда шуд.
    Замони имрӯза назди хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ талаботи нав рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ-техникӣ мегузорад ва бо муносибати кӯҳна ба таълим онро таъмин намудан номумкин аст. Бисёр вақт хонандагон дар баёни фикри мустақилона, табодули назар бо ҳамсолони худ, асоснок кардани мавқеи худ омода нестанд. Дар таълими анъанавӣ  ба хонандагон бештар донишҳоеро медиҳанд, ки танҳо дар сатҳи ба хотир овардани маълумот ва иҷрои супоришҳои монанд боқӣ мемонанд ва татбиқи он дар зиндагӣ ба хонанда омӯзонида намешавад. Рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ–техникии хонандагон аз омӯзгор тағйир додани муносибатро ба азхудкунии барнома тақозо мекунад. Хонандагон бояд ба таълим бо шавқу рағбат ва ҳамчун талаботи шахсии худ муносибат кунанд. Таҳлилҳои сифатию оморӣ ва мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ки хонандагон ва омӯзгорон тағйир ёфтани муносибатро ба таълим ва донишандӯзӣ хуб қабул доранд ва масъули фаъолияти таълимӣ будани худро дарк мекунанд. 
    Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки муаллифони китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони ботаҷриба ба ҳамкории амиқ ва ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, роҳҳои амалии татбиқи рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ–
техникии хонандагонро омӯзанд ва муҳокима намоянд; 
    -Ба омодагии омӯзгор баҳри дигаргун кардани муносибат ба таълим ва ба хонанда таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Тавассути ВАО-и соҳавӣ, дастуру китобҳо, ташкили мизҳои мудаввару машваратҳо, иттиҳодияҳои медодии фаннии мактабӣ,  минтақавӣ ва такмили ихтисоси фаннӣ пайваста моҳияту афзалияти муносибати салоҳиятнок ба таълим фаҳмонда шавад; 
    -Масъалаи озмоиши рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ-техникии хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ пайваста мавриди муҳокима қарор гирад; 
    -Сомонаҳои махсусро дар шабакаи Интернет фаъол гардонида, дастрасии омӯзгорон ба маълумот ва ахбори нав оид ба рушди тафаккури мантиқӣ ва маърифатӣ– техникии хонандагон  таъмин карда шавад. Ин кор метавонад боиси табодули назар, табодули таҷриба кардани омӯзгорон ба ҳамдигар шавад. Инчунин тавассути чунин сомона дастрасии омӯзгорон ба маводи амалӣ бештар мегардад.

  • Дида шуд: 158

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj