Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

Беҳтарин атои яздонӣ барои инсон китобу сухан аст. Чаро ки сухан атои Худованд аст ва аз само нозил шуда, сухан аз китоб меояд ва шоир барҳақ мегӯяд: 
        Сухан аз арши барин омадааст, 
        Баҳри покон ба замин омадааст.

    Аз ин ҷост, ки зиндагии инсонро бе китоб тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳаёти башар дар китобҳо акс ёфтааст. Қабилаҳо, халқҳо, давлатҳо аз байн рафтанд, вале китобҳо асрҳои аср боқӣ монданд. Бузургии китоб ҳам дар ҳамин аст ва ба одам имконяти гирифтани донишро таъмин мекунад.
    Имрӯз оид ба истифодаи китоби дарсӣ фикрҳои гуногун мавҷуданд. Агар қисме аз афрод тарафдори истифодаи китоби дарсӣ бошанд, қисми дигар муқобили ин андешаҳо мебошанд. Ба ақидаи ин гурӯҳи одамон ба ғайр аз китоби дарсӣ сарчашмаҳои зиёди иттилоотӣ мавҷуданд, ки онҳо пурра ҷойи китоби дарсиро гирифта метавонанд. 
    Вале имконияти дастрасии омма ба чунин сарчашмаҳои иттилоотӣ маҳдуд аст. Бинобар ин илми педагогика вазифаҳои китоби дарсиро чунин муайян кардааст: 
     Вазифаи иттилоотӣ (мазмуни таҳсилотро муйян мекунад. Дар ҳар як дарс хонандагон вобаста ба синну сол аз китоби дарсӣ миқдоре маводи таълимӣ мегиранд); 
    Банизомдароваранда (пайдарпайии маводи таълимиро таъмин мекунад); 
     Таълимдиҳанда (азхудкунӣ ва мустаҳкамкунии донишро таъмин мекунад); 
    Тарбиявӣ (ба амалӣ шудани мақсади тарбиявии дарс мусоидат мекунад).
    Дар ҷаҳони муосир бо зиёд шудани сарчашмаҳои ахбор нақши китоб гӯё маҳдуд шудааст. Аммо сарчашмаи асосӣ барои инсон асрҳои аср китоб буд ва мемонад.  Олимон исбот кардаанд, ки дониши қавӣ аксар вақт бо роҳи худомӯзӣ ба даст оварда мешавад. Барои ҳамин ҳар як одам бояд бо китоб мустақилона кор карданро ёд гирад. Малакаи ташкили кор бо китоби дарсӣ байни хонандагон аз синфҳои ибтидоӣ оғоз шуда, дар синфҳои болоӣ он ба маҳорат табдил меёбад.
    Дар рафти ташкили кор бо китоби дарсӣ дар назди омӯзгор се вазифаи асосӣ меистад: 
    1) бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба фанни худ; 
    2) додани асосҳои дониш оид ба фанни таълимӣ; 
    3) мустақилона гирифтани донишро ба хонандагон ёд диҳад. 
Китоб дар ҳалли ин вазифаҳо ҳамроҳ ва кумаккунандаи омӯзгор ба ҳисоб меравад.
    Ташкили кор бо китоб асосан ду шакл дорад: 
    а) бо роҳбарии омӯзгор ва назорати он дар раванди дарс; 
    б) ба сифати кори мустақилона, вале берун аз дарс. 
    Дар ин ҳолат омӯзгор ба хонанда супориш дода, тарзи иҷрои онро шарҳ медиҳад. Назорати иҷрои он баъдтар амалӣ мешавад.
    Истифодаи китоби дарсӣ дар ташкили кори мустақилона аз чунин давраҳо иборат аст: 
    Давраи якуми фаъолият то хондани китоб ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ин давра аз ташкили кор бо сарлавҳаи фасл, боб ва мавзӯи китоби дарсӣ, баён намудани фарзия (чӣ чиз омӯхта мешавад), ҳавасмандкунии хонандагон бо мақсади азхудкунии маводи таълимӣ, рушд додани маҳоратҳои таҳқиқӣ ҳангоми исбот намудан ва ё рад кардани фарзияи баёншуда иборат аст.
    Давраи дуюм ин иҷрои супоришҳо аз рӯйи китоб мебошад. Дар ин давраи фаъолият омӯзгор ба хонандагон мақсади хониши мустақилонаро мефаҳмонад ва хонандагон бошанд, дар назди худ мақсади хондани матнро муайян мекунанд. Фаъолияти асосии ин давра тибқи саволҳо ташкил намудани муколама бо китоб мебошад. Дар рафти хондани матн хонандагон мафҳумҳои ношинос ва асосиро қайд карда, нақша ва ҷадвалро тартиб медиҳанд.   
    Фаъолияти давраи сеюм баъд аз қироати матни китоб иҷро мешаванд. Дар ин давра хонандагон ақидаҳои худро оид ба чизи хондашуда бо овардани далелҳои мушаххас баён карда, онро бо дониши пешакии худ муқоиса мекунанд. Дар ин давра хонандагон маводи омӯхташударо бо истифодаи ин ё он усули дигар (кластер, синквейн, диаграммаи Венн ва ғайра) ҷамъбаст мекунанд.  
    Муҳим он аст, ки кори мустақилона дар рафти дарс сода набуда, аз хонанда эҷодкориро талаб кунад. Омӯзгор кори мустақилонаро бояд тавре ташкил кунад, ки дар рафти иҷрои он дар хонандагон маҳорати дарк карда тавонистани чизи хондашуда ташаккул ёбад.
    Ташкили кори мустақилона бо китоби дарсӣ шаклҳои гуногун дошта, истифодаи он аз маҳорати педагогии омӯзгор вобаста аст.
    Дар шароити гузаштан ба низоми босалоҳият дар таълим ташаккули салоҳиятҳои калидии хонандагон вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз салоҳиятҳои хонандагон ин кор бо матнҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ба ҳисоб меравад. 
    Мақсад аз навиштани ин мақола бо ҳамкасбон қисмат намудани чанд намуди усулҳои кор бо матн дар дарсҳои таърих ба ҳисоб меравад.
    Барои исботи фикрҳои боло чанд усули ташкили кор бо китобро ҳамчун намуна пешниҳод мекунем.
    Навиштани сарлавҳаи мавзӯи дарсӣ ва мавзӯъчаҳо вобаста ба он. Мақсади супориш аз он иборат аст, ки хонандагон барои омӯзиши мавзӯи дарс нақшаи аниқ дошта бошанд. Ба ғайр аз рӯйбардор кардани сарлавҳаи мавзӯи дарсӣ ба хонандагон супориш дода мешавад, ки мавзӯъчаҳои фаслҳои минбаъдаро муайян кунанд. Мисол: «Осиёи Миёна дар асри XV».
    Вазъияти сиёсӣ: сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷӣ; 
    Вазъи иқтисодӣ: ҳунармандӣ, савдо, заминдорӣ; 
    Вазъи иҷтимоӣ: аҳволи оммаи халқ, 
муборизаи синфӣ; Ҳаёти маданӣ: маориф ва илм, адабиёт ва санъат.
    Чунин супоришҳо сода бошанд ҳам, иҷрои онҳо барои ба низом даровардаи дониши хонандагон оид ба ин ё он давраи таърихӣ муҳим мебошад. Зеро омӯзиши ин ё он давраи таърихӣ бо чунин низом сурат гирифта, хонандагон раванди омӯзиши фанни таърихро дарк карда метавонанд.
    Солшуморӣ. Хонандагон бо супориши омӯзгор санаҳои таърихӣ ва воқеаҳои ба он алоқамандро дар дафтар менависанд. Барои иҷрои ин супориш хуб мешуд, ки санаҳои таърихӣ вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии ин ё он давлат дар давраи муайяни таърихӣ ҷудо карда шаванд. Дар рафти иҷрои ин гуна супориш хонандагон ба хато камтар роҳ дода, воқеаю санаҳои таърихӣ дар хотири онҳо нағзтар нақш мебанданд.
    Иҷрои ин супориш чунин шакл мегирад: 
    1206 - Темучин худро Чингизхон (Хони бузург) эълон кард. 
    1219 - фоҷиаи Утрор. 
    1220 - ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна. 
    1236 - шӯриши Маҳмуди Торобӣ.
    Луғатомӯзӣ. Бо супориши омӯзгор хонандагон дар дафтар мафҳумҳои нав ва шарҳи онҳоро қайд мекунанд. Ба сифати бозии дидактикӣ тартиб додани чайнворд ба мақсад мувофиқ аст. Луғатҳо аз рӯйи мавзӯи муайян интихоб карда мешаванд. Мисол: андоз, закот, боҷ, хироҷ; сех, усто, шогирд, мануфактура, маҳсулот ва ғайра.
    Саволҳои кушода ва пӯшида. Омӯзгор саволҳоро пешакӣ тартиб дода, онҳоро (агар супориши коллективӣ бошад) дар тахтаи синфӣ менависад. Хонандагон бо супориши омӯзгор аз рӯйи матни китоби дарсӣ ба саволҳо ҷавоб меёбанд. Ҳангоми иҷрои кори гурӯҳӣ бошад, ба воситаи карточка ба ҳар як гурӯҳ супориши алоҳида медиҳад.  Дар ин ҳолат ҳар ду намуди саволҳо (кушода ва пӯшида)-ро истифода бурдан мумкин аст.
    Саволҳои хонанда. Хонандагон мустақилона оид ба матни мавзӯи дарсӣ саволҳо тартиб дода, ба онҳо ҷавоб меёбанд. 
Ба монанди супориши №4 саволҳо гуногун 
(кӣ, чӣ, кай, дар куҷо – ҷавоби кӯтоҳ; барои чӣ, бо кадом сабаб, фарқияти байни – ҷавоби дароз ва шарҳу тавзеҳ) шуда метавонанд. 
Мисол: Спитамен кӣ буд? Сабаби сар задани шӯриши Спитамен дар чӣ буд?
    Муқоисакунӣ. Барои иҷрои ин супориш саволе гузошта мешавад, ки ҷавоби алтернативӣ дошта бошад. Мисол: воқеаҳои октябри соли 1917 дар Русия инқилоб ё табаддулоти давлатӣ буд? Хонандагон (дар гурӯҳ, дукаса ё фардӣ) фикрҳои худро дар ду тарафи ҷадвал менависанд. Муаллим бо роҳҳои гуногун вобаста ба шакли супориш фаъолияти хонандагонро арзёбӣ мекунад.


    Дар рафти иҷрои ин гуна супориш салоҳиятҳои шахсии хонандагон ба монанди фикрронӣ, ҳозирҷавобӣ ва ғайра ташаккул ёфта, ҷаҳонбинии онҳо васеъ мешавад.
    Пур кардани ҷадвал. Чунин намуди корро дар ҳамаи синфҳо истифода бурдан мумкин аст. Агар хонандагон тарзи пур кардани ин гуна ҷадвалро ёд гиранд,  метавонанд ба ҳама гуна воқеаи таърихӣ баҳои объективӣ дода, раванди воқеаи таърихиро дарк кунанд.


    Тартиб додани ҷадвал. Иҷрои чунин супоришро ҳангоми омӯхтани мавзӯъҳое, ки ба сохти идоракунии ин ё он давлат бахшида мешаванд, додан ба мақсад мувофиқ аст. Интихоб намудани шакли ҷадвал ба ихтиёри хонандагон гузошта мешавад. Зеро чунин тарзи кор боиси ғанӣ гардидани тахайюлоти хонандагон мегардад. Мисол, сохти идоракунии давлати Сомониён, Темуриён, аморати Бухоро, Русия ва ғайра. 
    Тартиб додани тест аз рӯйи матни мавзӯи дарсӣ. Иҷро намудани чунин супориш барои хонандагон нисбатан душвор мебошад. Душвории кор дар он аст, ки хонандагон на танҳо савол ва ҷавобҳои онҳоро муайян мекунанд, балки якчанд ҷавоби «нодуруст»-ро, ки ба ҷавобҳои дуруст наздик бошанд, интихоб мекунанд, ки онҳо набояд аз мавзӯи интихобшуда берун бошанд.
    Конспекти пайдарпайи китоби дарсӣ. Ин намуди классикии мустақилона омӯхтани маводи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Конспект аз рӯйи сарлавҳаи китоби дарсӣ навишта мешавад. Бо супориши омӯзгор хонандагон мазмуни асосии ҳар як сархати матнро мухтасар менависанд. Барои он ки хонандагон мустақилона ба мазмуни асосии матни мавзӯъ сарфаҳм раванд, омӯзгор саволҳои водоркунандаро аз қабили чӣ чизи навро шумо аз матн омӯхтед? Кадом мафҳумҳо ба шумо номаълуманд? Кадом чизҳо муҳим мебошанд? Чӣ чизро бояд дар хотир нигоҳ дошт? ва ғайра.
    Шпаргалка. Ҷараёни тайёр намудани шпаргалка дар шакли тезис (конспект) имконият медиҳад, ки маводи омӯхташаванда азхуд карда шавад. Омӯзгор ба хонандагон муроҷиат намуда, қайд мекунад, ки шогирдон, биёед, кӯшиш кунем, ки тезис (конспект)-ро дар шаклҳои гуногун тайёр намоем. Ин нақшаи одӣ, муфассал ва хеле кӯтоҳи омӯзиши матн ба ҳисоб рафта, танҳо аз калидвожаҳо, нақша дар шакли савол ба матн иборат аст. Кадом хонандае, ки тезис (конспект)-и беҳтаринро тайёр мекунад, ин шпаргалкаи беҳтарин мебошад.
    Қироати китоб бо қалам дар даст. Хонандагон ҳангоми хондани матни китоби дарсӣ аз рӯйи рамзҳо аломатҳои медонам, донистам, донистан мехоҳамро мегузоранд. Шарт нест, ки хонандагон ин аломатҳоро дар поварақи китоби дарсӣ гузоранд. Онҳо метавонанд аз рӯйи ин аломатҳо дар дафтар дар шакли тезис қайдҳо гузошта, маводеро, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунад, муайян кунанд. Аҳамияти ин супориш аз он иборат аст, ки дар рафти иҷрои он хонандагон норасоии азхудкунии маводи таълимиро пай бурда, диққат ва хотираи 
онҳо ташаккул меёбад.    
    Қироат аз рӯи нақш. Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати муайян матни додашударо хонда, нақшҳоро байни худ чунин тақсим кунанд: баранда, муаллиф, мунаққид, қаҳрамони асосӣ. Боз кадом нақшҳои дигарро офаридан мумкин аст? Хонандагон метавонанд нақшҳои дигарро фикр карда пешниҳод намоянд. Бо илова шудани нақшҳои нав матн бори дигар хонда шуда, аз нав нақшҳо байни хонандагон тақсим карда мешаванд. Ба хонандагон имконият дода мешавад, ки ихтиёрӣ нақшҳоро интихоб намоянд. Баъди қироати матн ва иҷрои нақшҳо омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки фаъолиятҳои ҳамдигарро арзёбӣ кунанд.     
Истифодаи чунин усул дар синфҳои 5 – 6 ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои «Пешдодиён - шоҳони ривоятӣ», «Муборизаи Спитамен бо Искандар», «Ҳаракати маздакиён», «Бойгонии Деваштич ва ахамияти он», «Шӯриши Рофеъ ибни Лайс» ва амсоли инҳо ба мақсад мувофиқ аст. Қироати ин матнҳо ба воситаи нақшофарӣ имконият медиҳад, ки хонандагон худро дар муҳити муайяни давраи таърихии ин ё он аср, воқеа ва вазъияти баамаломада ҳис намоянд. Инчунин онҳо аҳамияти асарҳои бадеиро, ки сарчашмаи таърихӣ ба ҳисоб мераванд, дарк менамоянд.
    Шӯрои илмӣ. Омӯзгор ба хонандагон пешниҳод мекунад, ки худро аъзои фаъоли Шӯрои илмӣ ҳис кунанд ва ба онҳо матни китоби дарсиро пешниҳод намуда, супориш медиҳад, ки онро дар муддати 10 дақиқа мутолиа намоянд. Баъд аз қироати матн омӯзгор байни хонандагон нақшҳои муаллиф, мунаққид, нодон ва мутахассисро тақсим мекунад. Хонандагон вобаста ба нақшашон мазмуни матнро баён мекунанд. Муаллиф варианти ибтидоии матн, мунаққид мавқеи танқидиро дар муносибат бо тасвири воқеа, нодон хатоҳоро содир мекунад ва мутахассис бошад, мазмуни матнро бо маълумоти муҳим пурра мекунад. Аъзоёни дигари Шӯрои илмӣ маърӯзаҳоро арзёбӣ мекунанд. Хонандае, ки нусхаи аслиро бехатову шавқовар баён мекунад, ғолиб дониста мешавад. Омӯзгор ба дигар аъзоёни Шӯрои илмӣ низ ҳуқуқ медиҳад, ки ҷавоби якдигарро пурра созанд ва ё ба он илова кунанд. Дар фарҷоми фаъолият хонандагон ба фаъолиятҳои худ ва ҳамдигар баҳо мегузоранд.
    Хаторо ёб. Бо супориши омӯзгор хонандагон матни китоби дарсӣ ё матни дигарро бодиққат хонда, мазмун ва моҳияти асосии онро муайян мекунанд. Баъд аз он омӯзгор ба хонандагон ҳамин матнро ба якчанд тағйирот пешниҳод намуда, супориш медиҳад, ки баъди мутолиаи матн тасдиқоти нодурустро ёфта, онҳоро ислоҳ кунанд. Супориш аввал мустақилона ба таври фардӣ иҷро шуда, дар рафти муҳокимаи он хонандагон дастҷамъона иштирок мекунанд. Барои санҷидани дурустии мазмуни матн хонандагон метавонанд аз нусхаи аслии матн истифода бурда, хатоҳои худро ислоҳ намоянд. Чунин усулро дар ҳамаи синфҳо истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. 
    Акси фаврӣ. Шарти истифодаи ин усул аз он иборат аст, ки хонандагон бояд дар як лаҳзаи муайяни вақт ҳарчи бештар матни зиёдтарро дар хотир нигоҳ дошта тавонанд. 
    Супориш аз якчанд вариант иборат шуда метавонад. Хонандагон имконият доранд, ки барои дар хотир нигоҳ доштани матн бо маслиҳати пешакӣ қисмҳои онро байни худ тақсим намоянд. Як қисми хонандагон санаҳои таърихӣ, қисми дигар номҳои ҷуғрофӣ, сеюмиҳо номи ашхоси таърихӣ, чорумиҳо воқеаҳои асосиро дар хотир нигоҳ доранд. Вобаста ба дараҷаи душвории мазмуни матн ва ҳаҷми он супориш метавонад тағйир дода шавад. Гурӯҳе, ки мазмуни матнашро пурра ва бехато баён мекунад, ғолиб дониста мешавад.      
    Моҳияташро муайян намо. Моҳияти ҳар гуна матнро бо осонӣ кушодан мумкин аст. Барои ин бо қалами одӣ дар зери ҷумлаҳое, ки мазмуни асосии матнро муайян мекунанд, хат кашидан лозим аст, ки ин танҳо 10-20%-и тамоми матнро ташкил медиҳад. Бо иҷрои ин супориш, ки вақти хеле камро талаб мекунад, хонандагон муайян намудани моҳияти ҳар гуна матнро азхуд карда метавонанд.
    Шамшербозӣ. Бо мақсади шинос шудан ба мазмуни матн хонандагон дунафарӣ аз тарафи омӯзгор (баранда) супориш мегиранд. Хонандаи аз тарафи чап нишаста, роҳи ҳалли проблемаро пешниҳод мекунад ва хонандаи аз тарафи рост нишаста фикрҳои хонандаи тарафи чапро рад намуда, ақидаи худро пешниҳод мекунад. Баъд аз он супоришҳои нав дода мешаванд.
    Панҷ. Олимон исбот намудаанд, ки ҳар як фан ё маводи таълимиро бо осонӣ азхуд кардан мумкин аст, агар онро ба панҷ қисм ё панҷ воҳид ҷудо намоем. Ба ин воҳидҳо категорияҳои фалсафӣ - хусусиятҳои хос, умумӣ, мазмун, шакл ва моҳият дохил шуда метавонанд. Вобаста ба ин хусусиятҳо омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки матнро хонда, мазмуни онро аз рӯйи воҳидҳои зикршуда ба қисмҳо ҷудо намуда, ҳангоми муҳокимаронӣ ҷойҳои асосиро барои худ қайд намоянд. Ҳангоми ҷавобдиҳӣ хонандагон муайян мекунанд, ки ҷавобҳои онҳо ба кадоме аз панҷ категорияи фалсафӣ дохил мешаванд ва бо анҷоми супориш якдигарро арзёбӣ мекунанд.     
    Қисмҳои матн. Дар ҷарёни дарс омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки барои шинос шудан бо мазмуни матн онро бодиққат, вале тез хонанд ва ба чор гурӯҳ ҷудо шаванд. Гурӯҳи якум «Муқаддима», дуюм «Мафҳуми асосӣ», сеюм «Хулоса» ва гурӯҳи чорум «Илова» номгузорӣ карда мешаванд. Ҳар як гурӯҳ мазмуни қисми матнро вобаста ба номаш - муқаддима, мафҳуми асосӣ, хулоса ва илова - баён мекунад. Гурӯҳи илова ҳуқуқ дорад, ки баъди маърӯзаи ҳар як гурӯҳ суханронӣ кунад. Баъди маърӯзаи ҳамаи гурӯҳҳо матн бори дигар аз назар гузаронида шуда, муайян мегардад, ки кадом гурӯҳ аниқ ва пурра вобаста ба номаш мазмуни қисми матнро баён намудааст.
    Аз ҳама асос. Бо мақсади шинос шудан бо мазмуни матни омӯзишӣ омӯзгор супориш медиҳад, ки хонандагон матни китоби дарсиро тез ва бодиққат хонанд ва як калимае, ки метавонад ҳамаи мазмуни матнро ифода намояд, фикр кунанд. Баъд аз он мазмуни асосиро бо ибора ва пасон хусусиятеро аз матн пайдо кунанд, ки дар сурати набудани он матн маъно надорад. Дар охир хонандагон бо навбат аввал калима, баъд ибора ва пасон хусусияти матнро аз нав такрор намуда, фаъолияти ҳамдигарро арзёбӣ мекунанд.
    Таърих бо номҳо. Бо супориши омӯзгор хонандагон аз матни омӯхташаванда номҳои ҷуғрофиро ёфта, алоқамандии байни номи ҷуғрофӣ ва воқеаи таърихиро пайдо мекунанд. Топонимика фанни ёрирасони таърих мебошад, ки пайдоиши воқеаҳои таърихиро меомӯзонад. Масалан, Душанбе, Сталинград, Душанбе ё Санкт-Петербург, Петроград, Ленинград, Петербург ва ғайра. Ба вуҷуд омадан ва иваз шудани номи чунин шаҳрҳо ба воқеаҳои таърихии ин шаҳрҳо алоқаманд аст.
    Аз нигоҳи шоҳидон. Омӯзгор диққати хонандагонро ба қироати матн ҷалб намуда, қайд мекунад, ки ҳоло мо вобаста ба мазмуни матн аз номи шоҳидони гуногуни воқеаи таърихӣ эссе тартиб медиҳем. Чунин супориш хонандагонро ба амиқ таҳлил кардани матн водор намуда, муносибати эҷодкорона, дарёфт ва истифодаи маводи иловагиро талаб мекунад. Мисол: навиштани эссеи таърихӣ оид ба шӯриши Восеъ аз номи деҳқонон, рӯҳониён, амалдорон, иштирокчиёни шӯриш ва ғайра.
    Чунин намуди супоришҳо хеле зиёд буда, самаранок истифода бурдани онҳо аз омӯзгор дониш, маҳорат ва меҳнати зиёдро талаб мекунад ва боиси ташаккул ёфтани майлу рағбати хонандагон ба китоб ва мустақилона азхуд кардани маводи таълимӣ мегардад. 
    Зарурати қироати китоб, дӯст доштан ва мутоилаи он имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир мунтазам озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат", сурат мегиранд. Чунин озмунҳо барои боз гардонидани мардум ба суйи китобу китобхонӣ саҳми бузурге мегузоранд ва заминаи хуберо барои ташвиқу тарғиби китоб миёни насли наврас ва калонсолон фароҳам меоранд, зеро китоб худ савод мебахшад, малакаҳои фикрронӣ ва зеҳни инсонро қавӣ мегардонад ва ҳофизаашро тақвияту неру мебахшад.

 

 

  • Дида шуд: 142

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj