Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

     

      Дар раванди баргузор намудани машғулиятҳо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз сарчашмаю манбаъҳои илмию назариявӣ ва методӣ метавонанд ба таври огоҳона ва мақсаднок истифода намоянд. Худомӯзӣ яке аз василаҳои баланд гардидани таҳаввули маънавиёти худи омӯзгорон ба шумор меравад. Истифода аз китобу дастурҳои гуногуни илмию методӣ ба сифатан беҳтар гардидани сатҳи машғулиятҳо ва донишазхудкунии хонандагон мусоидат мекунад. Барои намуна, ман дар дарсҳои худ аз фанни таърих аз асарҳои зиёди таърихӣ, адабӣ, илмӣ истифода мекунам. Хусусан, омӯзишу баҳрабардорӣ аз китоби гаронмояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Чеҳраҳои мондагор» дар раванди баргузории машғулиятҳо аз фанни таърих дар синфҳои 5-11 ва истифодаи ҳадафмандонаи он хеле бамаврид ва манфиатнок мебошад. Китоби мазкур дар бораи хидматҳои таърихии шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик дар мубориза бар зидди аҷнабиёни хориҷӣ, таҳкими давлатдории тоҷикон, рушду такомули адабу фарҳанг ва тамаддуни ин миллати куҳанбунёд ва дар умум, саҳифаҳои пурифтихори таърихи гузаштаи мо маълумоти дақиқи фаровон медиҳад. Андешаҳои Сарвари давлат бо такя бо манбаъҳои муътамади осори таърихӣ ва илмӣ рӯйи коғаз омада, бо саҳеҳияту сареҳияти худ аз он мегӯянд, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсола бо талошу такопӯ ва муқовимату муборизаҳо тавонист фарҳангу тамаддуни худро рушд бахшида, дорои забону анъанаҳои миллӣ ва сарзамини паҳновар буданашро собит намояд. Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» дар бораи чунин шахсиятҳои бузургу барӯманди таърихӣ, амсоли Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ… то устод Садриддин Айниву Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемуру Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаю Сотим Улуғзода андешаву ақидаҳои нобу ҷолиб баён карда шудаанд, ки далелу арком ва маълумоти дар ин навиштаҳо мавҷудбуда вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ ба таври судманд истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, дар синфи 5 ҳангоми ба роҳ мондани машғулиятҳо аз мақолаҳои «Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол», «Паёмбари ойини ростин», «Бозтоби нур дар зулмот», «Пешвои мардумдӯсти Эрони бостон», «Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ», «Бунёдгузори давлатдории мутамаддин», ки дар бораи қаҳрамонони таърихӣ ва ашхоси фарҳангию мазҳабӣ, чун Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад(с) ва амсоли инҳо ҳикоят мекунанд, ҳамчун маводи изофӣ метавон истифода кард. Ҳангоми тавзеҳи қаҳрамониҳои Куруши Кабир ба хонандагон аз китоби «Чеҳраҳои мондагор» иқтибоси мазкурро пешниҳод карда, метавон дар дафтарҳояш сабт кунонд:
     "Бояд зикр намуд, ки Куруши Кабир зимни сиёсати давлатдорӣ ва тарзи дунявии тафаккур ҳадафҳои кишваркушоӣ ва густариш додани иқтидори рӯзафзуни империяи Форсро пеш мебурд. Ба қавли муаррихони аҳди қадиму ҷадид, Куруши Кабир қабл аз ҳуҷум ба Бобул дар симои савдогарону тоҷирон, рӯҳониёни мазҳабҳои гуногун ва дастаи ҷосусони давлатӣ, тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро қаблан ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт». 
    Пешвои миллат дар мақолаи «Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» перомуни муборизаҳои озодихоҳонаи қаҳрамони ростини миллат Спитамен андешаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи гузаштаи тоҷикон ба шумор меравад… Даҳҳо муаррихони аҳди қадим – Арриан, Квинт, Куртсий Руф, Диодор, Помпей Пирог, Каллисфен ва дигарон Спитаменро чун рақиби тавонои Искандари Мақдунӣ ва лашкаркаши зираку боҳунар ба қалам дода, сифатҳои наҷиби ватандӯстӣ ва афзалияти ӯро аз охирин шоҳони Ҳахоманишӣ зикр намудаанд. Чунонки аз саҳифаҳои таърих маълум аст, Искандари Мақдунӣ аз мутеъ нашудани мардуми Суғд сахт барошуфта, ӯрдуи лашкаркашро ба панҷ гурӯҳ тақсим намуд ва амр дод, ки ҳар каси дучоромадаро бераҳмона қатл намояд. Муаллиф ҳамчун сиёсатмадори донишманд сабабҳои ба ҳалокат расидани Спитаменро бар асоси асари Б.Ғафуров, Д.Сибукидис – «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» («Александр Македонский и «Восток». -М, 1980),  инчунин таълифоти В.Ян, И.Пянков, Ю.Яъқубов таҳлили амиқ намуда, хулоса мекунанд, ки «сабабҳои асосии шикасти талошҳои истиқлолхоҳӣ ва муқовимати мардуми Бохтару Суғдро мо бояд аз муташаккил намудани неруи шӯришгарон ва қувваи марказиятноки ҳарбӣ надоштани онҳо, ба табақаҳои доро ва мардуми бонуфузи маҳаллӣ муносибатҳои хешутаборӣ пайдо кардани Искандару сарлашкарони вай, инчунин, ба аъёну ашроф ва ҳокимони собиқ додани мансабу имтиёзҳо 
ва дигар самтҳои сиёсати созишкоронаи ин лашкаркаши кишваркушо биҷӯем». 
    Тавре медонем, дар таҳрик бахшидани андешаҳои озодихоҳӣ ва истиқлолталабонаи миллати тоҷик, худшиносию ҳувийятхоҳии онҳо афкори башардӯстонаи Маздаку Монӣ низ барҷаставу муассир мебошад. Онҳо бо тарғиби таълимоти худ талош варзиданд, ки решаи зулму фасодро дар ҷомеаи давр аз байн бурда, озодию баробарии  мардуми заҳматкашро таъмин намоянд. «Ба ақидаи Маздак, - омадааст дар китоб, чун сабаби асосии кина ва носозгорӣ нобаробарии мардум аст, пас ноилоҷ ин нобаробарӣ бояд аз миён бардошта шавад. Нобаробарии иҷтимоӣ боис мешавад, ки инсонҳо ба якдигар эҳсосоти шадиди манфӣ нишон диҳанд, якдигарро бад бинанд, душманӣ варзанд ва боиси падид омадани ҳодисаҳои ногувор шаванд». Ба ақидаи Маздак, нобаробарии иҷтимоӣ боиси падид омадани панҷ эҳсоси бадтарини инсон гардида, мусоват ва баробарию бародариро дарҳам мешиканад ва миёни одамон фосилаҳо барқарор мекунад. «Дар умум,  ҳадафу мароми таълимоти Маздак ибрат аз ду қисмат буд: қисмати аввал беҳбудӣ бахшидан ба ҳолу аҳволи табақаҳои васеи заҳматкашон ва эҳёи ҳуқуқи моддию маънавии онҳо дар ҷомеаи сосонӣ ва қисмати дуюм интишори таълими ахлоқии маздакия, ки асоси он ба рӯйи санавият, дугонапарастӣ ва зуҳду тақвои монавӣ устувор буд. Асли сухани Маздак ва ҷавҳари инқилоби ӯ дар иштироки моликият мебошад, ки аз фикри ҳукумати иштирокӣ ва ширкати ҳамагон дар ҳокимияти миллӣ сарчашма гирифтааст. Ин ақида дар пояи навиштаҳои А.Кристенсен, С.Нафисӣ ва А.Қадёнӣ баён гардида, ҷанбаҳои таълимоти Маздакро равшан месозад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси фаъолият ва зиндагиномаи намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик андешаҳои хешро баён дошта, онҳоро шоҳсутуни тамаддуну фарҳанги тоҷик ва ифтихори миллии насли наврас ва ҷавонон мешуморанд. 
    Дар матолиби «Қофиласолори адабиёти тоҷику форс», «Ситоишгару адлу ростӣ ва нуру хирад», «Мутафаккири абадзинда», «Суханвари бузург ва марди андеша», «Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон», «Пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо», «Таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот», «Бунёдгузори кохи азими сухан», «Пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон» ва ғайра Пешвои миллат саҳму нақши барҷастаю мондагор ва хидматҳои гаронмояи ин абармардони адабиётро дар ташаккулу пешрафти фарҳангу адаби миллӣ дар заминаи консепсияи илмӣ-фалсафӣ тавзеҳ бахшидаанд. Аз ҷумла, дар бораи хусусияти бузурги гуманистӣ доштани ақидаҳои шоири нобиға Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муаллиф менигоранд: «Вобаста ба ҳамдилӣ Мавлонои Балхӣ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя мавзӯи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштааст. 
Андешаҳои ӯ дар динҳои дигар, хусусан, масеҳият ва муносибат бо ҳомилони чунин динҳо дар таърихи асрҳои миёнаи на танҳо Шарқ, балки Ғарб ҳам хеле навоварона буда, аз фарҳанги воло ва ахлоқи ҳамидаи соҳиби чунин таълимот дарак медиҳанд.» 
    Дар маҷмуъ, истифодаи бомавқеъ ва иртиботманд ба мавзӯъҳои дарсӣ аз фанни таърих аз китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар муассисаҳои таълимӣ аҳамияти бузурги илмиву маърифатӣ дошта, дар такомулу таҳаввули худшиносӣ ва ифтихори миллии насли наврас ва ҷавонон нақши муассир мебозад.

 

  • Дида шуд: 161

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj