Тоҷикистон кишвари баландкӯҳ буда, дар ҳудуди он дараю водиҳои сершумор ҷойгир шудаанд. Хусусиятҳои хосу мураккаби ноҳамвориҳои сатҳи замин, гуногунии омилҳои иқлим дар музофоту минтақаҳо боиси гуногунии релефи маҳал гардидаанд. Бинобар ин дар маҳалҳои гуногун ҳодисаҳои номатлуби табиат, аз қабили селу обхезӣ, жолаю боронҳои селофар рух медиҳанд. Ҳар сол такрор ёфтани ин ҳодисаҳо боиси хисороти калони иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ мегардад. Барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари ин ҳодисаҳо маблағи зиёд сарф мешавад. Воқеан, то солҳои наздик идораҳои масъул бештар ба ҳамин тарафи масъала диққат дода, ба пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз хавфи сар задани ҳодисаҳои нохуши табиат камтар диққат медоданд.
Созмони технологияи ягонаи хабарӣ, яъне огоҳонидани саривақтии аҳолӣ қисми таркибии тайёр будан барои пешгирию раҳоӣ аз ҳодисаҳои нохуши табиат мебошад ва имкон медиҳад, ки андозаи харобӣ ва талафот кам карда шавад.
Имрӯзҳо технологияи иттилоотӣ дар ҷаҳон хеле рушд намудааст. Ба инҳо садою симо, телефонҳои симию мобилӣ, метеохабар, шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ ва ғайра маҳсуб мешаванд. Аммо бояд иқрор шуд, ки дар шароити Тоҷикистони имрӯза бо сабабҳои гуногун истифодаи технологияи иттилоотӣ баҳри пешгирию огоҳонидани аҳолӣ аз наздик шудани офатҳои табиӣ мақоми шоиста пайдо накардааст.
Доир ба пешгӯйии ҳодисаҳои гидрометеорологӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз хавфи чунин ҳодисаҳо пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ саҳми хуб гузошта метавонанд. Мутаассифона, дар кишвари мо чандин пойгоҳҳо аз кор мондаанд. Доир ба вазъи обу ҳавои ноҳия ва минтақаҳои ҷудогона маълумоти саривақтӣ ва мукаммал намерасад. Аз ин лиҳоз, дар натиҷаи офатҳои харобиовари табиӣ кишвар талафоти зиёд медиҳад.
Дар Тоҷикистон вобаста ба релеф пайдо шудани сел аз имкон дур нест. Зеро дар ин гуна ҷойҳо барои пайдошавии сел шароити мусоид муҳайёст. Лойобаҳое, ки сабабгори асосии сар задании сел мегарданд, пеш аз ҳама, аз боришоти бошиддати пайдарпай ва хоки ноустувор пайдо мешаванд.
Тоҷикистонро хатари сел асосан дар фаслҳои баҳору тобистон таҳдид менамояд.
Минтақаҳои Тоҷикистон, ки хатари сел мудом ба онҳо
таҳдид мекунад, инҳоянд:
- ноҳияҳои гирду атрофи қаторкӯҳҳои Қарамазор (Тоҷикистони шимолӣ);
- ноҳияҳои гирду атрофи қаторкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ;
- ноҳияҳои марбут ба Помири Ғарбӣ.
Бояд зикр намуд, ки қисмати Тоҷикистони Ҷанубӣ ҳам ҳарчанд ҳамвор аст, аз хатари ба амал омадани ин офати табиӣ дур нест.
Сабабҳои асосии пайдошавии сел дар Тоҷикистон инҳоянд:
- боришоти давомноку тӯлонӣ;
- обшавии пиряхҳо дар масоҳати бузург;
- кандашавии кӯлҳо ва обанборҳо;
- лағжиши доманакӯҳу теппаҳо;
- вайроншавии кӯлҳои дохилии пиряхҳо.
Ғайр аз ин, сабабҳои зиёдро низ метавон баён сохт, ки ба пайдошавии селҳо мусоидат мекунанд. Ҷамъшавии бошиддати ҳаҷми обҳо, пастхамиҳои моил ва нишебиҳои урёни доманакӯҳҳо, мавҷуд будани миқдори зиёди ҷинсҳои кӯҳии ковоку суст ва тезшусташаванда (гил, хок, регсанг ва
сангпораҳои доманакуҳӣ) – инҳо номгӯйи нопурраи омилҳоеанд, ки сабабгори рух додани сел мешаванд.
Селҳоро аз рӯйи таркибашон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
- селҳои лойиву сангӣ;
- селҳои лойӣ;
- селҳои обиву сангӣ.
Зичии селҳои лойиву сангӣ 2,1 – 2,5 тонна/метри кубӣ буда, вобаста ба дараҷаи тахрибкориашон хатарноктарин намуди селҳо ба ҳисоб мераванд. Зичии селҳои лойӣ ба 1,6 – 2,0 тонна/метри кубӣ мерасад. Дар селҳои обиву сангӣ зичӣ 1,0 – 1,5 тонна/метри кубиро ташкил мекунад.
Вазни ҷисмҳо ва таҷҳизоте, ки сел онҳоро метавонад пешопеши худ тела бидиҳад, ба зичӣ ва суръати ҷараёни сел мутаносиб мебошад.
Селоб, агар бо суръати 1 м/с ҳаракат намояд, метавонад сангҳои вазнини то 2 кг, агар бо суръати 2 м/с ҳаракат кунад, сангҳои вазнашон то 8 кг ва агар суръати селоб 3 м/с бошад, метавонад сангҳои вазнашон то 30 кг–ро тела диҳад ва ба маҷрои худ дарорад. Суръати муқаррарии селоб асосан 3 – 4 м/с ва гоҳо ба 5 м/с мерасад. Лекин дар баъзе мавридҳо суръати селоб хеле боло рафта, то ба 10 м/с мерасад. Аҷаб нест, ки ин гуна сел сангҳои вазнашон то ба даҳҳо тоннаро тела дода, аз ҷое ба ҷое бубарад.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё ва 276 адад сой бо дарозии умумии қариб 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки аксарашон дарёҳои хатарнок ба ҳисоб мераванд. Ин захираи бузурги обӣ буда, баробари фоида ба мамлакат ҳамасола хисороти калони моливу ҷонӣ мерасонад. Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, ярч ва сел шуда, дар натиҷа ба аҳолӣ, иншоотҳои давлатӣ ва хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.
Минтақаҳое, ки дар он ҷо сел нисбатан зиёд мушоҳида мешавад, ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Сурхоб, Яхсӯ, Қизилсӯ, Варзоб, Кофарниҳон, Хонақоҳ, Қаратоғ, Зарафшон, Исфара ва сойҳои калони ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Шӯробод, Деваштич, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Шаҳристон ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел меояд.
Танҳо байни солҳои 2002 – 2005 селу обхезӣ дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ба 20 соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои автомобилгард, каналҳои обёрикунанда, майдонҳои кишти зироат, боғу токзорҳо, пулҳо, иншооти соҳилмустаҳкамкунанда ва ғайра зарари ҷиддӣ расонид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани оқибатҳои харобиовар танҳо соли 2004 барои ноҳияи Айнӣ 295 ҳазор сомонӣ ва барои ноҳияи Панҷакент ба андозаи 484 ҳазор сомонӣ ёрии яквақта ҷудо намуда буд. Агар барои такмилу навсозии технологияи иттилоотӣ маблағи басанда ҷудо мегардид, шояд талафоти молию ҷонӣ чанд баробар коҳиш меёфт, маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашуда барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт масраф мешуданд.
Водиҳои Қаротегин ва Дарвоз ҳам минтақаҳои фаъоли сел мебошанд. Дар мавзеи байни деҳаҳои Зиғар ва Қалъаихум зиёда аз 44 манбаи хатарноки селфуроӣ мавҷуданд.
Вайроншавии сатҳи набототии баландкӯҳ, бад шудани назорати обхезиҳо ва сохтори заҳбурҳо дар водиҳо дар 20 соли охир боиси обхезиҳои харобиовару зудрухдиҳанда шудааст. Соли 2004 қариб 142 нуқтаи аҳолинишин дар 18 минтақаи мамлакат доимӣ ва боз 490 нуқтаи аҳолинишин дар давраи мавсими обёрӣ зери об монданд.
Обхезӣ ва сел дар водии дарёҳои Элок, Кофарниҳон, Хонақоҳ ва Қаратоғ низ ба амал меояд.
Дар натиҷаи обхезиҳо иншооти муҳофизатӣ қад-қади маҷрои дарёҳои Кофарниҳон ва Элок ҳар сол вайрон мешаванд. Бинобар набудани нақшаҳои самарабахши зидди обхезӣ садҳо гектар заминҳои кишт ва аҳолӣ садҳо миллион сомонӣ зарар мебинанд.
Дарёи Элок ва Душанбе ба дарёи Кофарниҳон ҷорӣ мешавад, ки он аз маҳалҳои сераҳолӣ ва киштзорҳо мегузарад. Соли 2001 зиёда аз 7 км иншооти муҳофизатии соҳилҳоро об шуста, 208 хоҷагӣ ва 150 гектар киштзор вайрону нобуд гардидаанд. Дар натиҷа 1248 нафар одам зарар дида, 16 оила бехонаву ҷой монданд.
Дарёи Қаратоғ заминҳои ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода ва Ҳисорро убур мекунад. Дар соҳилҳои ин дарё маҳалҳои аҳолинишин, хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои саломатии кӯдакон, қисми ҳарбӣ ва киштзорҳо ҷой гирифтаанд. Дар охири солҳои 2000-ум 10 км сарбанд вайрон шуда, зиёда 500 гектар киштзорро об шуста бурд.
Аҳолии маҳаллӣ оби дарёи Қаратоғро барои ошомидан ва обёрӣ истифода мебаранд. Ҳар баҳор боронҳои сел сабабгори обхезӣ гашта, зиёда аз 300 гектар заминҳои аҳолинишин ва киштро валангор карда, зери об мемонад.
Дарёи Варзоб заминҳои ноҳияҳои Варзоб ва Душанберо убур мекунад. Қариб 60 фоизи аҳолии пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе оби дарёи Варзобро ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мебаранд. Ғайр аз ин боғҳои дарахтони мевагӣ ва полизҳои ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе аз ин дарё об мегиранд. Дар назди соҳилҳои дарёи Варзоб зиёда аз 150 маркази истироҳатӣ, қароргоҳи сершумори мактаббачаҳо ва хонаҳои аҳолинишин ҷой гирифтаанд. Дар ин минтақа дар як сол 3-4 маротиба омадани сел мушоҳида мешавад.
Соли 2003 сатҳи оби дарёи Варзоб дар натиҷаи боронҳои сел якбора баланд шуда, 230 оила бе сарпаноҳ монд ва ба 50 ҳазор гектар заминҳои кишт зарар расонид. Соли 2004 сел 27 км роҳҳои мошингардро шуста, 5 кӯпрукро вайрон кард. Роҳе, ки пойтахтро бо ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, баста шуда, бисёр хонаҳои истироҳатӣ хароб гардиданд. Қариб 40 фоизи аҳолии шаҳри Душанбе бе оби нӯшокӣ монда, 300 хонаводаи сокинони ноҳияи Варзоб сахт зарар диданд.
Хавфи канда шудани сарбанди кӯли Сарез муаммои якасра аст. Ҳангоми канда шудани сарбанд селоба тӯли як шабонарӯз ба Панҷи Поён омада метавонад. Зарари ин ҳодиса ба Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистону Туркманистон хеле калон хоҳад буд. Зеро он метавонад 52 ҳазор километри мураббаъ масоҳат ва беш аз 5 миллион нафар одамоне, ки дар он ҷо зиндагӣ доранд, зери об монад.
Дар радифи селҳое, ки қайд намудем, боз дигар намуди сели яхӣ мавҷуд аст, ки дар баландкӯҳҳо дар ҷойи пиряхҳо ва барфҳои доимӣ пайдо мешавад. Ин намуди сел ҳеҷ ба боришот вобастагӣ надошта, дар сурати бисёр гарм шудани ҳаво дар фасли тобистон пайдо мешавад. Хурӯҷи ин гуна сел дар чандин сол як маротиба мебошад. Сели яхӣ дар натиҷаи ҷунбиши пиряхҳои ҳаракаткунанда, рахнашавии кӯлҳои яхбаста ва гоҳо пуршавии обанборҳо пайдо мешавад. Оид ба ин намуди сел, пайдошавӣ ва хатару зиёни он то ба имрӯз маълумоти кофие ба даст оварда нашудааст.
Давраи рух додани ин сел моҳҳои май – август мебошад. Дар Тоҷикистон қариб то 30 манбаи эҳтимолии пайдошавии сели яхӣ вуҷуд дорад. Қисми зиёди пиряхҳои кишвари мо то имрӯз пурра омӯхта нашудаанд.
Дар ҷумҳурӣ 1386 км саддҳои муҳофизатӣ ва 710 адад селпартоҳо бо дарозии умумии 503 км мавҷуд мебошанд. Соли 2011 дар ҷумҳурӣ 416 км саддҳои муҳофизатӣ ва 136,5 км селпартоҳо бар асари обхезӣ ва селҳо вайрон гардида буданд. Инчунин дар натиҷаи рух додани обхезӣ ва сел дар соли 2015 зиёда аз 105 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 454,14 миллион сомонӣ зарар диданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №112 “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015” қабул гардида буд. Маблағи умумии барнома барои солҳои 2011 – 2015 ҳамагӣ 275,7 миллион сомониро ташкил медод, ки аз ин миқдор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 82,1 миллион сомониро ташкил дода, 121 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар маҷмуъ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар доираи барномаи мазкур дар давоми солҳои 2011 – 2015 ба маблағи 215 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шуда, дар натиҷа 90,75 км саддҳои муҳофизатӣ сохта ва барқарор карда шудаанд.
Дар соли 2017 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 2017, таҳти № 31/1-18 оид ба ҷудо намудани масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба воситаи ҳашар дар масофаи 18,83 км корҳои
соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро шудааст. Инчунин ба ҳисоби маблағҳои мутамаркази Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 2,5 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба иҷро расонида шудаанд.
Ҷиҳати назорати доимӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, гузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сойҳо бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳили дарёҳо дар айни ҳол «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» амал мекунад.
Ҳоло вақти он расидааст, ки дар дараю водиҳои селрави ҷумҳурӣ таҷҳизоти худкор гузошта шаванд ва дидбонгоҳҳо таҷҳизонида шаванд, то аҳолиро аз офатҳои пешомада бармаҳал огоҳонида тавонанд.
Барои пешгирии обхезиву сел ва васеъ ба роҳ мондани технологияи иттилоотӣ, самаранок истифода бурдани он ва сари вақт ба аҳолӣ расондани маълумот доир ба пешгирии офат, ба назари мо, зарур аст:
- мустаҳкам кардани сарбанди обанборҳо;
- хокрез кардани соҳилҳои ноустувор;
- шинондани дарахтҳо;
- сохтани селроҳа, обпартоҳо;
- тоза нигоҳ доштани маҷрои эҳтимолии сел;
- низоми мукаммалу муштарак оид ба обу ҳаво, иқлим ва об ташкил карда шуда, ба масъалаи сари вақт расондани ахбор машғул гардад;
- пойгоҳҳои обу ҳавосанҷӣ, ки ҳоло аз кор мондаанд, аз нав барқарор ва бо таҷҳизоти навтарин таъмин карда шаванд ва илова бар он дар ҷойҳои нав, ки омадани сел таҳдид менамояд, пойгоҳҳои нав созмон ёбанд;
- доир ба мубодилаи иттилоотию гидрометеорологӣ Тоҷикистонро лозим аст, ки бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шартномаҳои дарозмуддат бандад;
- аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолии дар минтақаҳои селраву обхез ҷойгиршуда семинарҳои дастурдиҳӣ ва корҳои амалӣ гузаронида шаванд.
‹ | › | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |