Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

     Чоряки аввали асри XXI паси сар шуда истодааст. Раванди ташаккули иттилоот дар ҷомеаи муосир ҷараён дорад, ки дар он хонандаи мактаб бояд фарҳанги олии иттилоотии рафтор дошта бошад. Дар раванди таълим ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нави педагогӣ барои фардикунонӣ ва рушди мустақилият дар таълим имконият фароҳам меорад. Усулҳои интерактивӣ ба ин талабот пурра ҷавобгӯ мебошанд. Масалан, метод ва усулҳои интерактивӣ ва дарси таърих.
    Дар назари аввал таърих фанни содаест ва миёни гурӯҳи фанҳои ҷомеашиносӣ назарногир, вале бо ворид шудан ба умқи фан мо мутмаин мешавем, ки он яке аз фанҳои мураккаб ва аҳамиятноки таълимӣ ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои хонандагон фаҳмидани вазифаҳо ва нақши ин фан то ҷое душвор аст. Аз ин рӯ вазифаи асосии омӯзгор пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки дар назди хонандагон масъалагузорӣ кунад ва дар назди худ ҳадафҳои ниҳоии мақсаднок гузорад ва роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ карда, раванди омӯзишро бо усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монад. Таълим ва омӯзиш ба ҳам вобастагӣ доранд, аз ин рӯ мавқеъҳои субъективии муаллим ва хонанда бо ҳам зич алоқаманданд. Яке барои омӯхтан омадааст ва дигарӣ барои мубодилаи дониши худ ва ҷолиб гардонидани ин раванд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки омӯзгор ва хонанда худро ҳамчун интиқолдиҳандаи принсипи фаъол, созмондиҳанда ва табдилдиҳандаи раванди шинохти муштарак эҳсос мекунанд. Таълими интерактивӣ, дар муқоиса бо усулҳои дигари таълим, раванди ҳамкориҳоро тағйир медиҳад. Яъне дар ин раванд рафтори омӯзгор натиҷаи фаъолияти хонанда хоҳад шуд. Вазифаи омӯзгор фароҳам овардани шароит барои ташаббуси онҳост. Омӯзгор дониши тайёр намедиҳад, балки хонандаро ба ҷустуҷӯи мустақилона ташвиқ мекунад.
    Нақши омӯзгор дар раванди таълим бо усули интерактивӣ доимо тағйирёбанда аст. Омӯзгор маводи навро пешниҳод мекунад, возеҳият нишон медиҳад, ба саволҳо ҷавоб мегӯяд ва ниҳоят ҳамкории иштирокчиёнро бо муҳити иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ барқарор мекунад. 
    Дар ҳамин ҷо бояд гуфт, ки тақсим кардани хонандагон ба зергурӯҳҳо, ҳамоҳангсозии вазифаи хонагӣ ва супориши нав, омода кардани презентатсияҳои хурд ва ғайра аз манфиат холӣ нест. Ҳамин тавр, вазифаи омӯзгор пеш аз ҳама ин ташкили таълим бо усули интерактивӣ бо симулятсияи вазъияти педагогӣ, бо роҳи тағйир додани самти ҷараёни иттилоот мебошад, ки имконияти таълимро ба таври назаррас васеъ менамояд.
    Пас, омӯзгор чӣ гуна мекӯшад то омӯзишро тавре ба роҳ монад, ки раванди таълим ҳам барои ӯ ва ҳам барои хонанда мутақобилан ҷолиб ва пурмазмун гардад?
    Дар ҷавоб ба ин савол метавон гуфт, ки тақрибан даҳ сол қабл дар фазои педагогӣ самти нав - муколамаи таълимӣ ташаккул ёфта буд. Имрӯзҳо муколамаи таълимӣ дигар усули нав нест ва мо онро омӯзиш бо усули интерактивӣ меномем.
    Таълими интерактивӣ аз аввал то ба охир омӯзиши муколамавӣ ва муошират аст. Таълими интерактивӣ ҳадафи ниҳоӣ ва мундариҷаи асосии раванди таълимро нигоҳ медорад, аммо шаклҳоро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ аз мундариҷаи барномаҳо тағйир медиҳад. Вижагии асосии техникаи мазкур дар он аст, ки раванди таълим дар фаъолияти муштарак сурат мегирад.
    Истифодаи усули интерактивӣ ва натиҷаҳои чунин омӯзиш фавран ба назар намерасанд, онҳо ба ҳалли вазифаҳои асосии ташкили шакли гурӯҳии таълим ва раванди дуру дароз вобаста аст. Ҳангоми ташкили кори гурӯҳӣ самаранокии омӯзиш бештар аз фазои мусоиди педагогию психологии гурӯҳҳои хурд вобаста аст. Масалан, худи мо дар дарсҳои таърих як навъ фазои “ноором”-и судманд, ки аҳли синф ҷисман ва рӯҳан ба дарс дода мешаванд, ташкил мекунем. Барои ин кор аз ду то се машқи диққатҷалбкуниро ба хонандагон пешниҳод менамоем. Масалан, “Шумо дар бораи ин мавзӯъ чӣ медонед?”, “Аз номи мавзуъ аллакай чиро фаҳмидед?”, санаҳои таърихӣ дар шакли саволномаҳо ва ғайра.
    Марҳилаи навбатии таълим бо усули интерактивӣ ташкили фаъолияти таълимии хонандагон дар гурӯҳ мебошад, ки чанд марҳиларо дар бар мегирад: 
    -  азхудкунии вазифаи таълимӣ; 
    - раванди дарёфти роҳи ҳалли осону беҳтар; 
    - ҷамъбасти афкор ва ҷамъбасти натиҷаҳои кори гурӯҳӣ; 
    - муаррифии натиҷаи кори гурӯҳӣ.
    Таҷриба нишон медиҳад вазифаҳои таълимие, ки омӯзгор дар назди гурӯҳҳо мегузорад, аз ҷониби хонандагон ба таври гуногун дарк ва қабул мешаванд. Ин ба хусусиятҳои фардии дарки хонандагон вобаста аст. Мазмуни супориши таълимӣ бояд аз таҳияи ғайристандартии масъала фарқ дошта бошад ва хонандагонро водор кунад, ки аз ҳамдигар кӯмак пурсанд, фаъол бошанд ва мубодилаи афкор кунанд. Дар ин ҷо супориш чунин буда метавонад, ки аз маҷмӯи сифатҳои пешниҳодшуда  омӯзгор онҳоеро интихоб кунад, ки ба ақидаи умум, мавзӯъ, падида, шахсияти таърихӣ ва ғайраро ҳамаҷониба мутобиқат кунанд.
    Дар раванди пайдо кардани роҳи ҳалли масъала бархӯрди андешаҳои гуногуни хонандагон ба амал меояд, бинобар ин, муайян кардани нақши хонанда дар гурӯҳ ва нақши ӯ дар раванди кори гурӯҳӣ (ташаббускор, назоратчӣ, мунаққид, сардори гурӯҳ, муаррифгар ва ғайра) хеле муҳим аст.
    Омӯзиши ҳамкориро дар раванди дарс мо асосан дар ду шакли ҳамкорӣ: “омӯзгор - хонанда” ва  “хонанда - хонанда” ташкил ва ба роҳ мемонем.
Таъмини ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар раванди таълим аз як қатор усулҳои педагогӣ иборат аст: “Ангезиши зеҳнӣ”, “Мозаика”, “Аквариум”, “Ишораҳои асосӣ”, “Рақси мудаввар”, Ин усулҳо шароити муоширати самараноки байни ҳамаи иштирокчиёни раванди таълимро дар бораи маводи омӯхташаванда фароҳам меоваранд. 
    Ба ташкили фазои таълимӣ бояд диққати махсус диҳем, зеро дар ҳамкории “хонанда - хонанда” ба мусоҳибаҳои рӯ ба рӯ бештар дучор мешавем ва вобаста аз шумораи гурӯҳҳо ҷойгиркунии лаҳзаҳои таълимиро муайян мекунем. Тағйир додани ташкили муқаррарии фазои таълимӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои дармиёнгузошташуда ҳал карда шаванд. Зеро  хонандагон аксаран ба шаклҳои ғайримуқаррарии таълим одат мекунанд. Бинобар ин, омодагии дохилӣ имкон медиҳад, ки вақти мувофиқ ба шакл ва мундариҷаи таълим бо усули интерактивӣ бамаврид истифода шавад.
    Барои ташкили кори гурӯҳҳои иборат аз панҷ ё шаш хонанда мо асосан чор марҳилаи пайдарпайи фаъолиятро дар техникаи “Ангезиши зеҳн” ва “Ишораҳои асосӣ” пешниҳод мекунем. Кӯшиши ҳавасмандии бештар дар омӯзиш ва тавассути амалисозии донишҳои бадастоварда хонандаро водор мекунад, ки аҳамияти иттилооти гирифтаро дарк кунанд.
    Истифодаи усулҳо, методҳо ва воситаҳои таълимии дар боло зикршуда имкон медиҳанд, ки дар раванди таълим натиҷаҳои қонеъкунандаро ба даст орем.
    Дар раванди азхудкунии технологияҳои таълими интерактивӣ хонандагон қоидаҳои номуайяни ҳамкорӣ “хонанда – хонанда” таҳия мекунанд, ки пешгирӣ ва муваффақияту самаранокии ин қоидаҳо иборатанд аз: 
    - ҳалли дурусти мушкилоти таълимӣ; 
    - ташкили фазои таълимӣ барои ёфтани ҳалли масъала; 
    - корҳои омодагӣ (ҷамъоварии мавод, огоҳии саривақтӣ ва ғайра); 
    - омодагӣ ба танзими ҳолати кунунии ҳамсуҳбат (дарк ва қабул); 
    - риояи қоидаи - «Инсон на танҳо қобилияти суханварӣ, балки  қобилияти гӯш кардан ҳам дорад»; 
    - истифодаи усулҳои “дастгирӣ” дар муошират, яъне интонатсияи хайрхоҳона (интонатсия “intotonо”- «бо овози баланд талаффуз мекунам», маҷмӯи аломатҳои ҷумла, оҳанги нутқ, баландӣ, суръати нутқ ва ғайра); 
    - малакаҳои таҳлили лаҳзаҳои зарурӣ барои фаҳмидани он, ки суҳбат чӣ гуна, дар куҷо ва барои чӣ бо «баҳс» идома дорад ва чӣ тавр метавон дар оянда онро пешгирӣ кард.
    Шогирдон-хонандагон воқеан ҳам шаклҳои фаъоли таълим бо усули интерактивиро дӯст медоранд. Дар баррасию хулосабарории дарсҳо онҳо менависанд: “Дар чунин дарсҳо шавқу завқи зиёд дорем”, “Ин дарси одӣ нест, ки мо танҳо муаллимро гӯш кунем ва зуд аз паси ӯ нависем”, “Ин дарсҳо ба бозӣ монанд ҳастанд”, “Бигузор, чунин дарсҳо бештар шаванд” ва ғайра.  
    Аммо дар асл мо ба насли наврасу ҷавон таълим медиҳем, ки дар раванди таълим на танҳо хонандагон, балки таҷрибаи худро дар натиҷаи заҳмату худомӯзӣ бою ғанӣ мегардонем.

 

  • Дида шуд: 164

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj