Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

   

     Дар замони наврасии мо дар кишвар таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз муаммоҳои асосӣ буд. Хонаҳои мо бештар ба шуълаи шамъ равшан мешуданд. Дар равшании хираи шамъ китобҳои бадеии шоиру нависандагонро мутолиа намуда, аз он фарқи хубу бад, сафеду сиёҳ ва меҳру адоватро дарк мекардем.
    Воқеан, китоб беҳтарин ёр ва дӯсти беминату мададгори инсон буда,  манбаи пайдоиши илму дониш аст. Тавассути мутолиаи китоб инсонҳо аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ ва ғаму дард озод мегарданд. Бузургон китоб хондану дониш ҷустанро зи гаҳвора то ба гӯр лозим шумурдаанд. Агар кас умре ба мутолиаву омӯзиши китоб машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. 
Шоир дар ин бобат хуб гуфтааст: 
        Китоб - офтоби дил, 
        Китоб - обутоби дил.
        Бидонад қадри онро 
        Ҳар инсони соҳибдил.

    Гузаштагони соҳибэъҷоз барои мо ганҷинаи ҳикмату маърифатро аз илмҳои гуногун дар шакли китоб ба ёдгор гузоштаанд, то мо аз онҳо баҳра барем, таърихи миллати хешро омӯзем, худшиносу хештаншинос бошем ва ҳимояи ватан-модарро дар мадди аввал гузорем. Ба ин васила ба насли ояндаи худ чизе боқӣ гузорем, ки ба нафъи миллату ватан бошад. Пас агар мо миллату ватани худро дӯст дорем, бояд китоб хонем, илм омӯзем, ихтироъкору эҷодкор бошем. Хондани китоб нури чашмро меафзояд, ақлро равшан месозад, ғаму андӯҳро аз дил мебарад, моро ба роҳи рост, ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамо месозад.
    Оқиле фармуда: «Умре, ки завол надорад, китоб аст. Чизе, ки аз хотири башарият зудуда намешавад, китоб аст. Манбаи илҳоми одам ва суруру шодмонии ӯ маҳз китоб аст. Ганҷдони одамизод ва хотираи ӯ китоб аст». Максим Горкий - адиби маъруфи рус, хеле дақиқ мегӯяд: «Дар китоб неруи бузург ниҳон аст. Китобе нест, ки ба одамон чизе наомӯзад. Дар танҳоӣ бештар китоб мутолиа намоед, он гоҳ қувваи азим ва лаззатбахши онро эҳсос хоҳед кард.» 
    Ба ин маънӣ донишманди фозили тоҷик Носирҷон Маъсумӣ мефармояд: «Ҳар кас, ки ба китобхона бештар ояд, ҳамон қадар умраш дарозу рӯзаш равшан мегардад.» 
    Ростӣ, андешаи бузургони сухан ва илм ривояти пандомӯзеро ба хотирам овард. Он бузургӣ ва мақоми баланду манзалати ҳамешагии китобро тасдиқ менамояд. «Шахси донишманде, ки китобҳои зиёд таълиф карда буд, зане дошт зебову боҷамол, ҳамчунин бoғe дошт сабзу хуррам ва ободу пурдарахт. Иттифоқо умраш ба ҷое расида буд. Расидани маргро ҳис кард ва хост, ки бо ҷону боғу китобҳояш, ки ҳамсуҳбати доимиаш буданд, хайрухуш гӯяд. Ба ҳамсараш рӯй оварда гуфт:
    -Ҳукми қазоро тағйир натавон кард, чун ман мурдам, ту чӣ хоҳӣ кард? 
    Посух дод: -Маро пой набошад, ки бо ту равам. Шахси дигареро хоҳам, ки маро соҳибӣ кунад ва ҳамеша обод бошам.
    Шахси донишманду фозил ба китобҳояш -ҳамдами ҷон ва мӯниси доимиаш рӯй овард: 
    -Ноилоҷ ман хоҳам рафт. Шумо, эй китобҳо ва мусҳаф баъд аз ман чӣ хоҳед кард? 
    -Мо туро ҳаргиз танҳо нахоҳем гузошт, 
    -гуфтанд китобҳо, 
    -чун дар қабр шудӣ, ҳамдами ту бошем. Вақте қиёмат расид, боз ҳам мунису қадрдони ту ҳастем. То ҷаҳон боқист, умру номи туро ҷовидон медорем.
    Аз чашмони марди донишманд ашки шодӣ рехт.» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милла т, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи  бошукӯҳи 1150-солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2008) хеле бамавқеъ хотирнишон карда буданд, ки китоб ганҷинаи маданияти ҷаҳонист. Тоҷикон аз давраҳои куҳан ки-тобро азизу гиромӣ медоштанд ва аз китоб илму дониш меомӯхтанд, ончунон, ки Рӯдакии бузургвори ҳикмату хирад сутудааст:
        То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, 
        Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
        Мардумони бихрад андар ҳар замон, 
        Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
        Гирд карданду гиромӣ доштанд, 
        То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

    Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар хусуси давлати Сомониён ва мақоми баланди эшон сухани барҷаста ва афкори баланде гуфтааст: «Тамоми халқи тоҷику форс дар хусуси он ки баъд аз истилои араб мисли як миллат бо забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд». Оре, танҳо китоб буд, ки номи неку фарҳангдорӣ, шоирпарварӣ, забону адабиётдӯстӣ ва раъиятпарварии Сомониёнро инъикос намуд ва зиёда аз 1100 сол мешавад, ки забон зи гуфтори эшон, адолатгустарӣ ва шеъру шоирпарварии онон хомӯш нест. 
Ҳамаи ин шаҳо дати он аст, ки китоб дар рӯзгори одам чӣ мақоми шоистае дорад. Бешак, китобҳое ҳастанд, ки касро сахт ба риққат меоваранд. Масалан, ҳангоми қироати достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ҳаким Фирдавсӣ адиб ва мутафаккири бузурги рус Н.Г.Чернишевский гиря кардааст. Ин далели ғайриоддиро олимони муосири мо зикр намудаанд. Худи Черни-шевский навишта буд: «Бисёр достонҳои «Шоҳнома» ҳатто аз «Иллиада» зеботару дилработаранд». 
    Бале, хирадмандону донишварони олам ба китобҳои бузургони Аҷам баҳои баланд додаанд. Масалан, шарқшиноси олмонӣ Т.Нёлдеке ба «Шоҳнома»-и безавол чунин баҳои баланд додааст: «Дар олам миллате нест, ки дорои чунии ҳамоса бошад.» Бале, китоби хуб хирад ва ифтихори миллат шуда метавонад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милла т, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуровро «шиносномаи миллат» номидаанд. Ин ҳукми боадолатонаи таърихро нигаред: солҳои 80-уми асри гузашта, бино ба навиштаи академик Аҳрор Мухторов, дар Лаҳистон (Полша) «Тоҷикон» ба теъдоди 35.000 нусха ба нашр расидааст. Хушбахтона, соли гузашта  китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров бо ташаббуси Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи оилаҳои кишвар ройгон тақдим гардид ва мутолиаи ин асари бузурги таърихӣ муяссарашон гардид. Воқеан, милл ате, ки дорои таърихи ғанӣ ва гузаштаи ибратангез мебошад, лоиқи чунин китоби нодир аст.
    Хуш аст, ки ҳар сол дар кишвари мо дар аввали моҳи апрели "Ҳафтаи китоб барои бачаҳо" сурат мегирад.  Дар замони муосир воситаҳои электронии ахбор, телевизору моҳвораву роёна ҳокими мутлақи фазои маҷозӣ мебошанд, вале китоб ҳанӯз ҳам беҳтарин василаи барқароркунандаи робитаҳои дӯстию ҳамзистии инсонҳо ба шумор меравад. Дар воқеъ, ҷомеае, ки мехоҳад бо сатҳи зиндагии пешрафта, бо ҷамъияте огоҳу озоду шод зиндагӣ кунад, ҳатман бояд ба падидаи китоб ва китобхонӣ бо чашми ибрат бингарад ва дар барномаҳои дурнамои хеш ба китоб чун унсури аслию таъсиргузор дар ҳама ниҳодҳои шахсию иҷтимоӣ ҷойгоҳе бал анд ва муътабар таъйин кунад.
    Бузургони гузашта китобхониро «умри дубораи шахс» номидаанд. Суқрот ба ин бовар будааст, ки ҷомеа вақте ба фарзонагию саодат мерасад, ки хондани китоб машғулияти ҳамешагии фард-фарди он бошад. Монтескё таъкид кардааст, ки «Ҳеч лаззате дар олам гуворотар аз лаззати китобхонӣ нест». Уилям Шекспир, шоири беназири классикии англис, китобро «бузургтарин ихтироъи башар» хондааст. Шахсе, ки ба китобу омӯзиш алоқаманд аст, ҳеҷ гоҳ эҳсоси танҳоӣ намекунад. Ҳар лаҳзае аз зиндагии муҳандису мутафаккир, ки дар танҳоӣ бо китоб ва китобхонӣ мегузарад, беҳтарин замони зиндагии ӯст.
    Тоҷикон миллати соҳибкитобанд. Андешамандони олам китобхонаро дорухонаи рӯҳи инсон номидаанд.  Шахси фарҳангдӯст ҳамеша номдору комрон аст ва пас аз марг низ номи бузургаш дар илму дидаҳо боқӣ мемонад. Чӣ тавр мо метавонем бузургонеро, ки манбаи пайдоиши ганҷи бебаҳо - китобанд, аз ҷумла, Рӯдакию Сино, Ҳофизу Саъдӣ, С.Айнию Б.Ғафуров ва амсоли онҳоро фаромӯш созем? Онҳо низ ба шарофати китобдонию китобхонӣ ва илмомӯзиашон то ба имрӯз дар дилу дидаи мо ҷой гирифтаанд.
    Дар ҷаҳони муосир танҳо бо роҳи китобхонию донишомӯзӣ, азхуд кардани технологияи навин ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи худро дар ҷамъият пайдо кардан мумкин аст. 
    Пас бояд китоб хонд, илму маърифат омӯхт ва амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо шахсро бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Китоб калиди дари илму кошонаи маърифират, асоси хираду заковат, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот ва илму адаб аст.
    Яке аз роҳҳои боло бурдани фарҳанги китобхонӣ созмон додани сабқатҳои китобхонӣ метавонад бошад, ки намунаи беҳтарини он озмуни ҷуҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳсуб мешавад. Ба назари мо, бояд мутолиаи ҳатмии теъдоди муайяне аз китобҳои ғайридарсиро ба унвони яке аз шартҳои асосии қабули довталабон ба мактабҳои олӣ эълом кард.
    Хулоса, китоб ва китобхонӣ рӯшантарин роҳи расидан ба саодату хушбахтӣ ва оромию осудагии рӯзгор аст, қулфкушои ҳама дарҳост, ки инсонро аз ҷаҳлободи нодонӣ берун меоварад, забонро фасоҳат ва баёнро малоҳат меафзояд. Китоб донишро зиёда мекунад ва обрӯйро меафзояд. Аз ин ҷо хирадманде барҳақ таъкид мекунад, ки «Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб».

    

  • Дида шуд: 101

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj